Сентябр 05, 2019 06:20 Asia/Dushanbe

Қисмати 859 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 54-58

54

 

وَأَنِیبُوا إِلَى رَبِّکُمْ وَأَسْلِمُوا لَهُ مِن قَبْلِ أَن یَأْتِیَکُمُ الْعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ                                                            

 

Ва пеш аз он,ки суроғи шумо биёяд ва дигар ёрӣ нашавед, ба сӯйи Парвардигоратон боз гардед ва таслими Ӯ шавед.

 

 

55

 

وَاتَّبِعُوا أَحْسَنَ مَا أُنزِلَ إِلَیْکُم مِّن رَّبِّکُم مِّن قَبْلِ أَن یَأْتِیَکُمُ الْعَذَابُ بَغْتَةً وَأَنتُمْ لَا تَشْعُرُونَ                               

 

Ва аз беҳтарин ончӣ аз ҷониби Парвардигоратон ба сӯйи шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед, пеш аз он,ки азоб ба сурати ногоҳонӣ ва дар ҳоле, ки он бехирад, ба суроғи шумо ояд.

 

Дар оятҳои қабл сухан аз мағфират ва раҳмати илоҳӣ буд, ки ҳамаи бандагони Худоро дарбар мегирад, ин оятҳо роҳи дарёфти раҳмати густурдаи илоҳиро ду чиз медонад, яке аз гуноҳон ва бозгашт ба сӯйи Худо ва дигаре пайравӣ аз омӯзаҳои мутаоли илоҳӣ.

Ин оятҳо дар канори умед додан ба лутф ва раҳмати Худованд, нисбат ба қаҳр ва кайфари илоҳӣ ҳушдор медиҳад то таъкид кунад, ки агар аз корҳои хилофи гузашта даст барнадорад ва бар гуноҳони худ исрор варзид, гирифтори азоб хоҳед шуд, чӣ азобҳои дунявие, ки ногоҳонӣ ба суроғи шумо меояд ва чӣ азобҳои ухравие, ки пас аз марг, гунаҳкоронро дарбар мегирад ва касе наметавонад онҳоро наҷот диҳад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

1 – Нишонаи тавбаи воқеӣ, таслим будани қалбӣ дар баробари дастуроти Худованд аст.

 

2 -  Тавбаро ба таъхир наяндозем, ки фурсати умр кутоҳ ва поёни умр номаълум аст.

 

3 – Дар канори аноба ва таслими қалбӣ, амали солеҳ низ лозим аст.

 

4 – Корҳои хуб бисёр аст, вале умр ва зарфияти инсон маҳдуд аст, лизо бояд дар ҳар замон бо таваҷӯҳ ба авлувиятҳо, беҳтарин кори хубро интихоб кард.

 

 

56

 

أَن تَقُولَ نَفْسٌ یَا حَسْرَتَى عَلَى مَا فَرَّطتُ فِی جَنبِ اللَّـهِ وَإِن کُنتُ لَمِنَ السَّاخِرِینَ                                               

 

То мабодо касе бигуяд: афсус бар ончӣ дар канори Худо кутоҳӣ кардам ва аз масхара кунандагон будам.

 

Яке аз муҳимтарин вижагиҳои охират, ки дар бархе оятҳои Қуръон ба он ишора шудааст, ҳасрат хурдани инсонҳо бар кутоҳиҳои худ дар дунёст, то ончо, ки яке аз номҳои қиёмат, "Явмулҳасрат" рӯзи ҳасрат аст.

 

Ҳангоме, ки инсон вориди саҳнаи маҳшар шавад ва натиҷаи кутоҳиҳо, мусомиҳаи кориҳо ва аъмоли хилофашро дар баробари дидгоҳи худ ҳозир мебинад, фарёди ӯ баланд мешавад ва андуҳи сангини таваҳум бо надомати амиқ бар қалби ӯ сойя меафканад. Дар қиёмат, гунаҳкорон ба хотири ин,ки оятҳо ва расулони Худоро истиҳзоъ мекарданд, изҳори надомат ва пушаймонӣ мекунанд, чаро, ки омили аслии гумроҳӣ ва инҳирофи онҳо, ҳамин тамасхури оятҳои ҳақ ва фиристодагони илоҳӣ будааст.

Ба таври куллӣ ҳамаи инсонҳо дар қиёмат афсус мехуранд ва орзӯ мекунанд, ки эй кош ба дунё бозгарданд ва барои охират, тушаи муносиб фароҳам кунанд, аммо чӣ суд, ки роҳе барои бозгашт вуҷуд надорад, албатта идае аз донишмандони диннӣ, беш аз сойири мардум ҳасрат мехурданд ва ин ба хотири он аст, ки онҳо ба илм ва дониши худ, амал намекарданд.

 

Дар қиёмат инсонҳо мефаҳманд, ки корҳое дар охират арзишманд аст, ки холисона барои Худо анҷом шуда бошад, онҳо ин ҳақиқатро дармеёбанд, ки хеле аз талошҳояшон дар дунё, гарчӣ ба сурати зоҳир, кори нек ва эҳсон ва инфоқ будааст, аммо чун дучори риё ва тазоҳур шудаанд, ба қиёмат нарасида ва дар ҳамон дунё мондааст.

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ҳар андоза дар дунё дар анҷоми корҳои нек барои Худо кутоҳӣ кунем, дар охират пушаймон шуда ва ҳасрат мехурем.

 

2 – Қиёмат, рӯзи иқрор ва эътироф алайҳи хеш ва изҳори афсус ва пушаймонӣ аз гузаштаи худ аст.

 

3 – Онон, ки дар дунё оятҳои Қуръон ва аҳкоми илоҳиро масхара мекунанд, дар қиёмат аз кор  худ пушаймон мешаванд, аммо ин пушаймонӣ дерҳангом ҳеч суде надорад.

 

57

 

أَوْ تَقُولَ لَوْ أَنَّ اللَّـهَ هَدَانِی لَکُنتُ مِنَ الْمُتَّقِینَ

 

Ё он,ки бигу: агар Худо маро ҳидоят карда буд, аз парҳезкорон будам.

 

58

 

أَوْ تَقُولَ حِینَ تَرَى الْعَذَابَ لَوْ أَنَّ لِی کَرَّةً فَأَکُونَ مِنَ الْمُحْسِنِینَ

 

Ё ҳангоме, ки азобро бубинад, бигуяд: эй кош барои ман бозгаште "Ба дунё" буд то аз некукорон мешудам.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки ба афсус ва андуҳи инсонҳо дар қиёмат ишора мекард, ин оятҳо забони ҳоли инсони дузахиро баён мекунад ва мефармояд: ӯ вақте, ки биҳиштиёнро мебинад, ки бо дастҳои пур аз корҳои хаста ба сӯйи биҳишт мераванд, орзӯ мекунад, ки дар сафи онон бошад ва ҳамроҳи онон ба биҳишт ва неъматҳои бепоёни илоҳӣ роҳ ёбад, ӯ мегуяд: агар Худованд маро ҳидояд карда буд, ман низ ҳамонанди  биҳиштиён, дар дунё аз гуноҳ дурӣ меҷустам ва дар чамъи парҳезкорон будам, муҷрим бо ингуна суханон мекушад, ки худро табраа кунад.

 

Ӯ ҳангоме, ки бо азоб мувоҷеҳ шуда ва чашмаш ба оташи сузони дузах меафтад, орзу мекунад эй кош ба ӯ иҷоза дода мешуд, ки ба дунё боз гардад то табаҳкориҳои гузаштаро бо аъмоли неку ва шоиста пок кунад ва дар сафи некукорон қарор гирад.

Албатта равшан аст, ки ҳам гуфтаи ӯ нодурӯст ва ҳам дархости ӯ орзӯйи нобаҷост зеро Худованд паёмбаронро фиристод то ҳамаи мардумро ҳидоят кунанд пас ҳар кас ҳидоят нашуд, худаш нахостааст, ва бетардид, хостаи имрӯзи ӯ барои бозгашт ба дунё, анҷом шудани нест.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар қиёмат, арзиш ва аҳамияти тақво ошкор мешавад.

 

2 – Дар ҳақиқат, ончӣ дар қиёмат ба кор меояд, тақво ва порсоӣ аст, на мол ва сарват ва шуҳрат ва қудрат.

 

3 – Агар инсон аз ҳидояти илоҳӣ пайравӣ накунад, ҳар роҳи дигареро биравад, дар охират мояи наҷоти ӯ нахоҳад буд.

 

4 – Дар қиёмат, гунаҳкорон ба ҳоли парҳезкорон ҳасрат мехуранд ва орзӯ мекунанд, ки эй кош мисли онҳо буданд.

 

5 – Тақво ва эҳсон, ду омили наҷотбахши инсон дар қиёмат ҳастанд.