Сентябр 05, 2019 06:28 Asia/Dushanbe

Қисмати 860 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 59-63

59

 

بَلَى قَدْ جَاءَتْکَ آیَاتِی فَکَذَّبْتَ بِهَا وَاسْتَکْبَرْتَ وَکُنتَ مِنَ الْکَافِرِینَ                                                       

Оре! Оятҳои Ман ба суроғи ту омад, аммо онҳоро такзиб карди  ва такаббур варзиди ва аз кофирон буди.

 

60

 

وَیَوْمَ الْقِیَامَةِ تَرَى الَّذِینَ کَذَبُوا عَلَى اللَّـهِ وُجُوهُهُم مُّسْوَدَّةٌ  أَلَیْسَ فِی جَهَنَّمَ مَثْوًى لِّلْمُتَکَبِّرِینَ                            

Ва рӯзи қиёмат касонеро, ки бар Худо дуруғ бастанд, мебини, ки суратҳояшон сиёҳ аст, оё дар дузах ҷойгоҳе барои мутакаббирон нест?

 

Дар оятҳои қабл сухан аз касоне буд, ки вақте оташи азобро мушоҳида мекунанд, аз хоби ғафлат бедор шуда ва бар умри барбодрафтаи худ дар дунё ҳасрат мехуранд, онҳо орзӯ мекунанд, ки эй кош ба дунё боз гарданд то масири худро ислоҳ ва хатоҳои гузаштаро ҷуброн кунанд.

Ин оятҳо мефармояд: ингуна нест, ки Худованд дар ҳақи шумо кутоҳӣ карда бошад ва асбоби ҳидоят ва иршодро барои шумо нафиристода бошад, балки онгоҳ, ки дар дунё будед, паёмбарон ва китобҳои осмонӣ барои ҳидояти шумо омаданд, агар ақли худро ба кор мебастед, ба роҳатӣ метавонистед ба ҳақонияти онҳо пай бибаред ва аз роҳнамоии онҳо баҳраманд шавед.

Аммо рӯҳияи такаббури шумо муҷиб шуд, ки ойини ҳақро инкор кардед ва аз пазириши даъвати паёмбарон сарбоз задед, дар натиҷа имрӯз ба оташи дузах гирифтор шудед, кайфаре, ки чеҳраҳоро зишт ва сиёҳ мекунад ва муҷиби нафрат ва инзиҷори аҳли дузах аз якдигар мешавад.

Бетардид, рӯсиёҳии кофирон ва мункирони ҳақ дар қиёмат, ҳоки аз хорӣ ва расвоии онҳост. Қиёмат, дар воқеъ арсаи таҷассуми аъмол ва афкори инсонҳо ва ошкор шудани асрори ниҳони онҳост, касоне, ки дар ин дунё қалбҳои сиёҳ ва торик доранд ва аъмолашон низ ҳамчун афкорашон тира ва тор аст, дар онҷо ин ҳол даруни онҳо дар чеҳраҳояшон намоён мешавад ва симояшон торик ва сиёҳ хоҳад буд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Худованд бедуни он,ки тариқи ақл ва ваҳйи, итмоми ҳуҷҷат кунад, афродро азоб намекунад.

 

2 – Маншаи воқеии куфр ва инкори ҳақ, рӯҳияи такаббур аст.

 

3 – Дар қиёмат, зоҳир ва ботини инсон яке шуда ва суратҳо, ҳамранги дилҳо мешавад, онҳое, ки дили торик доранд, ин тирагии дил дар чеҳра ва симои онҳо намоён шуда ва рӯсиёҳ мешаванд.

 

61

 

وَیُنَجِّی اللَّـهُ الَّذِینَ اتَّقَوْا بِمَفَازَتِهِمْ لَا یَمَسُّهُمُ السُّوءُ وَلَا هُمْ یَحْزَنُونَ                                                         

 

Ва Худованд касонеро, ки тақво пеша кардаанд, ба сабаби корҳое, ки мойяи растагориашон буд, наҷот медиҳад, ҳеч бадӣ ба онҳо намерасад ва андуҳгин намешаванд.

 

Дар баробари гурӯҳи қабл, ки ба хотири такаббур ва куфр варзиданд, русиёҳ ва дузахӣ шуданд, ин оят роҳи наҷот аз азоби қиёматро тақво ва парҳезкорӣ дониста ва мефармояд: Худованд, аҳли тақворо наҷот медиҳад ва онҳо ба саодат ва растагорӣ мерасанд.

Саодат ҳамон лаззати пойдор ва мондагор аст, гарчӣ хурдани ғазоҳои хушмазза  ва нушиданиҳои гуворо, лазатбахш аст, аммо нишонаи саодат ва хушбахтӣ нест, зеро ингуна лазати пойдор набуда ва пас аз мудати кутоҳе аз байн меравад. Вале лазатҳои монанди касби дониш ва маърифат, метавонад мойяе барои саодати инсон бошад, чаро, ки лазат кашфи ҳақиқат ва дарки маърифат, лазати пойдор ва монданӣ аст.

Хушиҳои дунявӣ ҳар чанд барои мудате ҳам давом дошта бошанд, ба далили умри кутоҳи зиндагии дунё, дар баробари лаззатҳои ухравӣ, бисёр андак ва ночиз ба шумор мераванд, бадинтартиб, саодати воқеӣ дар гарави умуре аст, ки инсонро дар охират, ба хушиҳои пойдор ва абадӣ бирасонад, ӯро аз ҳаргуна ғам ва андуҳ бираҳонад ва ҳеч зарар ва хатаре вайро таҳдид накунад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Тақво дар зиндагии дунё, омили саодат ва растагорӣ дар охират аст.

 

2 – Тақво сипаре аст, ки инсонро аз зиштиҳо ва бадиҳо муҳофизат мекунад, дар қиёмат, парҳезкорон аз бадиҳо ба дуранд ва дучори андуҳ ва пушаймонӣ намешаванд.

 

62

 

اللَّـهُ خَالِقُ کُلِّ شَیْءٍ  وَهُوَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ وَکِیلٌ

 

Худованд офаригори ҳар чизе аст ва Ӯ бар ҳар чизе ҳофиз ва нигаҳбон аст.

 

63

 

لَّهُ مَقَالِیدُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالَّذِینَ کَفَرُوا بِآیَاتِ اللَّـهِ أُولَـئِکَ هُمُ الْخَاسِرُونَ                                                         

 

Калидҳои осмон ва замин азони Ӯст ва касоне, ки ба оятҳои иллоҳӣ куфр варзиданд, онон ҳамон зиёнкоронанд.

 

Маҳури оятҳои ин сура, умуман дар бораи баҳси тавҳид ва ширк аст, лизо ин оятҳо бори дигар ба мавзӯи тавҳид  боз мегардад ва ба ин ҳақиқат ишора мекунад, ки тадбири умури олам ва ҳифз ва нигаҳдории он ба дасти ҳамон касе аст, ки онро офаридааст.

На он,ки гумон кунед Худованд ҷаҳонро офарида ва онро ба ҳоли худ раҳо карда, ё идораи умури онро ба дигарон вогузор намудааст.

Ин оятҳо дар воқеъ таъризе аст ба дидгоҳи мушрикон ва бутпарастон лозим ба зикр аст, ки бисёре аз мушрикон, Худоро ба унвони Холиқи инсон ва ҷаҳон қабул доранд, аммо мепиндоранд он чизҳоеро, ки мепарастанд, дар зиндагии онҳо таъсиргузоранд, гуё тадбири умури ҷаҳон ба дасти он маъбудҳост ва онҳоро ҳофиз ва нигаҳбон ва мудаббири корҳои худ медонанд.

Аз нигоҳи Қуръон, касоне, ки ба ҷойи Худо, ба суроғи дигарон мераванд ва онҳоро дар умури олам муасир мепиндоранд, зиёнкорони воқеӣ ҳастанд, зеро аз Худое, ки молики ҳамаи ҳастӣ аст ва калидҳои осмон ва замин дар дасти Ӯст, рӯй баргардонда ва ба суроғи мавҷудоти заиф ва нотавоне рафтаанд, ки маншаи ҳеч суд ва зиёне нестанд ва коре аз онон бар намеояд, лизо наметавонанд омили дафъи хатар аз инсон шаванд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳамаи ҳастӣ дар офариниш ва бақо, муҳтоҷи Худованд ҳастанд, ба баёни дигар, Ӯ ҳам офаридгори ҷаҳон ва ҳам Парвардигор ва ҳофиз ва нигаҳбони олами ҳастӣ аст, пас ҳаргуна тамоиз миёни холиқ будани Худо ва рабубияти Ӯ, навъи ширк маҳсуб мешавад.

 

2 – Тавҳид, дидгоҳе аст, ки бояд дар ҳамаи аркон ва завоёи зиндагии башар, ҷараён дошта бошад ва ба бахши хосе аз зиндагии инсон маҳдуд нест.