Қисмати 861 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 64-70
Қисмати 861 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 64-70
64
قُلْ أَفَغَیْرَ اللَّـهِ تَأْمُرُونِّی أَعْبُدُ أَیُّهَا الْجَاهِلُونَ
Бигу эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ҷуз Худоро бипарастам!?
65
وَلَقَدْ أُوحِیَ إِلَیْکَ وَإِلَى الَّذِینَ مِن قَبْلِکَ لَئِنْ أَشْرَکْتَ لَیَحْبَطَنَّ عَمَلُکَ وَلَتَکُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِینَ
Ва қатъан ба ту ва ба касоне, ки пеш аз ту будаанд, ваҳӣ шудааст, ки агар ширк биварзи ҳатман амалат табоҳ мешавад ва қатъан аз зиёнкорон хоҳи шуд.
66
بَلِ اللَّـهَ فَاعْبُدْ وَکُن مِّنَ الشَّاکِرِینَ
Балки Худоро парастиш кун ва аз сипосгузорон бош.
Дар оятҳои қабл сухан аз тавҳид ва ширк буд, ин оятҳо низ дар идома мефармояд: мушрикон ва бутпарастон кушиш доштанд ба баҳонаҳои мухталиф паёмбаронро рози кунанд, ки бутҳои онҳоро муҳтарам шумурда ва ибодат кунанд, онҳо мегуфтанд: ҳозирем дар баробари Худои ту намоз бигзорем ва саҷда кунем, ба шарти он,ки ту ҳам дар баробари бутҳои мо саҷда куни.
Худованд дар ин оятҳо бо лаҳни тунд мефармояд: ингуна суханон ва дархостҳои нобаҷо, бархоста аз ҷаҳл ва нодонии онҳост, зеро чигуна мумкин аст паёмбаре, ки барои даъвати мардум ба худопарастӣ ва дури аз ширк ва бутпарастӣ мабъус шудааст, барои ҷазби мушрикон, дар баробари бутҳои онон курниш кунад.
Идомаи оятҳо мефармояд: эй Паёмӣар (с) ба онҳо бигу, ки ман танҳо Худои якторо мепарастам ва ба ҳеч ваҷҳ ҳозир ба курниш дар баробари бутҳои шумо нестам, зеро тавҳид ва ширк, аз мавзӯоте нест, ки битавон барсари он муомила кард ва ҳаркас ба ширк мутамоил шавад, корҳои некаш ботил ва табоҳ мешавад, албатта агар чунин касе паёмбари Худо бошад, табъан кайфараш сахттар ва сангинтар аст, зеро муҷиби гумроҳии дигарон низ мешавад.
Бетардид, шарти қабули аъмол, эътиқод ба асли тавҳид аст ва бидуни он ҳеч амале пазируфта намешавад, дар асари ширк, осор ва подоши аъмоли инсон маҳв нобуд мешавад, чаро , ки ширк мисли оташи сузоне аст, ки аъмоли одамеро сузонда ва табоҳ мекунад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Парастиши ҳар чизе ғайри Худо, нишонаи ҷаҳолат ва бехирадии инсон аст, гарчӣ ӯ ба зоҳир аз илм ва дониши фаровоне низ бархурдор бошад.
2 – Тавҳид ва яктопарастӣ, хати қирмизи аҳли имон аст ва дар ҳеч шароите онро бо чизе муомила намекунанд.
3 – Душманон ҳатто барои мунҳариф сохтани паёмбарон талош мекунанд, чӣ расад ба афроди одӣ.
4 – Ибодати Худованд, навъи шукургузорӣ аз неъматҳои Парвардигори меҳрубон аст.
67
وَمَا قَدَرُوا اللَّـهَ حَقَّ قَدْرِهِ وَالْأَرْضُ جَمِیعًا قَبْضَتُهُ یَوْمَ الْقِیَامَةِ وَالسَّمَاوَاتُ مَطْوِیَّاتٌ بِیَمِینِهِ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا یُشْرِکُونَ
Ва Худовандро онгуна, ки сазовориӮст, арҷ наниҳода "Ва Ӯро нашинохтанд" дар ҳоле, ки замин дар рӯзи қиёмат яксара дар қабзаи қудрати Ӯст, ва осмонҳо дар ҳам печида ба дасти Ӯст Ӯ муназзаҳ ва бартар аст аз ончӣ "Бо Ӯ" шарик мегиранд.
Дар идомаи оятҳои қабл, ин оят мефармояд: мушриконе, ки чунин пешниҳодҳои норавое ба Паёмбари Худо (с) доданд ва аз Ӯ хостанд ба бутҳои онҳо эҳтиром бигзорад, дар воқеъ ҷойгоҳи Худоро нашинохтанд ва номи муқаддаси Ӯро то онҷо таназул доданд, ки ҳамрадифи бутҳо пиндоштанд.
Дар воқеъ сарчашмаи ширк, адами маърифати саҳиҳ дар бораи Худованд аст, Худое, ки офаринандаи ҳамаи мавҷудот аст, тадбири умури олам дар дасти Ӯст ва ҳамаи мавҷудот барои бақои худ ба касби файз аз Ӯ ниёзманданд, ҳама зинда мешаванд ва ба по мехезанд ва мунтазири ҳисоби аъмоли худ ҳастанд.
Ба ибораи дигар, бо як фармон ва иродаи илоҳӣ, ҳеч мавҷуде дар осмон ва замин, зинда намемонад ва ҳама мемиранд, чунонкӣ бо иродаи дигари Ӯ, ҳамаи мурдагон, зинда ва дар додгоҳи қиёмат ҳозир мешаванд, албатта табиӣ аст, ки Худованд ҳаркиро бихоҳад аз марг мустасно мекунад, чунонки дар мавриди бархе аз фариштагон назири Ҷабраил ва Исрофил ва Микоил чунин амри мумкин аст.
Дар он рӯз, ки ҳамаи инсонҳо дубора зинда мешаванд, замин ба нури Парвардигор равшан мешавад ва нури ҳақиқат чунон ҳоким мегардад, ки ҳеч чиз қобили инкор нест, ҳиҷобаҳо ва пардаҳо канр меравад ва ҳақиқати аъмоли инсонҳо аз хайр ва шар ошкор мешавад, ба гунае, ки ҳеч парда ва монее дар баробари чашмони инсон қарор надорад ва ба воситаи ин нури илоӣ, ҳамаи чиз шафоф ва ошкор мешавад.
Дар он рӯз, номаҳои аъмолро пеш мениҳанд ва ба он расидагӣ мекунанд, номаҳое, ки рез ва дурушти аъмоли инсон дар он гирд омадааст, паёмбарон ва гувоҳонро дар он рӯз ҳозир мекунанд ва дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ мешавад ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд.
Бадеҳи аст дар додгоҳе, ки Худо ҳокими он аст ва замин ба нури адолаташ равшан аст ва паёмбарон ва гувоҳони адл ҳузур доранд, ҷуз ба ҳақ қазоватнахоҳад шуд, дар чунин додгоҳе заррае имкони зулм ва бедодгарӣ вуҷуд надорад ва табиӣ аст, ки ҳаркас бидуни кас ва кост бо осор ва натоиҷи амали худ, мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ҳаёт ва марги ҳамаи мавҷудот, аз ҷумла инсонҳо, ба иродаи илоҳӣ бастагӣ дорад ва дар ҳар лаҳза, қобили ситондан ё додан аст.
68
وَنُفِخَ فِی الصُّورِ فَصَعِقَ مَن فِی السَّمَاوَاتِ وَمَن فِی الْأَرْضِ إِلَّا مَن شَاءَ اللَّـهُ ثُمَّ نُفِخَ فِیهِ أُخْرَى فَإِذَا هُمْ قِیَامٌ یَنظُرُونَ
Ва дар сур дамида шавад, пас ҳар кас, ки дар осмонҳо ва ҳар, ки дар замин аст мемирад, магар, касе, ки Худо бихоҳад, сипас бори дигар дар он дамида шавад, ногоҳ ҳама ба по мехезанд ва "Ба ҳар сӯ" менигаранд.
69
وَأَشْرَقَتِ الْأَرْضُ بِنُورِ رَبِّهَا وَوُضِعَ الْکِتَابُ وَجِیءَ بِالنَّبِیِّینَ وَالشُّهَدَاءِ وَقُضِیَ بَیْنَهُم بِالْحَقِّ وَهُمْ لَا یُظْلَمُونَ
Ва замин ба нӯри Парвардигораш равшан шавад ва номаи аъмолро дар миён ниҳанд ва паёмбарон ва гувоҳонро ҳозир созанд ва миёни онон ба ҳақ доварӣ шавад ва бар онон ситам наравад.
70
وَوُفِّیَتْ کُلُّ نَفْسٍ مَّا عَمِلَتْ وَهُوَ أَعْلَمُ بِمَا یَفْعَلُونَ
Ва ба ҳар кас, "Натиҷаи" ончӣ анҷом дода ба тамоми дода шавад ва Худованд ба ончӣ анҷом медиҳанд, огоҳтар аст.
Пас аз зикри қудрати Худованд дар қиёмат, дар оятҳои қабл, ин оятҳо ба наҳваи поёни дунё ва оғози қиёмат ишора карда ва мефармояд: бо як сайҳаи осмонӣ, ҳамаи мавҷудот мемиранд ва пас аз мудате, дубора бо сайҳаи дигар, ҳама зинда мешаванд ва ба по мехезанд ва мунтазири ҳисоби аъмоли худ ҳастанд.
Ба ибораи дигар, бо як фармон ва иродаи илоҳӣ, ҳеч мавҷуде дар осмон ва замин, зинда намемонад ва ҳама мемиранд, чунонкӣ бо иродаи дигари Ӯ, ҳамаи мурдагон, зинда ва дар додгоҳи қиёмат ҳозир мешаванд, албатта табии аст, ки Худованд ҳаркиро бихоҳад аз марг мустасно мекунад, чунонки дар мавриди бархе аз фариштагон назири Ҷабраил ва Исрофил ва Микоил чунин амре мумкин аст.
Дар он рӯз, ки ҳамаи инсонҳо дубора зинда мешаванд, замин ба нури Парвардигор равшан мешавад ва нури ҳақиқат чунон ҳоким мегардад, ки ҳеч чиз қобили инкор нест, ҳиҷобаҳо ва пардаҳо канор меравад ва ҳақиқати аъмоли инсонҳо аз хайр ва шар ошкор мешавад, ба гунае, ки ҳеч парда ва монее дар баробари чашмони инсон қарор надорад ва ба воситаи ин нӯри илоҳӣ, ҳама чиз шафоф ва ошкор мешавад.
Дар ин рӯз, номаҳои аъмолро пеш мениҳанд ва ба он расидагӣ мекунанд, номаҳое, ки рез ва дурушти аъмоли инсон дар он гирд омадааст, паёмбарон ва гувоҳонро дар он рӯз ҳозир мекунанд ва дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ мешавад ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд.
Бадиҳи аст дар додгоҳе, ки Худо ҳокими он аст ва замин ба нӯри адолаташ равшан аст ва паёмбарон ва гувоҳони адл ҳузур доранд, ҷуз ба ҳақ қазоват нахоҳад шуд, дар чунин додгоҳе заррае имкони зулм ва бедодгарӣ вуҷуд надорад ва табии аст, ки ҳар кас бидуни кам ва кост бо осор ва натоиҷи амали худ, мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ҳаёт ва марги ҳамаи мавҷудот, аз ҷумла инсонҳо, ба иродаи илоҳӣ бастагӣ дорад ва дар ҳар лаҳза, қобили ситондан ё додан аст.
2 – Поёни ҷаҳон ва фаро расидани растохез, ба сурати дафъӣ ва ногоҳонӣ аст, на тадриҷӣ ва замонбар.
3 – Додгоҳи қиёмат бо ҳузури парвандаи аъмол ва гувоҳон ташкил мешавад, дар онҷо дар мавриди амалкарди инсонҳо бар асоси ҳақ ва адл доварӣ хоҳад шуд.
4 – Дар ин ҷаҳон, иддае аз шоҳидон ва гувоҳон бар рафтор ва кирдори мо назорат доранд, аъмоли мо, ҳам тавассути фариштаго сабт ва забт мешавад ва ҳам паёмбарон ва гувоони хос аз корҳои мо огоҳӣ доранд.