Сентябр 12, 2019 06:22 Asia/Dushanbe

Қисмати 862 сураи муборакаи " Зумар ", ояти 71-75

71

وَسِیقَ الَّذِینَ کَفَرُوا إِلَى جَهَنَّمَ زُمَرًا حَتَّى إِذَا جَاءُوهَا فُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا أَلَمْ یَأْتِکُمْ رُسُلٌ مِّنکُمْ یَتْلُونَ عَلَیْکُمْ آیَاتِ رَبِّکُمْ وَیُنذِرُونَکُمْ لِقَاءَ یَوْمِکُمْ هَـذَا قَالُوا بَلَى وَلَـکِنْ حَقَّتْ کَلِمَةُ الْعَذَابِ عَلَى الْکَافِرِینَ                                        

 

Ва касоне, ки кофир шуданд, даста – даста ба сӯйи дузах ронда шаванд, то чун ба он расанд дарҳои дузах кушуда шавад ва нигаҳбонон ба эшон гуянд, оё аз миёни шумо паёмбароне ба суроғи шумо наёмаданд то оятҳои Парвардигоратонро бар шумо бихонанд ва шуморо ба дидори чунин рӯзе ҳушдор диҳанд? Гуянд: чаро "Онон омаданд ва мо напазируфтем ва такзиб кардем", вале фармони азоб бар кофирон таақуқ ёфтааст.

 

72

 

قِیلَ ادْخُلُوا أَبْوَابَ جَهَنَّمَ خَالِدِینَ فِیهَا فَبِئْسَ مَثْوَى الْمُتَکَبِّرِینَ  

Ба онон гуфта шавад: аз дарҳои дузах ворид шавед, ки ҷовидона дар он хоҳед буд, пас чӣ бад аст манзилгоҳи мутакаббирон.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки рӯзи қиёмат, додгоҳи илоҳӣ бо ҳузури шоҳидони мухталиф ва парвандаи аъмоли инсонҳо барпо мешавад ва барасоси адл ва ҳақ, саранҷоми ҳар кас мушахас мешавад, ки оё ӯ дузухӣ аст ё аҳли биҳишт аст.

Ин оятҳо мефармояд: пас аз эъломи ҳукм ба дузахиён, онон гурӯҳ – гурӯҳ ба сӯйи дузах кашонда мешаванд, чаро, ки онҳо ҳозир нестан бо пойи худ ба дузах бираванд, ба таъбири Қуръон, фариштагони маъмури дузах онҳоро то муқобили дарҳои дузах мекашонанд ва дар он ҳангом, дарҳои дузах кушуда мешавад.

Нигаҳбонони дузах, онҳоро ба хотири интихоби нодурусташон дар дунё маломат ва сарзаниш мекунанд, ки оё паёмбарне аз миёни худатон ба суроғи шумо наёмаданд, ки оятҳои Парвардигорро барои шумо бихонанд ва бо ихторҳои пай дар пай шуморо аз мулоқоти имрӯз барҳазар доранд? Чаро сухани паёмбаронро такзиб кардед ва ҳушдори онҳоро ба фаромӯшӣ супурдед? Гумон кардед, ки бо такзиб ё фаромӯш кардани қиёмат, дасти шумо боз мешавад, ки ҳар коре дилатон мехоҳад анҷом диҳед? Чӣ шуд, ки ин чунин сиёҳрӯз шудед?

 

Табиӣ аст, ки дар ин ҳангом, дузахиён чорае ҷуз эътироф ба нодурӯстии роҳе, ки интихоб кардаанд, надоранд ва фармони илоҳӣ бар азоби онон содир мешавад, фармоне, ки дар онҳеч бозгаште вуҷуд надорад.

Ин гуфтугӯ дар остонаи вуруди дузахиён ба ҷаҳаннам поён мегардад, ба онҳо гуфта мешавад аз дарҳои ҷаҳаннам ворид шавед ва ҷовидона дар он бимонед, чӣ ҷойгоҳе аст ҷойгоҳи мутакаббирон.

Нуқтаи қобили таваҷҷӯҳ ин,ки сарчашмаи аслии куфр ва инҳирофи дузахиён, кибр ва ғурур ва саркашии онон дар баробари ҳақ аст, онҳо ҳамвора дар баробари ҳақ, такаббур мекарданд ва то поёни зиндагӣ аз роҳи хатои худ даст барнадоштанд бетардид, натиҷаи исрор бар куфр ва инкори оятҳои илоҳӣ, ҷовидонагӣ дар дузах аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Онҳое, ки дар дунё такаббур варзанд ва сухани ҳақи паёмбаронро такзиб кунанд, дар қиёмат мавриди таҳқир қарор мегиранд, як намунаи он, ҳамин бархурди фариштагон бо онҳост, ки ононро ба зур ба сӯйи дузах мекашонанд.

2 – Пеш аз итмоми ҳуҷат, касе ба дузах намеравад, дар қиёмат, муҷрим ба хатои хеш эътироф мекунад ва мепазирад, ки ҳақро шунида ва дарёфта, аммо нахоста, ки онро бипазирад.

 

3 – Далили он,ки инсонҳо гирифтори азоб мешаванд, куфри онҳост ва решаи куфр низ, такаббур дар баробари ҳақ аст.

 

 

73

 

وَسِیقَ الَّذِینَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ إِلَى الْجَنَّةِ زُمَرًا  حَتَّى إِذَا جَاءُوهَا وَفُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا سَلَامٌ عَلَیْکُمْ طِبْتُمْ فَادْخُلُوهَا خَالِدِینَ                                                               

 

Ва касоне, ки аз Парвардигорашон парво доштанд, гурӯҳ ба сӯйи биҳишт суқ дода шаванд, то чун ба он расанд, дар ҳоле, ки дарҳояш кушуда аст, нигаҳбонони биҳишт ба онон гуянд: салом бар шумо, покиза ва неку будед, пас дохил шавед,ки дар он ҷовидона хоҳед буд.

 

74

 

وَقَالُوا الْحَمْدُ لِلَّـهِ الَّذِی صَدَقَنَا وَعْدَهُ وَأَوْرَثَنَا الْأَرْضَ نَتَبَوَّأُ مِنَ الْجَنَّةِ حَیْثُ نَشَاءُ  فَنِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِینَ                              

 

Ва "Биҳиштиён" мегуянд: сипос Худовандеро, ки ваъдаашро ба мо рост гардонид ва замини "Биҳишт" – ро мероси мо қарор дод то аз ҳар ҷойи биҳишт, ки бихоҳем, ҷойгузинем, пас чӣ неку аст, подоши амал кунандагон.

 

Бар акс кофирон, ки бо таҳқири тамом вориди дузах мешаванд, аҳли имон ва амали солиҳ гурӯҳ – гурӯҳ дар камоли эҳтиром ва такрим ба биҳишт ворид мешаванд, дар ҳоле, ки дарҳои он аз қабл барои онҳо кушуда аст, дар ин ҳангом нигаҳбонони биҳишт, ки фариштагони раҳмат ҳастанд, ба онҳо салом ва дуруд мефиристанд, вурудашон ба биҳиштро хушомад мегуянд ва биҳишти абадиро ба онон навид медиҳанд.

Дар он ҳангом, биҳиштиён ба хотири ин,ки Худованд ба ваъдаи худ вафо карда ва онҳоро ба биҳишти барин ворид сохтааст, Ӯро ҳамд ва сипос мегуянд.

Лозим ба зикр аст ҳамон тавр, ки кофирони мутакаббир дар дузах ҷовидонанд, муъминони пок ва солиҳ низ ар биҳишт ҷовидонанд, гарчӣ инсонҳои дурусткор "Мисли сойири иинсонҳо" замони кутоҳе дар дунё зиндаги кардаанд, бо ин ҳол, ҳамин умри кутоҳ, ҳоки аз он аст, ки агар ҳазорон соли дигар ҳам дар дунё зиндагӣ мекарданд, таслими авомири Парвардигор буданд, ин хусусият дар вуҷудашон реша давонда ва ба хислати собит ва ҳамешагии онҳо табдил шудааст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Имон ба танҳои кофӣ нест, барои расидан ба биҳишт, тақво ва покӣ ва порсоӣ лозим аст.

 

2 – Биҳиштиён дар оғози вуруд ба биҳишт, Худоро ҳамд ва сипос мегуянд, зеро расидан ба ҳар неъмате ҷойи шукур ва сипос дорад, он ҳам неъмати азими биҳишт, ки Худованд аз рӯйи лутфи худ ба онҳо атто кардааст.

 

3 – Бидуни амали солеҳ наметавон ба биҳишт расид, имон ва тақво, ҳангоме инсонро ба биҳишт мерасонад, ки ҳамроҳ бо кор ва талош ва муҷоҳидат дар роҳи Худо бошад, на бе амалӣ ва гушагирӣ ва инзиво аз ҷомеа.

 

75

 

وَتَرَى الْمَلَائِکَةَ حَافِّینَ مِنْ حَوْلِ الْعَرْشِ یُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَقُضِیَ بَیْنَهُم بِالْحَقِّ وَقِیلَ الْحَمْدُ لِلَّـهِ رَبِّ الْعَالَمِینَ            

 

Ва фариштагонро мебини, ки пиромуни арши илоҳӣ ҳалқа задаанд, Парвардигорашонро ҳамроҳи ситоиш, тасбеҳ мегуянд ва миёни онҳо ба ҳақ доварӣ шавад ва "Дар поёни кор" гуянд: сипос ва ситоиш махсуси Худованде аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

 

Ин оят, ки поёни бахши сураи Зумар аст, хитоб ба расули Худо (с)  мефармояд: дар он рӯз фариштагонро мебини, ки гирдогирди арши Худо ҳалқа задаанд то фаромини илоҳиро дар бораи бандагон ба иҷро дароваранд, дар он рӯз, барасоси ҳақ ва адл дар миёни инсонҳо доварӣ мешавад ва ҳамд ва ситоиши Худованд ба забони фариштагон ва биҳиштиён ҷорӣ мегардад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ҳам фариштагони нигаҳбони дузах ва ҳам фариштагони нигаҳбони биҳишт, маъмури анҷоми фаромини Худованд ҳастанд ва ҷуз фармони Худо коре анҷом намедиҳанд.

 

2 – Ҳамд ва тасбиҳи илоҳӣ, бо якдигар мақрун ва ҳамроҳанд, ҳамд ва ситоиш фақат сазовори касе аст, ки тадбиркунандаи олами ҳастӣ аст ва ҳечгуна айб ва нуқсе дар кори Ӯ нест.