Сентябр 12, 2019 06:31 Asia/Dushanbe

Қисмати 863 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 1-6

                       بسم الله الرحمن الرحیم                  

 

Сураи "Ғофир"  85 оят дорад ва дар Макка нозил шудааст, ҳамонанди дигар сураҳои Макӣ, умдаи оятҳои он дар бораи масоили эътиқодӣ монанди тавҳид ва нубувват ва миод аст, дар ояти севвуми ин сура, Худованд бо васфи "Ғофир" яъне омурзандаи гуноҳон тавсиф шуда ва ба ҳамин ҷиҳат, ин сура ба "Ғофир" номгузори шудааст, албатта ба хотири он,ки ҳудуди 20 оят аз ин сура ба саргузашти муъминони оли Фиръавн пардохтааст, ин сура "Муъмин" низ хонда шудааст.

 

1

 

حم                                   

Ҳо Мим.

 

2

تَنزِیلُ الْکِتَابِ مِنَ اللَّـهِ الْعَزِیزِ الْعَلِیمِ              

 

Нозил шудани ин китоб аз сӯйи Худованди азиз ва доност.

 

3

 

 غَافِرِ الذَّنبِ وَقَابِلِ التَّوْبِ شَدِیدِ الْعِقَابِ ذِی الطَّوْلِ  لَا إِلَـهَ إِلَّا هُوَ  إِلَیْهِ الْمَصِیرُ                                                      

 

Омӯрзандаи гуноҳ, пазирандаи тавба, сахт кайфар ва соҳиби аттои фаровон, ҳеч маъбуде ҷуз Ӯ нест ва бозгашти "Ҳама" ба сӯйи Ӯст.

 

Ин сура низ монанди 28 сураи дигари Қуръон, бо ҳуруфи мақтаа оғоз шудаасст, ки пеш аз ин низ гуфтем бо таваҷҷуҳ ба ояти баъди он, баёнгари аззамати Қуръони Карим аст, яъне китобе бо ин ҳамаи аззамат, ки аз сӯйи Худованди Азиз ва Ҳаким нозил шуда, аз ҳамин ҳуруфи содаи алифбо таркиб ёфта, ки дар дастраси ҳамаи шумо инсонҳст, аммо шумо наметавонед ҳамонанди онро биёваред.

Ояти баъд, Худоро бо панч сифат аз сифоти илоҳӣ тавсиф мекунад, ки ҳам мояи башорат аст ва ҳам омили ҳушдор ва инзор аз як сӯ ба гуноҳкорон умед медиҳад, ки агар тавба кунед, Худованд шуморо мебахшад ва аз гуноҳи шумо дармегузарад, аз сӯйи дигар ба онон ҳушдор медиҳад, ки агар бар гуноҳи худ исрор варзанд ва ҳарими дастуроти илоҳиро бишкананд, муҷозоти сангине дар интизори онҳост, идомаи оятҳо бар ин нукта таъкид мекунад, ки танҳо Худое, ки неъматаш ҳамаро дарбар гирифтааст, сазовори ибодат ва убудият аст ва ҷуз Ӯ ҳеч кас ва ҳеч чиз шоистаи парастиш нест илова бар он,ки пас аз марг низ ҳама ба сӯйи Ӯ боз мегарданд ва бояд дар баробари Ӯ посухгӯ бошанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Қуръон, ҷилваи илми номаҳдуди Худованд аст, лизо ҳеч мантиқе дар баробари он ёрои муқовамат надорад.

 

2 – тамассук ба Қуръон, метавон мояи иззат ва қудрати мусалмонон дар дунё шавад, зеро аз сӯйи Худои Азиз ва Доно нозил шудааст.

 

3 – Нузули китоб барои шинохти мабдаъ ва миод аст то инсон масири камол ва роҳи тақарруб ба Худоро ёфта ва онро бипаймояд.

 

 

4

 

مَا یُجَادِلُ فِی آیَاتِ اللَّـهِ إِلَّا الَّذِینَ کَفَرُوا فَلَا یَغْرُرْکَ تَقَلُّبُهُمْ فِی الْبِلَادِ                                                                   

 

Ҷуз онҳое, ки куфр варзиданд, касе дар оятҳои Худованд ҷадол ва ситез намекунад, пас таҳаррук "Ва рафт ва омади" онҳо дар шаҳрҳо туро нафиребад.

 

5

 

 کَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَالْأَحْزَابُ مِن بَعْدِهِمْ  وَهَمَّتْ کُلُّ أُمَّةٍ بِرَسُولِهِمْ لِیَأْخُذُوهُ  وَجَادَلُوا بِالْبَاطِلِ لِیُدْحِضُوا بِهِ الْحَقَّ فَأَخَذْتُهُمْ  فَکَیْفَ کَانَ عِقَابِ                                                     

 

Пеш аз инҳо, қавми Нуҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз онон буданд, "Паёмбаронашонро" такзиб карданд ва ҳар уммате бар он шуд то паёмбарашро бигирад "Ва биёзорад" ва ба "Василаи" ботил ситез ва муҷодала кардан то ҳақро бо он нобуд кунанд, аммо ононро "Ба қаҳри худ" гирифтам, пас "Бингар,ки" азоби Ман чигуна буд.

 

6

 

وَکَذَلِکَ حَقَّتْ کَلِمَتُ رَبِّکَ عَلَى الَّذِینَ کَفَرُوا أَنَّهُمْ أَصْحَابُ النَّارِ                                                                

 

Ва ин гуна ваъдаи "Азоби" Парвардигорат дар бораи касоне, ки куфр варзиданд қатъӣ шуд, ки онон аҳли дузаханд.

 

Ин оятҳо ба Паёмбари Ислом (с)  ва мусалмонони ислом ва наслҳои баъд, дилдорӣ медиҳад, ки агар касоне дар баробари дини шумо меистанд ва қасди ситез бо ҳақ ва маҳви онро доранд, дучори ноумедӣ ё заъф ва сусти нашавед, зеро дар тули таърих чунин будааст, ки кофирон ва миондон, на фақат бо пайравони адёни илоҳӣ, балки бо паёмбарони Худованд дар ситез буданд ва алайҳи онон тавтиа кардаанд то ононро аз роҳи ҳақ боз доранд.

Имрӯза низ шоҳидем, ки қудратҳои золим ва мустакбар, бо баргузории конфронсҳо, дид ва боздидиҳои сиёсӣ, монурҳои низомӣ ва ташкили иътилоф бо ҳам мусаликони худ, қудратнамои карда ва кушиш мекунанд, ки милали ҷаҳонро маръуби худ созанд, аммо муъминон бояд муроқиб бошанд, ки фиреби ин саҳнасозиҳо ва қудратнамоиҳои душманонро нахаранд ва ҳаргиз маръуб ва мафтуни қудрати зоҳири онҳо нашаванд.

Албатта таърих ингуна ашхосро зиёд ба худ дидааст ва нишон дода,ки ин афрод то чӣ андоза дар баробари муҷозотҳои илоҳӣ заиф ва нотавонанд, бидуни шак, ончӣ дар ниҳояти пирӯз мешавад, ҳақ аст ва онон бо ҷароиме, ки муртакиб мешаванд, дар воқеъ худро гирифтори кайфари сахти илоҳӣ дар дунё ва охират меунанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Решаи ҳар гуна ҷидол ва ситез бо ҳақ, куфр аст, муроқиб бошем, ки ҳечгоҳ дар муқобили ҳақ наистем ва барои хостаҳои дунявӣ, бо ҳақ муҷодала накунем.

 

2 – Интизор надошта бошем, ки ҳама имон биёваранд, куфр ва инкори дигарон низ моро дар роҳи худ суст ва ноумед накунад.

 

3 – Сарони куфр барои тазъифи ҳақ ва дармондани мусалмонон, ба таҳарукоти зиёде даст мезананд, аммо аҳли имон набояд аз ин ҳаёҳуйҳо ҳаросе ба дил роҳ диҳанд, онҳо бояд муроқиб бошанд, ки фиреби тавтиаҳои ононро нахуранд ва муқовим ва пойдор биистанд.

 

4 – ҷараёнҳои маонид ва мухолифи ҳақ, фиристодагони илоҳиро такзиб карда ва алайҳи онҳо тавтиа мекунанд, онҳо ба шеваҳои гуногун алайҳи ҳақ таблиғ мекунанд то онро тазъиф ва решакан намоянд.

 

5 – Яке аз суннатҳои илоҳӣ, кайфари кофирон ситезаҷу ва саркаш аст, албатта ин кайфар бар асоси ҳақ ва адл сурат мегирад.