Қисмати 864 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 7-9
Қисмати 864 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 7-9
7
اَلَّذِینَ یَحْمِلُونَ الْعَرْشَ وَ مَنْ حَوْلَهُ یُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَ یُؤْمِنُونَ بِهِ وَ یَسْتَغْفِرُونَ لِلَّذِینَ آمَنُوا رَبَّنا وَسِعْتَ کُلَّ شَیْءٍ رَحْمَةً وَ عِلْماً فَاغْفِرْ لِلَّذِینَ تابُوا وَ اتَّبَعُوا سَبِیلَکَ وَ قِهِمْ عَذابَ الْجَحِیمِ
Фариштагоне, ки ҳомилони аршанд ва онон, ки атрофи он ҳастанд, Парвардигорашонро бо сипос ва ситоиш, тасбиҳ мекунанд ва ба Ӯ имон доранд ва барои муъминон омӯрзиш мехоҳанд "Ва мегуянд:" Парвардигоро раҳмат ва илми ту ҳамаи чизро фаро гирифтааст, пас касоне, ки тавба карда ва роҳи туро пайравӣ намудаанд биёмӯрз ва ононро аз азоби дузах нигаҳдор.
Бар асоси оятҳои Қуръон, фариштагон коргузорони низоми ҳастӣ буда ва дар бисёре аз умур, восита миёни Худо ва инсон ҳастанд, ин оят ба ҷанбаи дигар аз иртиботи фариштагон бо инсон ишора карда ва мефармояд: фариштагони муқарраби илоҳӣ, ки дар маркази тадбири низоми ҳастӣ, яъне арши илоҳӣ ҳузур доранд, афзун бар он,ки худ дар ҳоли ҳамд ва тасбиҳи илоҳӣ ҳастанд, барои аҳли имон дуо мекунанд ва барояшон истиғфор менамоянд.
Сухани онҳо ингуна аст, ки Худоё, Ту аз як сӯ ба хатоҳои онон илм дорӣ ва аз сӯйи дигар раҳмати Ту васеъ ва фарогир аст, пас аз хатои тавбакорон даргузар ва иҷоза наде , ки онҳо гирифтори азоби дузах шаванд.
Дар воқеъ ин оят ба муъминон башорат медиҳанд, ки ҳомилони арши илоҳӣ, ки аз нерӯмандтарин қудратҳои ғайбии олам ба шумор мераванд, ҳоми ва пуштибони шумо ҳастанд, онҳо пайваста барои шумо дуо мекунанд ва аз Худо мехоҳанд, ки шуморо машмули афв ва раҳмати беинтиҳои худ қарор диҳад, аз хатоҳоятон даргузарад ва аз азоби дузах раҳои бахшад, онҳо мувафақияти шумо дар ин ҷаҳон ва растагориятонро дар олами охират аз Худо металабанд ва ин бузургтарин василаи дилгармӣ барои муъминон аст.
Ин, ки инсон эҳсос кунад дунё ба низоми модӣ ва олам масусоти маҳдуд нест, балки қудрати ғайбӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки аҳли имонро мавриди ҳимоят ва пуштибонӣ қарор медиҳад,
Пуштивонаи бузургӣ барои ӯ дар ин дунёи пур аз ранҷ ва сахтӣ ва авомили хатарофарин аст, ин эҳсос ба инсон умед, нишот ва тавони истодагӣ дар роҳи Худо медиҳад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Инки фариштагон муқарраби даргоҳи Худованд барои муъминон талаби омӯрзиш карда ва аз онҳо ҳимоят мекунанд, навидбахш ва умедворкунанда аст, ин худ муҷиби дилгармӣ ва пойдории пайравони ойини илоҳӣ мешавад.
2 – Дуо ба дигарон, як арзиши писандида аст, мо низ аз фариштагон биёмӯзем ва монанди онҳо дар ҳақи дигарон дуо кунем ва барои сойири афрод аз Худо хабар ва некӣ бихоҳем.
3 – Ресмони иртиботи инсон бо Худо ва фариштагон, имон ва амали солиҳ аст, агар ин риштаи иттисол маҳкам шавад, инсон дар дунё ва охират аз суқут ва ҳалокат наҷод меёбад.
8
رَبَّنا وَ أَدْخِلْهُمْ جَنّاتِ عَدْنٍ الَّتِی وَعَدتَّهُمْ وَ مَنْ صَلَحَ مِنْ آبائِهِمْ وَ أَزْواجِهِمْ وَ ذُرِّیّاتِهِمْ إِنَّکَ أَنْتَ الْعَزِیزُ الْحَکِیمُ
Парвардигоро, онон ва ҳар, ки аз падарон ва ҳамсарон ва фарзандонро, ки шоиса аст дар боғҳои ҷовидоние, ки ба онҳо ваъда додаи, ворид кун, ҳамоно Ту Худои Азиз ва Ҳакими.
9
وَ قِهِمُ السَّیِّئاتِ وَ مَنْ تَقِ السَّیِّئاتِ یَوْمَئِذٍ فَقَدْ رَحِمْتَهُ وَ ذلِکَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِیمُ
Ва ононро аз бадиҳо нигаҳ дор ва ҳар, киро дар он рӯз аз бадиҳо ҳифз куни, машмули раҳмати "Худ" сохтаи ва ин ҳамон растагории бузург аст.
Дар идомаи ояти қабл, ки истиғфори фариштагон барои аҳли имонро баён мекард, ин оятҳо мефармояд: фариштагон, на фақат поки аз гуноҳон ва дурӣ аз азобро, аз Худованд барои муъминн мехоҳанд, балки мондан дар биҳишти ҷовидон дар канори аъзои хонаводаро барои онҳо талаб мекунанд.
Албатта манзури он ида аз аъзои хонавода аст, ки шоистаи вуруд ба биҳиштро дошта бошанд, зеро дар қиёмат равобити фомилӣ, насабӣ ё сабабӣ, наметавонад фарзанд ё ҳамсар ё падар ва модарро дар канори инсон қарор диҳад ва шарти вуруд ба биҳишт, имон ва амали солеҳ аст.
Аммо ин умед ҳаст, ки агар биҳиштиён аз Худо тақозо кунанд, ки падар ва модар ва ҳамсар ва фарзандонашон дар канорашон бошанд, Худованд ҳар як аз онҳоро, ки дорои салоҳият ва шоистагии авалияя бошад, аз рӯйи лутф ва карами хеш бибахшад ва ононро дар канори якдигар қарор диҳад, ин амр бо иззат ва ҳикмати илоҳӣ низ созгор аст.
Лизо Худованд дар оятҳои дигари Қуръон ваъда додааст, ки: Мо фарзандон ва насли инсонҳои муъминро дар биҳишт ба ниёгонашон мулҳақ мекунем, ин ваъда, баёнгари арзиши хонавода ва таҳкими равобити хонаводагӣ дар назди Худованд аст.
Оятҳо сипас ба идомаи дуои фариштагон дар ҳақи муъминон мепардозад, ки дурӣ аз зиштиҳо ва бадиҳо, дар дунё ва охиратро барои аҳли имон талаб мекунанд ва онро нишонаи рамҳмати илоҳӣ бар муъминон медонанд, дар воқеъ ҳадаф ин аст, ки муъминони ростин бо фароғати хотир ва эҳтиром ва такрим вориди биҳишт шаванд.
Табии аст, ки агар касе машмули дуои фариштагон шавад ва аз дузах наҷот ёфта ва ба биҳишти раҳмати илоҳӣ роҳ ёбад, ба олитарин дараҷоти хушбахтӣ ва растагорӣ расидааст, чизе, ки бартар аз он барои башар қобили тасавур нест.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дуо дар ҳақи дигарон, шеваи фариштагон ва авлиёи Худост, ба ҷойи лаън ва нафрин ба касе, ки гирифтори лағзиш ва инҳироф шудаанд, барои онон аз даргоҳи Худо, талаби раҳмат ва мағфират кунем.
2 – То инсон аз олудагии гуноҳ пок нашавад, салоҳияти вуруд ба биҳишти илоҳиро ба даст намеоварад.
3 – Саодат ва растагории бузург, дар гарави саломати инсон аз офоти модӣ ва маънавӣ аст.