Сентябр 24, 2019 07:39 Asia/Dushanbe

Қисмати 865 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 10-12

10

 

إِنَّ الَّذِینَ کَفَرُوا یُنَادَوْنَ لَمَقْتُ اللَّـهِ أَکْبَرُ مِن مَّقْتِکُمْ أَنفُسَکُمْ إِذْ تُدْعَوْنَ إِلَى الْإِیمَانِ فَتَکْفُرُونَ                                    

 

Кофиронро нидо диҳанд, ки хашм ва душмании Худо "Нисбат ба шумо" аз хашм ва душмании шумо нисбат ба худатон бузургтар аст, зеро шумо ба имон даъват мешудед, вале куфр меварзидед.

 

Дар оятҳои қабл сухан аз раҳмати густурдаи илоҳӣ нисбат ба покон ва муъминон буд, ин оятҳо аз хашм ва ғазаби густурдаи илоҳӣ нисбат ба афроде хабар медиҳад, ки аз рӯйи инод ва лаҷоҷат, дар муқобили ҳақ меистанд ва бо он,ки ҳақро мефаҳманд, имон намеоваранд.

Кофирон вақте, ки натиҷаи кори худро дар қиёмат мушоҳида мекунанд, андуҳнок ва пушаймон мешаванд ва аз шидати нороҳатӣ ба худ мепечанд, ҳам худро сарзаниш мекунанд, чаро чунин роҳеро интихоб кардан ва ҳам раҳбарон ва дӯстоне, ки онҳоро ба роҳи ботил кашонданд, мавриди лаън ва нафрин қарор медиҳанд.

Дар қиёмат, афроди беимон, нисбат ба худ адовати шадид пайдо мекунанд, аммо маъмурони дузах ба онҳо мегуянд: хашм ва нафрати Худо нисбат ба шумо кофирони лаҷуҷ, аз ин азоби виҷдонатон ва лаън ва нафрини шумо нисбат ба якдигар, бештар аст, чаро, ки шумо аз сӯйи фариштагони Худованд ба роҳи рост даъват шудед, аммо аз рӯйи огоҳӣ ва амд, дасти рад ба синаи мунодиёни тавҳид задед, аз чароғҳои ҳидояти илоҳӣ рӯй бартофтед ва роҳи куфр ва инкорро дар пеш гирфтед ва дар воқеъ касонеро, ки Худованд барои ҳидояти шумо фиристода буд, мавриди таҳқир ва тавҳин қарор додед.

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ҳақситезӣ, куфр варзидан ва истодан дар баробари фариштагони илоҳӣ, хашм ва ғазаби бузурги илоҳиро ба дунбол дорад.

 

2 – Кайфари илоҳӣ, пас аз итмоми ҳуҷат бо бандагон ва даъвати онон ба сӯйи ҳидоят аст.

 

11

 

قَالُوا رَبَّنَا أَمَتَّنَا اثْنَتَیْنِ وَأَحْیَیْتَنَا اثْنَتَیْنِ فَاعْتَرَفْنَا بِذُنُوبِنَا فَهَلْ إِلَى خُرُوجٍ مِّن سَبِیلٍ                                                      

 

Кофирон мегуянд: Парвардигоро! Моро ду бор миронди ва ду бор зинда карди! Акнун ба гуноҳони худ муътарифем, пас оё роҳе барои берун рафтан "Аз дузах" ҳаст?

 

Яке аз ҳақоиқе, ки ҳамвора кофирон онро инкор мекунанд, дунёи пас аз марг ва ҳузур дар қиёмат аст, онҳо муътақиданд, ки кори инсон бо марг тамом мешавад ва чизе аз ӯ боқӣ намемонад.

Аммо бо мушоҳидаи авзоъ ва аҳволи қиёмат, пардаҳои ғафлат канор меравад ва чашми ҳқиқат байни ҳамаи афрод боз мешавад, кофирон иқрор мекунанд, ки бадин далил, ин ҳақиқати мусалламро, ки паёмбарон аз он хабар додаанд, инкор карда ва напазируфтанд, лизо дар мақоми эътироф ба иштибоҳи худ баромада ва мегуянд: Парвардигоро на як бор, балки ду бор, моро миронди ва дубор моро зинда карди, яке дар поёни умри худамон, ки аз ҳаёти ҷисмонӣ мурдем ва Худованд ба мо ҳаёти барзахи дод ва дигаре дар поёни умри ҷаҳон, ки аз ҳаёти барзахӣ мурдем ва Худованд дубора моро дар қиёмат зинда кард.

Ба ин тартиб, аз мазмуни оят равшан мешавад, ки манзур аз ду бор мирондан, марг дар поёни зиндагӣ ва марг дар поёни барзах аст ва манзур аз ду мартабаи иҳё, зинда шудан дар олами барзах ва зинда шудан дар қиёмат аст.

Ба ҳар ҳол, кофирон бо иқрор ба ин ҳақиқат, аз Худованд мехоҳанд, ки хатоҳои гузаштаи онҳоро бибахшад ва ба дунё боз гарданд то аъмоли бад ва ношоисти худро ҷуброн кунанд, ё лоақал аз оташи дузах наҷот ёбанд, дар ҳоле, ки дар қиёмат, ин эътирофот ва пушаймониҳо суде надорад ва асбоби бозгашт ба дунё ё хуруҷ аз дузах намешавад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Дар қиёмат, гунаҳкорон орзӯ мекунанд, ки ба дунё боз гарданд, пас то дар дунё ҳастем бо тавба аз кардаҳои бади хеш ва ҷуброн ва ислоҳи хатоҳои гузашта, коре кунем, ки ба чунин орзӯйе, ки бароварда намешавад, надошта бошем.

 

2 – Онҳо, ки ҳаёти пас аз маргро инкор мекунанд, ду бор ҳаёти пас аз маргро таҷриба хоҳанд кард яке зинда шудан пас аз маргро таҷриба хоҳанд кард, яке зинда шудан пас аз марг дар олами барзах ва дигаре зинда шудан пас аз барпояи қиёмат.

 

12

 

ذَلِکُم بِأَنَّهُ إِذَا دُعِیَ اللَّـهُ وَحْدَهُ کَفَرْتُمْ  وَإِن یُشْرَکْ بِهِ تُؤْمِنُوا  فَالْحُکْمُ لِلَّـهِ الْعَلِیِّ الْکَبِیرِ                                         

 

Ин "Кайфар" барои он аст, ки ҳаргоҳ Худованд ба ягонагӣ хонда мешуд, куфр меварзидед ва ҳаргоҳ барои Ӯ шарике оварда мешуд, имон меовардед, пас "Имрӯз" ҳукум аз они Худои Баланд мартаба ва Бузург аст.

 

Ин оят решаи куфрро навъи ширк донистааст, бадингуна, ки баъзе афрод ҳозир нестанд дар таҳлили умури инсон ва ҷаҳон, фақат Худоро бубинанд, балки мегуянд: Худо холиқи мост вале пас аз офариниш, моро ба ҳоли худ раҳо кардааст, пас дар тадбири умури худ ва ҷаҳон, ба суроғи гузинаҳои ғайр аз Худо мераванд.

Ба тадбири Қуръон дар оятҳои дигар, онҳо мункири холиқияти Худо нестанд, аммо рабубияти Ӯро дар низоми ҳастӣ намепазиранд, гоҳ мехоҳанд худашон ба ҷойи Худо биншинанд ва барои худ ва дигарон, қонун вазъ карда ва таъйини таклиф кунанд, гоҳ низ аз рӯйи ҷаҳл ва нодонӣ, гирифтори хурофот шуда ва барои ашёъ ва падидаҳое, қудрат ё имтиёзоти вижае қоил мешаванд, гуё, ки он ашёъ ва падидаҳо нақше таъйин кунанда дар сарнавишти онҳо доранд, монанди бутпарастон ва ситорапарастон.

Албатта равшан аст, ки афкор ва аъмоли ингуна афрод дар дунё мақтаӣ ва мувақатӣ набуда аст, онҳо бо доштани ин навъ тафаккур, ҳатто агар ба дунё ҳам бозгарданд, бори дигар ҳамон рафторҳо ва барномаҳои гузаштаро идома медиҳанд ва таъғире дар равияи онҳо эҷод намешавад.

 

Аз ин оят меомъзем:

 

1 – Ихлос дар тавҳид ва яктопарастӣ ва дурӣ аз ҳаргуна ширк, роҳи раҳои ва наҷоти инсон дар қиёмат аст.

 

2 – Ҳамонтавр, ки ишора кардем, дар ширк, инсон Худоро холиқ медонанд, вале дигаронро дар тадбири умури олам муасир медонанд ва ба суроғи гузинаҳои ғайри Худо мераванд, дар ҳар ҳол, ҳам куфри мутлақ, ки инкори вуҷуди Худост ва ҳам ширк, инсонро гирифтори дузах месозад.