Октябр 22, 2019 12:09 Asia/Dushanbe

Қисмати 866 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 13-15

13

 

هُوَ الَّذِی یُرِیکُمْ آیَاتِهِ وَیُنَزِّلُ لَکُم مِّنَ السَّمَاءِ رِزْقًا  وَمَا یَتَذَکَّرُ إِلَّا مَن یُنِیبُ

Ӯст,ки ояҳои худро ба шумо нишон медиҳад ва аз осмон барои шумо рӯзӣ мефиристад, вале фақат касоне панд мегиранд,ки ба сӯи Худо  бозгарданд,

14

«فَادْعُوا اللَّـهَ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ وَلَوْ کَرِهَ الْکَافِرُونَ»

Пас Худоро бихонед,дар ҳоле,ки дини худро барои Ӯ холис ва пироста кардаед, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд.

Дар ояҳои қабл,оқибати кори мушрикон ва кофирон дар қиёмат баён шуд. Ин ояҳо дар идома ба тавҳид ва нишонаҳои он ишора мекунад ва мефармояд: нишонаҳои яктоии Худованд дар офаридаҳои Ӯ,ки дар атрофи шумост ва ҳар рӯз онҳоро дида ва бо онҳо сарукор доред, бисёр аст. Ба иборате, оятҳо ва нишонаҳои Ӯ бар дар ва девори олами вуҷуд намоён аст. Осмон ва замин, кӯҳ ва дашт ва дарё, анвои обзиёни дарёӣ, парандагони осмон ва ҳайвоноте,ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд, ҳама ва ҳамаи ояҳо ва нишонаҳое ҳастанд,ки аз диди шумо пинҳон нестанд.

Дар идома омада,ки Ӯ аз осмон барои шумо рӯзӣ мефиристад. Аз муҳимтарин нишонаҳои Ӯ,ки мояи ҳаёти ҳамаи гиёҳон, ҳайвонот ва инсонҳост, донаҳои зиндагибахши борон ва партави тобноки хуршед аст,ки ҳама аз осмон нозил мешаванд ва беонҳо ,ҳаёт аз замин барчида мешавад.

Бо вуҷуди ин ҳамаи оятҳо дар паҳнаи ҳастӣ, чашмҳо ва қалбҳое,ки ҳиҷоб бар онҳо афканда шуда,чизе намебинанд.

Дар воқеъ касоне бо дидани ин ояҳо мутазакир мешаванд,ки бихоҳанд ба сӯи Худо бозгарданд,худро дар масири Ӯ қарор диҳанд ва қалбу ҷонро аз олудагиҳо бишуянд. Ба таъбири урфӣ, касе,ки хоб аст, бо садо задан бедор мешавад, аммо касе,ки худро ба хоб зада ва қасди баланд шудан надоранд, ҳарчӣ ӯро садо бизанед бедор намешавад.

Идомаи оя мефармояд; ҳол,ки дарёфтед Худованд дар низоми офариниш, ҳеҷгуна шарике надорад, дар амри парастиш, шарике барои Ӯ қарор надиҳед, дини худро барои Ӯ холис кунед ва дигаронро шарики Ӯ дар қонунгузорӣ накунед.

 Бетардид, ин кори шумо кофирони мутаасиб ва лаҷуҷро сахт мутаасир ва нороҳат мекунад, вале ҳаросе ба дил роҳ надиҳед ва оини худро барои Худо холис кунед, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд.

Аз ин оятҳо меомӯзем;

Ҷаҳони атрофи мо пур аз нишонаҳои тавҳид аст. Кофӣ аст ба ҷаҳони перомуни бо чашми дил бингарем ва аз махлуқ ба холиқ бирасем.

 Офариниши ҳар мавҷуди ҷондор,аз нишонаҳои Худост ва таъмини ризқи мавриди ниёзи он барои идомаи ҳаёт низ, нишонаи дигар!

Пиростани дин аз ҳар гуна хурофот ва бидъат ва канор гузоштани одоб ва русуми ботил ва ҳазфи қонунҳои зиди дин, аз нишонаҳои имони воқеӣ ва холисона аст.

Дар масоили эътиқодӣ ба фикри рози кардани дигарон набошем. Ҳақ ва ҳақиқатро бипазирем ва ба он амал кунем, гарчи кофирон ва мухолифон написанданд.

 

15

رَفِیعُ الدَّرَجَاتِ ذُو الْعَرْشِ یُلْقِی الرُّوحَ مِنْ أَمْرِهِ عَلَى مَن یَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ لِیُنذِرَ یَوْمَ التَّلَاقِ

Ӯ дараҷоти бандагони шоистаро боло мебарад ва соҳиби арш аст. Рӯҳро,ки фариштаи ваҳӣ аст ба фармони хеш бар ҳар кас аз бандагонаш,ки бихоҳад, мефиристад то мардумро аз рӯзи мулоқот рӯзи растохез бим диҳад.

Ин оят бархе сифатҳо ва афъоли Худовандро баён мекунад ва дар идомаи ояи қабл,ки ба ихлос дар дин ишора дошт, мефармояд; ҳар вақт муъминон дар дини худ холистар бошанд, дараҷоти онҳо болотар меравад, чунон,ки дар миёни паёмбарон низ, онҳое,ки аз уҳдаи имтиҳоноти бештаре баромаданд ва мақоми ихлосро ба марзи болотаре расонданд,аз ҷойгоҳ ва мақоми бартаре бархурдор шудаанд. Оре Худованд дараҷоти ҳар касро ба мизони ихлосаш боло мебарад.

Сипас мефармояд; Ӯ соҳиби арш аст ва қудрат ва ҳокимияти ӯ саро сари ҳастиро фаро гирифтааст; ҳукуматаш биломанозеъ аст ва ҳеҷ қудрат ва ҳукумате ёрои муқобила бо Ӯро надорад.

Ояҳои пеш ба нишонаҳои Худованд дар таквин ишора дошт, ин оя дар идома ба низоми ташриъ ишора карда ва мефармояд; Худованд инсонҳоро ба ҳоли худ раҳо накардааст,балки илова бар ризқи модӣ,ки ба ҳамаи мавҷудот атто мекунад, барои инсонҳо, ризқи маънавӣ низ таъйин кардааст. Воситаи ин ризқ, фариштагон ва паёмбарон ҳастанд,ки Худованд аз тариқи онҳо мардумро анзор мекунанд ва ҳушдор медиҳанд,ки рӯзи қиёмате дар кор аст.

Дар ҳақиқат, рӯзи қиёмат, рӯзи мулоқот аст, рӯзи мулоқоти инсон бо Парвардигори олам,албатта на бо чашми сар, чаро,ки Ӯ ҷисм нест/ рӯзи мулоқоти пешвоёни ҳақ ва ботил бо пайравонашон / рӯзи мулоқоти хубон ва некон / рӯзи талофии инсон бо аъмол ва кирдори хеш / рӯзе,ки золим бо мазлум рӯ ба рӯ мешавад, вале ӯ ҳар гиз чунин рӯзеро тасавур намекунад.

Оре ҳадаф аз ҳамаи китобҳои осмонӣ ва таъолими паёмбарон ин аст,ки ба бандагони Худо дар бораи рӯзи талофии бузург бим диҳанд.

 

Аз ин оят меомӯзем;

Масири дин, масири рушд ва камол аст ва Худованд, ҳар киро дар ин масир талош кунад, боло мебарад.

Фариштаи ваҳӣ,ончироХудованд фармон диҳад, ҳар кас,ки Худо фармон диҳад,нозил мекунад.

Паёмбарон,баргузидаи Худо ҳастанд ва Худованд бо илми худ ва бар асоси ҳикмат,онҳоро бармегузинад.

Паёмбарон, аз рӯи дилсузӣ ва хайрхоҳӣ, дар мавриди хатарҳои ҷодаӣ зиндагӣ ба инсон ҳушдор медиҳанд. Ҳар,ки ба ин ҳушдорҳо таваҷуҳ кунад,ба некбахтӣ ва саодат мерасад ва ҳар,ки беэътиноӣ кунад,дучори бадбахтӣ ва ҳалокат мешавад.