Қисмати 867 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 16-20
Қисмати 867 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 16-20
16
یَوْمَ هُم بَارِزُونَ لَا یَخْفَى عَلَى اللَّـهِ مِنْهُمْ شَیْءٌ لِّمَنِ الْمُلْکُ الْیَوْمَ لِلَّـهِ الْوَاحِدِ الْقَهَّارِ
Рӯзе,ки мардум зоҳир ва ошкоранд ва чизе аз онон бар Худо пинҳон нест. Имрӯз фармонравоӣ аз они кист? Аз они Худованди яктои қаҳҳор ,
17
«الْیَوْمَ تُجْزَى کُلُّ نَفْسٍ بِمَا کَسَبَتْ لَا ظُلْمَ الْیَوْمَ إِنَّ اللَّـهَ سَرِیعُ الْحِسَابِ»
Имрӯз ҳар кас дар баробари ончи анҷом дода,подош дода мешавад. Имрӯз ҳеҷ зулме нест. Ҳамоно ҳисобрасии Худо сариъ аст.
Дар охирин ояи гузашта, ба ин нукта ишора шуд,ки Худованд аз тариқи китобҳои осмонӣ ва паёмбарон, дар бораи рӯзи қиёмат ба башар ҳушдор додааст.
Ин ояҳо, дар тавсифи рӯзи қиёмат вижагиҳоеро баён намуда ва мефармояд; дар он рӯз, пардаҳо канор меравад ва ҳамаи чиз ошкор мешавад. Парвандаҳои аъмол кушода шуда ва ботини афрод намоён мешавад. Лизо ҳеҷ чиз махфӣ нахоҳад монд.
Низ чизе бар худо махфӣ нест. Бо ин ҳол, инсонҳо гумон мекунанд,ки метавонанд чизҳоеро аз Худо махфӣ нигаҳ доранд, аммо дар қиёмат дар меёбанд,ки дар ҳақиқат ҳеҷ чиз бар Худо махфӣ набуда ва ҳамаи корҳои онҳо бо диқат сабт ва забт шудааст.
Дар растохез, инсонҳо бо ҳамаи вуҷуд ва ҳастии хеш дар саҳнаи азими қиёмат зоҳир мешаванд ва ҳеҷ чизе махфӣ намемонад. Бе тардид,чунин саҳнае аҷиб ва ҳулангез аст !
Дар он рӯз ҳокимияти мутлақ аз они Худост. Албата дар дунё низ Худованд бар саросари олам ҳоким аст, аммо ин ҳокимият дар қиёмат зуҳур ва бурӯзи тозае пайдо мекунад. Дар онҷо аз ҳукумати фармонравоёни золим ва гарданкаш хабаре нест.
Дар қиёмат, ҳокимияти Худованд бар ҳамаи чиз ба гунае аст,ки инсонҳо ҳатто бар аъзо ва ҷавориҳи бадани худ ҳоким нестанд. Лизо ҳар гоҳ Худо бихоҳад,даст ва по ва дигар аъзои бадани инсон алайҳи Ӯ шаҳодат медиҳанд.
Он рӯз, рӯзи кайфар ва подоши корҳост ва ҳар кас дастовард ва ҳосили кардаҳои хешро хоҳад дид.
Дар воқеъ афкор ва аъмоли мо дар дунё, чунон дар нафс ва рӯҳи мо таъсир мегузоранд,ки то қиёмат боқӣ мемонад ва ҳамон мабнои ҷазои рӯзи қиёмат аст.
Дар дунё ситам бисёр аст ва инсонҳо барои даст ёфтан ба манофеъ ва лаззатҳои бештар,ба якдигар ситам мекунанд. Аммо дар қиёмат, касе тавони ситам кардан ба дигареро надорад,зеро ҳокимияти мутлақ танҳо аз они Худост ва Худованд низ бар бандагонаш ситам намекунад. Балки ба ҳар кас бар асоси амалаш, кайфар ё подош медиҳад ва албатта ин кор ба суръат анҷом мешавад.
Бар хилофи додгоҳҳои дунявӣ,ки гоҳ судури ҳукм чандин моҳ ё сол тул мекашад,дар рӯзи қиёмат расидагӣ ба ҳисоби бандагон ба суръат анҷом мешавад ва таклифи ҳар кас хеле зуд мушахас мегардад. Маънои он ин аст,ки дар қиёмат муҳлате ба муҷримон дода намешавад.
Аз ин ояҳо меомӯзем;
Гумон накунем чизеро мешавад аз Худо пинҳон кард, зеро дар қиёмат, ҳамаи асрор ошкор мешавад ва ҷое барои махфӣ кардан ва ё инкор боқӣ намемонад.
Ҳеҷкас дар қиёмат аз ҳисоб ва китоб истисно нест. Мабнои кайфар ва подоши иллоҳӣ, амалкарди мо дар дунёст,на орзуҳои нобаҷои мо,ё нисбатҳо ва вобастагиҳо ва..
Бо он,ки Худованд қудрати биломанозеъ дар олами ҳастӣ аст ва дар ҳокимият бар ҷаҳон, ягона ва бе ҳамтост, ба ҳеҷкас зулм намекунад.
18
وَأَنذِرْهُمْ یَوْمَ الْآزِفَةِ إِذِ الْقُلُوبُ لَدَى الْحَنَاجِرِ کَاظِمِینَ مَا لِلظَّالِمِینَ مِنْ حَمِیمٍ وَلَا شَفِیعٍ یُطَاعُ
Ва ононро аз рӯзи наздик қиёмат битарсон. Онгоҳ,ки аз шиддати тарс ҷонҳо ба гулугоҳ мерасад,дар ҳоле,ки андуҳи худро фуру мебаранд. Он рӯз барои ситамкорон ҳеҷ дӯсти дилсуз ва шафоаткунандае,ки шафоаташ пазируфта шавад, вуҷуд надорад.
19
یَعْلَمُ خَائِنَةَ الْأَعْیُنِ وَمَا تُخْفِی الصُّدُورُ
Ӯ чашмҳое,ки ба хиёнат менигарад ва ончиро синаҳо пинҳонмедоранд, медонад,
20
«وَاللَّـهُ یَقْضِی بِالْحَقِّ وَالَّذِینَ یَدْعُونَ مِن دُونِهِ لَا یَقْضُونَ بِشَیْءٍ إِنَّ اللَّـهَ هُوَ السَّمِیعُ الْبَصِیرُ»
Ва Худованд ба ҳаққ доварӣ мекунад, аммо маъбудоне,ки баҷои Ӯ мехонанд,ҳеҷгуна доварӣ намекунанд. Бегумон Худованд шунаво ва биност.
Дар идомаи тавсифи рӯзи қиёмат, ин ояҳо мефармояд; гумон накунед рӯзи қиёмат дур аст то ба дилхоҳи худ,ҳар коре,ки ро мехоҳед, анҷом диҳед; бидонед,ки қиёмат наздик аст ва бояд посухгуи ҳамаи корҳоятон бошед.
Қиёмат,рӯзе аст,ки аз тарс ва ваҳшати он,гуё ҷон ба лаби инсон мерасад ва қалби ӯ аз изтироб аз ҷо канда шуда ва мехоҳад аз ҳалқаш хориҷ шавад. Ин таъбир, авҷи сахтӣ ва фишор дар қиёматро мерасонад.
Оре ба хотири бим аз расвоӣ дар миёни мардум ва нигаронӣ аз ҳисоби дақиқи Худованд ва гирифторӣ дар азоб,инсонҳо чунон дучори ваҳшат ва изтироб мешаванд,ки бо ҳеҷ баёне қобили васф нест. Дарунашон пур аз ғам ва андуҳ мешавад, аммо забонашон баста шуда ва тавоноии изҳори онро надоранд то каме роҳат шуда ва ором гиранд. Чаро,ки онҷо маҳзари адли Парвардигор аст ва ҷои наъра ва фарёд нест.
Дар чунин шароити сахте,ки ҳар кас умед дорад дӯстон ва афроди соҳибнуфуз ӯро ёрӣ кунанд, Қурон мефармояд; Ҳеҷ дӯст ва шафоаткунандае вуҷуд надорад,ки дар ин вазъият ба ӯ кумак кунад ва лоақал вайро таскин диҳад. Зеро ҳама гирифтори аъмоли хешанд ва касе наметавонад барои дигаре коре кунад.
Идомаи ояҳо ба илми густардаи иллоҳӣ ишора карда ва мефармояд; онҷо,ки дигарон мутаваҷеҳи нигоҳи шумо намешаванд ва шумо ба нораво нигоҳ мекардед ва мепиндоштед, касе шуморо намебинад, Худованд онҷо ҳузур дошт ва хиёнати нигоҳи шуморо медонист. Чунон,ки аз ботини шумо низ огоҳ буд ва қасд ва ангезаи нопоки шуморо намедонист.
Албатта хиёнати чашм метавонад ба шаклҳои мухталиф бошад. Нигоҳи нораво ба забони номаҳрам ва ё нигоҳи аз рӯи тамасхур ва таҳқири дигарон, аз намунаҳои хиёнати чашм ба шумор меравад.
Бетардид, агар инсон бовар дошта бошад,ки ҳисобрасии дақиқе дар қиёмат вуҷуд дорад, ба тавре,ки ҳатто нигоҳҳҳо ва андешаҳо ва ангезаҳои ӯ ҳама зери заррабин аст, ҳадди аълои тақво ва ростӣ дар вуҷудаш зинда мешавад.
Оре, Худованде,ки аз ҳаракатҳои махфиёнаи чашмҳо ва асрори даруни синаҳо огоҳ аст, дар қиёмат, дар бораи мардум қазоват ва додрасӣ хоҳад кард, мақоми доварӣ махсуси Ӯст ва Ӯ ҷуз ба ҳақ доварӣ намекунад. Аммо ғайри Ӯ чун чунин огоҳӣ ва илмеро ба зоҳир ва ботин надорад,наметавонад дуруст доварӣ кунад ва агар ҳам доварӣ кунад,дар маърази ситам ва тазйиъи ҳақ аст.
Аз ин ояҳо меомӯзем ;
Дарвозаи қиёмат,ки марг аст,наздик аст. Онро дур напиндорем ва худро барои он омода кунем.
Ваҳшат ва изтироби додгоҳи қиёмат аз як су ва ҳасрат ва андуҳ аз корҳои гузашта аз суи дигар, гунаҳкорро дар тангнои бисёр сахте қарор медиҳад, аммо ӯ ҳатто тавони фарёд задан ва изҳор карданро низ надорад.
Қиёмат, рӯзи танҳоии муҷримон аст. Дӯстони самимӣ ва афроди соҳибнуфуз наметавонанд коре барои муҷримон анҷом диҳанд ва аслан касе ба фикри дигаре нест.
Имон ба ин,ки Худованд аз ниятҳо ва ангезаҳои ботинии мо низ огоҳ аст,инсонро аз зулм ва ҷавр ва корҳои хилоф боз медорад ва беҳтарин омил барои кантроли рафтори ӯст.