Қисмати 868 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 21-25
Қисмати 868 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 21-25
21
أَوَلَمْ یَسِیرُوا فِی الْأَرْضِ فَیَنظُرُوا کَیْفَ کَانَ عَاقِبَةُ الَّذِینَ کَانُوا مِن قَبْلِهِمْ کَانُوا هُمْ أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَآثَارًا فِی الْأَرْضِ فَأَخَذَهُمُ اللَّـهُ بِذُنُوبِهِمْ وَمَا کَانَ لَهُم مِّنَ اللَّـهِ مِن وَاقٍ
Оё дар замин нагаштанд то бингаранд саранҷоми касоне,ки пеш аз онон буданд, чигуна буд ? онон аз инҳо нерӯмандтар буданд ва дар замин осори пойдортар доштанд . Пас Худованд ононро ба хотири гуноҳашон, ба қаҳри худ гирифт ва дар баробари Худованд ҳеҷ мудофеъе надоштанд,
22
ذَلِکَ بِأَنَّهُمْ کَانَت تَّأْتِیهِمْ رُسُلُهُم بِالْبَیِّنَاتِ فَکَفَرُوا فَأَخَذَهُمُ اللَّـهُ إِنَّهُ قَوِیٌّ شَدِیدُ الْعِقَابِ
Ин ба хотири он буд,ки паёмбаронашон ҳамроҳ бо далоили равшан ба суроғи онон меомаданд,вале онон куфр меварзиданд, пас Худованд ононро ба уқубат гирифт. Ҳамоно Ӯ нерӯманд ва сахт кайфар аст.
Дар ояҳои қабл, дар бораи оқибат ва фарҷоми гунаҳкорон дар қиёмат сухан гуфта шуд.
Ин ояҳо мардумро ба мутолиъаи таърихи гузаштагон даъват карда ва мефармояд; чаро онон дар аҳволи мардуме,ки дар нуқтаҳои мухталифи замин зиндагӣ мекарданд, таамул накарданд ва надиданд,ки дар асари ҷурм ва гуноҳ, дучори чӣ оқибате шуданд,то ибрат бигиранд ва аз паймудани роҳи онон худдорӣ кунанд.
Ин оят хитоб ба инсонҳо мефармояд,ки агар сайре дар нуқтаҳои мухталифи замин дошта бошанд, кохҳо ва биноҳоеро мушоҳида мекунанд,ки вайронаҳои онҳо аз гузашта ба ҷо мондааст.
Рӯзгоре зурмандон ва ҳокимони ситамгар дар он сукунат дошта ва бар мардум ҳукумат мекарданд , аммо имрӯза аз худи онҳо ҳеҷ асаре нест ва аз кохҳо ва биноҳояшон низ, фақат вайронаҳое боқӣ мондааст.
Дидани ин осори таърихии ба ҷо монда аз ақвоми гузашта, метавонад дарси ибрате барои мо бошад то бидонем ситамгарон рафтанӣ ҳастанд,гарчӣ онҳо дар авҷи иқтидори худ,нерӯ ва имконоти густардаеро дар ихтиёр дошта бошанд.
Идомаи ояҳо мефармояд ; мо вазифаи иршод ва ҳидоятро анҷом додем ва паёмбаронро ба суи онон фиристодем. Аммо онҳо ба ҷои пазириши ҳақ, роҳи куфр ва инкорро дар пеш гирифтанд ва ба муқобила бо ҳақ бархостанд. Лизо ба қаҳри иллоҳӣ дар дунё гирифтор шуданд,дар ҳоле,ки гумон намекарданд қудрате бартар аз онҳо ҳаст,ки метавонад қудрати онҳоро дар ҳам бишканад.
Аз ин ояҳо меомӯзем ;
Сайру сафар ва гардишгарии ҳадафманд ва ибратомӯз, мавриди суфориши Қурон аст.
Мутолиъа ва баррасии таърихи гузаштагон, барои ёфтани роҳи дурусти зиндагӣ дар ҷаҳони имрӯз, амри лозим ва хирадмандона аст.
Ба қудрат ва имконоти густардаи иқтисодӣ,илмӣ, санъатӣ ва ё низомии худ мағрур нашавем,ки инҳо дар баробари иродаи Худованд ҳеҷ аст.
Кайфари иллоҳӣ ихтисос ба охират надорад.Гоҳе худованд дар дунё низ гушае аз қаҳри худро ба золимон нишон медиҳад.
То Худованд ба афрод итмоми ҳуҷат накунад,онҳоро кайфар намедиҳад.
23
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى بِآیَاتِنَا وَسُلْطَانٍ مُّبِینٍ
Ва ба рости мо Мусоро бо муъҷизоти худ ва бурҳони ошкор фиристодем ,
24
إِلَى فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَقَارُونَ فَقَالُوا سَاحِرٌ کَذَّابٌ
Ба суи Фиръавн ва Ҳомон ва Қорун. Аммо онон гуфтанд ; Ӯ ҷодугари бисёр дуруғгуст.
Ин ояҳо ба яке аз намунаҳои таърихӣ барои қаҳри иллоҳӣ дар дунё ишора карда ва мефармояд ; Худованд ҳазрати Мусо ( а) ро ҳамроҳ бо муъҷизаҳояш барои ҳидояти ҳокими ситамгаре чун Фиръавн ва вазираш Ҳомон ва фарди сарватманде чун Қорун фиристод.
Ҳазрати Мусо (а) бо ёрии Худованд , корҳои хориқулодае анҷом медод,ки нишонаи иртиботи Ӯ бо олами моварои табиат буд.
Илова бар муъҷизаҳо,он ҳазрат ба далелҳои муҳкам ва хадаша нопазир муҷаҳаз буд. Вале мавзеъгирии фиръавниёни золим ва туғёнгар дар муқобили Ӯ, ҷуз ин набуд,ки муъҷизоти Ӯро сеҳр ва ҷоду мехонданд ва иддаъои Ӯ дар мавриди рисолат аз ҷониби Худоро дуруғ мешумурданд.
Албатта таърих шоҳид аст,ки сардамдорони куфр ва зулм , ҳамвора сайъ кардаанд бо дуруғпароканӣ ва иттиҳомоти нораво, суханони мардони ростини Худоро хунсо ва аз таъсиргузории онҳо бар мардуи пешгири кунанд.Ба ин тартиб Мусо (а) маъмур шуд,ки ба зулми ҳокимони хунрез ва бедодгар поён диҳад ва ҷомиъае бар асоси адл ва дод бисозад.
Табии аст пазириши даъвати ҳазрати Мусо (а) , муҷиб мешуд,ки Фиръавн ва дастандаркорони ҳукуматаш натавонанд аз қудрати хеш суистифода карда ва ҳаргуна ,ки мехоҳанд мардумро таҳти зулм ва истисмор қарор диҳанд. Лизо барои ҳифзи манофеъи номашруъашон бар он шуданд,ки бо шиддати тамом бо Мусо (а) ва ёронаш муқобила кунанд.
Аз ин ояҳо меомӯзем ;
Паёмбарон фақат маъмури даъвати мардум ба худопарастӣ набуданд, онҳо барои барчидани басоти зулм ва ҷавр ба суроғи ситамгарон мерафтанд.
Гоҳе қудрат ва сарват, заминаи саркашӣ ва нофармонӣ дар баробари Худо ва зери по гузордани ҳуқуқи мардум аст.
Мантиқ ва муъҷизаи паёмбарон равшан ва қобили фаҳм будааст, аммо матомеъи моддӣ ва рӯҳияи истикборӣ монеъ мешуда,ки иддае аз афрод ҳақро бипазиранд.
25
«فَلَمَّا جَاءَهُم بِالْحَقِّ مِنْ عِندِنَا قَالُوا اقْتُلُوا أَبْنَاءَ الَّذِینَ آمَنُوا مَعَهُ وَاسْتَحْیُوا نِسَاءَهُمْ وَمَا کَیْدُ الْکَافِرِینَ إِلَّا فِی ضَلَالٍ
Пас чун Мусо, ҳақро аз суи мо барои онон овард,гуфтанд ; писарони касонеро,ки бо Ӯ имон оварданд, бикушед ва занонашонро зинда нигаҳ доред. Вале найранги кофирон ҷуз дар гумроҳӣ ва табоҳӣ нест.
Ба ҳар ҳол, Фиръавн ва вазираш Ҳомон,ки натавонистанд дар баробари мантиқ ва муъҷизаи ҳазрати Мусо (а), далел ва мантиқи равшане ироа диҳанд, барои муқобила бо Мусо (а) нақшаҳои гуногуне кашиданд. Ин оят ба бахше аз тарҳҳои шайтонии онҳо ишора мекунад. Дар марҳалаи аввал тасмим гирифтанд, касонеро,ки ба Мусо (а) имон оварда ва бо Ӯ ҳамроҳӣ мекунанд, мардон ва ҷавононашонро нобуд кунанд ва занонашонро барои канизӣ ва хизмат ва баҳракашӣ зинда нигаҳ доранд. Ҳадафи онҳо саркуби шадиди ёрони Мусо (а) буд то касе ба Ӯ имон наёварад ва агар касе ҳам имон овард, Ӯро аз саҳнаи рӯзгор ҳазф кунанд.
Албатта ин равияи ҳукуматҳои зулм ва истикборӣ дар тули таърих будааст, ки бо шеваҳои мухталиф , нерӯҳои ҷавон ва фаъоли ҷомеъаҳоро ба инҳироф кашонда ё саркуб кардаанд. Аммо дар моҷарои ҳазрати Мусо (а) , фишорҳо ва тавтиаҳои гуногуни фиръавниён натавонист монеъи анҷоми рисолати он ҳазрат шавад ва бар хилофи майли онҳо, қавми банни Исроил муқовимтар шуданд ва роҳи пойдорӣ ва истиқомат дар баробари золимонро баргузиданд.
Аз ин оят меомӯзем ;
Куштан ва ба асорат гирифтан, шеваи золимон ва мустакбирон дар тули таърих будааст. Ин фишорҳо набояд аҳли имонро суст кунад ва аз идомаи роҳи ҳақ боз дорад .
Душманон аз роҳи ҷанг ва хунрезӣ ва ё роҳҳои дигар назири тарвиҷи фасод, дар ҷиҳати нобудӣ ва табоҳии насли ҷавон нақша мекашанд.
Душманон доиман бар алайҳи ҷараёни ростини ҳақ тавтиа мекунанд. Аммо агар аҳли имон дини ҳақро ёрӣ кунанд , нақшаи душманон нақши бар об мешавад ва дар ниҳоят ҳақ бар ботил ғалаба меёбад. Ин ваъдаи иллоҳӣ аст.