Сентябр 26, 2016 12:31 Asia/Dushanbe

Қисмати 691 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 5-8

5

وَنُرِيدُ أَن نَّمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ                                 

Ва мо ирода кардаем бар касоне, ки дар замин заиф ва фарсуда шудаанд, минат ниҳем ва ононро пешвоёни  “Мардум” гардонем ва эшонро ворисони “Замин” кунем.

 

6

    وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِي فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُم مَّا كَانُوا يَحْذَرُونَ                         

 

Ва ба онон дар замин, қудрат ва тамкин бахшем ва ба Фиръавн ва Ҳомон лашкариёнашон ончиро аз ҷониби онон бимнок буданд, нишон диҳем.

 

Дар ояҳои қабл гуфтем, ки ҳазрати Мусо (а) маъмур шуд ба суроғи Фиръавн биравад ва ӯро аз зулм ва ситам ба қавми Бани Исроил боз дорад, зеро Фиръавн он қавмро ба зиллат ва бардагӣ гирифта буд ва ба баҳонаҳои мухталиф мардони онҳоро мекушт ва занонашонро ба канизӣ мегирифт.

Ин ояҳо мефармояд: Фиръавн гумон мекард ҳамвора бар маснади қудрат боқӣ мемонад ва ончиро, ки бихоҳад, метавонад анҷом медиҳад, ӯ намедонист иродаи Худованд бар ин таалуқ гирифтааст, ки мустакбиронро дар ҳамин дунё ба хоки зиллат бинишонад ва ононро, ки зердаст ва залил шумурда мешуданд, ба қудрат расонад ва бар онҳо ҳоким гардонад.

Фиръавн ва вазираш Ҳомон, ҳамвора аз тарси ин, ки Бани Исроил қиём карда ва ҳукумати онҳоро сарнагун кунанд, онҳоро мавриди сахтарин озорҳо ва шиканҷаҳо қарор медоданд ва ҷавонони пуршур ва инқилобиро мекуштанд. Аммо ончӣ Фиръавн ва фиръавниён аз он метарсиданд, бо хост ва иродаи илоҳӣ ба сарашон омад, Бани Исроил ба раҳбарии ҳазрати Мусо (а) бар онҳо ғалаба ёфтанд ва ворисони кохҳо ва сарватҳои анбуҳи онон шуданд.

Албатта иродаи Худованд, бедалил ва мантиқ нест, агар миллате бихоҳад аз султаи золимон раҳоӣ ёбад ва дар ин роҳ ҳаракат ва иқдом кунад, Худованд онро ёрӣ карда ва бар золимон пирӯз мегардонад, ин суннати қатъии Худованд дар тули таърих будааст, ки сарнавишти ҳар умматеро аъмол ва рафтори онҳо тайид мекунад ва то умматҳо худашон ирода накунанд, таъғире дар сарнавишти онҳо эҷод нахоҳад шуд.

Бар асоси ривоятҳои исломӣ, дар охируззамон ҳазрати Маҳдӣ (а) аз насли Паёмбари ислом (с) зуҳур мекунад ва ситамгарон ва золимонро мағлуб ва мустазъафонро ба қудрат мерасонад то адл ва дод дар шарқ ва ғарби ҷаҳон ҳукумфармо шавад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Хост ва иродаи Худованд ин аст, ки ҳукумати ситамгарон ва золимон барчида шавад ва мазлумон ва мустазъафон ба қудрат бирасанд.

2- Ҳукматҳои худкома, неруҳои коромадро ба заъф ва забунӣ мекашанд то битавонанд ба роҳатӣ бар миллатҳо мусаллат шаванд.

3- Ояндаи ҷаҳон аз они мазлумон ва мустазъафон аст ва ин башорате аст, ки Худованд ба онон дода то бо умеде ба оянда, барои расидан ба он талош ва пойдорӣ кунанд.

4- Қудратҳои туғёнгар ва ситамкор илова бар азоби ухравӣ, дар ҳамин дунё низ аз қаҳри илоҳӣ дар амон нестанд ва ба дасти муъминон хор ва залил мешаванд.

 

7

 

    وَأَوْحَيْنَا إِلَى أُمِّ مُوسَى أَنْ أَرْضِعِيهِ فَإِذَا خِفْتِ عَلَيْهِ فَأَلْقِيهِ فِي الْيَمِّ وَلَا تَخَافِي وَلَا تَحْزَنِي إِنَّا رَادُّوهُ إِلَيْكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ الْمُرْسَلِينَ

 Ва мо ба модари Мусо илҳом кардем, ки ӯро шир бидеҳ, пас ҳаргоҳ “Аз ҷониби Фиръавн” бар ӯ бимнок шудӣ, ӯро “Дар сандуқе гузошта ва” ба дарё бияфкан ва “Аз ин фармон” натарс ва “Аз дурии ӯ” ғамгин мабош, ки мо ӯро ба ту боз мегардонем ва ӯро аз паёмбарон қарор медиҳем.

 

8

        فَالْتَقَطَهُ آلُ فِرْعَوْنَ لِيَكُونَ لَهُمْ عَدُوًّا وَحَزَنًا إِنَّ فِرْعَوْنَ   وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا كَانُوا خَاطِئِينَ                  

Пас Фиръавниён ӯро “Аз об” баргирифт, то саранҷом, “Мусо” душман ва мояи андуҳашон гардад, ҳамоно Фиръавн ва Ҳомон ва сипоҳиёнаш хатокор буданд.

 

Ин ояҳо, ки моҷарои таваллуди ҳазрати Мусо (а) ва ҳодисаҳои пас аз онро нақл мекунад, намунае аст аз суннати қатъии Худованд мабни бар пирӯзии мустазъафон бар мустакбирон, ки дар ояҳои қабл омад.

Коҳинон ба Фиръавн хабар дода буданд, ки имсол навзоде дар миёни Бани Исроил ба дунё меояд, ки дар оянда бисоти ҳукумати туро бармечинад, ба ҳамин лиҳоз Фиръавн дастур дод ҳар навзоди писаре, ки аз Бани Исроил мутаввалид мешавад, ба қатл бирасонанд ва ба ҳеҷ кас раҳм накунанд.

Ҳангоме, ки Мусо (а) таваллуд шуд, Худованд ба модараш илзом кард, ки ӯро шир диҳад, онгоҳ ӯро дар сандуқе гузорида ва ба рӯди Нил бияфканад, ки Худованд ҳофизи ӯст, модар низ тибқи дастури илоҳӣ кудакро дар сандуқе гузорида ва ба об афканд аммо ҳамчунон андуҳнок ва нигарони сарнавишти навзодаш буд.

Аз сӯйи дигар, Фиръавн ва ҳамсараш, ки бар соҳили рӯди Нил ва канори қасри ҳукуматӣ нишаста буданд, сандуқеро дидинд, ки бар об равон аст, Фиръавн дастур дод, ки сандуқро аз об бигиранд. Вақте онро кушуданд, бо навзоди зебо рӯ ба рӯ шуданд, ки намедонистанд бо он чӣ кунанд, аз як сӯ худи Фиръавн дастур дода буд, ки навзодони писари Бани Исроил кушта шаванд ва мушахас буд, ки ин навзод аз Бани Исроил аст, ки барои наҷот аз қатл, онро ба дарё андохтаанд, аз сӯйи дигар, Фиръавн писар надошт ва ҳамсараш Осия мехост, ки ин навзодро ба фарзандӣ бигирад.

Аммо болотар аз инҳо иродаи Худованд буд, ки модари Мусо (а) ро розӣ кард, ки навзодашро ба об бияндозад ва ҳамсари Фиъавнро низ чунон ошиқи навзод кард, ки монеи куштани ӯ шавад. Бадин тартиб, Мусо (а) дар хонаи душманаш Фиъавн, дар макони амн ва бехатар парвариш ёфт то дар оянда ҳукумати золим ва фосиди Фиръавнро барандозад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

1-Дар бунбастҳо, Худованд беҳтарин ҳомӣ ва ҳидояткунандаи муъминон аст ва роҳи чора ва раҳоӣ аз мушкилро нишон медиҳад.

 

2- Нузули имдодҳои ғайбӣ, мунофоте бо баҳрагирӣ аз имконоти модӣ надорад, ҳам бояд ботаваҷҷӯҳ ба имконоте, ки дар ихтиёри мост, ба вазифаҳоямон амал кунем ва ҳам бояд ба Худованд таваккул намоем, “Чунон, ки модари Мусо (а) фарзандашро шир дод ва дар сандуқ гузош ва ба Худо таваккул намуд”

 

3-Гарчӣ ҳукумат ва фалсафаи бисёре аз дастурҳои илоҳиро намедонем, аммо дар иҷрои дастурҳои Худо кутоҳӣ накунем, зеро яқинан дар дастурҳои илоҳӣ асроре наҳуфтааст ва ҳеҷ ҳукми Худо беҳикмат нест “Мисли дастури Худованд ба модари Мусо (а), ки Фарзандашро ба дарё бияндозад, ки хеле зуд ҳикмати он равшан шуд”