Ноябр 09, 2019 10:51 Asia/Dushanbe

Қисмати 869 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 26-28

26

وَقَالَ فِرْعَوْنُ ذَرُونِی أَقْتُلْ مُوسَى وَلْیَدْعُ رَبَّهُ  إِنِّی أَخَافُ أَن یُبَدِّلَ دِینَکُمْ أَوْ أَن یُظْهِرَ فِی الْأَرْضِ الْفَسَادَ

Фиръавн гуфт ; бигузоред Мусоро бикушам ва Ӯ Парвардигорашро бихонад то наҷоташ диҳад , ман метарсам , Ӯ дини шуморо тағийр диҳад ё дар ин сарзамин фасод барпо кунад.

 

Дар ояҳои пеш ба талоши ҳазрати Мусо (а) барои даъвати Фиръавн ба парастиши Худованди якто ва даст бардоштан аз озор ва шиканҷаи қавми банни Исроил ишора шуд.

Ин оя мефармояд ; дар баробари ин даъват ,ки ҳамроҳ бо муъҷиза ва бурҳон буд , Фиръавн ,ки  гирифтори хуи такаббур ва бузургталабӣ буд , ба атрофиён ва дарбориёни худ гуфт ; Агар Мусо (а) ро ба ҳоли худ раҳо кунем , мардумро ба шуриш алайҳи Ҳукумати мо во медорад , оини мардумро тағийр медиҳад ва ҷомеъаро ба фасод ва табоҳӣ мекашад.

Дар инҷо Фиръавн ду далел барои тасмим барои қатли Мусо (а) зикр мекунад. Ӯ мегуяд ; аз ин метарсам ,ки оини шуморо иваз кунад! Ё ин ,ки фасодро бар рӯи замин ошкор созад. Агар сукут кунам оини Мусо (а) дар аъмоқи дилҳои мардуми Миср нуфуз мекунад ва оини бутпарастӣ , ҷои худро ба  як оини яктопарастӣ медиҳад . Бинобар ин маслиҳат ин аст ,ки ҳарчӣ зудтар Ӯро ба қатл бирасонам.

Албатта аз даричаи нигоҳи Фиръавн , дин чизе ҷуз парастиши Ӯ ё бутҳо набуд. Оини мавриди назари Ӯ , танҳо дар ҷиҳати фиреб ва аҳмақ кардани мардум ва василае барои муқадас шуморидани султаи ҷобиронаи он ҳокими хунрез ва мустабид набуд. Фасод низ аз назари Фиръавн ,Наҳзат ва ҳаракати мардум бар алайҳи Ҳукумати золимонаи Ӯ ва озод шудани мардуми маҳрум ва дар банд ва маҳви осори ширк ва бутпарастӣ аз ҷомиъа буд .

 Албатта ин шигирдиҳои таблиғотӣ барои муқобила бо ҳақ , ба Фиръавн ихтисос надорад, балки ҳамвора дар тули таърих , ҷобирон ва муфсидон барои тавҷияи хиёнатҳои худ ва мубориза бо мардони Худо , ба ин баҳонаҳои дуруғин мутасил шудаанд.

Ҳамонтавре ,ки имрӯза низ намунаҳои айини онро дар гуша ва канори ҷаҳон мушоҳида мекунем.

Ба ҳар ҳол , Фиръавн бо ишора ба ин далелҳо , гуфт , ки танҳо роҳи чора ин аст ,ки  Мусоро аз миён бардорем ва ба Ӯ бигуем ; агар рост мегуи ,ки Худо туро фиристодааст , Худоятро бихон то туро аз дасти мо наҷот диҳад.

Албатта аксари дарбориён ва мушовирони Фиръавн бо ин назари Ӯ мувофиқ набуданд. Онҳо медонистанд ,ки бо таваҷуҳ ба ҷойгоҳи муҳими Мусо дар миёни банни исроил , куштани Ӯ бозтоби манфии густардае дар миёни мардум хоҳад дошт ва муҷиби шуриш ва саркашии онҳо хоҳад шуд.Ба илова , оини Ӯ муъминон ва хоҳарони бисёре пайдо хоҳад кард ва ҷараёни умур ба кули аз дасти ҳукумат хориҷ хоҳад шуд.

Аз ин оят меомӯзем ;

Мантиқи ҳукуматҳои истибдодӣ ва фиръавнӣ , куштан ва аз миён бардоштани роҳбарони ҳақ аст.

Аз онҷо ,ки ҳокимони мустабид ва саркаш, бақои худро дар ҳифзи вазъи мавҷуд медонанд , ҳаргуна ҳаракати ислоҳӣ дар ҷомиъаро, фосидангезӣ ва барҳам задани суботи он мехонанд. Онҳо муслиҳони диннӣ ва иҷтимоиро ба унвони афроди муфсид муарифӣ мекунанд ,ки қасд доранд низоми ҷомиъаро ба ҳам бирезанд.

Дар низомҳои истибдодӣ , агар оромиш ва амнияте ҳам барқарор бошад, ба хотири саркуби пулис аст , на оромиш ва амнияти воқеъӣ дар сояи озодии андеша ва баён.

27

وَقَالَ مُوسَى إِنِّی عُذْتُ بِرَبِّی وَرَبِّکُم مِّن کُلِّ مُتَکَبِّرٍ لَّا یُؤْمِنُ بِیَوْمِ الْحِسَابِ

 

Ва Мусо гуфт ; ман ба Парвардигорам ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам , аз ҳар мутакаббире,ки ба рӯзи ҳисоби имон имон надорад.

Дар баробари таҳдид ба қатл ,ки аз суи Фиръавн сурат гирифт , ҳазрати Мусо (а) бо оромиши комил ва натарсидан аз таҳдид , эълом кард ,ки паноҳи ман дар баробари таҳдидҳои шумо , худое аст,ки Парвардигори ман ва шумост ; то Ӯ нахоҳад ва иҷоза надиҳад шумо қудрати анҷоми ҳеҷ кореро надоред. Ҳамон Худое,ки вақте ман ба дунё омадам ва шумо қасди куштани манро доштед , ба фармони Ӯ модарам маро дар ҷаъбае қарор дод ва ба рӯди Нил андохт ; баъд шумо ба дасти худ маро аз об гирифтед ва дар домони худ бузург кардид.

Имрӯз низ ҳамон Худо пуштибони ман аст ва умедворам ,ки маро аз шарри мустакббирон ва мустабидоне чун шумо ҳифз кунад. Аммо агар Ӯ ирода карда ,ки ман дар ин роҳ шаҳид шавам, барои шаҳодат омодагӣ дорам ва ҳеҷ тарсе ба дил роҳ намедиҳам . Ба ҳар ҳол , ман худро ба Ӯ супоридаам ва медонам ончиро Ӯ бихоҳад воқеъ хоҳад шуд ,на ончиро шумо бихоҳед.

Аз ин оят меомӯзем ;

Аз таҳдидҳои душман наҳаросем. Ба худо паноҳ бубарем ,зеро умури ҳамаи мо дар дасти Ӯст ва бидонем нерӯе болотар аз қудрати Ӯ нест.

Такаббур ва истикбор , хислати фиръавнӣ аст , гарчи дорандаи ин хислат дар ҷойгоҳи Фиръавн набошад.

Такаббур дар баробари ҳақ , муҷиби имон наёвардан ба Худо ва рӯзи қиёмат мешавад.

 

28

 

 

اللَّـهُ وَقَدْ جَاءَکُم بِالْبَیِّنَاتِ مِن رَّبِّکُمْ  وَإِن یَکُ کَاذِبًا فَعَلَیْهِ کَذِبُهُ  وَإِن یَکُ صَادِقًا یُصِبْکُم بَعْضُ الَّذِی یَعِدُکُمْ  إِنَّ اللَّـهَ لَا یَهْدِی مَنْ هُوَ مُسْرِفٌ کَذَّابٌ

 

Ва марде бо имон аз хонадони Фиръавн ,ки имонашро пинҳон медошт , гуфт; оё мехоҳед мардеро ,ки мегуяд ; Парвардигори ман Аллоҳ аст , бикушед ? Дар ҳоле,ки Ӯ аз суи Парвардигоратон бо далелҳои равшан назди шумо омадааст. Агар Ӯ дуруғгу бошад, дуруғаш ба зиёни худи Ӯст ва агар ростгу бошад, бархе аз ончи  ба шумо ваъда медиҳад, ба шумо хоҳад расид. Худованд касеро,ки исрофкор ва бисёр дурғгу аст, ҳидоят намекунад.

 

Дар миёни дарбориёни Фиръавн ,яке аз бастагони Ӯ ҳузур дошт ,ки ба ҳазрати Мусо имон оварда буд , аммо имони худро махфӣ мекард то битавонад дар лаҳазоти ҳасос ба ёрии Мусо бишитобад. Ӯ ҳангоме,ки дарёфти Фиръавн қасди куштани Мусоро дорад ва ҷони Ӯ дар хатар аст, мардона қадам пеш ниҳод ва бо баёноти муасири худ , Мусоро аз ин тавтиа раҳоӣ бахшид.

Ӯ бо ин мантиқ бо Фиръавн сухан гуфт ,ки иддаъои Мусо ин аст ,ки ҳамон худое ,ки холиқ аст ,Парвардигори олам низ ҳаст ва тадбири ҳамаи умур ба дасти Ӯст; Ӯ Мусоро ба унвони паёмбар барои ҳидояти мардум фиристода ва барои исботи ҳақонияти Ӯ , муъҷизоте низ нишон додааст.

Бинобар ин дар мавриди Ӯ шитобзада амал накунед ва дар  оқибати кори худ хуб биандешед ,вагарна пушаймон хоҳед шуд.

Ӯ дар идома гуфт ; кори Мусо аз ду ҳол хориҷ нест ,ё Ӯ рост мегуяд ,ё дуруғгуст. Агар дуруғ бигуяд , саранҷом дуруғаш домани худи Ӯро хоҳад гирифт ,мушти Ӯ боз мешавад ва дар миёни мардум расво мешавад.

Аммо агар рост бигуяд , лоақал баъзе аз ваъдаҳое,ки дар бораи азоби иллоҳӣ дода ,муҳақақ мешавад ва шумо нобуд хоҳед шуд .

Пас куштани Ӯ дур аз ақл ва дироят аст ва беҳтар аст,ки барои қатли Ӯ иқдом накунем.

 

Аз ин оят меомӯзем ;

 Мусо барои дафъи таҳдиди Фиръавн ба Худо паноҳ бурд ва Худованд низ яке аз атрофиёни Фиръавнро маъмур кард ,ки Ӯро ёрӣ кунад.

Гоҳ тақия ва китмони ақида ва кор кардан дар дастгоҳи зулм ба манзури пешгири аз таҳдидҳо ва фишорҳои золимон ё анҷоми маъмуриятҳои муҳим лозим аст ва мунофоте бо имон ба худо надорад.

Дар сухангуфтан бо мухолифон ,таасубро канор бигзорем ва нагуем ; мо дуруст мегуем ва шумо хатокоред. Балки аз ҳамон шеваи муъмини оли Фиръавн истифода кунем. Ӯ гуфт ; Мусо ё рост мегуяд ё дуруғ агар рост бигуяд , ончи ваъда дода , пеш меояд ва натиҷаҳои рост будани онро ёдовар шуд. Агар ҳам Мусо дуруғ гуяд , зиёни он ба худи Ӯ боз мегардад.