Ноябр 25, 2019 06:08 Asia/Dushanbe

Қисмати 870 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 29-33

29

 

یَا قَوْمِ لَکُمُ الْمُلْکُ الْیَوْمَ ظَاهِرِینَ فِی الْأَرْضِ فَمَن یَنصُرُنَا مِن بَأْسِ اللَّـهِ إِن جَاءَنَا  قَالَ فِرْعَوْنُ مَا أُرِیکُمْ إِلَّا مَا أَرَى وَمَا أَهْدِیکُمْ إِلَّا سَبِیلَ الرَّشَادِ

Эй қавми ман! Имрӯз ҳукумат барои шумост дар ин сарзамин ғалаба доред, вале агар азоби Худо ба суроғи мо биёяд, чӣ касе моро ёрӣ хоҳад кард? Фиръавн гуфт: ман ҷуз ончӣ, ки худ "Салоҳ" мебинам, ба шумо ироа намедиҳам ва шуморо чуз ба роҳи рост ҳидоят намекунам.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки марди муъмин аз дарбориёни Фиръавн, кушиш кард бо суханони мустадил монеи куштани ҳазрати Мусо (а) шавад, ба бахше аз суханони ӯ дар ояти қабл ишора кардем, ӯ дар идома ба Фиръавн ва дарбориён гуфт: шумо имрӯз бар сарзамини паҳновари Миср ҳукумат мекунед ва аз ҳар назар бар авзоъ мусалат ҳастед ва Мусо (а) наметавонад коре алайҳи шумо анҷом диҳад, вале агар ӯро бикушед, шояд ваъдаи ӯ рост бошад ва қаҳри Худо шуморо бигирад ва ҳукуматро аз даст диҳед, пас дар осор ва натоиҷи кори худ хуб  бияндешед.

Зоҳиран суханони ӯ дар атрофиёни Фиръавн муассир афтод ва онҳоро мулоимтар сохт, аммо Фиръавн ҳамчунон бар назари худ пофишори кард, ки Мусо (а) бояд кушта шавад, роҳе ҷуз ин нест ва роҳи дуруст ҳамин аст, ки ман мегуям, албатта ин сифати ҳамаи ҷабборон ва туғёнгарон дар тули таърих аст, ки худро ақли кул дониста ва фақат рай ва назари худро дуруст мепиндоранд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ба қудрат ва макнати имрӯзи худ мағрур нашавем, зеро агар Худованд ирода кунад, ҳамаро аз даст медиҳем.

 

2 – Ҳушдор ба афроди муҷрим ва хилофкор ва наҳии онҳо аз корҳои зишт ва нописанд аз вазоифи аҳли имон аст, ҳатто агар тарафи муқобили онҳо ҳокимони қудратманд чун Фиръавн бошанд.

 

3 – Бе таваҷҷуҳӣ ба ҳушдорҳо ва худро ақли кул донистан, рӯҳияи фиръавнӣ ва ҳоки аз бади бартариталабии фард аст, гарчӣ ӯ аз назари мақом ва мавқеият дар ҷойгоҳи Фиръавн набошад.

 

30

 

وَقَالَ الَّذِی آمَنَ یَا قَوْمِ إِنِّی أَخَافُ عَلَیْکُم مِّثْلَ یَوْمِ الْأَحْزَابِ   

 

ва касе, ки имон оварда буд, гуфт: эй қавм! ман аз "Рӯзе" мисли рӯзи "Ҳалокат ва нобудии" он гурӯҳҳо бар шумо метарсам.

 

31

 

مِثْلَ دَأْبِ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَالَّذِینَ مِن بَعْدِهِمْ وَمَا اللَّـهُ یُرِیدُ ظُلْمًا لِّلْعِبَادِ

 

Монанди сарнавишти қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки пас аз онҳо буданд ва Худованд ситаме бар бандагон намехоҳад.

 

Бо инки Фиръавн бар мавзӯи худ дар хусуси гаштани ҳазрати Мусо исрор кард, муъминони оли Фиръавн даст аз талош ва кушиш барандошт, ӯ ба сарнавишти пешиниён ишора кард, бадон умед, ки шояд фиръавниён аз хоби ғафлат бидор шуда ва дар тасмими худ таҷдиди назар кунанд.

Гуфт: шумо аз сарнавишти қавми Нуҳ (а) ва Од (а) ва Самуд (а) ва ақвоми баъд аз онҳо огоҳед, медонед он ақвом бо собиқаи тамадунияшон, чун бар куфр ва ширк ва туғён исрор доштанд, оқибати кори онҳо чӣ шуд ва чигуна ба ҳалокат расиданд! Қавми Нуҳ (а) бо туфони шадид ва кубанда. Қавми Од (а) бо тундбоди ваҳшатнок ва қавми Самуд (а) бо соиқаи маргбор.

Ман метарсам тамадуни Миср низ ба сарнавииште ҳамонанди он ақвом дучор шуда ва нобуд шавад, албатта ончӣ бар сари онҳо амад, натиҷаи корҳои бади худашон ва такзиби паёмбарон ва ё куштани онҳо будааст, на он,ки Худованд бар бандагонаш зулм ва ситам раво дорад, зеро Ӯ бандагонро офарида ва ба онҳо неъматҳои фаровон бахшида ва ҳамвора бо онон бо лутф ва марҳамат рафтор кардааст, аммо ин мухолифат ва туғёни бандагон аст, ки муҷиби кайфари онҳо мешавад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Таамул ва диққат дар фарҷоми гузаштагон, дар шинохти роҳи оянда ба инсон кумак мекунад ва ин нуктае аст, ки Қуръон бар он таъкид дорад.

 

2 – Агар бовариҳо ва рафторҳои нодуруст ба сурати одат ва хислати инсон дарояд, ӯ дар лабаи партгоҳ қарор мегирад ва фарҷоми ӯ дар маърази хатар аст, чунонки бархе ақвоми гузашта ба ақоиди ботил ва корҳои нописанд, бадгирифта  буданд ва ҳамвора ҳақро инкор мекарданд.

 

3 – Гоҳ балоҳо ва мусибатҳои дунявӣ, натиҷаи қаҳри илоҳӣ ва ба хотири амалкарди худи мост.

 

32

 

وَیَا قَوْمِ إِنِّی أَخَافُ عَلَیْکُمْ یَوْمَ التَّنَادِ

 

Эй қавм! Ман аз рӯзе, ки мардум якдигарро мехонанд "Ва аз ҳам ёри металабанд" бар шумо бимнокам.

 

33

 

یَوْمَ تُوَلُّونَ مُدْبِرِینَ مَا لَکُم مِّنَ اللَّـهِ مِنْ عَاصِمٍ وَمَن یُضْلِلِ اللَّـهُ فَمَا لَهُ مِنْ هَادٍ

 

Рӯзе, ки пушткунон "Аз ин сӯ ба он сӯ" мегурезед, барои шумо ҳеч паноҳгоҳе дар баробари "Азоби" Худо нест ва ҳар, киро Худованд "Бар асари аъмолаш" гумроҳ кунад, ҳидояткунандае барои ӯ нест.

 

Муъмини оли Фиръавн, дар идомаи ҳушдорҳояшон ба Фиръавн ва дарбориён гуфт: агар ҳамонанди ақвоми гузашта қаҳри илоҳӣ нозил шавад, ҳеч роҳи фирор ва паноҳгоҳе нест, ки битавони барои наҷоти ҷони худ ба онҷо рафт ва аз қаҳри илоҳӣ дар амон буд, он рӯз якдигарро садо мезанед ва аз якдигар ёри металабед, аммо садоҳо ба ҷойе намерасад, зеро касе ба фикри наҷоти хеш аст ва тавони кумак кардан ба дигарон надорад.

Дар воқеъ касе дар он рӯз наҷот меёбад, ки роҳи ҳидояти илоҳиро дар пеш гирифта бошад ва роҳнамоиҳо ва таолими паёмбаронро сарлавҳаи зиндагии худ қарор дода бошад, бадеҳи аст ҳар кас роҳе ҷуз инро баргузинад, гирифтори залолат шуда ва худро аз ҳидояти илоҳӣ маҳрум сохтааст.

Дар ин ятҳо, залолати бандагон ба Худо нисбат дода шуда, аммо дар ҳақиқат залолат, натиҷаи аъмоли бади инсон ва интихобҳои нодурусти ӯст, ки муҷиб мешавад Худованд инсонро ба ҳоли худ раҳо кунад, ба иборати дигар, Худованд касеро аз роҳи ҳақ мунҳариф намесозад, балки кофирон ва гунаҳкорон, бо куфр ва ғутавар шудан дар гуноҳон, асбоби маҳрумият аз ҳидоят ва афтодан дар вартаи ҳалокатро барои худ фароҳам месозад, монанди кудаке, ки дасти худро аз дасти падар берун мекашад, ӯ табъан замин мехурад ва осеб мебинад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳушдор додан ба хатокорон дар бораи авоқиби корҳояшон, аз вазоифи афроди муъмин ва дилсузи аст, чунон,ки падарон ва модарони дилсӯз, дар мавриди наздик шудан ба оташ, ба фарзандашон ҳушдор медиҳанд ва ӯро аз ин кор барҳазар медоранд.

 

2 – Миёни ҳидоят ва залолат. Роҳи саввуме вуҷуд надорад, ҳар кас роҳи ҳидояти илоҳиро интихоб накунад, гирфтори залолат мешавад ва байни он ду, роҳи васате вуҷуд надорад.