Қисмати 871 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 34-37
Қисмати 871 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 34-37
Қисмати 871 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 34-37
34
وَلَقَدْ جَاءَکُمْ یُوسُفُ مِن قَبْلُ بِالْبَیِّنَاتِ فَمَا زِلْتُمْ فِی شَکٍّ مِّمَّا جَاءَکُم بِهِ حَتَّى إِذَا هَلَکَ قُلْتُمْ لَن یَبْعَثَ اللَّـهُ مِن بَعْدِهِ رَسُولًا کَذَلِکَ یُضِلُّ اللَّـهُ مَنْ هُوَ مُسْرِفٌ مُّرْتَابٌ
Ҳамоно Юсуф пеш аз ин бо далоили равшан назди шумо омад, аммо шумо ҳамвора аз ончӣ бароятон оварда буд, дар шак будед, то онгоҳ, ки "Юсуф" аз дунё рафт, гуфтед: Худованд пас аз ӯ ҳаргиз паёмбаре нахоҳад фиристод, ин гуна Худованд ҳар исрофкор "Ва ифротгари" тардидкунандаеро гумроҳ месозад.
Дар оятҳои қабл гуфтем, ки муъмини оли Фиръавн, ки аз низдикони Фиръавн ва дарбориёни ӯ буд, барои пешгирӣ аз нақшаи қатли ҳазрати Мусо (а), аз роҳҳои мухталиф ворид шуд, дар ин оят он фарди бо имон ба таърихи ҳазрати Юсуф (а) ишора карда ва мегуяд: Юсуф яке аз паёмбарони илоҳӣ буд, ки фосилаи замони зиёде бо шумо надорад, бо он,ки далоили мухталиф барои набувват дошт, аммо мутаасифона бисёре аз мардум бо шак ва баҳонаҳои беҷо ва бе мантиқ ҳозир ба пазириши сухани ӯ нашуданд, дар ҳоле, ки далоили ӯ равшан ва қобили фаҳм ва пазириш буд.
Ҳато пас аз марги ӯ низ интизор доштанд, ки Худо паёмбари дигаре нафиристад, то битавонанд худкомагиҳо, ҳавасрониҳо ва дигар корҳои зишти худро ба роҳатӣ идома диҳанд ва касе ба онҳо эътироз накунад.
Табии аст ингуна афрод, дунболи шунидан ва пазириши ҳарфи ҳақ нестанд, балки дар пайи ҳаво ва ҳавас ва хостаҳои худ ҳастанд ва бадин тариқ худро аз ҳидояти илоҳӣ маҳрум месозанд.
Ингуна рафтор бо паёмбарон ва таолими онҳо, ки аз навъи афрод дар шак ва тардид бармеояд, муҷиби гумроҳ шудани инсон мешавад.
Равшан аст, ки шак ва тардид, иқтизои ақл ва илм аст, аммо набояд дар шак монд ё гирифтори гумони бад ва бадгумонии бемаврид шуд. Чаро,ки муҷиби васвоси фикрӣ ва илмӣ шуда ва монеи рӯшд ва пешрафти инсон мешавад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Рафторҳо, бовариҳо ва гароишоти ақвоми гузашта, дар наслҳои баъди онҳо таъсиргузор аст. Лизо бо шинохти таърихи он ақвом метавон рафторҳо ва гироишоти наслҳои баъдро низ пешбинӣ кард. (бо таваҷҷуҳ ба ҳамин воқеият, муъмини оли Фиръавн хитоб ба фиръавниён гуфт: агар имрӯз ба Мусо (а) имон намеоваред. Шумо дар гузашта ҳам ба Юсуф (а) имон наёвардед.)
2 – Шак ва тардид агар муҷиби таҳқиқ ва таамул шавад, арзишманд аст, аммо агар идома ёбад ва сабаби рукуд ва бадгумонӣ шавад, офат ба шумор меравад.
3 – Гумроҳ шудан дар дунё ва охират, кайфари касоне аст, ки ба хотири ҳаво ва ҳавас ва тамоилоти нафсонии худ, бедалил дар баробари мантиқи равшани паёмбарон меистанд ва бо онҳо мухолифат мекунанд.
35
الَّذِینَ یُجَادِلُونَ فِی آیَاتِ اللَّـهِ بِغَیْرِ سُلْطَانٍ أَتَاهُمْ کَبُرَ مَقْتًا عِندَ اللَّـهِ وَعِندَ الَّذِینَ آمَنُوا کَذَلِکَ یَطْبَعُ اللَّـهُ عَلَى کُلِّ قَلْبِ مُتَکَبِّرٍ جَبَّارٍ
Касоне, ки дар бораи оятҳои Худованд ба ситез ва муҷодала мепардозанд, бе он,ки далиле барояшон омада бошад, "Ин корашон" назди Худованд ва назди касоне, ки имон овардаанд, "Мояи" хашми бузурге аст, ин гуна Худо бар дили ҳар мутакаббири зургуе муҳр мезанад.
Дар идомаи оятҳои қабл, ин оят инсонҳоеро, ки дар шак ва тардид зиёдаравӣ мекунанд ва ҳозир ба пазириши ҳеч сухани ҳақе нестанд, муарифӣ карда ва мефармояд: ин гуна инсонҳо аҳли муҷодала ва ҷурру ва баҳс ҳастанд, қасди онҳо фақат ҷидол аст, на фаҳмидани ҳақ ва пазириши он.
Лизо ҳар чӣ ба онҳо бигуйи, ба ҷойи он,ки дар он бияндешанд, бе он,ки далили равшане дошта бошанд, сухани ҳақро рад мекунанд, ин афрод дар қолаби баҳс ва гуфтугӯ кушиш мекунанд худро аҳли мантиқ нишон диҳанд, аммо дар воқеъ, гирифтори навъе такаббур ва лаҷоҷат ҳастанд, аз ин рӯ, ҳар далиле биёваранд, намепазиранд ва бо андак баҳонае онро рад мекунанд.
Бе шак, ҷидол ба ботил ва мавзеъгирии бедалил дар баробари оятҳои илоҳӣ, осор ва паёмадҳои зиёнборе дорад, ки аз ҷумлаи онҳо гумроҳии фарди муҷодалакунанда аст, зеро лаҷоҷат ва иннод дар баробари ҳақ, пардае зулмонӣ бар фикри инсон меандозад ва ҳисси ташхиси саҳиҳро аз ӯ мегирад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Баҳс ва ҷадал, яке аз шеваҳои гуфтугу ва мунозираи илмӣ аст, аммо барои касе, ки дунболи ёфтани ҳақиқат аст, на касе, ки бе далил ва мантиқ ҳарф мезанад ва аз рӯйи такаббур ва лаҷоҷат сухани дигаронро рад мекунад.
2 – Аҳли имон, набояд аҳли ҷидол бидуни мантиқ бошанд, балки бояд чунон мантиқӣ сухан бигуянд, ки дигарон бидонанд агар бе далил ва мантиқ ҳарф бизананд, назди аҳли имон ҷойгоҳе надоранд.
36
وَقَالَ فِرْعَوْنُ یَا هَامَانُ ابْنِ لِی صَرْحًا لَّعَلِّی أَبْلُغُ الْأَسْبَابَ
Фиръавн "Ба вазираш" гуфт: эй Ҳомон барои ман бурҷи баланд бисоз, шояд ба васоиле даст ёбам.
37
أَسْبَابَ السَّمَاوَاتِ فَأَطَّلِعَ إِلَى إِلَـهِ مُوسَى وَإِنِّی لَأَظُنُّهُ کَاذِبًا وَکَذَلِکَ زُیِّنَ لِفِرْعَوْنَ سُوءُ عَمَلِهِ وَصُدَّ عَنِ السَّبِیلِ وَمَا کَیْدُ فِرْعَوْنَ إِلَّا فِی تَبَابٍ
Васоили "Сууд ба" осмонҳо, то аз Худои Мусо огоҳ шавам ва албатта ман Ӯро дуруғгӯ мепиндорам ва ингуна барои Фиръавн кори зишташ зебо ҷилва кард ва аз роҳи ҳақ боз монд ва найранги Фиръавн ҷуз дар зиён ва табоҳӣ набуд.
Ба ҳар ҳол, дар он мақтаъ аз замони ҳасос, он марди шуҷоъ ва бо имон, муъмини оли Фиръавн, кори бузурге кард ва аз роҳҳои мухталиф кушид, ки бар ҷамъ таъсир бигзорад, саранҷом суханони нофидда ва ҳушмандонаи ӯ дар Фиръавн корсоз шуд ва азми ӯро барои қатли Мусо (а) мутазалзил сохт, лизо Фиръавн тасмим гирифт, ки куштани Мусо (а) ро ба таъхир бияндозад.
Ба ин ҳол, Фиръавн аз маркаби ғурур пйин наёмад, ӯ дар идомаи корҳои шайтанатомези худ, даст ба иқдоми тозае зад ва он ин буд, ки дастур дод бурҷи баланд барои баромадан ба осмонҳо бисозад то аз Худои Мусо (а) дар осмонҳо хабаре биёбад.
Табии аст ин кори ӯ ҷуз барои фиреби мардум набуда, зеро Мусо (а) идаъо накарда буд, ки Худои ман дар осмонҳост ва ё қобили дидан ва ламс кардан аст, то бо истодан бар ҷойи баланд битавон Ӯро мушоҳида кард ва суханашро шунид.
Фиръавн дар садад буд бо корҳои ҷанҷоли ва пурсар ва садо, мардуми оддиро таҳти таъсир қарор диҳад, ӯ мехост зеҳни мардумро аз мавзӯи набуввати Мусо (а) дур кунад ва монеъ шавад, ки онон ҳазрати Мусо (а) – ро ёрӣ ва ҳамроҳӣ кунанд.
Дар воқеъ истифода аз шеваҳои Авомфрибона аз иқдомоти зишти Фиръавн буд, бе тардид маншаи аслии инҳирофи Фиръавн ин буд, ки ба хотири кибр ва ғурур ва худхоҳӣ, аъмоли зишташ дар назараш зебо ҷилва мекард, ин амр муҷиб шуд, ки ӯ аз пазириши роҳи ҳақ боз бимонад, нақшаҳои ӯ шикаст бихурад ва гирифтори ҳалокат гардад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Афроде, ки аҳли далил ва матиқ нестанд, кушиш мекунанд бо корҳои ҷанҷолӣ, ҷавро ба нафъи худ тағир диҳанд.
2 – Қудратнамоӣ ва мардумфиребӣ яке аз шеваҳои ҳукуматҳои золимона ва тоғутӣ барои таҳмили дидгоҳҳои худ бар мардум ва тасаллути ҳар чӣ бештар бар онҳост.
3 – Ғурур ва такаббур боис мешавад, ки инсон корҳои зишти худро зебо бибинад ва дар мақоми ислоҳи хеш барнаёяд.
4 – Тоғутиҳо ҳамвора дар масири аҳли имон монеъ эҷод мекунанд, аммо агар муъминон пойдор ва бо истиқомат дар роҳи ҳақ биистанд, дар ниҳоят ба пирӯзӣ мерасанд ва золимон дучори зиён ва хусрони бузург мешаванд.