Декабр 09, 2019 11:45 Asia/Dushanbe

Қисмати 872 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 38-42

38

 

وَقَالَ الَّذِی آمَنَ یَا قَوْمِ اتَّبِعُونِ أَهْدِکُمْ سَبِیلَ الرَّشَادِ»، «یَا قَوْمِ إِنَّمَا هَـذِهِ الْحَیَاةُ الدُّنْیَا مَتَاعٌ وَإِنَّ الْآخِرَةَ هِیَ دَارُ الْقَرَارِ       

 

Ва касе, ки имон оварда буд гуфт: эй қавми ман! Аз ман пайрави кунед то шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунам.

 

39

 

یَا قَوْمِ إِنَّمَا هَـذِهِ الْحَیَاةُ الدُّنْیَا مَتَاعٌ وَإِنَّ الْآخِرَةَ هِیَ دَارُ الْقَرَارِ

 

Эй қавм! Ин зиндагии дунё, колои "Ночиз" аст ва охират аст, ки сарои пойдор аст.

 

40

 

مَنْ عَمِلَ سَیِّئَةً فَلَا یُجْزَى إِلَّا مِثْلَهَا  وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِّن ذَکَرٍ أَوْ أُنثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَـئِکَ یَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ یُرْزَقُونَ فِیهَا بِغَیْرِ حِسَابٍ

 

Ҳар кас кори баде кунад, ҷуз ба монанди он кайфар дода намешавад ва касоне, ки кори шоистае анҷом диҳанд, чӣ мард ё зан ва муъмин бошанд, онон вориди Биҳишт мешаванд ва дар онҷо беҳисоб рӯзӣ дода мешванд.

 

Дар оятҳои гузашта гуфтем, ки Фиръавн қасд дошт ҳазрати Мусо (а) – ро ба қатл бирасонад ва ба гумони худ, аз ӯ, ки идаъои паёмбари дошт, осудахотир шавад, яке аз дарбориёни Фиръавн, ки ба Мусо (а) имон оварда буд, вале имони худро пинҳон мекард, барои мунсариф кардани Фиръавн аз куштани Мусо (а), ибтидо бо Фиръавн ва дарбориён сухан гуфт, суханони ӯ то онҷо корсоз шуд, ки Фиръавн тасмим гирифт иқдоми худро ба таъхир бияндозад, ӯ ба вазираш дастур дод барои расво кардани Мусо (а) бурҷи баланд бисозад то Фиръавн аз он боло биравад ва бубинад оё Худои, Мусо (а) идаъо мекунад, дар осмонҳо ҳаст ё на.

Равшан буд, ки Мусо (а) чунин идаъое надошт ва Фиръавн барои мардум фиребе мехост чунин кореро анҷом диҳад, лизо дар ин марҳала, рӯйи сухани муъмини оли Фиръавн бо мардум аст то онон огоҳ шуда ва фиреби ҳарфҳои васвасаангези Фиръавн ва иқдомоти намойишии ӯро нахуранд.

Муъмини оли Фиръавн ба мардум гуфт: роҳ ин аст, ки ман ба шумо менамоёнам, ӯ дар суханонаш ба ду нуктаи муҳим ишора мекунад:

Аввал ии,ки: ҳамаи зиндагонии инсон, дар ин дунё хулоса намешавал, зиндагии ин дунё матое зудгузар аст, ин чанд рӯзи умр ба суръат сипарӣ мешавад ва чанголи марг гиребони ҳамаи моро мегирад, пас аз марг низ вориди ҷаҳони дигаре мешавем,ки кароргоҳи ҳамешагии мост.

Дигар он,ки: ончӣ дар он ҷаҳон ба кори инсон меояд, корҳои неке аст, ки дар ин дунё анҷом дода аст, зеро он дунё, сарои кайфар ва подош аст ва ин дунё, сарои кор ва амали кайфар ва подош низ мутаносиб бо корҳои бад ё хуб ба афрод дода мешавад. Албатта дар ин умур, ҳеч тафовуте миёни зан ва мард  нест ва байни онҳо дар пешгоҳи Худованд мусовоти комил барқарор аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Инсони муъмин ҳамвора дар фикри иршод ва ҳидояти дигарон аст ва ҳечгоҳ ин вазифа аз души ӯ бардошта намешавад.

 

2 – Дунё нопойдор аст, вале қиёмат пойдор буда ва сарои абадии инсон аст, пас лозим аст инсон аз зиндагии худ дар дунё ба наҳви саҳиҳ ва шойиста истифода кунад ва пайваста корҳои нек анҷом диҳад то дар қиёмат аз он баҳра гирад.

 

3 – Касби камолот ва расидан ба саодат, рабте ба ҷинсияти инсон надорад ва дар ин хусус ҳеч тафовуте миёни зан ва мард нест.

 

4 – Имон бе амал корсоз нест, чунон.ки амал бе имон низ дар дунё мемонад ва ба охират намерасад, пас ҳар як аз имон ва амал ба танҳои наҷотбахш нест.

 

41

 

وَیَا قَوْمِ مَا لِی أَدْعُوکُمْ إِلَى النَّجَاةِ وَتَدْعُونَنِی إِلَى النَّارِ         

 

Эй қавм! Чигуна аст, ки ман шуморо ба наҷот "Аз оташ" мехонам ва шумо маро ба дузах фаро мехонед?.

 

42

 

تَدْعُونَنِی لِأَکْفُرَ بِاللَّـهِ وَأُشْرِکَ بِهِ مَا لَیْسَ لِی بِهِ عِلْمٌ وَأَنَا أَدْعُوکُمْ إِلَى الْعَزِیزِ الْغَفَّارِ

 

Маро даъват мекунед, ки ба Худои Ягона кофир шавам ва чизеро, ки ба он илм надорам, шарики Ӯ гардонам ва "Ҳоло он,ки" ман шуморо ба сӯйи "Худои" Азиз ва бисёр омӯрзанда даъват мекунам.

 

Аз ин оятҳо бармеояд, ки муъмини оли Фиръавн беш аз ин натавонист имони худро махфӣ нигаҳ дорад ва ногузир шуд мавзеи худро дар мавриди тавҳид ва ширк шафофтар ва ошкортар кунад.

Лизо дар баробари бузургони қавме, ки ба ӯ тавсия карданд аз суханони худ даст бардорад, ба сароҳат гуфт: шумо гирифтори ширк шудаед ва Фиръавнро, ки нақше дар ин олам надорад, ба унвони худое мепиндоред, ки тадбири умуратон дар дасти ӯст, гумон мекунед, ки ӯ метавонад ҳар тасмиме дар бораи шумо бигирад ва шумо ҳам бояд аз ӯ табаият кунед, шумо чизҳоеро шарики Худо медонед, ки ҳеч далил ва мантиқе барои он надорад ва фақат бар асоси ҳадс ва гумон, ин афкори нодуруст ва хурофиро пазируфтаед.

Шумо маро даъват мекунед, ки ба Худои ягона кофир шавам ва шарикҳое, ки ба он илм надорам барои Ӯ қарор диҳам, шумо аз ман мехоҳед, ки боварҳои ботил ва нодурусти шуморо бипазирам, дар ҳоле, ки ман медонам ин афкор ва аъмоли ширколуд, ҳосиле ҷуз оташи дузах надорад ва маро низ ҳамонанди шумо гирифтор хоҳад кард.

Роҳе, ки маро ба он даъват мекунед, торик ва хатарнок ва дар воқеъ бероҳа аст, аммо ман шуморо ба роҳи равшан, яъне роҳи Худованди азиз ва тавоно ва дар айни ҳол ғаффор ва бахшанда даъват мекунам, ман шуморо ба тарки ҳамаи шариконе, ки барои Худо мехонед аам аз инсонӣ ё ғайри инсонӣ даъват мекунам, аз шумо мехоҳам фақат Худоеро итоат кунед, ки ҳам қудрат ва султааш бар ҷаҳон густурда аст ва ҳам лутф ва раҳматаш шомили ҳоли ҳама аст, ба хусус касоне, ки аз роҳи нодуруст ва инҳирофии худ бозгарданд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар иршод ва даъвати мардум, набояд аз так ва танҳо будан тарсид, балки бояд бо далил ва мантиқ, ҳақро ошкор кард, анбуҳи ҷамъияти мунҳарифон набояд дар инсон асари манфӣ бигзорад ва ё ӯро дучори шак ва тардид кунад.

 

2 – Наҷот ва саодати инсон дар гарави бовар ба тавҳид ва анҷоми аъмоли солиҳ аст ва шарик пиндоштани ҳар кас ва ҳар чиз дар идораи умури олам, инсонро ба анвои сахтиҳо ва мушкилот дар дунё ва охират гирифтор мекунад.

 

3 – Ширк, ҳечгуна мабнои ақлонӣ ва мантиқӣ надорад, боварӣ хурофӣ аст, ки гоҳ аз ҷаҳл бармехезад ва гоҳ аз ҳаво ва ҳавас инсон барои расидан ба хостаҳои нафсонӣ.

 

4 – Худованд бо он,ки дар авҷи иззат ва иқтидор аст, дар айни ҳол, раҳмат ва бахшиши Ӯ шомили бандагонаш мешавад.