Қисмати 873 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 43-47
Қисмати 873 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 43-47
43
لَا جَرَمَ أَنَّمَا تَدْعُونَنِی إِلَیْهِ لَیْسَ لَهُ دَعْوَةٌ فِی الدُّنْیَا وَلَا فِی الْآخِرَةِ وَأَنَّ مَرَدَّنَا إِلَى اللَّـهِ وَأَنَّ الْمُسْرِفِینَ هُمْ أَصْحَابُ النَّارِ
Қатъан ончӣ маро ба сӯйи он даъват мекунед, барои он дар дунё ва охират "Қудрати" даъвате нест "На дар дунё даъвате дорад ва на дар охират" дар ҳоле, ки бозгашти мо ба сӯйи Худост ва асари афкорони ҳамдами оташанд.
44
فَسَتَذْکُرُونَ مَا أَقُولُ لَکُمْ وَأُفَوِّضُ أَمْرِی إِلَى اللَّـهِ إِنَّ اللَّـهَ بَصِیرٌ بِالْعِبَادِ
Пас ба зуди ончиро ба шумо мегуям ба ёд хоҳед овард ва ман корамро ба Худо вогузор мекунам, зеро Ӯ ба "Аҳволи" бандагон биност.
Дар оятҳои қабл гуфтем, ки дар баробари мардум қарор гирифт, тақияро канор гузошт ва ба сароҳат дар бораи тавҳид ва ширк ва осор ва табаоти онҳо сухан гуфт, ин оятҳо суханони ӯро баён мекунад, ки ба мардум мегуяд:
Шумо аз ман мехоҳед даст аз Худои Якто бардорам ва бутҳои шуморо бипарастам, дар ҳоле,ки ин бутҳо бе ҳис ва шуур, на дар дунё ба кор меоянд ва на дар охират на сухане мегуянд на ба роҳе даъват мекунан на гиреҳ аз кори касе мекушоянд ва на мушкилеро ҳал мекунанд.
Дар ҳоле, ки поёни кор ва бозгашти ҳамаи мо ба сӯйи Худост ва бояд дар баробари Ӯ посухгу бошем. Равшан аст касе, ки ба ҷойи имон ба Худо, ба бутпарастӣ рӯй оварда, дар қиёмат ҷойгоҳаш дузах аст, зеро аз роҳи ҳақ мунҳариф шуда ва аз ҳадди худ таҷовуз намудааст.
Эй мардум! Ба сироҳат ба шумо бигуям: ман ба Худо имон оварда ва кори худро ба Ӯ вогузор кардаам на аз таҳдидҳои шумо бок ва ҳаросе дорам ва на касрат ва қудрати шумо маро ба ваҳшат меандозад, чаро,ки худро ба касе супурдаам, ки қудраташ бе интиҳост ва аз ҳоли бандагон ва афкор ва аъмоли онҳо ба хубӣ огоҳ аст.
Аммо афсус, ки шумо ҳангоме ба дурустии гуфтаи ман пай мебаред, ки дар додгоҳи илоҳӣ ҳозир шуда ва оташи хашм ва ғазаби Худо доманатонро мегирад. Албатта он замон дер аст ва дигар роҳе барои бозгашт ба дунё надоред.
Ба ин шакл, муъмини оли Фиръавн бо баёни гуёии худ, як тана дар баробари он қавм истод, имони худро ошкор сохт ва хати тавҳилии хешро аз хати ширколуди онҳо ҷудо кард.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Барои имон ба Худо ва нафии ҳар чизе ғайр аз Ӯ, бар асоси далил ва мантиқ пеш биравем ва дигаронро низ аз ин роҳ ба Худо даъват кунем.
2 – Исроф танҳо дар мол нест, балки ҳадар додани умр ва истиъдоди худ дар роҳҳои инҳирофӣ ва ботил. Аз масодиқи бузурги исроф аст, ки албатта кайфари сахтӣ низ ба дунбол дорад, пас бояд дар интихоби масири зиндагӣ бодиққат ва ҳушёрона амал кунем.
3 – Пас аз анҷоми вазифа, дар баробари таҳдидҳо ва тавтиаҳои душманон ба Худо паноҳ бибарем ва ба Ӯ такя кунем, чаро,ки қудрати Ӯ фавқи ҳамаи қудратҳост.
4 – Корҳои худро ба Худои Бузург биспорем, зеро Ӯ ба аҳвли мо огоҳии комил дорад.
45
فَوَقَاهُ اللَّـهُ سَیِّئَاتِ مَا مَکَرُوا وَحَاقَ بِآلِ فِرْعَوْنَ سُوءُ الْعَذَابِ
Пас Худованд ӯро аз авоқиби суи ончӣ найранг мекарданд, нигаҳ дошт ва азоби сахте оли Фиръавнро фаро гирифт.
46
النَّارُ یُعْرَضُونَ عَلَیْهَا غُدُوًّا وَعَشِیًّا وَیَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ أَدْخِلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذَابِ
Оташ, ҳар субҳ ва шом бар он арза мешаванд ва рӯзе, ки растохез барпо шавад, "Нидо дода мешавад" оли Фиръавнро дар сахтарин азоб ворид кунед.
Муъмини оли Фиръавн дар баробари таҳдидҳои сахти фиръавниён ва тавтиаҳои онон ба Худованд низ тавтиаҳои ононро хунсо кард, ӯро аз нақшаҳои шуми онҳо муҳофизат намуд ва вайро дар роҳи имон ва тавҳид, устувор собитқадам кард, аммо дар муқобил, фиръавниёнро ба хотири лаҷоҷат бо ҳақ ва ситезаҷӯйи дар баробари мардони ҳақ, бо кайфари сахт муҷозот намуд.
Лозим ба зикр аст,ки бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои дигари Қуръон, ҳазрати Мусо (а) ва банни Исроил ба саломат аз рӯди Нил гузаштанд, вале Фиръавн ва ёрони гумроҳаш дар руди Нил ғарқ шуданд, гарчӣ онҳо дар об ғарқ шуданд, аммо дар воқеъ ба оташи олами барзах ворид шуданд ва то қиёмат, ҳар субҳ ва шом азоб мебинанд, ки албатта ин навъ азоб, азоби барзахӣ аст, албатта азоби дигаре, ки ба он ишора шуда, азоби сахт ва шадиди рӯзи қиёмат аст.
Бар асоси оятҳои Қуръон, баъд аз ин дунё ва дар фосилаи марг то қиёмат, инсон дар оламе ба номи барзах аз ҳаёт бархурдор аст ва дар ин даврон, гушае аз кайфар ё подоши корҳои худро мечашад, олами барзах, барои некон дарвозае аз биҳишт ва барои бадон, оташе аз ҷаҳаннами сузон аст.
Аз ин оятҳо мемӯзем:
1 – Агар ба Худо таваккул кунем, Худованд моро дар миёни анбуҳе аз душманони золим ва ҳилагар ҳифз мекунад.
2 – Агар ба Худо такя кунем, на фақат моро ёрӣ мекунад, балки душманони тавтиагарро низ заиф ва нобуд месозад.
3 – Кайфари золимон, аз ҳамон замони марг ва ҳалокати онҳо оғоз мешавад, вале дар қиёмат кайфари онҳо комил шуда ва ба шадидтарин азоб гирифтор мешаванд.
47
وَإِذْ یَتَحَاجُّونَ فِی النَّارِ فَیَقُولُ الضُّعَفَاءُ لِلَّذِینَ اسْتَکْبَرُوا إِنَّا کُنَّا لَکُمْ تَبَعًا فَهَلْ أَنتُم مُّغْنُونَ عَنَّا نَصِیبًا مِّنَ النَّارِ
Ва онгоҳ, ки "Дузахиён" дар оташ ба муҳоҷҷа "Баҳс ва ҷадал бо ҳам" мепардозанд, пас зердастон ба касоне, ки таккабур варзиданд, мегуянд: мо пайрави шумо будем, оё шумо метавонед бахше аз оташро аз мо дафъ кунед?
Дар оятҳои пешин ба кайфари сахти фиръавниён дар олами барзах ва сипас вуруди онон ба дузах ишора шуд, ин оят дар идома, саҳнаҳое аз гуфтугуҳои дузахиёнро дар ҷаҳанам мунакис сохта ва мефармояд:
Касоне, ки дар оташи дузах гирифтор шудаанд, бо якдигар ба баҳс ва ҷадал мепардозанд, ҳар кадом дигареро муқасир мешуморад ва мекушад ба наҳвае худро табраа кунад, дар ҳоле, ки Худованд бар асоси мавозини одилона ба афрод кайфар ва подош медиҳад ва касе бе ҷиҳат ба дузах намеравад.
Ба таври табии пайравон ва тарафдорони макотиб ва ҷараёнҳои инҳирофие, ки дар дунё чашм ва гуш баста ба дунболи сардамдорони куфр ҳаракат мекарданд, интизор доранд, ки онҳо коре барои наҷоташон анҷом диҳанд ё лоақал тахфифе барои муҷозоти онон бигиранд, дар ҳоле, ки он раҳбарони фосид ва ситамкор, худ ба шиддат гирифтори азобанд ва наметавонанд барои худашон коре бикунанд, чӣ расад ба дигарон.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Дӯстиҳо ва алоқаҳои дунявӣ агар дар масири ҳақ набошад, дар қиёмат ба душманӣ ва хусумат табдил мешавад.
2 – Мушкилот ва костиҳои зиндагии дунявӣ, маҷуз сарсупурдагии инсон ба раҳбарони золим ва туғёнгар нест.
3 - Пайравӣ аз ботил барои инсон мушкилофарин аст, бояд бубинем ба дунболи чӣ афроде ҳаракат мекунем ва оё пайравӣ аз ин афрод, дар қиёмат наҷотбахш аст ё на?
4 – Муҷримон дар дузах якдигарро мешиносанд, зиндагии гузашта дар дунёро ба ёд меоваранд ва аз аҷз ва бекасӣ, ба дигар муҷримон паноҳ мебаранд.