Декабр 18, 2019 08:30 Asia/Dushanbe

Қисмати 874 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 48-52

48

 

قَالَ الَّذِینَ اسْتَکْبَرُوا إِنَّا کُلٌّ فِیهَا إِنَّ اللَّـهَ قَدْ حَکَمَ بَیْنَ الْعِبَادِ    

 

Касоне, ки такаббур меварзиданд, "дар посух" мегуянд: "Акнун" ҳамагии мо дар оташ ҳасттем, зеро Худованд миёни бандагонаш "Ба адолат" доварӣ кардааст.

 

49

 

وَقَالَ الَّذِینَ فِی النَّارِ لِخَزَنَةِ جَهَنَّمَ ادْعُوا رَبَّکُمْ یُخَفِّفْ عَنَّا یَوْمًا مِّنَ الْعَذَابِ                                                             

Ва касоне, ки дар оташанд ба нигаҳбонони дузах мегуянд: аз Парвардигоратон бихоҳед, ки як рӯз аз азоби мо бикоҳад.

 

50

 

قَالُوا أَوَلَمْ تَکُ تَأْتِیکُمْ رُسُلُکُم بِالْبَیِّنَاتِ  قَالُوا بَلَى قَالُوا فَادْعُوا وَمَا دُعَاءُ الْکَافِرِینَ إِلَّا فِی ضَلَالٍ                                

 

"Нигаҳбонони дузах дар посух" мегуянд: оё паёмбаронатон далоили равшан барои шумо наёварданд?! Мегуянд: чаро, мегуянд: пас дуо кунед "Ва Худоро бихонед" вале дуои кофирон дар гумроҳи аст "Ва ба ҷойе намерасад

 

Дар оятҳои гузашта гуфтем, ки сарони куфр ва ширк ва пайравони онҳо, дар дузах бо якдигар ба муҳоҷҷа ва низоъ мепардозанд, зердастон, бузургони худро омили дузахӣ шудани худ медонанд ва аз онҳо кумак мехоҳанд то аз дузах наҷот ёбанд.

Ин оятҳо мефармояд: сарон ва бузургони куфр ва ширк, ки посухе барои дархости зердастони худ надоранд, ба онҳо мегуянд: ҳама сарнавишти муштараке дорем ва гирифтори оташи дузах шудаем, зеро Худованд миёни бандагонаш доварӣ карда ва бар асоси ҳукми Ӯ мо ҳамагӣ бо ҳам инҷо ҳастем, мо агар метавонистем роҳи наҷоте пайдо кунем, пеш аз он,ки ба фикри шумо бошем, ба фикри наҷоти худамон будем, ҳам акнун бидонед, ки ҳеч коре аз мо сохта нест.

Зердастон ҳангоме, ки аз бузургони худ ноумед мешаванд, ба суроғи нигаҳбонони дузах мераванд ва дархост мекунад, ки лоақал як рӯз аз азоби онҳо коста шавад то андаке истироҳат кунанд ва ором бигиранд.

Аммо фариштагоне, ки маъмурони дузах ҳастанд, ба онон мегуянд: чаро ба ҷойи пайравӣ аз мустакбирин ба суроғи паёмбарони илоҳӣ нарафтед? Магар онҳо барои шумо далилҳои равшан наоварданд ва бар шумо итмоми ҳуҷҷат накарданд? Дузахиён иқрор мекунанд,ки оре, напазируфтем ва ба онҳо кофир шудем.

Фариштагони илоҳӣ мегуянд: пас тақсир аз худатон аст, ҳол, ки чунин аст, иқрор ва эътирофи имрӯз ва пушаймонӣ ва афсус ба гузашта ҳеч суде барои шумо надорад, лизо ҳар чӣ Худоро бихонед, ба иҷобат намерасед ва тахфифе дар муҷозоти шумо дода намешавад.

 

Аз ин оятҳо меозем:

 

1 – Онон, ки дар дунё гирифтори кибр ва ғуруранд ва дар баробари ҳақ хозеъ нестанд, дар қиёмат гирифтори зиллат  ва ҳақорате мешаванд, ки роҳи наҷоте аз он надоранд.

 

2 – Доварии дуруст ва одилона дар миёни инсонҳо кори Худост, беҷиҳат дар мавриди дигарон қазоват накунем.

 

3 – Азоби дузах, на таътилбардор аст ва на тахфифбардор то дар дунё ҳастем аз фурсати тавба ва аноба ва бозгашт истифода кунем то аз азоби охират раҳоӣ ёбем.

 

4 – Дар дузах, кори инсонҳои бадкор ва кофир чунон сахт мешавад, ки нигаҳбонони дузах, ки маъмурони кайфари онҳо ҳастанд, паноҳбурда ва аз онҳо истимдод металабанд, албатта ин ёриталабӣ ба ҷойе намерасад.

 

5 – Суннати илоҳӣ ин аст, ки то ҳуҷҷат бар касе тамом нашавад, ӯро кайфар надиҳад.

 

51

 

إِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَالَّذِینَ آمَنُوا فِی الْحَیَاةِ الدُّنْیَا وَیَوْمَ یَقُومُ الْأَشْهَادُ                                                          

 

Бе тардид, Мо паёмбарони Худ ва касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва "Дар қиёмат" рӯзе, ки гувоҳон ба по мехезанд, ёри мекунем.

 

52

 

 یَوْمَ لَا یَنفَعُ الظَّالِمِینَ مَعْذِرَتُهُمْ وَلَهُمُ اللَّعْنَةُ وَلَهُمْ سُوءُ الدَّارِ   

 

Рӯзе, ки узурхоҳии ситамкорон судашон надиҳад ва лаън ва нафрин барои онон аст ва барояшон хона "Ва ҷойгоҳи" бад аст.

 

Фрудистон гумон мекарданд, ки сарони куфр ва соҳибони қудрат метавонанд дар ҳангоми ниёз ба онҳо кумак кунанд, вале дар қиёмат сардамдорони куфр ва залолат наметавонанд ба касе кумак кунанд, бар хилофи афроди золим ва кофир. Паёмбарон ва солиҳон аз ёрии густурдаи Худованд дар қиёмат баҳраманд мешаванд, ҳамонтавре, ки ин оятҳо тасриҳ мефармояд: Худованд сарпарасти паёмбарон ва муъминон аст ва дар дунё ва охират онҳоро ёрӣ мекунад. Худованд дар инҷо ба унвони як асли куллӣ, ҳимояти бедареғи Худро аз паёмбарон ва муъминон дар дунё ва охират эълом медорад.

Дар дунё бо имдодҳои ғайбӣ, рӯҳияи муъминонро тақвият карда ва дар дили душманон раъб ва ваҳшат меандозад, ҳамчунин тавтиаҳои душманони туғёнгарро хунсо ва муъминони воқеиро бар мухолифаташон пирӯз мегардонанд.

Аммо қиёмат барои золимони куфпеша, рӯзи расвоӣ ва бадбахтӣ аст, ҳангоме, ки ҳамаи халоиқ чамъанд, гувоҳон алайҳи онҳо шаҳодат медиҳанд ва дар он маҳзари бузург, расвоии аҷибе домони онҳоро мегирад, дар он рӯз шоҳидон ба нафъи муъминон гувоҳӣ дода ва муҷиби бартарии онон бар мустакбирон мешаванд.

Золимони мустакбир, ки узрхоҳии онон дар он додгоҳ суде ба ҳолашон надорад ва ҷуз лаън ва нафрини аҳли маҳшар чизе ойидашон намешавад, он золимон, ҳам аз раҳмати илоҳӣ маҳрум шудаанд ва ҳам мавриди нафрини пайравони худ қарор гирифтаанд, онҳо дар бадтарин ҷойгоҳ дар оташи дузах қарор доранд ва аз назари рӯҳӣ ва ҷисмӣ низ таҳти фишор ва азобанд.

Усулан ин равиши Қуръон аст, ки бо нақли таърихи паёмбарони гузашта, намунаҳои воқеи аз ёрии Худоро дар ҷараёни муборизаи муъминон бо мустакбирон ва золимон зикр мекунад. Ин бадон манзур аст, ки муъминон дар баробари зургуёни замони худ, пойдор ва истиқомат бурданд ва машмули ёрии илоҳӣ ва пирӯзӣ бар душманон шаванд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Аз сунатҳои қатъии илоҳӣ, нусрати анбиё ва муъминон ва пирӯзии ниҳоии ҳақ бар ботил аст, албатта ба шарти он,ки муъминон дар роҳи имон ва пирӯзӣ аз паёмбарони илоҳӣ пойдорӣ ва истиқомат дошта бошанд.

 

2 – Осор ва фавоиди имон, дар дунё ва охират муъминонро дар бар мегирад ва ба охират ихтисос надорад.

 

3 – Ваъдаҳои илоҳӣ дар хусуси нусрати муъминон, барои онҳо тасаллибахш аст ва онҳо дар баробари таҳдидҳо, фишорҳо ва озорҳои душманон, ангеза ва умед ва нерӯйи муқовамат мебахшад.