Декабр 26, 2019 07:57 Asia/Dushanbe

Қисмати 875 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 53-56

53

 

وَ لَقَدْ آتَیْنا مُوسَى الْهُدى‏ وَ أَوْرَثْنا  بَنِی إِسْرائِیلَ الْکِتابَ      

 

Ва ҳамоно Мо ба Мусо ҳидоят додем ва ба банни Исроил китоби "Таврот" – ро ба мирос додем.

 

54

 

هُدىً وَ ذِکْرى‏ لِأُولِی الْأَلْبابِ

 

"Ки" мояи ҳидоят ва тазаккур барои хирадмандон аст.

 

Дар оятҳои қабл, Худованд фармуд, ки қатъан паёмбарон ва пайравони онҳоро ёри хоҳад кард, ин оятҳо ба яке аз масодиқи ёрии илоҳӣ ишора карда ва мефармояд: ҳангоме, ки Мусо (а) – ро ба паёмбари баргузидем, ӯ дар роҳи даъвати Фиръавн ва қавми банни Исроил ба Худопарастӣ ва анҷоми вазифаи рисолат, ҳидоят кардем, ҳамчунин китоби тавротро нозил кардем то пас аз Мусо (а) низ дар миёни банни Исроил, мояи ҳидояти онон бошад, бо хондани он, аз ғафлат берун оянд ва бо вазоиф ва масъулятҳои хеш ошно шаванд.

Китоби осмонӣ, барои соҳибони ақл, мояи ҳидоят ва ёдоварӣ аст, вале афроди нобехирад ва лаҷуҷ ва мутаасиб суде аз он намебаранд дар ҳақиқат, касоне аз китоби осмонӣ баҳраи воқеӣ мебаранд, ки корҳояшон бар асоси ақл ва мантиқ бошад, на ғароиз ва хоҳишҳои нафсонӣ, бо ин,ки ҳамаи инсонҳо аз неъмати ақлӣ бархурдоранд, аммо бар бисёре аз мардум, амёл ва хостаҳои нафсонӣ ҳукумат мекунанд, на нерӯйи ақл ва хирадашон ва ба таъбири Қуръон, Худои бисёре аз мардум, хостаҳо ва тамоюлоти нафсонии онҳост, ингуна афрод ба фикри лаззатҷӯйи ва касби манофеъи бештар аз ҳар роҳи мумкин ҳастанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳамаи мо инсонҳо ҳатто паёмбарон ба ҳидояти илоҳӣ ниёзмандем, албатта паёмбарон ин ҳидоятро ба таври мустақим дарёфт мкунанд ва сойири мардум сурати ғайри мустақим ва аз тариқи паёмбарон.

 

2 – Мироси паёмбарон, кох ва боғ ва мол набудааст, балки муҳимтарини мероси онҳо китоби осмонӣ барои ҳидояти мардум будааст.

 

3 – Инсон дар ҳамаи ҳол ба тазаккур ниёз дорад, ҳидоят низ агар бо тазаккур ҳамроҳ набошад, ба мурур ба фаромӯшӣ супурда мешавад.

4 – Ақл, инсонро ба ваҳӣ раҳнамун мекунад ва ин ду бо ҳам инсонро ба саодат ва камол мрасонанд.

 

 

55

 

فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَ اسْتَغْفِرْ لِذَنْبِکَ وَ سَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّکَ بِالْعَشِیِّ وَ الْإِبْکارِ                                      

 

Пас сабр ва шикебоӣ пеша кун, ки ваъдаи Худованд ҳақ аст ва барои гуноҳонат Омӯризиш бихоҳ ва ба сипоси Парвардигорат, шомгоҳон ва бомдодон  Тасбиҳ гуй "Ва ситоишгар бош".

 

Бо ин,ки мухотаби ин оят, шахси Паёмбар (с) аст, дастуроти он умумӣ ва ҳамагонӣ аст, дар ин оят ба чанд нукта ишора шудааст.

Нуктаи аввал: акнун, ки дидед ваъдаҳои Худованд барои ҳидоят ва ёрии паёмбарони қаблӣ, ҳақбудааст, пас шумо ҳам дар роҳи ҳидояти мардум ва даъвати онҳо ба ҳақ, сабр ва шикебои пеша кунед ва дар баробари иннод ва лаҷоҷати душманон ва коршикании онҳо, саҳнаҳо ва ноумед нашавед,чаро, ки калиди пирузии шумо дар ҳамаи саҳнаҳо, сабр ва истиқомат дар баробари мавонеъ ва шидонат аст ва албатта дар сурати пойдорӣ ва сабр, ваъдаи Худованд дар мавриди пирӯзии шумо таҳақуқ хоҳад ёфт, бидуни шак, имон ба ҳақонияти ваъдаи илоҳӣ, инсонро дар роҳи ҳақ дилгарм мекунад ва таҳаммули номулоимотро осон месозад.

Нуктаи дуввум: ин, ик агар дар ин роҳ кутоҳӣ гардид, бо талаби бахшиш аз Худованд, сафҳаи дилро аз зангори гуноҳ ва олудагӣ пок кунед.

Равшан аст, ки паёмброни илоҳӣ маъсуманд ва гуноҳе муртакиб намешаванд, зеро агар онҳо аҳли нофармонии Худо бошнд, чигуна метавонанд аз мардум бихоҳанд, ки ба суроғи гуноҳ ва усён нарафта ва аз онҳо ба таври мантиқ итоат намоянд, пас лозимаи рисолат, покӣ аст.

Агар дар оятҳои Қуръон, аз вожаи гуноҳ дар мавриди Паёмбари Ислом ё дигар паёмбарон истифода шудааст, ба маънои гуноҳе нест, ки дигар мардум муртакиб мешаванд, гуноҳи мардум, ҳамон нофармонии Худованд аст, аммо паёмбарон ба хотири мақоми барҷаста ва уфуқи болои маърифаташон, шоиста нест, ки ҳатто лаҳзаҳои ғафлат ё тарки авалия аз онҳо сар бизанад.

Дар ҳақиқат, гуноҳи паёмбарон, нофармони Худо нест, балки ин эҳсоси онҳост, ки натавонистаанд онгуна, ки шоистаи Худованди бори Таоло аст, анҷоми вазифа кунанд, дуруст монанди мизбоне, ки фарди бузургеро ба хонааш даъват мекунад ва ҳамаи талоши худро барои пазироии беҳтар аз ӯ ба кор мебандад, аммо дар ниҳоят аз ӯ узрхоҳӣ мекунад, зеро агарчӣ дар ҳадди худ талош карда, аммо эҳсос мекунад пазироии ӯ, дар ҳадди шаън ва ҷойгоҳи он меҳмони воло мақом набудааст.

Охирин нуктае, ки оят ба он ишора карда, ин аст, ки бо ёди Парвардигор ва ситоиш ва тасбиҳи Ӯ дар оғоз ва анҷоми ҳар рӯз. Имони худро тақвият намоед.

Бетардид, ҳамд ва тасбиҳи Худованд ва муназзаҳ донистани Ӯ аз ҳар айб ва нуқс ва ситоиши он Холиқи Бузург ва беҳамто, дил ва ҷони инсонро мутаҳаввил сохта ва ӯро ба сифоти олӣ ороста мекунад.

 

Аз ин оят мемӯзем:

 

1 – Агар ба ваъдаҳои Худо имон дорем, бояд дар анҷоми вазоифи динӣ, пойдор ва муқовим бошем ва мушкилот ва сахтиҳои роҳ, моро аз ҳадаф боз надорад.

 

2 – Ҳамаи инсонҳо аз ҷумла паёмбарон мувазафанд, ки истиғфор кунанд, чаро, ки қусур ва тақсири инсонҳо, ё муҳдудияти тавон ва имконоти паёмбарон, иҷоза намедиҳад, ки онҳо онгуна, ки шоистаи Худованд аст, вазоифи худро ба анҷом расонанд.

 

3 – Зикр ва тасбиҳи Худованд бояд ҳар рӯз ва ҳар шаб ва ба сурати доимӣ бошад то сабаби рушд ва таолии инсон шуда ва бунёнҳои имони ӯро тақвият кунад.

 

4 – Ҳамд ва тасбиҳ дар канори ҳам лозим аст, то ҳам Худоро ба хотири неъматҳояш сипос гуем, ва Ӯро аз ҳаргуна зулм ба бандагонаш пок ва муназзаҳ бидонем.

 

56

 

إِنَّ الَّذِینَ یُجادِلُونَ فِی آیاتِ اللَّهِ بِغَیْرِ سُلْطانٍ أَتاهُمْ إِنْ فِی صُدُورِهِمْ إِلَّا کِبْرٌ ما هُمْ بِبالِغِیهِ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ إِنَّهُ هُوَ السَّمِیعُ الْبَصِیرُ

 

Касоне, ки дар оятҳои Худованд, бе он,ки далиле барояшон омада бошад, ситез ва муҷодала меккунанд, дар дилҳояшон ҷуз такаббур ва худбузургбинӣ нест, ки ҳаргиз ба он "Бузургӣ ва иззате, ки дар орзуяш ҳастанд" нахоҳанд расид, пас ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ Шунавои Биност.

 

Ин оят ба решаи инкори дин ва динситезӣ ишора мекунад, мефармояд: касоне, ки бидуни далил ва бурҳон, оятҳои Қуръон ва муъҷизоти паёмбаронро такзиб ва инкор мекунанд ва мехоҳанд бо ҷарру  баҳсҳои бемантиқ, дигаронро аз дин боздоранд, ангезаҳои ҷуз кибр ва ғурур дар вуҷудашон нест.

Онҳо худро бузург пиндошта ва аҳли имонро хурд мешуморанд, лизо на фақат худашон даъвати паёмбаронро намепазиранд, балки кушиш мекунанд дигаронро низ бо гуфтугуҳои тулонӣ аз пайравии роҳи ҳақи паёмбарон боз доранд, то ба гумони худ нагузоранд паёмбарон дар ҷомеа бузург шуда ва дар ҷойгоҳи бартар аз онон қарор гиранд, аммо Худованд ваъда додааст, ки ин мавонеъро бартараф сохта ва иҷоза надиҳад мухолифон ба мақосиди шуми худ бирасанд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Решаи куфр ва инкори бисёре аз афрод, худ бузургбинӣ ва такаббури онҳо дар баробари ҳақ аст, на он, ки ҳақонияти каломи Худоро дарк накарда бошанд.

 

2 – Мутакаббир ба дунболи сурур ва риёсат бар ҷомеа аст, аммо ба мақсуди худ намерасад ва агар ҳам ба зоҳир бирасад, дуҷори расвоӣ ва хорӣ мешавад.

 

3 – Дар ҳамаи шароит бояд ба Худо паноҳ бибарем ба хусус дар баробари нақшаҳо ва тавтиаҳои рангоранги душманони дин.