Декабр 26, 2019 08:24 Asia/Dushanbe

Қисмати 876 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 57-60

57

 

لَخَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ أَکْبَرُ مِنْ خَلْقِ النَّاسِ وَلَـکِنَّ أَکْثَرَ النَّاسِ لَا یَعْلَمُونَ                                                   

 

Қатъан офариниши осмонҳо ва замин аз офариниши мардум бузургтар аст, вале бештари мардум намедонанд.

 

58

 

وَمَا یَسْتَوِی الْأَعْمَى وَالْبَصِیرُ وَالَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَلَا الْمُسِیءُ  قَلِیلًا مَّا تَتَذَکَّرُونَ                                     

 

Нобино ва бино яксон нестанд ва онҳое, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, бо бадкор яксон нестанд, чӣ кам панд мепазиред.

 

59

 

إِنَّ السَّاعَةَ لَآتِیَةٌ لَّا رَیْبَ فِیهَا وَلَـکِنَّ أَکْثَرَ النَّاسِ لَا یُؤْمِنُونَ   

 

Ҳамоно қиёмат омадани аст, шаке дар он нест, вале бештари мардум имон намеоваранд.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки мухолифони дин, бо Паёмбари акрам (с) ва муъминон муҷодала мекарданд ва зери бори сухан намерафтанд, ин оятҳо мефармояд: дар посухи мункирони миод бигуед, ки офариниши осмонҳо ва замин, муҳимтар аст ё офариниши дубораи инсонҳо дар қиёмат? Он кас, ки қудрат дорад каҳкашонҳо ва куроти осмониро бо он ҳамаи густардагӣ ва азамат биёфаринад ва тадбир кунад, оё аз эҳёи мурдагон ва офариниши муҷадади инсон, оҷиз аст?

Ин навъи тафаккур, ношӣ аз ҷаҳл ва ноогоҳии аксари мардум аст, ки қудрати Худоро бо қудрати худ муқоиса мекунанд ва гумон мекунанд қудрати Худованд андак ва маҳдуд аст.

Дар идомаи оятҳо омада аст, ки инсонҳои нобино ва бино ҳаргиз яксон нестанд, ҷоҳил ҳамчун инсони нобиност, ки аз дарки бисёре аз ҳақоиқ маҳрум аст, пардаҳои кибр ва ғурур бар чашмонашон фуру афтода ва ҳечгоҳ наметавонад ҳақоиқро онгуна, ки ҳаст, бибинад, аммо инсони бино дар партави рушноии илм ва маърифат, ҳақро мушоҳида мекунад, оё ин ду гуруҳ бо ҳам баробаранд?! Ҳаргиз, инсони бино, ҳам хурдии худро мебинад ва ҳам азамати ҷаҳони атрофи хешро, ба ҳамин далил, ба қадар ва мавқеияти худ воқиф аст, аммо фарди ҷоҳил ва курдил на мавқеияти худро дар замон ва макон медонад ва на ҷаҳони атрофи хешро мебинад лизо дар арзёбии вуҷуди хеш дучори хато шуда корҳои бад ва нодуруст аз ӯ сар мезанад.

Албатта идаи каме аз мардум, мутазакир шуда ва аз ин ҳақоиқ панд мепазиранд.

Дар идомаи ин оятҳо, ба дунболи ҷидол ва ситези мухолифон дар мавриди қиёмат, Худованд ба сароҳат ва қотеият эълом медорад, ки ба яқин замони қиёмат фаро хоҳад расид ва шак ва тардиде дар он нест, бо ин, ки аксари мардум ба қиёмат имон надоранд, инкори мухолифон таъсире дар таҳақуқи ин ваъдаи илоҳӣ надорад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Агар ба аззамати ҳастӣ бингарем ва онро дарк кунем, ҳаргиз худро бузург намебинем ва дучори кибр ва ғурур намешавем.

 

2 – Яке аз далоили инкори миод, ҷаҳл ва ноогоҳии мардум нисбат ба илм ва қудрати Худованд аст.

3 – Куфр ва фисқ, ақли инсонро аз дидани ҳақоиқи ғайбӣ кур мекунад, чунин фарде фақат умури маҳсус ва модиро мебинад.

 

4 – Иқтизои қудрат, ҳикмат ва адолати Худованд, таҳақуқи ваъдаи илоҳӣ дар мавриди барпои қиёмат аст ва сазовор нест дар бораи он шак ва тардтд кард.

 

 

60

 

وَقَالَ رَبُّکُمُ ادْعُونِی أَسْتَجِبْ لَکُمْ إِنَّ الَّذِینَ یَسْتَکْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِی سَیَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِینَ                             

 

Ва Парвардигоратон гуфт: бихонед Маро то шуморо иҷобат кунам, онҳое, ки аз парастиши Ман сар боз мезананд ва такаббур меварзанд, ба зуди бо хори ва сарафкандагӣ ба дузах дароянд.

Дар оятҳо қабл, сухан аз барпоии қиёмат буд, ки ваъдаи қатъии Худованд аст, ин оят мефармояд: на фақат гунаҳкорон ва муҷримон ба дузах ворид мешаванд, балки касоне низ, ки Худоро шинохтаанд ва аз ибодати Ӯ сар бозмезананд, гирифтори дузах хоҳанд шуд. Зеро ин кор ба маънои такаббур дар баробари Холиқ аст ва касе, ки худро бузург бубинад ва аз ибодати Худованд истикбор варзад, дар қиёмат дар авҷи зиллат ва хорӣ вориди дузах мешавад.

Албатта ин амр, ба маънои ниёзи Худованд ба ибодат ва парастиши мо нест, балки ба хотири он аст, ки натиҷаи руҳияи такаббур ва истикбор, дузахӣ шудани инсон аст, чунин фарде ба ҷойи итоат аз фаромини офаридгори олам, аз ҳаво ва ҳавас ва тамоилоти нафсонии хеш табаият мекунад, ки натиҷае ҷуз каҷравӣ ва инҳироф надорад.

Ибтидои оят, яке аз масодиқи ибодати Парвардигорро баён мекунад, ки дуо ва хондани Худост, яъне аз намоз ва ибодати дигаре, ки дар дини Ислом муқарар шудааст, инсон бояд ҳамвора Худоро ёд кунад ва дар ҳамаи ҳол Ӯро бихонад, чӣ дар ҳоли гирифторӣ, барои рафъи ниёзҳо ва чӣ дар ҳоли рифоҳ ва осоиш, барои шукри неъматҳо Худованд низ ваъда додааст, дуои бандагонро мешунавад ва онро ба наҳви муносиб посух медиҳад, албатта дуоҳое ба иҷобат мерасад, ки дар дуо ва дуо кунанда ва матлаби мавриди тақозо, шароити лозим фароҳам бошад.

Гарчӣ илм ва қудрати Худо, мутлақ ва номаҳдуд аст. Аммо ҳикмати Ӯ иҷоза намедиҳад, ки ҳамаи ончиро, ки бандагонаш мехоҳанд, иҷобат кунад, лизо Ӯ бар асоси маслиҳати фард ва ҷомиа, беҳтарин ҳолатро барои фарди дуокунанда пеш меоварад то беҳтарин хайр ба ӯ бирасад, гарчӣ мумкин аст худи фард ин мавзӯъро дарк накунад.

Дар айни ҳол, набояд дуо ҷонишини кор ва талош шавад ва агар инсон аз кушиш даст бардорад, ба хотири ин кутоҳӣ, дуои ӯ мустаҷоб намешавад, усулан яке аз илали адами истиҷобати бисёрӣ аз дуоҳо ин аст, ки афрод бедуни кушиш, даст ба дуо бармедоранд.

Адами истиҷобати баъзе аз дуоҳо, илал ва авомили дигаре низ дорад, аз ҷумлаи ин, ки инсон дар мавриди дар ташхиси масолеҳ ва мафосиди худ ба иштибоҳ меафтад ва бо тамоми вуҷуд, матлаберо аз Худо дархост мекунад, ки ҳеҷгуна ба маслиҳати ӯ нест, дар ингуна маворид, дуои ӯ мустаҷоб намешавад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Дуо, навъи ибодати Худост ва тарки он, нишонаи тарки бандагии Худо ва такаббур аст.

 

2 – Дар дуо, фақат Худоро бихонем, хостаҳои худро фақат аз Ӯ бихоҳем ва касеро бо Ӯ шарик накунем

 

3 – Худованд ниёзҳои моро медонад ва ба дуо ва ибодати мо ниёзе надорад, дар ҳақиқат фармони дуо дар Қуръон, осор ва баракоте барои худи инсон дорад, аз ҷумла ин,ки дуо сабаб мешавад инсон худро дар ҳамаи ҳол ниёзманди Худованд бубинад ва аз маркаби кибр ва ғурур, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост, фуруд ояд.

 

4 – Ҳаргуна такаббур ва истикбор дар баробари Худо, ба хорӣ ва сарафкандагии инсон дар қиёмат меанҷомад.