Қисмати 877 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 61-65
Қисмати 877 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 61-65
61
اللَّـهُ الَّذِی جَعَلَ لَکُمُ اللَّیْلَ لِتَسْکُنُوا فِیهِ وَالنَّهَارَ مُبْصِرًا إِنَّ اللَّـهَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى النَّاسِ وَلَـکِنَّ أَکْثَرَ النَّاسِ لَا یَشْکُرُونَ
Худованд касе аст, ки шабро барои шумо падид овард ва рӯзро равшанибахш қарор дод, ҳамоно Худованд нисбат ба мардум дорои фазл ва эҳсон аст, вале бештари мардум шукургузорӣ намекунанд.
62
ذَلِکُمُ اللَّـهُ رَبُّکُمْ خَالِقُ کُلِّ شَیْءٍ لَّا إِلَـهَ إِلَّا هُوَ فَأَنَّى تُؤْفَکُونَ
Ин аст Худо, Парвардигори шумо, ки офаридгори ҳарчизе аст, худое ҷуз Ӯ нест, пас чигуна "Аз ҳақ" бозгардонда мешавед?
63
کَذَلِکَ یُؤْفَکُ الَّذِینَ کَانُوا بِآیَاتِ اللَّـهِ یَجْحَدُونَ
Касоне, ки оятҳои Худоро инкор мекарданд, ингуна "Аз роҳи рост" мунҳариф мешаванд.
Ин оятҳо бори дигар ба мавзуи тавҳид ва ягонагии Парвардигор боз мегардад ва бархе неъматҳои илоҳиро, ки камтар ба он таваҷҷуҳ мешавад, зикр карда ва мефармояд: ҳамин торикии шаб ва рӯшноии рӯз ду неъмати бузурги Худо ҳастанд, ки дар ҳаёти инсонҳо ва бисёре аз мавҷудоти зинда нақши калидӣ доранд.
Рӯшноӣ ва гармоии рӯз, мояи ҷунбиш ва ҳаракат аст ва заминаро барои кор ва фаолияти инсон ва рӯшд ва намуи гиёҳон ва анвои маҳсулот фароҳам мекунад. Торикии шаб низ, мояи истироҳати тан ва оромиши рӯҳ ва равони инсон пас аз кори сахти рӯзона аст, ин низоми дақиқи шаб ва рӯз ва барномаи мутанавеи нур ва зулмат, аз авомили муҳими ҳаёти инсонҳо ва мавҷудоти зинда дар ин кураи хокӣ аст, агар ин танавуи нур ва торикӣ набуд, чӣ басо шиддати нур, ҳамаи мавҷудоти зиндаро месузонд ва ҳаёте бар рӯйи замин боқи намемонд.
Аммо умуми мардум, бетаваҷҷуҳ аз канори ин неъматҳои бузург мегузаранд ва шукри Худоро баҷо намеоваранд, идаи бисёре низ на фақат сипосгузори Худванд нестанд, балки вуҷудиӮро инкор карда ва ба ҷойи Парвардигори ҳастӣ, ба суроғи касоне мераванд, ки ҳеч нақше дар сарнавишти онҳо надорад, онҳо ба ашёи беҷон ё инсонҳои ҳамонанди худ дил мебанданд, дар ҳоле, ки ғайри Худованд, на қудрати офариниш доранд ва на қудрати тадбири умури ҳастӣ.
Оятҳо дар идома мефармояд: онкас, ки ин ҳамаи неъматро бар шумо арзонӣ дошта, Худованде, аст, ки Молик ва Мурабии шумост, ҳамон Худованде, ки офаридгори ҳамаи чиз аст ва маъбуде ҷуз Ӯ нест, бадеҳи аст танҳо офаридгори ҷаҳон ва таъбиркунандаи умури олам, шоистаи парастиш ва улуҳият аст, баъд меафзояд: бо ин ҳол, чигуна аз роҳи ҳақ мунҳариф шуда ва аз парастиши Худои Ягона ба ғайри Худо рӯй овардаед? Бе шак, касоне, ки оятҳои Худоро инкор кунанд, дар ниҳоят аз роҳи ҳақ мунҳариф шуда ва ба бероҳа кашида мешаванд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дар низоми хилқат, шаб барои оромиш ва рӯз барои кор ва талош қарор дода шудааст, сазовор аст, ки дар барномаи зиндагии худ ба ин асли табии таваҷҷуҳ кунем.
2 – Дар дунё, фазли Худованд ва неъматҳои Ӯ шомили ҳоли ҳамаи мардум мешавад. Аам аз муъминон ва кофир ё некукор ва бадкор.
3 – Худованд мунтазири шукур ва сипоси мардум нест то бар онҳо неъматро нозил кунад, бо он,ки медонад аксари мардум сипосгузор нестанд, аммо ба таври пайваста онҳоро аз лутфи худ, баҳраманд месозад.
4 – Касе сазовори парастиш аст, ки ҳам офаридгори ҳамаи чиз бошад. Ҳам тадбиркунандаи умури олам ва ҷуз Худованд, ҳечкас аз чунин вижагие бархурдор нест.
64
اللَّـهُ الَّذِی جَعَلَ لَکُمُ الْأَرْضَ قَرَارًا وَالسَّمَاءَ بِنَاءً وَصَوَّرَکُمْ فَأَحْسَنَ صُوَرَکُمْ وَرَزَقَکُم مِّنَ الطَّیِّبَاتِ ذَلِکُمُ اللَّـهُ رَبُّکُمْ فَتَبَارَکَ اللَّـهُ رَبُّ الْعَالَمِینَ
Худованд касе аст, ки заминро барои шумо ҷойгоҳи амн ва оромиш қарор дод ва осмонро барафрошт ва шуморо суратгири кард ва суратҳои шуморо неку намуд ва аз чизҳои погиза ба шумо рӯзӣ дод, ин аст Худованд, Парвардигори шумо, пурбаракат "Ва баландмартаба" аст Худованд, Парвардигори ҷаҳониён.
65
هُوَ الْحَیُّ لَا إِلَـهَ إِلَّا هُوَ فَادْعُوهُ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ الْحَمْدُ لِلَّـهِ رَبِّ الْعَالَمِینَ
Ӯ зиндаи "Ҷовид" аст, маъбуде ҷуз Ӯ нест, пас Ӯро бихонед, дар ҳоле, ки динро барои Ӯ холис кардаед, сипос ва ситоиши махсуси Худованде аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
Дар идомаи оятҳои қаблӣ, ки бархе аз неъматҳои Худовандро ёдовар шуд, ин оятҳо ба нақши замин ва осмон дар зиндагии инсон ишора карда ва мефармояд: бо ин,ки замин дар ҳоли гардиш ба гирди худ ва хуршед аст ва аз гардиши он ба гирди худаш, шаб ва рӯз падид меояд, бо ин ҳол, замин, ҷойгоҳи ором ва мутмаин аст. Худованд ҳамаи шароити лозим барои як қароргоҳи оромро дар замин қарор додааст. Замин ҷойгоҳи собит ва бе тазалзул аст, ба гунае, ки инсонҳо таконҳо ва ҳаракатҳои онро ҳис намекунанд ва манобиъ ва васоили мавриди ниёзи онҳо дар дастрасашон қарор дода шудааст, лизо инсонҳо бо итминони хотир, дар он зиндагӣ мекунанд ва ба кор ва фаолият мепардозанд.
Баъд меафзояд: осмони болои сари шуморо ҳамчун хайма ва чатре барои шумо сокинони замин қарор дода, ки шуморо аз хатароти бисёр ҳифз мекунад, ҷавве ҳамчун хаймае гирд то гирди заминро фаро гирифта ва сатҳи онро пушондааст, ин чатри бузург, сокинони заминро аз тобиши шадиди офтоб ва ашааи маргбори кайҳонӣ муҳофизат мекунад аз сӯйи дигар, монеъ мешавад, ки шаҳоб сангҳо бар сатҳи замин суқут карда ва тамаддуни башарро ин нобуд кунад.
Пас аз баёни неъматҳои шаб ва рӯз ва замин ва осмон, Худованд ба инсон боз мегардад ва яке аз бузургтарин неъматҳои худ ба инсонро бармешуморад, мефармояд: ин сурати зебо ва неку ва андом муносиб ва мазун, ки ба шумо инсонҳо дода шуда ва шуморо дар миёни ҳамаи ҳайвонот, мумтоз сохтааст, аз алтофи вижаи Худованд ба башар будааст, баҷост ба ин нукта ишора кунем, ки сохтумони вижаи бадани инсон ба ӯ имкон медиҳад, ки ба анвои корҳо ва санойеи зариф ё сангин даст бизанад ва ба кумаки аъзои мухталифи бадан аз мавоҳиби ҳаёт баҳра бибарад.
Дар оятҳо ҳамчунин ба анвои хурданиҳо ва нушиданиҳои покиза ишора шуда, ки Худованд барои шумо қарор дода онҳое, ки ҳамоҳанг бо табъ ва майли шумост ва аз хурдани онҳо лаззат мебаред.
Қуръон баъд аз баёни ин неъматҳои бузург, мефармояд: ин аст Худованд, Парвардигори шумо, Худое, ки ин мавоҳибро ба инсонҳо бахшида ва тадбири умури олам дар дасти Ӯст, ҷовид ва пурбаракат аст ва ҷуз хайр ва баракат, чизе аз Ӯ содир намешавад.
Мавҷудоти олам меоянд ва мераванд ва танҳо касе, ки мемонад ва ҳамвора зинда ва ҷовид аст, Худои Бузург аст, чаро, ки ҳаёти Ӯ аз зоти Ӯст ва мутаки ба ғайр нест. Дар ҳоле, ки сойири мавҷудоти зинда, ҳаёти маҳдуд ва муввақати худро низ аз Худо мегиранд, равшан аст танҳо касе шоистаи парастиш аст, ки дорои ҳаёти мутлақ ва ҷовидона аст ва маъбуде ҷуз Ӯ нест, он ҳам парастиши холисона ва ба дур аз ҳаргуна ширк ва хурофот ва фақат Ӯ сазовори ҳамд ва ситоиш аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Замин бо он, ки дорои чанд навъ ҳаракат аст, Худованд онро барои сукунати башар ором сохтааст.
2 – Оромиши замин, бинои осмон, офариниши инсон ва рӯзӣ додан ба ӯ аз покизаҳо, ҳама ва ҳама барои роҳатӣ ва рӯшд ва таолии инсон аст.
3 – Дар миёни мавҷудот, Худованд беҳтарин чеҳраро ба инсон атто кардааст, ки ин аз неъматҳои бузурги илоҳӣ аст.
4 – Раҳмат ва баракати Худованд, тамоми ҷаҳон ва аз ҷумла инсонҳоро фаро гирифтааст, маъбуде ҷуз Ӯ нест, пас танҳо Ӯро биситоем ва холисона Ӯро бипарастем.