Январ 25, 2020 06:37 Asia/Dushanbe

Қисмати 879 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 69-76

69

 

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِینَ یُجَادِلُونَ فِی آیَاتِ اللَّـهِ أَنَّى یُصْرَفُونَ         

 

Оё надиди касонеро, ки дар оятҳои Худо муҷодала ва ситез мекунанд, чигуна "Аз роҳи ҳақ" мунҳариф мешаванд?

 

70

 

الَّذِینَ کَذَّبُوا بِالْکِتَابِ وَبِمَا أَرْسَلْنَا بِهِ رُسُلَنَا فَسَوْفَ یَعْلَمُونَ     

 

Касоне, ки китоби "Худо" ва ончиро, ки паёмбаронамонро ба он фиристодаем, такзиб карданд, пас ба зуди "Натиҷаи кори худро" хоҳанд донист.

 

71

 

إِذِ الْأَغْلَالُ فِی أَعْنَاقِهِمْ وَالسَّلَاسِلُ یُسْحَبُونَ                       

 

Онгоҳ, ки ғулҳо дар гарданҳояшон бошад ва бо занҷирҳо кашида шаванд.

 

72

 

 فِی الْحَمِیمِ ثُمَّ فِی النَّارِ یُسْجَرُونَ                                  

 

Дар оби ҷушон, сипас дар оташ, сузонда шаванд.

 

Ин оятҳо дар бораи касоне аст, ки ҳозир ба пазириши далоили паёмбарон ва китобҳои осмонӣ нестанд ва ҳамвора дар садади ситезаҷуйи бо ҳақ ва саркашӣ ҳастанд, табии аст бо ситез ва лаҷоҷат дар баробари ҳақ, инсон аз сироти мустқим ба бероҳа кашида мешавад ва натиҷааш ҷуз инҳироф ва гумроҳӣ нест.

Решаи ҷидол ва ситез бо ҳақ дар тули таърих, гоҳе тақлиди куркурона аз бузургон ва пешиниён ва таасуби нобаҷо бар ақидаи онон ва гоҳ низ иннод ва лаҷоҷат бо паёмбарон ва пайравони онҳо будааст, ин гуна афрод ба ҷойи ҳақҷуйи ва пазириши сухани ҳақ, ончиро, ки хушоянди онҳо ва мутобиқи майлашон набуд, инкор мекарданд.

Албатта агар касе ба таври воқеӣ ба дунболи ҳақ бошад, аммо ба ҳақ нарасад ва онро дарнаёбад, дар назди Худованд маъзур аст, аммо агар касе ҳақро бифаҳмад ва дар муқобили он биистад ва онро инкор кунад, гирифтори кайфари сахт мешавад, зеро ӯ аз мадори инсоният хориҷ шуда ва бар ақли худ, ки ваҷҳи тамоизи инсон аз ҳайвон аст, сарпуш гузоштааст.

Албатта куфр ва ширк, дар дунё кайфар дода намешавад, то афрод дар интихоби имон, дучори икроҳ ва иҷбор нашаванд, балки бо ихтиёр ва ирода, роҳи дурустро инитихоб кунанд, бо ин ҳол, ҳар роҳеро, ки инсон интихоб кунад ё ҳар амалеро, ки анҷом диҳад, натоиҷ ва паёмадҳои он аз ихтиёри ӯ хориҷ аст, ба ҳамин хотир бар асоси ончӣ, ки Худованд муқарар карда. агар инсон аз рӯйи иннод ва лаҷоҷат ва таасуб куфр биварзад, паёмади он, суқут дар дузах аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Мутолиаи таърих ва сарнавишти миллале, ки дар гузашта дар баробари паёмбарони илоҳӣ истодаанд ва ба гумроҳӣ ва инҳироф кашида шуданд, аз тавсияҳои Қуръон аст.

 

2 – Ончӣ хатарнок аст, ситез ва ҷадол бо ҳақ аст, ҷойе, ки инсон ҳақро бифаҳмад ва онро зери по бигзорад.

 

3 – Баёни азобҳои гуногуни дузах, ҳушдоре аст ба инсон, ки муроқиби рафторҳои хеш бошад ва гумон накунад корҳои ӯ дар дунё, бе посух мемонад.

 

4 – Такаббур ва бартариҷуйии беҷойи кофирон дар дунё, ба зиллат ва хорӣ ва расвоии онон дар қиёмат меанҷомад.

 

73

 

ثُمَّ قِیلَ لَهُمْ أَیْنَ مَا کُنتُمْ تُشْرِکُونَ                                 

 

Онгоҳ ба онҳо гуфта мешавад: он шариконе, ки барои Худо мепиндоштед, куҷо ҳастанд?

 

74

 

 مِن دُونِ اللَّـهِ قَالُوا ضَلُّوا عَنَّا بَل لَّمْ نَکُن نَّدْعُو مِن قَبْلُ شَیْئًا  کَذَلِکَ یُضِلُّ اللَّـهُ الْکَافِرِینَ                                      

 

"Ҳамон маъбудоне, ки" ба ҷойи Худо мепаристидед, мегуянд: онҳо аз назари мо кам ва нопадид шудаанд, балки мо пеш аз ин чизеро намепарастидем, ингуна Худованд кофиронро гумроҳ мекунад.

 

Оятҳои қабл ба азоби кофирон дар қиёмат ишора кард, ин оятҳо дар идома мефармояд: дар миёни оташи дузах, ки мушрикон ва муҷримон роҳи фироре аз он надоранд, аз онҳо пурсида мешавад он чизҳоеро, ки ба ҷойи Худо мепарастидед ва онҳоро шарики Ӯ дар тадбири умур медонистед, куҷоянд? Чаро он маъбудҳоеро, ки мепиндоштед ба фарёди шумо мерасанд ва шуморо амвоҷи муталотими оташи дузах раҳои мебахшанд, ба ёрии шумо намеоянд?

Онҳо сари аҷз ва сарафкандагӣ посух медиҳанд: он чизҳоеро, ки мепарастидед, ё ҳалок шудаанд, ё ҳамонанди мо гирифтори дузаханд, ба ҳар ҳол, ҳеч хабаре аз онҳо нест ва гум ва кур шудаанд, дар ҳоле, ки мо ба ин далил онҳоро мепарастидем, ки имрӯз моро шафоат кунанд ва ба фарёди мо бирасанд, ҳол, ки чунин нест, гуйё мо аслан онҳоро парастиш накардаем ва онҳо чизи қобили парастише набудаанд, акнун барои мо равшан шуда, ки онҳо авҳом ва хиёлоне беш набудаанд, ки онҳоро воқеият мепиндоштем.

Дар ҳақиқат, ин эътирофҳо ё инкорҳо дар қиёмат, ба кор намеояд ва ҳеч суде ба ҳоли муҷримон надорад, зеро ҳосили куфр ва ширк, гумроҳӣ ва инҳироф ва дар ниҳоят гирфтор шудан дар оташи дузах аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Қиёмат рӯзи кашфи ҳақиқат аст ва дар онҷо ҳамаи чиз равшан мешавад, дар он рӯз кофирон ва мушрикон ба инҳироф ва каҷравии худ пай мебаранд.

 

2 – Эътироф ба гуноҳ, ё инкори он, ҳеч асаре дар додгоҳи қиёмат надорад, зеро Худованд ба ботили инсон огоҳ аст ва бар асоси он ҳукум мекунад.

 

3 – Ҳидоят ва залолат, натиҷаи роҳе аст, ки инсони баргузида ва ҳосили аъмол ва кардаҳои ӯст.

 

75

 

ذَلِکُم بِمَا کُنتُمْ تَفْرَحُونَ فِی الْأَرْضِ بِغَیْرِ الْحَقِّ وَبِمَا کُنتُمْ تَمْرَحُونَ                                                           

 

Ин "Азоб" ба хотири он аст, ки дар замин ба ноҳақ "Ва норво" шоди мекардед ва дар ноз ва сармастӣ басар мебурдед.

 

 

76

 

 ادْخُلُوا أَبْوَابَ جَهَنَّمَ خَالِدِینَ فِیهَا فَبِئْسَ مَثْوَى الْمُتَکَبِّرِینَ       

 

"Акнун" аз дарҳои дузах ворид шавед, ки ҷовидона дар онед ва чӣ бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон

 

Ин оятҳо ба иллати гирифтории ин гурӯҳ дар ин ҳамаи бало ва мусибат ишора карда ва мефармояд: онон дар дунё бар асари инкори Худованд ва миод, дар шаҳавоти нафсонӣ ғутавар ва сармаст буданд ва ба хушгузарониҳои гуноҳолуд мепардохтанд, аз таҳти фишор қарор додани маҳрумон ва мустазъафон лаззат мебурданд ва аз иртикоби гуноҳ ва қонуншиканӣ эҳсоси хушунадӣ мекарданд, бале ингуна шодиҳо ҳамроҳ бо ғурур ва ғафлат ва ҳавасронӣ, инсонро аз Худованд дур мекунад ва аз дарки ҳақоиқ боз медорад, аммо имрӯз, ки дар қиёмат ҳозир шудаанд, такаббурашон дар баробари ҳақ, онҳоро ба ин хорӣ ва зиллат кашондааст ва бояд товони он ҳамаи ҳавасбозӣ ва шаҳватрониро дар оташи дузах бидиҳанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ислом бо шодӣ ва тафриҳи солим ва ҳалол мухолиф нест, балки шодиҳо ва тафриҳотеро, ки бо гуноҳ ва аъмоли нописанд ҳамроҳ бошад мамнуъ сохтааст.

 

2 – Шодкомӣ ва сармастии имрӯзи кофирон, оҳ ва нолаи ононро дар қиёмат дар пай дорад.

 

3 – Шодиҳо ва тафриҳот низ бо меъёри ҳақ ва ботил санҷида мешавад, ба унвони мисол, шодӣ ва тафриҳ аз роҳи ботил, ки барпойяи лоаболигарӣ ва ҳавасронӣ, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон, таҳқир ва тамасхури заъифон ва зердастон ва сойири корҳои муҷримона бошад, исён ва саркашӣ дар баробари Худованд аст.