Қисмати 881 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 82-85
Қисмати 881 сураи муборакаи " Ғофир ", ояти 82-85
82
أَفَلَمْ یَسِیرُوا فِی الْأَرْضِ فَیَنظُرُوا کَیْفَ کَانَ عَاقِبَةُ الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ کَانُوا أَکْثَرَ مِنْهُمْ وَأَشَدَّ قُوَّةً وَآثَارًا فِی الْأَرْضِ فَمَا أَغْنَى عَنْهُم مَّا کَانُوا یَکْسِبُونَ
Оё дар замин сайр накардаед то бубинед оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чӣ шуд? Онон нафаронашон бештар ва нерумандтар аз эшон буданд ва осорашон дар замин пойдортар буд, аммо ончӣ "Аз нафарот ва қудрат" ба даст меоварданд, ба корашон наёмад.
Таърихи башар ду қолаби қобили мутолиа аст: яке китобҳои таърихие, ки ҳаводиси таърихӣ сина ба сина нақл ва дар онҳо нигошта шудааст ва дигаре осор ба ҷо монда аз тамадунҳои гузашта, ки дар нуқоти мухталифи кураи замин дар дастрас ва қобили мушоҳида аст.
Қуръон дар ин оят хитоб ба ситамгарон мефармояд: агар мехоҳед поёни кори худро бидонед, кофи аст дар замин сайр кунед ва бубинед поёни кори ситамгарони таърих чигуна будааст? Он қудратҳо дар ҳам кубида шуданд, кохҳои онҳо вайрон шуд ва лашкариёни азими онҳо чун барги хазон бар замин афтоданд, оё қудрат ва нафароти анбуҳи Фиръавни Миср тавонист ӯ ва лашкариёнашро аз ғарқ шудан дар руди Нил наҷот диҳад? Оё биноҳои азим ва мустаҳками ақвоми пешин дар дили кӯҳҳо ва дижҳои баланд ва устувори онҳо тавонист сокинони он биноҳоро аз иродаи илоҳӣ ҳифз кунад?
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Мутолиаи таърихи гузашта, чӣ ба шакли мактуб ва чӣ дар қолаби боздид аз осори ба ҷо монда аз онҳо, мавриди таъкид ва супориши Қуръон аст.
2 – Мағрур шудан ба қудрат ва имконоти пешрафтаи худ, дар баробари қудрати иродаи илоҳӣ, хатаре аст, ки ҳамвора ситамгаронро таҳдид мекунад.
3 – Яке аз авомили суқути тамадунҳои башарӣ, муборизаи онҳо бо таолими паёмбарони илоҳӣ будааст.
4 - Қудрат, ҷамъият, ва имконоти пешрафтаи башарӣ, монеи нузули қаҳри илоҳӣ нест.
83
فَلَمَّا جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِالْبَیِّنَاتِ فَرِحُوا بِمَا عِندَهُم مِّنَ الْعِلْمِ وَحَاقَ بِهِم مَّا کَانُوا بِهِ یَسْتَهْزِئُونَ
Пас ҳангоме, ки паёмбаронашон далоили равшан барои онон оварданд, "Андак" донише, ки назди худ доштанд, хушҳол буданд, вале он чизе, ки "Аз азоб" ба тамасхур мегирифтанд, ононро фаро гирифт.
Дар идомаи ояти қабл, ин оят мефармояд: қудратҳои ситамгари таърихе, ки ба қудрат ва нафароти сипоҳиёни худ мағрур буданд, амдан аз тамадуне бархурдор буанд, ки гумон мекарданд дониш ва таҷрибаи онҳо метавонад монеи қаҳри илоҳӣ шавад, лизо дар баробари таолими паёмбарони илоҳӣ меистоданд ва сухани онҳоро дар бораи мабдо ва маод ба тамасхур мегирифтанд, онон ба илми худ менозиданд ва бовариҳои диниро хурофотии бе поён мешумурданд, ки бо илми башарӣ қобили исбот нест.
Дар айни ҳол, ҳаргоҳ Худованд ирода кард, натавонистанд лаҳзаҳое дар баробари иродаи Худованд муқовимат кунад ва илм ва дониш ва қудрат ва имконоти онҳо бо қаҳри илоҳӣ нобуд шуд, ба иборати ҳамон чизе, ки онро беасар ва ночиз мешумурданд, тумори онҳоро дарҳам печид.
Дар воқеъ аз назари Қуръон, сарчашмаи аслии инҳироф ва бадбахтии инсонҳо кибр ва ғурури инсонҳост, ин такаббур мумкин аст бар асари инконоти густардаи молӣ, касрати нафарот ва нерӯйи низомӣ ва ё бархурдорӣ аз илм ва дониш бошад.
Дар асри ҳозир баъд аз пешрафтаҳои илмии башар, намунаи зиндаи ин ғурури илмиро дар ҷавомеи тавсиаи ёфта мушоҳида мекунем, метавон гуфт яке аз авомили нафе мазҳаб ва рӯй овардан ба мактабҳои илҳодӣ дар қарнҳои охир, ҳамон ғурури илми аст, ки ҷамъе аз донишмандон ба он гирифтор шуданд. Онҳо бо кашфи асрорӣ аз табиат ва гушудани равзанаҳое ба сӯйи илм, чунон маст ва мағрур шуданд, ки роҳи инкори усул ва арзишҳои динниро дар пеш гирифтанд.
Доманаи ғурури илмии башар ба қадре густариш ёфт, ки улум ва огоҳиҳои ҳаётбахшеро, ки аз сарчашмаи ваҳйи содир шуда буд, нафе карда ва ба боди истиҳзоъ гирифтанд, онҳо идъо карданд бо фаро расидани даврони шукуфоии илм, дигар ниёзе ба омӯзаҳои паёмбарон нест ва ба гумони худ, мазҳаб ва таолими анбиёро аз паёмбарон нест ва ба гумони худ, мазҳаб ва таолими анбиёро аз саҳнаи зиндагии башар ба берун рондаанд.
Бо ин ҳол, ин мастӣ ва ғурури башар дере напоид ва авомили дигаре даст ба дасти ҳам дод ва бар ин пиндориҳои беасос хати бутлон каши, ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дуввум нишон дод, ки пешрафтҳои илмӣ ва санъатии башар на танҳо ӯро хушбахт накарда, балки ӯро беш аз ҳар замони дигаре ба лабаи партгоҳ наздик сохтааст, ҳамчунин бо бурузи анвои мафосиди ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, нобасомониҳо, кушторҳо, бемориҳои равонӣ ва ривоҷи хушунат ва таҷовуз, башар дарёфт, ки дастоварҳои илмии ӯ наметавонад ба танҳои ҷулуви нобасомониҳои зиндагии ӯро дар асри ҷадид бигирад, балки аз бархе ҷиҳот, мушкилоти ӯ афзоиш низ ёфтааст.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Сухани паёмбарон ҳамроҳ бо муъҷизот ва далоили равшан аст, ки ҳар инсони ҳақҷӯй онро мепазирад.
2 – Агар башар ба илми андаки худ мағрур шавад, ин ғурури илмӣ, монеи пазириши ҳақ мешавад, дар ҳоле, ки улум ва таҷрибаҳои башарӣ наметавонад ҷойгузини таолими илоҳӣ шавад ва инсонро аз омӯзаҳои нуронии ваҳйи бениёз кунад.
3 – Аз паёмадҳои бад мағрур шудан ба илми худ, таҳқир ва истиҳзои таолими илоҳӣ аст, афроде, ки дуҷори чунин муаззале мешаванд, мепиндоранд, ки метавонанд дар баробари илми бениҳояти илоҳӣ, ки китбҳои осмонӣ барпояи он аст, биистанд.
4 – Тамадунҳое, ки дар баробари таолими илоҳӣ истоданд, дучори суқут ва ҳалокат шуданд.
84
فَلَمَّا رَأَوْا بَأْسَنَا قَالُوا آمَنَّا بِاللَّـهِ وَحْدَهُ وَکَفَرْنَا بِمَا کُنَّا بِهِ مُشْرِکِینَ
Пас чун азоби "Сахти" Моро диданд, гуфтанд: ба Худои Якто имон овардем ва ба ончӣ бо Ӯ шарик қарор медодем, кофир шудем.
85
فَلَمْ یَکُ یَنفَعُهُمْ إِیمَانُهُمْ لَمَّا رَأَوْا بَأْسَنَا سُنَّتَ اللَّـهِ الَّتِی قَدْ خَلَتْ فِی عِبَادِهِ وَخَسِرَ هُنَالِکَ الْکَافِرُونَ
Вале ҳангоме, ки азоби "Сахти" Моро мушоҳида карданд, имонашон суде ба онон набахшид, "Ин" сунати Худованд аст, ки "Аз дербоз" дар миёни бандагонаш ҷорӣ аст "Ки имонро пас аз дидани азоб намепазирад" ва ончист, ки кофирон зиёнкор шуданд.
Ин оятҳо, ки охирин оятҳои сураи Ғофир аст, поёни кори касеро, ки дар асари ғурур ва худхоӣ, ҳозир ба пазириши ҳақ нестанд ва дарбаробари таолими паёмбарон меистанд, баён карда ва мефармояд: ҳамин афроди мағрур, ҳангоме, ки осори нузули азоби Худоро дар дунё мушоҳида карда ва худро мавҷуди заиф ва нотавон диданд, аз кардаи хеш пушаймон шуда ва таслим шуданд, онҳо аз ширк ва куфри худ даст бардошта ва эълом карданд, ки акнун ба Худои Якто имон оварда ва нисбат ба маъбудҳое, ки шарики Ӯ мешумурдем, кофир шудаем.
Табии аст, ки чунин имоне аз рӯйи тарс ва изтирор аст ва ҳеч арзише надорад.
Ба унвони мисол, Қуръон дар моҷарои Мусо (а) ва Фиръавн нақл мекунад, ки Фиръавн ҳангоми ғарқ шудан, изҳори имон кард, аммо имони ӯ пазируфта нашуд, зеро аз рӯйи истисол буд ва ҳеч газинаи дигаре дар баробари ӯ қарор надошт, дар ҳоле, ки имоне арзиш дорад, ки аз рӯйи ирода ва ихтиёр бошад ва инсон битавонад ғайри онро низ ихтиёр кунад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Афроди мағрур ва саркаш ва лаҷуҷ, то қаҳри илоҳиро набинанд, ҳозир ба имон овардан нестанд, аммо ин имон суде барои онҳо надорад.
2 – Арзиши имон ба ихтиёри будани он аст, имон аз рӯйи тарс ва истироре корсоз нест.
3 – Хасороти воқеӣ дар зиндагӣ, мурдан дар ҳоли куфр ва ширк ва дар роҳи ботил аст.