Қисмати 882 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 1-7
Қисмати 882 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 1-7
Сураи Фуссилат дар Макка нозил шудааст ва 54 оят дорад, ҳамонанди дигар сураҳои макӣ, муҳтавои ин сура дар бораи мабдоъ ва миод ва нишонаҳои қудрати Худованд дар инсон ва ҷаҳон аст.
بِسْمِ اللَّـهِ الرَّحْمَـنِ الرَّحِیمِ
1
حم
Ҳо Мим
2
تَنزِیلٌ مِّنَ الرَّحْمَـنِ الرَّحِیمِ
"Ин китобе аст" нозил шуда аз сӯйи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.
3
کِتَابٌ فُصِّلَتْ آیَاتُهُ قُرْآنًا عَرَبِیًّا لِّقَوْمٍ یَعْلَمُونَ
Китобе, ки оятҳои он ба рушанӣ баён шудааст, Қуръоне "Ба забони" арабӣ, барои мардумоне, ки медонанд.
4
بَشِیرًا وَنَذِیرًا فَأَعْرَضَ أَکْثَرُهُمْ فَهُمْ لَا یَسْمَعُونَ
"Китобе" башоратдиҳанда ва бимдиҳанда, аммо бештари мардум "Аз он" рӯйгардон шуданд ва онон "Нидои Қуръонро" намешунаванд.
Чунон, чӣ пеш аз ин низ гуфтаем, 49 сураи Қуръон бо ҳуруфҳои мақтаа оғоз шудааст, дар ин сураҳо пас аз ин ҳуруф, ба аззамати Қуръон ишора шудааст, сураи Фуссилат низ чунин аст ва бо ду ҳарфи Ҳо ва Мим оғоз шуда аз он, аз нузули ин китоби осмонӣ аз сарчашмаи раҳмати илоҳӣ сухан гуфта шудааст, муъминон аз раҳмати он баҳраманд мешаванд ва кофирон, худро аз он маҳрум месозанд.
Лозим ба зикр аст, ки оятҳои Қуръон ба шакли мактуб нозил нашуда ва паёмбар низ онро ба нигориш дарнаёвардааст, балки расули Худо (с) он,чиро, ки бар қалби муборакаш ваҳӣ шуда, барои мардум қироат кардааст, аз ин рӯ, Қуръон ном гирифтааст, ба фармони Паёмбар (с), ҷаҳор нафар аз ёронаш ончиро, ки он ҳазрат қироат мекард, ба нигориш дар меоваранд, лизо номи дигари Қуръон, китоб аст.
Қуръон, ба забони арабии фасеҳ ва гуё нозил шуда ва оёташ барои касе, ки бихоҳад ҳақиқатро бидонад, равшан ва возеҳ аст, албатта Қуръон ғайр аз огоҳибахшӣ ва маърифатафзоӣ, аз тариқи башорат ва ҳушдор, мардумро ба анҷоми корҳои хуб ва шоиста ташвиқ мекунад ва аз анҷоми корҳои бад ва ношоист барҳазар медорад.
Аксуламали бисёре аз мардум дар баробари даъвати паёмбарон ва китобҳои осмонӣ, рӯйгардонӣ будааст, зеро хостаҳо ва тамоилоти ғаризӣ ва нафсонии онҳоро маҳдуд месозад ва иҷоза намедиҳад ҳар чӣ мехоҳанд, бигуянд ё ҳар кореро, ки дилашон мехоҳад, анҷом диҳанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Қуръон, каломи Худост, на сухани ҳазрати Муҳаммад (с) муҳтавои ин китоб низ, бархоста аз раҳмати густарда ва беинтиҳои Парваригор аст, бинобарин ҳам алфоз ва ҳам муҳтавои Қуръон аз ҷониби Худованди Доно ва Меҳрубон аст, бадеҳи аст амал бар асоси ин таолим, муҷиби рӯшд, шукуфоӣ ва таолимии ҷомеаи башарӣ мешавад.
2 – Дар Қуръон ҳар ончиро, ки дар рӯшд ва ҳидояти мардум таъсир ва нақш дорад, ба тафсил ва дар қолабҳои мутанавеъ матраҳ шудааст. Қолабҳои назир: саргузашти ақвоми пешин, домтонҳо ва ибратҳо, мислҳо, зикри неъматҳои илоҳӣ, авомир ва навоҳи, баёни илали суқути тамадунҳо, ояндаи башар, ҳаводиси Қиёмат, тавсияҳои ахлоқӣ, ва ғайра.
3 – Қуръон ба инсон илм, огоҳӣ, ва рӯшноӣ мебахшад, ҳар кас ба дунболи фаҳми ҳақиқат ва шинохти дуруст аст, бояд ба Қуръон муроҷиа кунад.
4 – Бар асоси мабонии дурусти тарбият, бим ва умед ва башорат ва ҳушдор дар канори якдигар лозим аст, таваҷҷуҳ ба яке ва ғафлат аз дигаре, осори зиёнборе дорад.
5
وَقَالُوا قُلُوبُنَا فِی أَکِنَّةٍ مِّمَّا تَدْعُونَا إِلَیْهِ وَفِی آذَانِنَا وَقْرٌ وَمِن بَیْنِنَا وَبَیْنِکَ حِجَابٌ فَاعْمَلْ إِنَّنَا عَامِلُونَ
Ва гуфтанд: мо аз "Дарки" ончӣ моро ба он мехони, дар парда ва пушиши "Сахте" аст ва дар гушҳоямон сангини аст ва миёни мо ва ту пардае вуҷуд дорад, пас ту кори худро анҷом биде, мо "Низ" кори худро анҷом меиҳем.
Ин оят ба вокуниши мушрикони Макка дар баробари даъвати Паёмбари Ислом (с) ишора карда ва мефармояд: ҳангоме, ки Паёмбар (с) , Қуръонро барои онҳо тиловат мекард, онҳо ба ҷойи шунидан ва таваҷҷуҳ, барои он,ки паёмбарро аз кори худ маъюс кунанд, мегуфтанд: эй Муҳаммад (с) ! беҳуда талош накун, гушҳои мо сангин аст ва сухани туро намешунавем, ончиро ҳам аз тариқи гуш мешунавем, дар дили мо асаре надорад, гуё монеи миёни мо ва ту қарор гирифта ва намегузорад мо даъвати туро бипазирем, пас моро ба ҳоли худ раҳо кун то ҳаргуна мехоҳем амал кунем, мо ҳам туро ба ҳоли худ раҳо мекунем то ҳаргуна мехоҳи рафтор куни.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Оятҳои Қуръон. Ҳамчун бороне аст, ки бар замиин омода фуру мерезад ва заминро обод мекунад, аммо ҳангоме, ки санги сахт меборад, на танҳо фуру намерезад, балки ба берун низ партоб мешавад, дилҳои афроди лаҷуҷ низ дар баробари нузули оятҳои илоҳӣ ингуна аст.
2 – Агар мухотаб, қасди пазириши ҳақро надошта бошад, сухани Худованд аз забони паёмбар ҳам корсоз нест, чӣ расад ба сойири афрод.
3 – Таъсибҳо ва тақлидҳои нобаҷо, монанди ҳиҷобе бар дили афрод афканда мешавад ва онҳоро аз дарки ҳақиқат ва пазириши он маҳрум месозад.
6
قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِّثْلُکُمْ یُوحَى إِلَیَّ أَنَّمَا إِلَـهُکُمْ إِلَـهٌ وَاحِدٌ فَاسْتَقِیمُوا إِلَیْهِ وَاسْتَغْفِرُوهُ وَوَیْلٌ لِّلْمُشْرِکِینَ
"Эй Паёмбар!" бигу: ман башаре монанди шумо ҳастам, "Бо ин тафовут, ки" ба ман ваҳӣ мешавад, ки маъбуди шумо Худои Ягона аст, пас ба сӯйи Ӯ рӯ кунед ва аз Ӯ омӯрзиш бихоҳед ва вой бар мушрикон.
7
الَّذِینَ لَا یُؤْتُونَ الزَّکَاةَ وَهُم بِالْآخِرَةِ هُمْ کَافِرُونَ
Ҳамоно касоне, ки закот намепарозанд ва онон, ки ба охират кофиранд.
Дар баробари иддаъоҳои мушрикон, ки аз рӯйи таасуб ва лаҷоҷат сухан мегуфтанд, Расули Худо ба онон мегуянд: ман ҳам башаре монанди шумо ҳастам, на иддаъои худоӣ дорам, на иддаъои бартарӣ бар шумо ман аз нажоди шумо ва аз қавм ва қабилаи шумо ҳастам, танҳо тафовути ман бо шумо ин аст, ки бар қалби ман ваҳӣ мешавад, ки даст аз ширк ва бутпарастӣ бардорам ва шуморо низ ба Худои Якто даъват кунам.
Шумо, ки ингуна бо ман сухан мегуед, бидонед, ки ман намехоҳам шуморо ба иҷбор ба пазириши суханам водор кунам, балки ман роҳи ҳақро ба шумо муарифӣ мекунам ва аз шумо мехоҳам, ки ба роҳи Худо биравед ва аз корҳои гузаштаи худ даст бардоред, то Худо шуморо биёмӯрзад.
Поёни оят ба мушрикон ҳушдор медиҳад, ки боқи мондан бар ширк, дорои саранҷоми бисёри баде аст, сипас дар тавсияи мушрикон ба ду вижагии онҳо ишора мекунад: яке куфр ба қиёмат ва инкори он ва дигаре адами таваҷҷуҳ ба ниёзмандон ва тарки ҳаргуна инфоқ ба онон, ки он ҳам нишонае аз инкори қиёмат аст, зеро касе, ки ба Худо эътиқод надорад, ҳамаи чизро барои худ мехоҳад ва ангезае барои инфоқ ба дигарон надорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Паёмбарон, мардумро ба сӯйи Худо мехонанд, на ба сӯйи худ, ҳадафашон низ раҳо кардан инсон аз банди тоғутҳои берун ва ҳаво ва ҳаваси дарунӣ аст.
2 – Бовар ба Ягонагии Худованд, бояд дар тамоми умури зиндагии инсон намуд пайдо кунад, тавҳид фақат як бовари нест, балки роҳнамоии амал ва рафтори инсон дар зиндагӣ аст.
3 - Инсони муъмин, дар роҳи тавҳид, пойдор ва побарҷост, ӯ ҳамвора дар садади ҷуброни хатоҳои гузашта аст то битавонад дар роҳи Худо боқӣ бимонад ва аз масири ҳақ мунҳариф нашавад.
4 – Имон, ба иддаъои афрод нест, лизо муъмине, ки закот намепардозад, дар вуҷуди ӯ рагаҳое аз ширк ва куфр вуҷуд дорад.