Феврал 29, 2020 06:30 Asia/Dushanbe

Қисмати 883 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 8-12

8

 

إِنَّ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَیْرُ مَمْنُونٍ        

 

Бе тардид касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, барои онон подоши ҳамешагӣ аст.

 

Охирин ояти қабл дар бораи мушрикон буд, ки закот намедиҳанд ва кори хайр намеккунанд ва ба ҷаҳони охират эътиқоде надоранд, албатта агар он афрод кори хайре ҳам анҷом диҳанд, чун ба қиёмат эътиқоде надоранд, аз подоши охират баҳраманд намешаванд.

Ин оят мефармояд: аммо касоне, ки ба Худо ва қиёмат имон доранд ва ҳамвора мутаносиб бо зарфият ва истиъдоди шахсӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоии худ, кори нек анҷом медиҳанд, Худованд дар қиёмат подоши тамом нашудани ба онҳо атто мекунад.

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Имон ва амали солиҳ аз якдигар ҷудо нест ва дар қиёмат, ҳар як бедуни дигаре ба кор намеояд.

 

2 – Подоши илоҳӣ дар охират, бепоён аст, бархилофи дунё, ки ҳатто бо арзиштарин подошҳо низ маҳдуд ва поёнпазир аст.

 

9

 

قُلْ أَئِنَّکُمْ لَتَکْفُرُونَ بِالَّذِی خَلَقَ الْأَرْضَ فِی یَوْمَیْنِ وَتَجْعَلُونَ لَهُ أَندَادًا ذَلِکَ رَبُّ الْعَالَمِینَ                                            

 

Бигу оё шумо ба касе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, куфр меварзед ва барои Ӯ ҳамтоёне қарор медиҳед? Ӯ Парвардигори ҷаҳониён аст.

 

10

 

وَجَعَلَ فِیهَا رَوَاسِیَ مِن فَوْقِهَا وَبَارَکَ فِیهَا وَقَدَّرَ فِیهَا أَقْوَاتَهَا فِی أَرْبَعَةِ أَیَّامٍ سَوَاءً لِّلسَّائِلِینَ                                     

 

Ӯ дар рӯйи замин кӯҳҳо "И устувор" падид овард ва дар он хайр "Ва баракати" фаровон ниҳод ва ризқ ва рӯзии онро дар чаҳор рӯз муқаддам сохт, ки барои хоҳандагон яксон "Ва мутаносиб бо ниёзашон" аст.

 

Ин оятҳо, кофирон ва мушриконро мухотаб сохта ва мефармояд: оё шумо ба он касе, ки заминро дар ду рӯз офарид, кофир ҳастед ва барои Ӯ назирҳо ва шариконе қоил мешавед? Чӣ иштибоҳи буҳург ва чӣ сухани бепояе.

Дар воқеъ замине, ки бар рӯйи он зиндагӣ мекунед, ба дасти Худои Якто офарида шуда ва ҳеч кас ва ҳеч чиз шарики Ӯ дар ин кор набудааст. Ӯ на фақат офаринандаи замин аст, балки Парвардигори ин ҳастии паҳновар аст, умури оламро низ тадбир мекунад, пас дар ҳақиқат танҳо касе шоистаи парастиш аст, ки хилқат ва тадбир ва моликият ва ҳукумати ҷаҳон аз они Ӯст.

Пас аз хилқати замин низ, ончиро гиёҳон ва ҳайвонот ва инсонҳо ниёз доштаанд, барои онҳо офарида ва дар ихтиёрашон қарор додааст кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва устувор, дарёҳои паҳновар, ҷангалҳои анбуҳи рӯйи замин ва анвои маъодани зерзамин, ҳама баровардаи ниёзҳои сокинони замин ҳастанд, замин дорои баракот ва манофеи зиёде аст ва маводи ғазот мухталиф аз онба амал меяд, бе тардид, ин баракот ва неъматҳо ба андозаи ниёзи ниёзмандон аст ва кам ва косте дар онҳо вуҷуд надорад ва ба таъбири Худованд ончиро, ки барои идомаи ҳаёти мавҷудот лозим буда, офаридааст, оё ин баракот ва манофеъ, ба худи худ дар замин эҷод шуда ё касе Худоро дар эҷоди онҳо ёри кардааст? Қатъан чунин нест.

Албатта амри офариниш ба тадриҷ дар давронҳои мухталиф ва мароҳили пушти сар ҳам сурат гирифтааст, ду марҳала тай шуда то замин омодаи баҳрабардорӣ шавад ва мароҳили дигар низ итифоқ афтода то анвои неъматҳо дар замин падид ояд, маҷмуи ин мароҳил, ҷаҳор давра будааст то замин барои пазирои аз сокинонаш омода шавад ва битвонад ниёзҳои онҳоро ба наҳви комил таъмин кунад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Офаридгори ҷаҳон ва Парвардигори он яке аст, бирхилофи дидгоҳи мушрикон, ки Худоро офаридгор медонистанд, аммо дар тадбири умури олам, ашёъ ё афроди дигарро шарики Ӯ мепиндоштанд.

2 – Низоми офариниш тадриҷӣ ва марҳалаи будааст, на дафъӣ ва якбора, чунон,ки офариниши кураи замин ба тадриҷ ва тайиду марҳала анҷом шудааст.

 

3 – Аз нишонаҳои рабубияти илоҳӣ, қарор додани анвои баракот ва рӯзиҳо дар замин аст то ниёзи ҳамаи инсонҳо бароварда шавад, албатта тавзеи ноодилона ва исроф ва рафтори золимна, муҷиби шудааст, ки имрӯз идаи зиёде аз мардуми дунё, фақир ва маҳрум ва дармонда шаванд.

 

11

 

ثُمَّ اسْتَوَى إِلَى السَّمَاءِ وَهِیَ دُخَانٌ فَقَالَ لَهَا وَلِلْأَرْضِ ائْتِیَا طَوْعًا أَوْ کَرْهًا قَالَتَا أَتَیْنَا طَائِعِینَ                             

 

Сипас ба осмон пардохт дар ҳоле, ки "Ба сурати" дуд буд, пас ба он ва замин гуфт: бо майл ё кароҳат биёед, он ду гуфтанд: фармонбардор омадем.

 

12

 

فَقَضَاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ فِی یَوْمَیْنِ وَأَوْحَى فِی کُلِّ سَمَاءٍ أَمْرَهَا وَزَیَّنَّا السَّمَاءَ الدُّنْیَا بِمَصَابِیحَ وَحِفْظًا  ذَلِکَ تَقْدِیرُ الْعَزِیزِ الْعَلِیمِ

 

Пас онҳоро дар ду рӯз ба  сурати ҳафт осмон даровардем "Ва маҳкам ва устувор сохт" ва дар ҳар осмоне кор "Марбут ба" онро ваҳӣ кард ва мо осмони дунёро бо чароғҳои "Ситорагон" зинат бахшидем ва "Онро" ҳифз кардем, инаст тақдири Худои Азиз ва Доно.

 

Пас аз баёни лутфи илоҳӣ дар офариниши замин ва қарор додани анвои неъматҳои мавриди ниёзи сокинони он, ин оятҳо ба офариниши осмонҳо ишора карда ва мефармояд: ҳангоме, ки Худованд ирода кард осмонҳоро биёфаринад, дар оғози офариниши онҳо ба сурати тудаи гозҳои густарда ва азиме буданд, ки Худованд ба онҳо шакл ва низом дод ва онҳоро бар пояи устувор бино ниҳод.

Иродаи таквинии Худованд дар офариниши осмон ва замин, ба шакл ва сурати хос таалуқгирифта буд ва замин ва осмон чорае ҷуз фармонбардорӣ аз Офарандаи  ҷаҳон надоштанд, бихоҳанд ё нахоҳанд бояд онгуна, ки Ӯ мехоҳад, шакл бигирад ва эҷод шаванд.

Мисли замин, ки дар ду давра ва марҳала, омада мизбоне аз сокинонаш шуд, осмон бо ҳамаи азаматаш дар ду давра, он гуна, ки Худованд мехост шакл гирифт.

Албатта Худованд ҳафт осмон офаридааст ва ончӣ дар болои сари худ мушоҳида мекунем, музъи осмони аввал аст, ба иборати дигар, олами офариниш аз ҳафт маҷмуаи бузург ташкил шуда, ки танҳо як маҷмуаи он дар баробари дидгони мо инсонҳо қарор дорад. Чунон, ки телескопҳои бисёри пешрафта ва мудерни башар, натавониста ба моварои ин минтақа яъне ғайр аз осмони аввал нуфуз кунад.

Нуктаи дигар он,ки дар ҳангоми шаб, ситорагон, зинатбахши осмон ҳастанд ва ҳамчун чароғҳои нуронӣ медурахшанд, онҳо ҳаряк асроре аз офаринишро дар худ доранд ва инсонро ба тафаккур дар ҳастӣ ва офаридгори бузурги он даъват мекунанд. Худованд осмонро аз нуфузи ҳар хатаре маҳфуз доштааст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Осмон дар оғоз ба сурати дуд ва гоз будааст.

 

2 –Ҳамаи ҳастӣ мутии фармони Худо аст, кушиш кунем, ки ҷузъи носозгор ва ноҳамоҳанг бо олами ҳастӣ набошем.

 

3 – Низоми ҳастӣ бисёр фаротар ва густардатар аз дарк ва фаҳми мост, ҳамаи ончиро, ки аз ситорагон ва каҳкашонҳо мебинем ва ё дар оянда кашф мекунем, танҳо марбут ба осмони аввал аст, башар аз осмонҳои дигар ва соири офаридаҳои Худованд дар густураи ҳастӣ иттилое дар даст надорад.

 

4 – Ҳастӣ, таблури илм ва қудрати Худованд аст, ки ҷаҳонро бар асоси мавозини мушахасе офарида ва онро тадбир мекунад.