Қисмати 885 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 19-23
Қисмати 885 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 19-23
19
وَیَوْمَ یُحْشَرُ أَعْدَاءُ اللَّـهِ إِلَى النَّارِ فَهُمْ یُوزَعُونَ
Ва "Ёд кун" рӯзе, ки душманони Худо ба сӯйи оташ гирд оварда мешаванд ва онҳоро аз ҳаракат боз медоранд "То дигарон ба онон мулҳақ шаванд".
20
حَتَّى إِذَا مَا جَاءُوهَا شَهِدَ عَلَیْهِمْ سَمْعُهُمْ وَأَبْصَارُهُمْ وَجُلُودُهُم بِمَا کَانُوا یَعْمَلُونَ
То чун ба оташ расанд, гӯш ва чашмон ва пустҳояшон ба ончӣ мекарданд. Гувоҳӣ медиҳанд.
Дар оятҳои қабл, сухан аз кайфари золимон ва муҷримон дар дунё буд, ин оятҳо дар бораи азоби онҳо дар охират аст ва мефармояд: касоне, ки дар баробари паёмбарони илоҳӣ ва таолии онҳо истода ва алайҳи онҳо иқдом кунанд, дар воқеъ душманони Худо ҳастанд ва тарафи муқобили онҳо Худост, лизо дар қиёмат, онҳоро монанди муҷримоне, ки боздошт шуда ва ба саф ба сӯйи зиндон мебаранд, ба сӯйи дузах суқ медиҳанд, табии аст, ки муҷрим ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо оташ, худро бегуноҳ муарифи карда ва дар мақоми шиква ва шикоят бар меояд.
Қуръон мефармояд: дар ин ҳолат аъзои бадани муҷрим аз ҷумла гӯш ва чашм ва пусти тани ӯ ба сухан омада ва алайҳи ӯ шаҳодат медиҳанд, шаҳодате, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили инкор нест зеро ин шаҳодати узви бадани инсонанд, онҳо дар ҳамаи саҳнаҳо ҳузур дошта ва ҳамаи чизро шоҳид будаанд, лизо алайҳи вай гувоҳӣ медиҳанд, ин гувоҳи дар қиёмат нишон медиҳад, ки дар дунё, ҳамаи гуфторҳо ва кирдорҳои инсон дар вуҷудаш сабт ва забт шуда ва осори онҳо дар аъзо ва ҷавориҳи ӯ боқӣ мемонад.
Дар ҳақиқат, он рӯз, рӯзи расвоии бузург аст, рӯзе аст, ки ҳамаи вуҷуди инсон ба сухан дармеояд ва тамоми асрори ӯ фош мешавад, дар онҷо гунаҳкорон дар ваҳшати амиқе фуру мераванд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Куфр ва ширк маротибе дорад ва ба ҷойе мерасад, ки инсон ба ҷойи нафии Худо, дар мақоми душмани бо Худо бармеояд, чунин инсоне барасари иннод ва душманӣ бо ҳақ, алайҳи китоби Худо ва таолими паёмбарон, тавтиа ва иқдоми амали мекунад.
2 – Гувоҳи додани аъзои бадан, нишондиҳандаи он аст, ки онҳо аз амалкарди инсон огоҳанд ва ончиро дар дунё дарк кардаанд дар қиёмат гузориш медиҳанд.
21
وَقَالُوا لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدتُّمْ عَلَیْنَا قَالُوا أَنطَقَنَا اللَّـهُ الَّذِی أَنطَقَ کُلَّ شَیْءٍ وَهُوَ خَلَقَکُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَإِلَیْهِ تُرْجَعُونَ
Ва онон ба пустҳои "Бадани" худ мегуянд: чаро бар алайҳи мо шаҳодат додед? Гуянд: ҳамоно Худое, ки ҳар чизеро ба нутқ дароварда моро ба сухан овардааст ва Ӯ нахустин бор шуморо офарид ва ба сӯйи Ӯ баргардонда мешавед.
22
وَمَا کُنتُمْ تَسْتَتِرُونَ أَن یَشْهَدَ عَلَیْکُمْ سَمْعُکُمْ وَلَا أَبْصَارُکُمْ وَلَا جُلُودُکُمْ وَلَـکِن ظَنَنتُمْ أَنَّ اللَّـهَ لَا یَعْلَمُ کَثِیرًا مِّمَّا تَعْمَلُونَ
Ва шумо аз ин,ки мабодо гӯш ва дидагон ва пустҳоятон алайҳи шумо гувоҳи диҳанд, "Гуноҳонатонро" пинҳон намедоштед, балки "Аз ин рӯй буд, ки" гумон мекардед Худованд бисёре аз корҳоеро, ки мекунед, намедонад.
23
وَذَلِکُمْ ظَنُّکُمُ الَّذِی ظَنَنتُم بِرَبِّکُمْ أَرْدَاکُمْ فَأَصْبَحْتُم مِّنَ الْخَاسِرِینَ
ва ин гумони "Ботили" шумо нисбат ба Парвардигоратон буд, ки шуморо ҳалок кард ва аз зиёнкорон шудед.
Дар паи гувоҳии аъзои бадан алайҳи муҷримон, онҳо ба шиддат хор ва расво шуда, бар сари онҳо фарёд бармеоваранд, ки чаро алайҳи мо гувоҳӣ медиҳед? Магар шумо даст ва по ва чашм ва гӯш ва пусти тани мо нестед? Ва магар мо солиёни дароз бо шумо набудем ва аз шумо муроқибат накардем? Пас чигуна аст, ки имрӯз ин чунин алайҳи мо сухан мегуед?
Посухи аъзои бадан низ қотеъ ва кубанда аст, онҳо мегуянд: мо ба хости худ ба сухан дарнаомадем, балки он Худое, ки дар дунё шуморо ба вуҷуд овард ва пас аз марг дубора офарид ҳар чизеро ба нутқ дароварда ва мо низ машмули иродаи илоҳӣ ҳастем.
Он ҳангом, ки дар дунё ба шумо мегуфтанд: Худое ҳаст Ӯ аз корҳои шумо огоҳ аст ва чизе аз Ӯ махфӣ нест, бовар намекадед мепиндоштед Худо бисёре аз аъмолеро, ки анҷом медиҳед намедонад, гумон намекардед, ки мо низ шоҳид бар аъмол ва гуфтори шумо ҳастем ва рӯзе ба сухан даромада ва алайҳи шумо гувоҳи медиҳем лизо дур аз инзори мардум муртакиби хилоф мешудед ва намедонистед, ки ҳам Худо аз асрори даруни ва беруни шумо огоҳ аст ва ҳам маъмурони Ӯ ҳама ҷо ҳамроҳи шумо ҳастанд ва бар аъмолатон назорат мекунанд дар ҳақиқат мо аъзои бадан шоҳид ва нозири корҳои шумо будем ба ҳар ҳол он бовари нодурусти шумо дар бораи Парвардигор муҷиби ҳалокати имрӯзи шумо шуд ва аз зиёнкорон шудед.
Лозим ба зикр аст, ки нутқ кардан, ба аъзои бадан ихтисос надорад на фақат аъзои бадани инсон дар қиёмат сухан мегуян балки дар Қуръон ба нутқи замин ва осмон ва дузах низ ишора шуда ва аз забони онҳо сухан ба миён омадааст шоирони бузург низ ин дидгоҳи Қуръонро дар қолаби шеър баён кардаанд:
Ҷумлаи зарроти олам дар ниҳон бо ту мегуянд рӯзону шабон
Мо самиъему басирему ҳушем
Бо шумо номаҳрамон мо хомушем
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ҳақиқати инсон, рӯҳи ӯст ва ҷисми абзорӣ дар ихтиёри ӯст, лизо дар қиёмат аъзои ҷисмонӣ метавонанд алайҳи ҳақиқати инсон гувоҳи диҳанд.
2 – Шоҳидони қиёмат, чунон дуруст ва дақиқ гузориш медиҳанд, ки инкорнопазир аст.
3 – Тамоми ашёи атрофи мо ва аъзои бадани мо, ки хомӯш ба назар мерасанд, рӯзе, ки Худо бихоҳад, ба сухан дармеоянд ва ончиро шоҳид будаанд, гувоҳӣ медиҳанд.
4 – Муҷримон аз гувоҳии аъзои бадан ғофиланд, лизо бар анҷоми гуноҳ ҷуръат пайдо мекунанд, дар ҳоле, ки агар инсон худро дар маҳзари Худо бубинад ошкор ва ниҳон барои ӯ фарқе намекунад ва ҳечгоҳ муртакиби хато намешавад.
5 – Бовари ғалат ва нодуруст дар мавриди Худованд, маншаи суқут ва ҳалокати инсон ва зиёнкории ӯст.