Апрел 06, 2020 09:47 Asia/Dushanbe

Қисмати 887 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 29-30

29

 

وَقَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا رَبَّنَا أَرِنَا اللَّذَیْنِ أَضَلَّانَا مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ نَجْعَلْهُمَا تَحْتَ أَقْدَامِنَا لِیَکُونَا مِنَ الْأَسْفَلِینَ                     

 

 

Ва кофирон гуянд: Парвардигоро! Онон, ки аз гуруҳи ҷин ва инс моро гумроҳ карданд ба мо нишон биде то онҳоро зери пойҳоямон бигзорем "Ва лагадмолишон кунем" то аз пастарини "Мардум" бошанд.

 

Дар ояти қабл, сухан дар бораи он даста аз кофирон буд, ки монее аз ин мешуданд, ки мардум оятҳои Қуръонро бишнаванд ин оят мефармояд: касоне, ки ба воситаи ин афрод гумроҳ шудаанд дар рӯзи қиёмат дар мақоми шикоят бармеоянд  онҳо аз Худо мехоҳанд афроди иғвогар ва шайтон сифате, ки ононро ба бироҳа ва бадбахтӣ кашонданд дар пастарин ва бадтарин ҷойи дузах ҷой диҳад, ҳамчунин иҷоза диҳад, ин гуруҳро зери пойи худ қарор дода ва лагатмол кунанд то онҳоро, ки дар дунё ҷойгоҳ ва мақоме доштанд ба наҳваи хор ва таҳқир кунанд.

 

Аз иноят меомӯзем:

 

1 – Кофирон дар қиёмат мекушанд, ки куфр ва гумроҳии худро ба гардани дигарон бияндозанд ва дигаронро омили гумроҳии худ муаррифӣ кунанд.

 

2 – Авомили гумроҳӣ ва инҳирофи башар бисёр аст: инсонҳои иғвогар ва шайтини гумроҳкунанда.

 

3 – Раҳбарони куфрпеша ва мунҳариф, ки дунё бо султа бар дигарон, онҳоро ба гумроҳӣ мекашонанд дар қиёмат пайравонашон орзӯ мекунанд, ки онҳоро зери пойи худ қарор хоҳанд.

 

30

 

إِنَّ الَّذِینَ قَالُوا رَبُّنَا اللَّـهُ ثُمَّ اسْتَقَامُوا تَتَنَزَّلُ عَلَیْهِمُ الْمَلَائِکَةُ أَلَّا تَخَافُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَبْشِرُوا بِالْجَنَّةِ الَّتِی کُنتُمْ تُوعَدُونَ        

 

Бегумон касоне, ки гуфтанд: Парвардигори мо Худост сипас "Бар ин ақида" истиқомат варзиданд фариштагон бар онҳо нозил мешаванд "Ва мегуянд:" натарсед ва андуҳгин мабошед ва шуморо ба биҳиште, ки ваъда дода шудед башорат бод.

 

Дар баробари кофирон ва гумроҳон, ки ба дунболи ҳар нидо ва даъвате, ки онҳоро ба сӯйи дунё ва лаззоти дунявӣ бихонад мераванл гуруҳе аз мардум ҳостанд, ки фақат даъвати паёмбаронро иҷобат мекунанд, онҳо танҳо ба Худои Якто имон меоваранд ва дигар ба ҳеч сухан ва нидое таваҷҷуҳ намекунанд, онҳо мегуянд Парвардигори мо Аллоҳ аст, онон бар пойи ин сухани худ меистанд ва аз он мунҳариф намешаванд. Имон ба қиёмат ва ваъдаҳои илоҳӣ, дар вуҷуди онҳо чунон маҳкам ва неруманд аст, ки ба ҷойи ваъдаҳои зудгузари дунявӣ, ба ваъдаҳои қатъӣ ва пойдори Худованд дил мебанданд лизо ҳеч омиле муҷиби сустии онҳо дар анҷоми вазоифи диннӣ намешавад.

Албатта мудаиёни имон ба Худо бисёанд вале дар амал идае истиқомат намекунанд, онҳо афроди суст ва нотавонанд, ки вақте дар баробари туфорни шаҳавот қарор мегиранл ё ҳангоме, ки манофиашон ба хатар меафтад ҳамон имони заифро низ аз даст медиҳанд дар воқеъ касоне, ки битавонанд дар баробари тамоилоти нафсонии худ ё дархостҳои нобаҷои наздикон ва дӯстон биистанд, киҳастанд ҳамчунин афроди каме ҳастанд, ки дар муқобили таҳдидҳо ва иқдомоти душман, дучори заъф ва сустӣ намешаванд.

Ба ҳар ҳол, суннати Худованд ин аст, ки муъминони ростинро ёрӣ кунад яке аз роҳҳои ёрии илоҳӣ, нузули фариштагон бар қалби муъминон аст, ки ба онҳо қуввати қалб ва умедро илқо мекунанд ба гунае, ки тарс аз душман ва хатароти оянда аз онон дур мешавад ва нисбат ба гузашта ғам ва андуҳе ба дил роҳ намедиҳанд, фариштагон ба чунин афроде биҳиштро башорат медиҳанд.

Бидуни шак башоратҳои фариштагон илоҳӣ дар рӯҳ ва ҷони инсонҳо нерӯ мебахшанд дар тундбодҳои сахти зиндагӣ ба онҳо нерӯ мебахшанд ва дар лағзишгоҳҳо онҳоро собитқадам мегардонанд.

Ин бадон хотир аст, ки дар дунё аз вазоифи муъминон ин буд, ки нафсро кантрул карда ва ба дунболи таманиёт ва хоҳишҳои саркаши нафсонӣ нараванд зеро муҷиби фасод ва табои онҳо мешуд. Аммо дар охират Худованд он маҳрумиятҳо ва мамнуиятҳоро ҷуброн карда ва ҳарчиро дилашон бихоҳад ба онҳо ато мекунад зеро Биҳишт ҷойи фасод ва табоҳе нест онҳо ба меҳмонии Худованди Бузург дар Биҳишти ҷовидон роҳ меёбанд меҳмононе, ки мизбонаш Худои Бахшанда ва Мерубон аст ва меҳмононаш инсонҳои пок ва биҳиштӣ ҳастанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Агар муъминони муқовим дар дунё дӯстони каме доранд аммо фариштагон дӯстони осмонии онҳо ҳастанд, ки дар дунё ва охират онҳоро ёрӣ ва пуштубонӣ мекунанд.

 

2 – Лаззатҳои биҳиштӣ фақат дар лаззот ва таманиёти модӣ ва ҷисмонӣ хулоса намешавад балки ҳарчие, ки барои инсон лазатофарин бошад дар онҷо муҳайёст бадеҳи аст, ки ҷойгоҳи хушиҳо ва лаззоти маънавӣ дар назди биҳиштиён камтар аз лазоти модӣ нест.

 

3 – Бархурди Худованд бо биҳиштиён барасоси раҳмат ва мағфират аст ва ин баёнгари бахшиш ва лутфи бепоёни Парвардигор нест ба онон аст.