Қисмати 888 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 31-36
Қисмати 888 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 31-36
31
نَحْنُ أَوْلِیَاؤُکُمْ فِی الْحَیَاةِ الدُّنْیَا وَفِی الْآخِرَةِ وَلَکُمْ فِیهَا مَا تَشْتَهِی أَنفُسُکُمْ وَلَکُمْ فِیهَا مَا تَدَّعُونَ
Мо дар зиндагии дунё ва дар охират, дӯстон ва ёварони шумоем ва барои шумо дар Биҳишт ҳарчӣ дилатон бихоҳад фароҳам аст ва дар онҷо ҳарчиро дархост кунед барои шумо ҳаст.
32
نُزُلًا مِّنْ غَفُورٍ رَّحِیمٍ
"Инҳо" пазирои аз ҷониби Худовади Омӯрзандаи Меҳрубон аст.
Дар идомаи оятҳои қабл, ки нозил шудани фариштагони илоҳӣ бар қалби муъминони воқеӣ хабар медод ин оятҳо мефармояд: онҳо на фақат дар дунё ёвар ва пуштибони рӯҳи муъминон ҳастанд балки дар охират низ ҳамчун дӯстони бовафо онро ёрӣ ва ҳамроҳӣ карда ва ба биҳишт роҳнамои мекунанд.
Дар дунё фариштагон ба муъминоне, ки аҳли пойдорӣ ва муқовиматанд пирӯзии ҳақ бар ботилро навид медиҳанд дар охират низ онҳоро ба суфраи густардаи илоҳӣ дар биҳишт даъват мекунанд дар онҷо ҳарчиро инсонҳо аз неъматҳо бихоҳанд ва талаб кунанд аз пеш барои онҳо фароҳам аст на танҳо неъматҳои модӣ балки ончӣ, ки аз мавоҳиби маънавӣ ва лаззотӣ рӯҳӣ низ дӯст дошта бошанд дар ихтиёри онҳост.
Ин бадон хотир аст, ки дар дунё аз вазоифи муъминон ин буд, ки нафасро кантрол карда ва ба дунболи таманиёт ва хоҳишҳои саркаши нафсонӣ нараванд, зеро муҷиби фасод ва табоҳии онҳо мешуд, аммо дар охират Худованд он маҳрумиятҳо ва мамнуиятҳоро ҷуброн карда ва ҳарчиро дилашон бихоҳад ба онҳо ато мекунад зеро биҳишт ҷойи фасод ва табоҳӣ нест онҳо ба меҳмонии Худованди Бузург дар биҳишти ҷовидон роҳ меёбанд меҳмоне, ки мизбонаш Худои Бахшанда ва Меҳрубон аст ва меҳмононад инсонҳои пок ва биҳиштӣ ҳастанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Агар муъминони муқовим дар дунё дӯстони осмонии онҳо ҳастанд, ки дар дунё ва охират онҳоро ёрӣ ва пуштубонӣ мекунад.
2 – Лаззатҳои биҳишт фақат дар лаззот ва таманиёти модӣ ва ҷисмонӣ хулоса намешаванд балки ҳар чизе, ки барои инсон лаззатофарин бошад дар онҷо муҳайёст бадеҳи аст, ки ҷойгоҳи хушиҳо ва лаззоти маънавӣ дар назди биҳиштиён камтар аз лаззоти модӣ нест.
3 - Бархурди Худованд бо биҳиштиён барасоси раҳмат ва мағфират аст ва ин баёнгари бахшиш ва лутфи бепоёни Парвардигор нест ба онон аст.
33
وَمَنْ أَحْسَنُ قَوْلًا مِّمَّن دَعَا إِلَى اللَّـهِ وَعَمِلَ صَالِحًا وَقَالَ إِنَّنِی مِنَ الْمُسْلِمِینَ
Ва кист хушгуфтортар аз касе, ки "Мардум" – ро ба сӯйи Худо даъват кунад ва кори шоиста анҷом диҳад ва бигуяд: ман аз мусалмононам?
Дар баробари касоне, ки мардумро аз шунидани сухани паёмбарон ва оятҳои Қуръон дур мекарданд ва иҷоза намедоданд ҳарфи ҳақ ба гӯши мардум бирасад ин оят мефармояд: бархе аз мардум бо гуфтор ва рафтори некашон мардумро ба сӯйи Худо даъват мекунанд.
Онҳо мегуянд, ки аз мусалмонон ҳастанд ва ба мусалмон будани худ ифтихор мекунанд.
Барасоси ин оят, ҳечкас суханаш аз даъват кунандагон ба сӯйи Худо ва мунодиёни тавҳид беҳтар нест ҳамонҳое, ки бо аъмоли неку ва шоистаашон даъвати забонии худро таъкид ва тасбит мекунанд албатта сарфи инки инсон худаш ҳақро бишносад ва ба он амал кунад кофи нест балки бояд дигаронро низ ба сӯйи Худо даъват кунад ва дар амал нишон диҳад, ки таслими Худованд аст ва дастуроти Ӯро дар зиндагӣ ба кор мегирад.
Дар ин хусус лозим аст, ки идае ба сурати тахасуси барои шинохти дин ва таблиғ ва нашри ойини ҳақ талош кунанд онҳо ҳамон олимон ва мубалиғони динӣ ҳастанд, ки вазифаи онҳо дифоъ аз киёни дин ва мубалиғони динӣ ҳастанд, ки вазифаи онҳо дифоъ аз дин ва зудудани осори шак ва тардид аз қулуби бандагони Худост.
Албатта иқдоми онҳо масъулятиро аз души дигарон барнамедорад дар воқеъ ҳар кас вазифа дорад, ки ба андозаи тавон ва имконоташ дигаронро ба дини Худо даъват кунад ва дар шиносондани ойини якто парастӣ ва густариши он бикушад.
Аз иноят меомӯзем:
1 – Беҳтарин сухан даъвати мардум ба сӯйи Худост албатта аз касе, ки худ аҳли амал бошад ва дар амал нишон диҳад, ки таслими Худост.
2 – Азон гуфтанд яке аз содатарин ва умумитарин масодиқи даъвати мардум ба сӯйи Худост.
3 – Ба мусалмон будан ва таслим будан дар баробари Худо ифтихор кунем ва дар асари таҳқир ва тамасхури мухолифон дучори заъф ва тарс ва сустӣ нашавем.
34
وَلَا تَسْتَوِی الْحَسَنَةُ وَلَا السَّیِّئَةُ ادْفَعْ بِالَّتِی هِیَ أَحْسَنُ فَإِذَا الَّذِی بَیْنَکَ وَبَیْنَهُ عَدَاوَةٌ کَأَنَّهُ وَلِیٌّ حَمِیمٌ
Неки бо бади яксон нест "Бади дигаронро" бо беҳтарин шева дафъ кун онгоҳ касе, ки миёни ту ва ӯ душмани аст ҳамчун дӯстӣ наздик ва самими мешавад.
35
وَمَا یُلَقَّاهَا إِلَّا الَّذِینَ صَبَرُوا وَمَا یُلَقَّاهَا إِلَّا ذُو حَظٍّ عَظِیمٍ
Албатта ин "Хислати хуб" – ро ҷуз касоне, ки аҳли сабр ва шикебоӣ ҳастанд, намеёбанд ва чуз касе, ки баҳрае бузург "Аз имон ва тақво" дошта бошад ба он ноил намешавад.
Мухолифони ҳақ ба бадгӯйи, ифтироъ, истиҳзоъ ва анвои фишор ва таҳдид рӯй меоваранд пас барои даъвати мухолифон ба роҳи мустақим бояд аз рӯҳия таҳамул ва шикебои баҳра дошт ба ҳамин дилил Худованд дар ин оятҳо мефармояд: гарчӣ онҳо аз шеваҳои нодурӯст барои мухолифон бо шумо истифода мекунанд вале шумо ҳақ надоред ҳамонанди онҳо рафтор кунед шумо бояд барасоси ҳақ амал кунед ва ҳаргиз бадиро бо бадӣ ва зиштиро бо зиштӣ посух надиҳед бояд шеваи шумо барасоси нармиш ва муҳаббат бошад лизо суханони тунд ва норавои ононро бо равиши неку ва бо суханони нарм ва мантиқӣ посух диҳед табии аст бо тадовуми ин рафтор дигаронро аз даруни мутаҳавил шуда кинаҳо ва адоватҳо раг мебозад ва онҳо ба дӯстӣ бо шумо мутамоил мешаванд.
Сираи зиндагӣ ва шеваи таблиғи Расули Худо ва аҳли байти он ҳазрат барпояи ҳамин таолими Қуръонӣ будааст онҳо ҳамвора бо мухолифони худ ба гунае бархурд мекарданд, ки аз сухан ё рафтори худ шарманда мешуданд чунон, ки дар моҷарои фатҳи Макка идае аз мусалмонон шиор интиқом сар медоданд аммо Расули Худо эъломи афви умум мекард ин бархурд ҷолиб ва шигефтангези паёмбар дилҳоро ба шидат таҳти таъсир қарор дод.
Албата таби аст ин шеваи бархурд бо мухолифон кори осоне нест ва ниёзманди рӯи бузург сабр ва шикебои аст дар ҳақиқат, инсон бояд дар партави имон ва худсози ба марҳалае аз камоли ахлоқӣ бирасад, ки осонии ҳиси интиқомҷӯйи дар ӯ шуълавар нашавад ва бадиҳоро бо неки посух гуяд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Як намунаи амали аз даъвати мардум ба сӯйи дини Худо ин аст, ки бадии онҳоро бо неки ва бархурди шоиста посух диҳем.
2 – Дар саҳнаи ҷанг бо душман муқобила ба мисли кори дуруст ва пазирифтани аст аммо равобити иҷтимои интиқом ва муқобила ба мисл нишонаи ношикебои аст муқобила ба мисл муҷиби афзиши танишҳо дар ҷомеа мешавад.
3 – Шикебои дар баробари сухан ё рафтори норавои дигарон ниёзманди он аст, ки инсон аз имон ва ахлоқи ҳасана баҳраи кофӣ дошта бошад.
36
وَإِمَّا یَنزَغَنَّکَ مِنَ الشَّیْطَانِ نَزْغٌ فَاسْتَعِذْ بِاللَّـهِ إِنَّهُ هُوَ السَّمِیعُ الْعَلِیمُ
Ва агар аз ҷониби шайтон дастхуши васвасае шуди пас ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ шунаво ва Доност.
Лозим ба зикр аст, ки васвасаҳои шайтоннӣ дар ашколи мухталиф ба суроғи инсонҳо меояд.
Яке аз масодиқи он ин аст, ки шайтон ҳамвора ба дунболи эҷоди кина ва кудурат дар миёни мардум аст ва аз барқарории сулҳ ва сафо ва самимият байни мардум ранҷ мебарад лизо Худованд дар ин оят хитоб ба паёмбар ва ҳамаи муъминон мефармояд: ҳар гоҳ дар роҳи даъвати мардум ба дини Худо суханони нораворо таҳамул кардед ва аз сари муҳабат ва дилсузӣ бо мардум сухан гуфтед шайтонсифатон чунин илқо мекунанд, ки набояд дар баробари мухолифон кутоҳ омад балки бояд мисли худашон амал кард ва ба онҳо посухи дандоншикан дод муроқиб бошед, ки ингуна имқоноти шайтонӣ аст гарчӣ аз забони бархе дустон ба гуши шумо бирасад.
Лизо ҳаргиз ба ин суханони тартиби асар надиҳед, барои расидан ба ҳадаф, ки ҳидояти мардум аст по рӯйи нафаси худ гузошта ва ба ҷойи хашимгин шудан аз ҳарфҳои нораво бо рӯйи кушода ва забони нарм бо мардум бархурд кунед худро ба Худованд биспоред ба сояи лутфи Ӯ паноҳ бибаред ва ба Ӯ эътимод кунед, ки Ӯ Шунаанда ва Огоҳ аст.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Интиқомҷӯйи аз корҳои бади дигарон, аз илқооти шайтонӣ аст ва посух додан ба корҳои дигарон бо суханони нарм ва ором аз сафоришоти илоҳӣ аст.
2 – Ҳар кас, ки инсонро ба анҷоми корҳои бад васваса кунад шайтон аст гарчӣ дар қолаби инсон бошад.
3 – Доруи раҳои аз васвасаҳои шайтон, паноҳ бурдан ба Худо ва тавба ба даргоҳи Ӯст.