Апрел 27, 2020 09:47 Asia/Dushanbe

Қисмати 889 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 37-40

37

 

وَمِنْ آیَاتِهِ اللَّیْلُ وَالنَّهَارُ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ  لَا تَسْجُدُوا لِلشَّمْسِ وَلَا لِلْقَمَرِ وَاسْجُدُوا لِلَّـهِ الَّذِی خَلَقَهُنَّ إِن کُنتُمْ إِیَّاهُ تَعْبُدُونَ   

 

Ва аз нишонаҳои "Қудрати" Ӯ, шаб ва рӯз ва хуршед ва моҳ аст на барои хуршед саҷда кунед ва на барои моҳ барои Худое, ки онҳоро офаридааст агар танҳо Ӯро мепарастед.

 

38

 

فَإِنِ اسْتَکْبَرُوا فَالَّذِینَ عِندَ رَبِّکَ یُسَبِّحُونَ لَهُ بِاللَّیْلِ وَالنَّهَارِ وَهُمْ لَا یَسْأَمُونَ                                                   

 

Пас агар "Аз парастиши Худо" такаббур варзиданд, касоне, ки назди Парвардигори ту ҳастанд шаб ва рӯзи Ӯро тасбиҳ мегуянд ва хаста намешаванд.

Дар оятҳои қабл сухан аз даъвати дигарон ба Худопарастӣ буд, ин оятҳо ба яке аз намунаҳои ширк дар тули таърих ишора карда мефамояд: хуршед ва моҳ аз махлуқоти Худо ҳастанд вале чигуна аст, ки иддае ба ҷойи парастиши Худои Бузург, ки офаринандаи хуршед ва моҳ аст худи инҳоро мепарастанд?

Ҳақиқат ин аст, ки шаб ва рӯз ва хуршед ва моҳ ҳамагӣ аз оёт ва нишонаҳои Павардигори Олам ҳастанд шаб, мояи оромиш ва рӯшноии рӯз, василаи ҷашн ва ҳаракат аст ин ду бо ҳам чархаи зиндагӣ инсонҳоро ба сурати мутаносиб ва муназам ба гардиш дармеоваранд агар ҳар кадом аз шаб ва рӯз абадӣ ва ё тулонимудат буд зиндагии мавҷудоти зинда дастхуши фанно мешуд ва замин қобили сукунат набуд.

Хуршед манбаи ҳамаи баракоти модии мавҷуд дар манзумаи шамсӣ аст бетардид, ҳаёт дар кураи замин, марҳум вуҷуди хуршед аст нӯр, гармо, ҳаракати бодҳо, нузули борон, рӯидани гиёҳон, расидани меваҳо ва ҳатто рангҳои зебои гулҳо ҳама аз партави вуҷуди хуршед аст ва агар хуршед набуд мавҷуди зиндае дар рӯйи замин падид намеомад, моҳ низ дорои ҳаракоти муназзам дар манзилгоҳҳои мухталиф равшанибахши шабҳои тор ва чароғи пурфуруғи раҳравони биёбонҳо ва камшудагони саҳроҳост.

Ҳамаи ин падидаҳои табиӣ махлуқи Худованд ва аз нишонаҳои ошкори Ӯ ҳастанд аммо гуруҳе аз мардум ба хотири баракоти фаровони моҳ ва хуршед, дар муқобили ин ду кавкаби пурфуруғи осмон саҷда мекарданд ва онҳоро мепаристиданд, бояд дид кадом ақли солим мепазирад, ки хуршед ва моҳ ба худи худ падид омадаанд?! Шумо бояд сар бар остон  касе бисойед, ки офаринандаи моҳ ва хуршед аст ва ҳамаи ин неъматҳо аз ӯ сарчашма мегирад.

Парастиши моҳ ва хуршед ба он мемонад, ки шумо тоблуи нақошии бисёр зебоеро бубинед ва ба ҷойи таҷлил аз нақоши забардасти он ва таъзим дар баробари ӯ худ тоблуро таъзим кунед.

Идомаи оят мефармояд: дар баробари даъват ба худопарастӣ гуруе аз инсонҳои ҳақҷу онро мепазиранд ва ба худопарастӣ рӯй меоваранд вале гуруҳе аз афрод ба хотири рӯҳияи истикборӣ ва таасуб бар ақоиди ниёгони худ дар баробари ҳақ мавзуъ мегиранд ва ҳозир ба тафаккур ва таақул нестанд.

Аз ин, ки бисёре аз мардуми нодон бар ақоиди нодурусти худ пофишорӣ мекунанд нороҳат нашавед зеро фариштагони муқарабе, ки дар пешгоҳи Худо ҳастанд ӯро ҳамд ва тасбеҳ мегуянд ва ҳечгоҳ аз ибодати Ӯ дучори малол ва хастагӣ намешаванд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

1 – Омад ва шуди шаб ва рӯз ва фавоиди фаровони онҳо барои инсон ва сойири мавҷудот, аз нишонаҳои қудрат ва ҳикмати Худованд аст.

 

2 – Шинохти табиат ва аносири муҳими ҳаёт беҳтарин роҳи худошиносӣ аст албатта барои касе, ки қасди шинохтани мабдаи офаринишро дошта бошад.

 

3 – Асли парастиш амри фитрӣ аст аммо бисёре аз мардум дар шинохти ин,ки чӣ чизеро бояд бипарастанд дучори хато мешаванд паёмбарон омадаанд то ин хостаи фитрии башарро ба масири дуруст ҳидоят кунанд.

 

4 – Таккабур ва бузургталабӣ, аз мавонеи шинохти ҳақиқи ва пазириши он аст.

 

5 – Худованд ниёзе ба парастиши бандагон надорад агар ҳамаи инсонҳо низ Худоро фаромӯш кунанд фариштагон таслими Ӯ ҳастанд ва шабонарӯз бидуни хастагӣ Ӯро тасбиҳ ва ситоиш мекунанд.

 

39

 

وَمِنْ آیَاتِهِ أَنَّکَ تَرَى الْأَرْضَ خَاشِعَةً فَإِذَا أَنزَلْنَا عَلَیْهَا الْمَاءَ اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ  إِنَّ الَّذِی أَحْیَاهَا لَمُحْیِی الْمَوْتَى إِنَّهُ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرٌ                                                          

 

Ва аз нишонаҳои "Қудрати" Ӯ ин аст, ки заминро хушк ва пажмурда мебини пас чун "Аз осмон" об ро бар он нозил кунем ба ҷунбиш даромад ва гиёҳ бируёнад албатта он кас, ки онро зинда мекунад қатъан зинда кунандааст бидуни шак Ӯ бар ҳар коре Тавоност.

 

Пас аз хуршед ва моҳ ин оят дар бораи замин ва манотиқи хушки он аст, ки бо нузули қатароти ҳаётбахши борон ба ҷунбиш дармеоянд ва ба манотиқи сар сабз ва хурам ва пур аз гул ва гиёҳ табдил мешаванд.

Хоки хушк ва беҷон, ки ҷуз хишт ва сафол ва саромик, маҳсуле аз он тавлид намешавад, бо ҷорӣ шудани об бар рӯйи замин, осори ҳаёт ва ҷилваҳои гуногуни он ошкор мешавад, бо резиши борон, замин бистаре барои равиши анвои гиёҳон ва дарахтон мешавад ва ҳаёт ва ҳаракат дар доманаи он падид меояд.

Воқеан кадом қудрат аст, ки бо фуру фиристондани қатароти борон, ин ҳамаи осори ҳаётро аз дили хоки мурда ошкор месозад? Бе тардид, ин аз нишонаҳои илм ва қудрати бепоёни Худованд аст, оё чунин худое, ки нишонаҳои қудраташ дар ҳамаҷо намоён аст, наметавонад дубора дар қиёмат, инсонҳои мурдаро зинда кунад: оё дар қудрати Ӯ шак доред ва ин корро муҳол медонед!?

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

Мазоҳири табии чун бод ва борон ва хок ва гиёҳ, ҳамагӣ нишонаҳое аз қудрати бепоёни Худованд ҳастанд пас ҳаргоҳ дар бораи қудрати Ӯ дучори шак шудем, назаре ба ингуна падидаҳои табии бияфканем.

 

2 – Шак дар қудрати Худо, аз далоили инкори миод тавассути иддае аз афрод аст, аз он,ки онҳо далоили маҳками ақлӣ бар нафии миод дошта бошанд.

 

40

 

إِنَّ الَّذِینَ یُلْحِدُونَ فِی آیَاتِنَا لَا یَخْفَوْنَ عَلَیْنَا  أَفَمَن یُلْقَى فِی النَّارِ خَیْرٌ أَم مَّن یَأْتِی آمِنًا یَوْمَ الْقِیَامَةِ  اعْمَلُوا مَا شِئْتُمْ  إِنَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِیرٌ                                                         

 

Бе гумон касоне, ки дар оятҳои Мо ба инҳироф мераванд, бар Мо пушида нест, оё касе, ки дар оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё он, ки дар рӯзи қиёмат амн ва "Осудахотир" меояд? Ҳарчӣ мехоҳед анҷом диҳед, Ӯ ба ончӣ мекунед, биност.

Дар баробари паёмбарон ва аҳли имон, ки мардумро ба сӯйи Худо даъват карда ва нишонаҳои Ӯро барои онҳо баён мекунанд, касоне ҳастанд, ки мардумро ба инҳироф ва гумроҳӣ мекашонанд, онҳо талош мекунанд, ки дигарон низ монанди худашон бедин шуда ва аз роҳи Худо ва паёмбарон фосила бигиранд.

Ин гуруҳ кушиш мекунанд бо суханони фиребанда ва ба зоҳири дуруст каломи илоҳӣ ва таолими паёмбаронро ба гунае тафсир кунанд, ки бо ақл ва хирад носозгор ҷилва кунад ва муҷиби гурези мардум аз китоби Худо шавад чунон, ки имрӯза низ макотиб ва ҷароёнҳое ҳастанд, ки абзорҳои мухталиф бавижа расонаҳо мекушанд миллатҳоро аз эътиқод ба дин ва миод мунҳариф кунанд.

Табии, аст кайфари чунин афроде, ки бо эҷоди шак, мардумро аз роҳи ҳақ бамегардонанд дар қиёмат, оташи сахти дузах аст, бархилофи касоне, ки бо шинохти ҳақиқат ва пазириши он, дар сойяи амни илоҳӣ қарор мегиранд ва дар ниҳояти амният ва оромиш дар биҳишт ба сар мебаранд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 -  Агар Худованд ба мунҳарифон ва гумроҳон муҳлат медиҳад, нишонаи ғафлат ё ноогоҳии ӯ нест, балки сунати Худованд муҳлат додан аст то ҳам ихтиёри афрод ҳифз шавад ва ҳам имкони тавба ва бозгашт барои онҳо фароҳам бошад.

 

2 – Дар охират низ, муҳимтарин неъмат барои башар, амнияти ҷисм ва рӯҳ ва оромиши хотир аст.

 

3 – Ихтиёр доштан, ба маънои маҷоз будани анҷоми ҳар коре нест, фақат корҳоеро метавон анҷом дод, ки бо мавозини ақлӣ ва шаръӣ созгор бошанд.