Қисмати 890 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 41-44
Қисмати 890 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 41-44
41
إِنَّ الَّذِینَ کَفَرُوا بِالذِّکْرِ لَمَّا جَاءَهُمْ وَإِنَّهُ لَکِتَابٌ عَزِیزٌ
Касоне, ки чун Қуръон ба сурғашон омад, ба он кофир шуданд "Ба кайфари худ мерасанд" ва ин "Қуръон" китоби арҷуманд "Нуфузнопазир" аст.
42
لَّا یَأْتِیهِ الْبَاطِلُ مِن بَیْنِ یَدَیْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ تَنزِیلٌ مِّنْ حَکِیمٍ حَمِیدٍ
Ҳеч ботиле аз пеши рӯ ва аз пушти сар ба он роҳ надорад, "Зеро" аз сӯйи Худованди Ҳаким ва сутуда нозил шудааст.
Дар оятҳои қабл сухан аз касоне буд, ки бо суханони фребанда ва бо таҳрифи дин кушиш мекунанд мардумро ба инҳироф кашонда ва асбоби гурези онҳоро аз дин ва Қуръон фароҳам кунанд, ин оятҳо мефармояд: ин Қуръон барои тазаккур нозил шудааст то инсонҳо аз хоби ғафлат бедор шуда ва ба фитрати поки Худои худ боз гарданд.
Аммо мутаасифона бархе аз мардум ба он кофир шуда ва ба инкори ҳақоиқи диннӣ бармеоянд, дар ҳоле, онҳо наметавонанд бо инкори худ чизе аз арзиши ин китоби осмонӣ бикоҳанд дар ҳоле, ки китоби Худо, мондагор ва шикастнопазир аст китобе аст, ки мантиқи он равшан, истидлолҳояш қавӣ ва таолимаш решадор аст.
Оятҳо дар тавсифи бештари азамати Қуръон мефармояд, ки ин китоб аз сӯйи Худованде нозил шуда, ки ҳамаи корҳояш аз рӯйи ҳикмат ва дар ниҳоят камол ва дурусте аст, табии аст китобе, ки аз сӯйи Худои Ҳаким ва сутуда нозил шуда на аз пеши рӯ ва на аз пушти сар, сухани ботиле ба он роҳ надорад.
Тақозое дар оятҳои он дида намешавад қавонин ва маорифи он бедуни хатост ва дасти таҳрифкунандагон аз он кутоҳ аст. Ба илова касе қодир нест ақоиқашро ибтол кунад дар оянда низ иктишофот ва пешрафтҳои илмии башар наметавонад онро нақшё хатшае ба он ворид кунад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Барои дури аз гумроҳӣ ва ғафлат дар дунёи пуртаниши имрӯз, Қуръонро тиловат кунем, ки мояи зикр ва ёдоварии ҳақоиқ аст.
2 – Қуръон аз ояндаи худ хабар медиҳад ба сароҳат эълом мекунад, ки хатшае ба он ворид намешавад таҳриф намегардад ва ҳаргиз ботил ба он роҳ намеояд.
3 – Тавтиаҳои гуногун алайҳи Қуръон, корсоз нест, лизо ҳарқадар, ки душманони Қуръон талош кунанд, наметавонанд онро аз саҳнаи ҷомеа ба ҳошия биронанд.
4 – Аз онҷо, ки оятҳои Қуръон, ҷилваи илм ва ҳикмати илоҳӣ аст, дуруст ва ҳакимона буда ва мабнои устуворе барои дини Ислом аст.
43
مَّا یُقَالُ لَکَ إِلَّا مَا قَدْ قِیلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبْلِکَ إِنَّ رَبَّکَ لَذُو مَغْفِرَةٍ وَذُو عِقَابٍ أَلِیمٍ
"Эй Паёмбар!" ба ту гуфта намешавад ҷуз ончӣ ба паёмбарони пеш аз ту гуфта шудааст, ба ростӣ Парвардигорат дорои омӯрзиш ва дорои кайфари дарднок аст.
44
وَلَوْ جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا أَعْجَمِیًّا لَّقَالُوا لَوْلَا فُصِّلَتْ آیَاتُهُ أَأَعْجَمِیٌّ وَعَرَبِیٌّ قُلْ هُوَ لِلَّذِینَ آمَنُوا هُدًى وَشِفَاءٌ وَالَّذِینَ لَا یُؤْمِنُونَ فِی آذَانِهِمْ وَقْرٌ وَهُوَ عَلَیْهِمْ عَمًى أُولَـئِکَ یُنَادَوْنَ مِن مَّکَانٍ بَعِیدٍ
Ва агар онро Қуръоне ғайри арабӣ қарор дода будем, ҳатман мегуфтанд: чаро оёташ равшан баён нашуда? "Китоби" ғайри арабӣ ва "Мардуми" араб забон!? Бигу: ин китоб барои касоне, ки имон овардаанд, "Мояи" ҳидоят ва дармон аст ва касоне, ки имон намеоваранд, дар гушҳояшон сангинӣ аст ва "Гуё куранд ва" Қуръон бар онон пушида "Ва номафҳум" аст, онҳо "Чун касоне ҳастанд, ки гуйё" аз роҳи дур нидо дода мешаванд "Вале садоро намешунаванд"
Дар идомаи оятҳои қабл, ки инкори мухолифони дин ишора дошт, ин ятҳо мефармояд: онҳо на фақат бо Қуръон мубориза мекарданд. Балки ба Паёмбари Ислом (с) низ нисбатҳои нораво медоданд ва ӯро ҷодугар ва шоир ва маҷнун мехонданд. Худованд хитоб ба Паёмбар ( с) мефармояд: паёмбарони пешин низ бо ингуна нисбатҳои нораво рӯ ба рӯ буданд ва гирифтори чунин мардумоне буданд пас ба суханони онон бе эътино бош ва бо сабр ва шикебоӣ рисолати хешро дунбол кун.
Табии аст, ки Худованд нисбат ба афроди ҷоҳил ва ғайри муқассир, аҳли афв ва бахшиш аст, аммо касоне, ки огоҳона ва аз рӯйи амд туҳмат мезананд ва бо Қуръон ва паёмбари илоҳӣ ба мубориза ва ситезаҷӯйи бармехезанд, гирифтори кайфари сахт мешаванд.
Яке аз баҳонаҳое, ки бархе аз мухолифони Паёмбари Ислом (с) меоваранд, ин буд, ки чаро китоби ту ба забони мост? Агар ту паёмбарӣ, муъҷизаҳои ин бошад, ки китобе ба ғайри забони арабӣ барои мо нозил кун то мо бифаҳмем, ки ту Паёмбари Худо ҳастӣ.
Худованд дар посух ба баҳонаҷӯйҳои ин гуруҳ мефармояд: агар Қуръонро ба забони ғайри арабӣ нозил мекардем, он вақт баҳона мегирифте, ки арабзабон ҳастем, оятҳои ин китоб равшан ва қобили фаҳм нест ва аз он сар дар намеоварем, акнун, ки ба забони арабӣ аст ва муҳтавои онро мефаҳмед бо сухани лағв ва беҳуда ва бо ҷор ва ҷанҷол мардумро аз шунидани он боз медоред.
Дар идомаи ин оятҳо омадааст, Қуръон барои касоне, ки имон овардаанд, мояи ҳидоят ва шафост ҳадафи он, ҳидояти шумо ба сӯйи зиндагии пок ва покиза дар дунё ва охират аст мехоҳад дилҳои шуморо шифо дода ва олудагиҳои ахлоқии шуморо пок кунад то ба камоли инсонӣ бирасад аммо мутаасифона иддае намехоҳанд ҳақро бубинанд ва на дӯст доранд онро бишнаванд гуйё чашми бино ва гӯши шунавое надоранд ва кур ва каранд агар онҳо бо рӯҳи имон ва ҳақталабӣ ба суроғи Қуръон меомаданд, дар партави оятҳои нуронии Қуръон ҳидоят меёфтанд ва бемориҳои рӯҳӣ ва ахлоқии онҳо шифо меёфт, аммо гуйё онҳо афроди нобино ва ношинавое ҳастанд, ки нуқтаи даври ононро садо мезананд, вале садоеро намешунаванд.
1 – Раҳбарон ва мубалиғони дин, бояд таҳамули носазогӯйҳои мухолифон ва суханони норавои онҳоро дошта бошанд.
2 – Ҳам бахшиш ва ҳам танбеҳи илоҳӣ аз рӯйи ҳикмат аст ва ҳар як дар ҷойи худ муҷиби ташвиқи некукорон ва танбеҳи бадкорон аст, гарчӣ раҳмати Худо бар ғазаби Ӯ пеши дорад.
3 – Баҳонаҷӯйии душманон нуқтаи поёнӣ надоард, мусулмонон ҳаргуна амал кунанд, боз ҳам онҳо дар садади айбҷӯйи ва набш задан бар меоянд.
4 – Қуръон китоби ҳидоят аст Қуръон дармони бемориҳои рӯҳӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ва ғайра аст албатта барои косоне, ки бихоҳанд аз ин нури ҳидоят баҳра бибаранд ва чашм ва гӯши худро бар он набанданд.