Қисмати 891 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 45-48
Қисмати 891 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 45-48
45
وَلَقَدْ آتَیْنَا مُوسَى الْکِتَابَ فَاخْتُلِفَ فِیهِ وَلَوْلَا کَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّکَ لَقُضِیَ بَیْنَهُمْ وَإِنَّهُمْ لَفِی شَکٍّ مِّنْهُ مُرِیبٍ
Ва Мо ба Мусо китоби "Осмонӣ Таврот" додем, пас дар он ихтилоф шуд ва агар набуд суннати собиқи Парвардигорат "Ки ба мардум муҳлат диҳед" миёни онон "Ба ҳалокат" доварӣ мешуд ва албатта инон низ "Чун қавми Мусо" дар бораи Қуръон, шаке ҳамроҳ бо бадгумонӣ доранд.
Ин оят хитоб ба Расули Худо (с) мефармояд: дар замони ҳазрати Мусо (а) низ қавми бани Исроил чунин баҳонаҳое мегирифтанд ва дар ҳақонияти Таврот ихтилоф мекардан, аммо Худованд бано надорад, ки кофиронро бедаранг кайфар диҳад, зеро таъҷил дар муҷозоти онҳо бо раҳмати илоҳӣ созгор нест, вагарна дар ҳамин дунё муҷозоти илоҳӣ ба суръат домони кофиронро мегирифт.
Албатта шак ва тардиди мушрикон дар бораи Қуръон аз навъи шакҳои табии нест, ки афрод бихоҳанд бо таҳқиқ ва ҷустуҷу шаки худро бартарф карда ва ба ҳақиқат бирасанд, балки шаки онҳо омехта бо бадбинӣ ва суи зан аст, онҳо ҳар рӯз баҳонае мегиранд ва шабеҳе матраҳ мекунанд то монеи имоновардани дигарон шаванд.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Раҳмати илоҳӣ иқтизо мекунад, ки ба кофирон ва гунаҳкорон муҳлат диҳад шояд тавба кунанд ва аз масири инҳирофи худ боз гарданд, агар чунин набуд ҳар касе бо аввалин хато ва инҳироф дучори кайфар шуда ва парвандаи умраш баста мешуд.
2 – Шак, пила барои расидан ба ҳақиқат аст, шак бояд муқадама саввол ва пурсиш барои кашфи ҳақиқат бошад на василае барои эҷоди суи зан ва нафии ҳақиқат!
46
مَّنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِنَفْسِهِ وَمَنْ أَسَاءَ فَعَلَیْهَا وَمَا رَبُّکَ بِظَلَّامٍ لِّلْعَبِیدِ
Ҳар кас кори шоистае кунад, ба суд худи ӯст ва ҳар кас бадӣ кунад, ба зиёни худи ӯст ва Парвардигорат ҳаргиз ба бандагон ситам намекунад.
Дар идомаи ояти қабл, ки ба сунати илоҳӣ дар мавриди кофирон ишора кард, ин оят низ ба яке аз сунатҳои илоҳӣ, ки дар воқеъ як қонуни куллӣ дар мавриди аъмоли инсонҳост мепардозад ва он ин, ки ҳар кас амали солеҳе анҷом диҳад нафъаш барои худи ӯст ва ҳаркас бадӣ кунад ба хештан бадӣ кардааст, ба иборати подош ва кайфари ҳар кас, мутаносиб бо амали худи ӯст ва ҳар кас меваи ширин ё талхи аъмоли хешро мечинад, зеро Худованд ҳаргиз ба бандагонаш зулм намекунад.
Нуктаи дигар ин, ки дар ҷавомеи башарӣ, низоми кайфар ва подош ботаваҷҷуҳ ба таносуб байни амал ва кайфари он ва ба сурати маҷмуае аз қарордодҳо танзим шудааст аммо низоми кайфар ва подоши илоҳӣ, аз навъи қарордоде нест, балки мубтани бар робитаи амал ва аксуламал аст, ки амри айнӣ ва такунӣ аст.
Ба унвони мисол агар касе огоҳона ғазои олуда ё масмумиро бихурад, дучори беморӣ ва дард ва ранҷи шадид мешавад, ин дард ва ранҷ, кайфари ғазои носолиме аст, ки ӯ масраф кардааст ва наметавонад дигаронро дар ин маврид сарзниш кунад, бидуни шак, куфр ва гуноҳ дорои осор ва табаоти манфӣ бар рӯҳ ва равони инсон аст, ин осор дар дунё ба ишколи гуногуне зоҳир мешавад, ки дар ҳақиқат, кайфари дунявӣ куноҳ аст, дар охират низ асари гуноҳ бар рӯҳ ва равони инон, ба сурати азоб ва оташи дузах мешавад.
1 – То вақте дар анҷоми корҳо, дорои ихтиёр ва ирода ва ҳақи интихоб ҳастем, наметавонем паёмадҳои кори худро ба дигарон нисбат диҳем.
2 – Мусибатҳо ва ҳаводиси ногувор зиндагиро ба Худо нисбат надиҳем, чаро, ки Худованд ба касе зулм намекунад мусибатҳо маҳсули кори худи мост.
47
إِلَیْهِ یُرَدُّ عِلْمُ السَّاعَةِ وَمَا تَخْرُجُ مِن ثَمَرَاتٍ مِّنْ أَکْمَامِهَا وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنثَى وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِ وَیَوْمَ یُنَادِیهِمْ أَیْنَ شُرَکَائِی قَالُوا آذَنَّاکَ مَا مِنَّا مِن شهید
Огоҳӣ ба замони вуқуи қиёмат, танҳо ба Худованд боз мегарад ва ҳеч мевае аз шукуфаи худ хориҷ намешавад, ва ҳеч модае борвар намешавад ва намезояд, магар ба илми Ӯ, ва рӯзе, ки "Худованд" мушриконро нидо диҳад: шарикони Ман "Ки мепиндоштед" куҷо ҳастанд? Мегуянд: бо бонги расо ба Ту мегуем, ки ҳеч гувоҳе надорем.
48
وَضَلَّ عَنْهُم مَّا کَانُوا یَدْعُونَ مِن قَبْلُ وَظَنُّوا مَا لَهُم مِّن مَّحِیصٍ
Ва ончиро аз пеш "Ба худое" мехонданд аз назди онон гум мешавад ва мефаҳманд, ки ҳеч роҳи фироре надоранд.
Дар идомаи ояти қабл сухан аз ин буд, ки Худованд дар кайфар ва подош ба бандагонаш ситам намекунад. Ин оят мефармояд: ҳеч кас аз замони барпойии қиёмат ва воқеии онҷо хабаре надорад ва илми он фақат махсуси Худост, гарчӣ Худованд бархе ихтиёри марбут ба қиёматро аз тариқи фиристодагонаш ба мардум эълон кардааст, бо ин ҳол, асрори он олам бар инсон пушидааст.
Дар идомаи оят мефармояд: на фақат асрори қиёмат, балки бисёре аз асрори ин олам низ, ки бар шумо инсонҳо номаълум аст, бар Худованд равшан ва ошкоро аст, чунон,ки ҳар мевае, ки борвар мешавад ва ғилоф ва пусти худро шикофта ва сар берун меоварад ё инсон ё ҳайвони модае, ки бордор мешавад ва ҳамли худро бар замин мегузорад, ҳама ба мақзои илм ва ҳикмати Парвардигор аст.
Идомаи оят дар хусуси мушриконе, ки қиёматро инкор мекунанд, мефармояд: дар додгоҳи қиёмат аз онҳо саввол мешавад: ашёъ ва афродеро, ки шарики Худо мепиндоштед ва ба онҳо паноҳ мебурдед, куҷо ҳастанд то имрӯз ба фарёдатон бирасанд ва шуморо наҷот диҳанд? Онҳо посухе надоранд ҷуз ин.ки бигуянд: мо ҳеч гувоҳе бар гуфтаҳо ва бовариҳои худ надорем, имрӯз мефаҳмем, ки ончӣ мегуфтем ботил ва беасос будааст онҳо дар ин ҳол, бо чашмони худ мебинанд аз он маъбудҳое, ки шарики Худо ва ёрикунандаи худ дар рӯзҳои сахтӣ ва бечорагӣ мепиндоштанд, асаре нест ва ҳама аз назарашон маҳв ва нобуд шудаанд, онҳо ба хуби дармеёбанд, ки ҳеч паноҳгоҳ ва роҳи фироре надоранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Надонистани замони қиёмат, далиле ба нафии он нест, чунон, ки аз замони бархе умури дигар низ огоҳ нестем, дар ҳоле, ки вуқуи онҳо аз назари мо ҳатмӣ аст.
2 – Илми Худованд фақат марбут ба кулиёти ҷаҳон нест, балки ҳатто ҷузъитарин умуре, ки инсонҳо аз он огоҳ нестанд, ва ё аз он ғофиланд, дар назари Худованд маълум ва ошкор аст.
3 – Дар дунё ба суроғи касоне наравем, ки дар қиёмат ҳеч коре аз дасташон сохта нест, дар онҷо мушрикон, аҷзи худ ва маъбудҳояшонро бо бонги расо эълон мекунанд.
4 – Дар саҳнаи қиёмат, ҳақ чунон ҷилва мекунад, ки ҳамаи маъбудҳои ботил ранг бохта ва пуч будани онҳо равшан мешавад. Дар он ҳангом мушрикон гузаштаи худро табоҳ ва ботил ва ояндаи хешро дар ин бунбаст мебинанд.