Қисмати 892 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 49-54
Қисмати 892 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 49-54
49
لَّا یَسْأَمُ الْإِنسَانُ مِن دُعَاءِ الْخَیْرِ وَإِن مَّسَّهُ الشَّرُّ فَیَئُوسٌ قَنُوطٌ
Инсон аз дархости "Ончӣ" хайр "Мепиндорад" хаста намешавад ва ҳаргоҳ шарре ба ӯ бирасад, маъюс ва ноумед мешавад.
Инсонҳои бе имон ё сустимон, кутоҳфикр ва кам зарфиятанд ин афрод аз касби мол ва сарват барои расидан ба рифоҳ ва роҳати бештар дар дунё хаста намешавад ва ҳарчӣ бештар ба даст оваранд, боз ҳам афзунтар мехоҳанд ва ҳаргиз сер намешаванд.
Аммо агар дунё ба онҳо пушт кунад, ё гирифтори мусибате шаванд ва ё бадӣ ва тангдастӣ ба онҳо бирасад, дучори ноумедии шадид мешаванд, ба гунае, ки гуё дунё ба охир расидааст, дар воқеъ ин инсонҳои тарбиятнаёфта, дар маҳдудаи олами модӣ гирифторанд.
Онҳо ба ҳангоми иқболи дунё, масрур ва мағруранд ва ба ҳангоми пушт кардани дунё, мағмум ва маъюс мешаванд.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Инсон ба таври табии гирифтори ҳирс ва тамъ ва афзӯнталабӣ аст ва ҳамаи чизҳои хубро барои худ мехоҳад. Аммо таолими барчастаи паёмбарон, инсонро ба гунае тартиб мекунад, ки аҳли инфоқ ва исор бошад ва дигаронро низ дар назар бигирад.
2 – Эҳсоси ноумеди ва бунбаст дар зиндагӣ, нишонаи он аст, ки фард камзарфият ва сустимон аст, муъмини воқеӣ ҳечгоҳ ба бунбаст намерасад.
50
وَلَئِنْ أَذَقْنَاهُ رَحْمَةً مِّنَّا مِن بَعْدِ ضَرَّاءَ مَسَّتْهُ لَیَقُولَنَّ هَـذَا لِی وَمَا أَظُنُّ السَّاعَةَ قَائِمَةً وَلَئِن رُّجِعْتُ إِلَى رَبِّی إِنَّ لِی عِندَهُ لَلْحُسْنَى فَلَنُنَبِّئَنَّ الَّذِینَ کَفَرُوا بِمَا عَمِلُوا وَلَنُذِیقَنَّهُم مِّنْ عَذَابٍ غَلِیظٍ
Ва агар пас аз ранче, ки бар ӯ расидааст, раҳмате аз худ ба ӯ бичашонем, бо таъкид мегуяд: ин ҳақи ман аст "Ва ман сазовори онам" ва гумон намекунад, ки қиёмате барпо шавад ва агар ҳам ба сӯйи Парвардигорам бозгардонда шавам, барои ман назди Ӯ беҳтарин "Подош" хоҳад буд.
Пас мо кофиронро аз ончӣ кардаанд, огоҳ хоҳем сохт ва қатъан аз азоби сахт ба онҳо хоҳем чашонд .
51
وَإِذَا أَنْعَمْنَا عَلَى الْإِنسَانِ أَعْرَضَ وَنَأَى بِجَانِبِهِ وَإِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ فَذُو دُعَاءٍ عَرِیضٍ
Ва ҳаргоҳ ба инсон неъмате бидиҳем, рӯй мегардонад ва худро канор мекашад ва ҳаргоҳ осебе ба ӯ бирасад "Барои бартараф шуданаш" ба дуои фаровон ва тулонӣ рӯй меоварад.
Ояти қабл вижагии инсонҳои беимон ва кам зарфиятро дар ҳангоми хушиҳо ва номулоимот баён кард, ин оятҳо ҳамон матлабро ба тафсил баён карда ва мефармояд: ин афрод дучори ғуруре ҳастанд, ки иҷоза намедиҳад Худоро дар зиндагии худ бубинанд ҳамаи ончиро, ки онҳо доранд, аз неъматҳои Худост, бо ин ҳол ба ҷойи шукури неъматҳои Ӯ, мегуянд: ончӣ дорам ба далили лаёқат ва шоистагии ман аст ва Худо бо дигарон нақше дар он надоштаанд.
Ин ғурур, саранҷом инсонро ба инкори миод мекашонад, лизо мункири қиёмат ҳам мешавад ва бо итминон мегуяд: қиёмате даркор нахоҳад буд аммо агар барфарзи маҳол, қиёмате ҳам бошад, ҳақи ман онаст, ки онҷо низ авзоъ ва аҳволам хуб бошад ва дар авҷи роҳатӣ ва осоиш басар барам , аммо Худованд дар бораи ин афроди хирасар мефармояд, ки Мо ба зуди онҳоро аз аъмоле, ки анҷом додаанд, огоҳ мекунем ва дар қиёмат аз азоби шадид ба онҳо мечашонем.
Идомаи оятҳо ба вижагии дигар ингуна афроди бе имон ва кам зарфият ишора карда ва мефармояд: дар ҳангоми рифо ва хушӣ ва рӯй овардани неъматҳо, Худоро фаромӯш мекунанд ва бо такабур аз таолими дини Худо рӯйи бармегардонанд, ба гунае, ки гуё ба Худо эътимод надоранд ва Худо нақше дар зиндагии онҳо надорад, аммо вақте масониб ва мушкилот ба онҳо рӯй меоваранд. Худоро садо мезананд ва ба таври мустамар дуо мекунанд ва чунон Ӯро мехонанд, ки гуё омидли мушкилоти онҳо Худост!
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Инсонҳои мунҳариф ва тарбият нашуда, кам зарфият ва мағруранд онҳо бо расидан ба неъмат, дучори ғурур ва мастӣ мешаванд ва фақат худро мебинанд.
2 – Неъматҳои илоҳӣ ҳокӣ аз лутф ва раҳмати Ӯст на лаёқат ва истиҳқоқи мо аз Худо талабе надорем, балки бадеҳкори Ӯ ҳастем ва бояд шукури Ӯро ба ҷой оварем.
3 – Бархурдор будан аз қудрат ва сарват ва имконоти дунявӣ, нишонаи маҳбуб будани афрод назди Худо нест, ингуна афрод набояд интизор дошта бошанд, ки дар қиёмат низ ҳамин шароит барои онҳо фароҳам бошад.
4 – Муроқиб бошем, ки дар ҳангоми рифо ва хушӣ, дучор ғафлат аз Худо нашавем ва фаромини ӯро ба фаромӯшӣ насупорем, ки дар он сурат, неъматҳо ба нақмат ва заҳмат табдил мешаванд.
52
قُلْ أَرَأَیْتُمْ إِن کَانَ مِنْ عِندِ اللَّـهِ ثُمَّ کَفَرْتُم بِهِ مَنْ أَضَلُّ مِمَّنْ هُوَ فِی شِقَاقٍ بَعِیدٍ
Бигу: ба ман хабар диҳед, ки агар "Ин Қуръон" аз сӯйи Худо бошад, сипас шумо ба он кофир шавед, чӣ касе гумроҳтар аз касе аст, ки дар мухолифати шадид "Бо Қуръон" бошад?
53
سَنُرِیهِمْ آیَاتِنَا فِی الْآفَاقِ وَفِی أَنفُسِهِمْ حَتَّى یَتَبَیَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ یَکْفِ بِرَبِّکَ أَنَّهُ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ شَهِیدٌ
Мо ба зудӣ нишонаҳои худро дар атрофи ҷаҳон ва дар нуфуси худашон ба онҳо нишон медиҳем то бар эшон равшан шавад, ки Ӯ ҳақ аст, оё кофӣ нест, ки Парвардигорат бар ҳамаи чиз гувоҳ аст?
54
أَلَا إِنَّهُمْ فِی مِرْیَةٍ مِّن لِّقَاءِ رَبِّهِمْ أَلَا إِنَّهُ بِکُلِّ شَیْءٍ مُّحِیطٌ
Огоҳ бошед, ки онон аз мулоқоти Парвардигорашон "Дар қиёмат" дар шаки амиқанд, огоҳ бош, ки Ӯ ба ҳар чизе иҳота дорад.
Дар идомаи оятҳои қабл, ки сухан аз афроди мушрик ва кофир буд, ин оятҳо ибтидо мефармояд: оё шумо эҳтимоли ҳам намедиҳед, ки Қуръон аз ҷониби Худо бошад ва ингуна бо он муқобила ва мухолифат мекунед? Агар ин китоб аз ҷониби Худо бошад ва ончӣ дар бораи биҳишт ва дузах дар он зикр шуда дуруст бошад, шумо дар қиёмат чӣ хоҳед кард? Пас қадре таамул кунед ва аз тақлиди ниёгон ва таасубҳои нобаҷо даст бардоред ва ба дунболи ҳақиқат бошед.
Сипас дар идома мефармояд: нишонаҳои вуҷуди Худованд аз офоқ ва атрофи ҷаҳон ва дар даврони инсонҳо бисёр аст чаро ба онҳо таваҷҷуҳ намекунед, то барои шумо равшан шавад, ки Худованд ҳақ аст? Агар дар китоби шариат шак доред оё дар китоби табиат ҳам шак доред, ки ин ҳастӣ бо аззамат ниёзманди офаридгор ва Парвардигори Доно ва Тавоно аст.
Оятҳои илоҳӣ дар ҷаҳон, чун офариниши хуршед ва моҳ ва ситорагон бо низоми дақиқе, ки бар онҳо ҳоким аст ва офариниши анвои ҷондорон, гиёҳон, куҳҳо ва дарёҳо бо аҷоиб ва шигифтиҳои бешумори онҳо, ки ҳар рӯз асрори тозае аз онҳо кашф мешавад, ҳар як нишонае аз ҳақонияти зоти поки Ӯст.
Ҳамчунин оятҳои илоҳӣ дар вуҷуди инсон, чун дастгоҳҳои мухталифи бадан назири дастгоҳи нафас, дастгоҳи гувориш, дастгоҳи гардиши хун ва ҳаракоти муназами қалб, сохтмони ҳайратангези мағз ва дигар дастгоҳҳо ва аъзои бадан, ҳар як китобе аз маърифати офаридгори ҷаҳон аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин,ки дар ҷумла "Оёти Худро нишон медиҳем" аз феъли музориъ истифода шуда, далил бар истимрор аст, яъне дар оянда низ оятҳои худро нишон медиҳем, дар воқеъ башар бо ҳамқадами пешрафт дар илм, парда аз рӯйи асрори шигифтангезе бармедорад, ки илм ва қудрати офаринандаи ҷаҳонро нишон медиҳад, ба иборати ҳар кашфи илмӣ ҷадид, ҷилвае аз қудрат ва ҳикмати Худо ва гоме ба сӯйи Худошиносӣ аст.
Аммо мутаасифона ин афрод ҳам дар мабдаи ҳастӣ шак доранд ва ҳам дар поёни ҳастӣ ва мулоқоти Парвардигор дар шак ва тардиданд. Албата шак ва тардиди онҳо табии нест, ки бо таҳқиқ ва барраси бартараф шавад, балки шаки ношӣ аз сӯйи зан ва адами тамоил ба пазириши ҳақ ва ҳақиқат аст онҳо чун дучори ғафлат ва ғуруранд ва мулоқоти Парвардигорро фаромӯш кардаанд, ба ҳисоб ва ҷазо имон надоранд, лизо ба кори зишт ва нангине даст мезананд, аммо бояд бидонанд, ки Худованд ба ҳар чизе иҳота дорад, ҳамаи аъмол ва гуфтори онҳо дар пешгоҳи илмаш равшан аст ва корҳои онҳо барои расидагӣ дар додгоҳи қиёмат сабт ва забт хоҳад шуд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Инсони оқил, агар эҳтимол диҳад, ки зарар ва хатари бузурге дар пеш аст, муроқибат карда ва аз зарарҳои эҳтимолӣ низ дурӣ мекунад, ҳатто эҳтимоли вуқуи қиёмат ҳам бояд инсонро аз гуноҳ ва хилоф боз дорад.
2 – Тамоми олами ҳастӣ, клоси дарси Худошиносӣ аст, аам аз вуҷуди инсон ва дигар мавҷудоти назири гиёҳон ва ҳайвонот ва низ замин ва осмон ва ситорагон ва каҳкашонҳои дур аст.
3 – Имон ба мабдаъ ва миод аз якдигар ҷудо нест зеро ҳам оғоз ва ҳам анҷоми ҷаҳон ба дасти Худои Яктост.