Май 28, 2020 04:41 Asia/Dushanbe

Қисмати 893 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 1-6

    بسم الله الرحمن الرحیم                      

 

 

Ин сура 53 оят дорад ва дар Макка нозил шудааст, номи ин сура аз ояти 38 ин сура аст, дар ин оят, Худованд муъминонро ба машварат дар корҳо сафориш кардааст.

 

1

حم                                   

Ҳо, Мим

 

2

عسق                                 

 

Айн, Син, Қоф.

 

3

کَذَلِکَ یُوحِی إِلَیْکَ وَإِلَى الَّذِینَ مِن قَبْلِکَ اللَّـهُ الْعَزِیزُ الْحَکِیم

 

Ингуна Худое Азиз ва Ҳаким ба ту ва касоне, ки пеш аз ту будаанд, ваҳӣ мекунад.

 

4

 

لَهُ مَا فِی السَّمَاوَاتِ وَمَا فِی الْأَرْضِ وَهُوَ الْعَلِیُّ الْعَظِیمُ       

 

Ончӣ дар осмонҳо ва ончӣ дар замин аст, аз они Ӯст ва Ӯ баландмартаба ва Бузург аст.

 

Иин сура монанди 28 сураи дигари Қуръон бо ҳарфҳои мақтаа оғоз шудааст, чунон, ки пеш аз ин низ гуфтаем дар ин сураҳо пас аз ҳарфҳои мақтаа аз Қуръон сухан ба миён омаддааст.

Гуё Худованд мехоҳад бифармояд: ин китоб аз ҳамин ҳарфҳои алифбое, ки дар ихтиёри шумост назм ва таълиф ёфтааст агар шумо ҳам метавонед мисли онро биёваред дар воқеъ яке аз долоили эъҷози Қуръон ин аст, ки Худованд аз ҳамин ҳарфҳо ва калимаҳои маъмулие, ки дар дастраси умум аст, ҷумалот ва таркиботи сохтае, ки ҳечкас наметавонад мушобеҳи онро биёварад.

Дар ин сура пас аз ҳарфҳои мақтаа мефармояд: ҳамонгуна, ки ба ту ваҳӣ кардаем ба паёмбарони пешин низ ваҳӣ шудааст ва ҳамон Худое, ки барои ҳидояти мардум дар тули таърих ба паёмбарони пешин ваҳӣ намуд, Қуръонро ба ту ваҳӣ кардааст.

Пас сарчашмаи ваҳӣ дар ҳаминҷо яке аст ва муҳтавои кулли ваҳӣ дар усул ва калимот барои ҳамаи паёмбарон яксон будааст, албатта ҳикмати Худованд иҷобат мекунад, ки ваҳӣ аз ҳар назар ҳакимона ва ҳамоҳанг бо ниёзи башар барои рӯшд ва камол бошад.

Идомаи оятҳо ба ин ишора мекунад, ки ончӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ҳамон Худое, ки ҷаҳонро офарид ва соҳиб ихтиёри осмон ва замин ва ҳамаи мавҷудот аст ҳам Ӯ барои ҳидояти мардум ва тадбири умури онҳо, китоб ва шариатро фиристодааст бадин тартиб маншаи шариат ва табиат яке аст ва миёни таквин ва ташрии дугонагие вуҷуд надорад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳамаи паёмбарон ба як сарчашма мутасиланд ва аз як манбаъ ваҳӣ дарёфт мекунанд лизо усули даъвати ҳамаи онҳо яке аст ва аз ин ҷиҳат тафовуте миёни авалин ва охарини паёмбари илоҳӣ нест.

 

2 – Ваҳй аз сӯйи Худои Азиз ва Ҳаким аст ва амал ба омӯзаҳои он, муҷиби иззат ва устувории инсон мешавад.

3 – Сарчашмаи ваҳӣ илм ва ҳикмати илоҳӣ аст лизо муҳтавои Қуръон, маҳкам ва мондагор аст.

 

4 – Ташриъ ва қонунгузорӣ барои зиндагии башар, фақат шостаи касе аст, ки офариниши инсон ва ҷаҳон ба дасти Ӯст.

 

5

 

تَکَادُ السَّمَاوَاتُ یَتَفَطَّرْنَ مِن فَوْقِهِنَّ وَالْمَلَائِکَةُ یُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَیَسْتَغْفِرُونَ لِمَن فِی الْأَرْضِ  أَلَا إِنَّ اللَّـهَ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِیمُ                                                             

Наздик аст, ки осмонҳо аз фарозашон бишкофанд ва фариштагон, Парвардигорашонро ҳамроҳ бо сипос, тасбиҳ мегуянд ва барои касоне, дар замин ҳастанд. Омӯрзиш металабанд, огоҳ бошед, ки Худо омӯрзанда ва меҳрубон аст.

 

6

 

وَالَّذِینَ اتَّخَذُوا مِن دُونِهِ أَوْلِیَاءَ اللَّـهُ حَفِیظٌ عَلَیْهِمْ وَمَا أَنتَ عَلَیْهِم بِوَکِیلٍ                                                       

 

Ва касоне, ки ба ҷойи Ӯ саваронеро "Ба парастиш" гирифтаанд, Худо муроқиби онон аст ва ту бар онҳо вакил нестӣ "То ба имон водорашон куни"

 

Дар оятҳои қабл сухан аз ваҳӣ илоҳӣ буд, ин оятҳо мефармояд: аззамати ваҳӣ ва каломи Худо ба гунае аст, ки агар ба осмонҳо нозил мешуд аз ҳам мешикофтанд ва пора  - пора мешуд, чунон, ки дар ояти 21 сураи Ҳашр мехонем, ки агар Қуръон бар кӯҳ нозил мешуд, аз тарси Худо аз ҳам фуру мепошид.

Фариштагони илоҳӣ, Худовандро ба хотири ваҳӣ бар паёмбарон, ки мойяи ҳидояти инсонҳост, пайвастаи ҳамд ва тасбеҳ мекунанд ва Ӯро аз ҳар айб ва нуқсе муназзаҳ мешумуранд, онҳо барои инсонҳое, ки мумкин аст дуҷори лағзиш ва хато шаванд, омӯрзиш талаб мекунанд, чаро, ки медонанд Худованд Бахшанда ва Меҳрубон аст ва бинои Ӯ гузашт аз хатоҳои бандагон аст то роҳе барои бозгашти онҳо ба сӯйи Худо боз бошад.

 

Албатта равшан аст касоне мавриди омӯрзиш қарор мегиранд, ки огоҳона ва аз рӯйи амд, муртакиби хато нашуда бошанд, вагарна заминае барои омӯрзиши инснҳои лаҷуҷ ва хирасар вуҷуд надорад.

Идомаи оятҳо ба ҳамин нукта ишора карда ва мефармояд: гуруҳе аз мардум ба ҷойи он,ки Худо ва паёмбарашро сарпарасти худ бидонанд ва ба дунболи итоат аз онҳо бошанд, ба суроғи ғайри Худо рафта ва ҳокимияти онҳоро дар зиндагӣ пазируфтаанд, ин афрод дарвоқеъ гирифтори куфр ва ширк шуда ва даъвати паёмбаронро бе посух гузоридаанд.

Табии аст, ки паёмбари худро масули ҳидояти мардум медонад ва дӯст дорад инсонҳо ба сӯйи Худо ҳидоят шаванд ва вақте мебинад, ки иддае аз мардум ба роҳи Худо бе иътино ҳастанд, андуҳнок ва нороҳат мешаванд, лизо Худованд дар ин оятҳо хитоб ба Паёмбари Ислом (с) мефармояд: гумон накун, ки ту вакили мардум ҳастӣ ва онҳо маҷбуранд даъвати туро бипазиранд, ту масули корҳои онҳо нестӣ ва барои иҷбори онҳо мабъус нашудаи. Худованд инсонҳоро озод офарид ва ба онҳо ирода ва ихтиёр дода, ки роҳашонро худашон интихоб кунанд.

 

Бо ин ҳол, ҳар кас натиҷаи интихоби худро хоҳад дид, зеро Худованд, ки Холиқи инсонҳост муроқиби аъмоли ҳамаи мардум аст.

Албатта ҳаркас ба дунболи роҳи бад ва корҳои ношоист биравад дар дунё ва охират бо паёмадҳои кори худ мувоҷеҳ хоҳад шуд ва ҳар кас роҳи дуруст ва амали некуро интихоб кунад, ҳосили онро хоҳад дид.

 

Аз ин оятҳо мемӯзем:

 

1 – Қалби бархе инсонҳо аз санг сахттар аст агар Қуръон бар осмонҳо нозил мешуд мешикофтанд, аммо инсонҳои лаҷуҷ аз сухани илоҳӣ таъсир намепазиранд ва дар баробари он хозеъ ва хошеъ намешаванд.

 

2 – Дар дуо ба ҳамаи аҳли замин дуо кунем ва барои онҳо аз Худо талаби омӯрзиш намоем, ҳамонгуна, ки фариштагон барои аҳли замин дуо мекунанд.

 

3 – Имон ба Худо, бо пазириши ҳокимият ва вилояти ғайри Худо созгор нест.

 

4 – Паёмбарон маъмури иблоғи ваҳӣ ба мардум ва иршоди онҳо будаанд ва вазифа надоштаанд, ки ба пазириши ҳақ маҷбур кунанд.