Июн 16, 2020 07:44 Asia/Dushanbe

Қисмати 894 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 7-10

7

 

وَکَذَلِکَ أَوْحَیْنَا إِلَیْکَ قُرْآنًا عَرَبِیًّا لِّتُنذِرَ أُمَّ الْقُرَى وَمَنْ حَوْلَهَا وَتُنذِرَ یَوْمَ الْجَمْعِ لَا رَیْبَ فِیهِ فَرِیقٌ فِی الْجَنَّةِ وَفَرِیقٌ فِی السَّعِیرِ                                                           

 

Ва ин гуна, Қуръони арабии "Фасеҳро ба ту ваҳӣ кардем то мардуми Макка  ва касонеро, ки пиромуни он ҳастанд, ҳушдор диҳи ва ононро аз рӯзи ҷамъ шудан "Дар қиёмат" ки шаке  дар он нест, битарсони, "Рӯзе, ки" гуруҳе дар биҳишт ва гуруҳе дар оташ сузонанд.

 

Дар оятҳои қабл сухан аз ваҳӣ ба паёмбарони пешин дар тули таърих буд, ин оят хитоб ба Паёмбари гиромии Ислом ( с) мефармояд: дар идомаи ҷараёни ваҳӣ, ҳамонанди паёмбарони гузашта ба ту низ ваҳӣ кардем ва Қуръонро ба забони мардуми Макка, ки аввалин мухотибони ин китоб будаанд, ба забони арабӣ нозил кардем бадин манзур, ки дар аввалин марҳала сокинони Макка ва атрофи онро бо оятҳои ин китоб иршод ва анзор куни ва ононро аз авоқиби корҳои зишташон барҳазар дори корҳое, ки дар қиёмат гребонгири онҳо хоҳад буд.

Оят дар идома ба ин ишора мекунад, ки дар рӯзи қиёмат ҳамаи мардум аз аввалин ва охирин ҷамъ мешаванд то ба ҳисоби онҳо расидагӣ шавад, мардум дар онҷо ду гуруҳ мешаванд: онҳое, ки ба Худо имон доранд ва некукоронанд ба биҳишт роҳ меёбанд ва ҷойгоҳи бадкорон, оташи дузах аст.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Гарчӣ забон Қуръон арабӣ аст, аммо ба қавм ва нажоти араб ихтисос надорад лизо дар ҳеч ҷойи Қуръон хитоб "Ё айюҳал араб" наёмада ва ҳамаҷо хитобҳо ом аст, ки шомили ҳамаи инсонҳо мешавад.

 

2 – Дар таблиғи дин бояд ба вижагиҳо ва ниёзҳои мухотабон ва авлавиятҳои онҳо таваҷҷуҳ шавад.

 

3 – Аз имтиёзоти хоси Қуръон ин аст, ки алфози он ба ҳамон сурате аст, ки аз дастгоҳи ваҳӣ бар паёмбар нозил шуда ва дар тули таърих аз таҳриф ва таъғир ва дасткории башар масун мондааст.

4 - Ҳечкас далоили мантиқӣ бар адами имкони вуқуи қиёмат наёвардааст, пас накушем бо шак ва тардид дар ин бора роҳро барои инҳироф ва фасод бозкунем.

 

 

8

 

وَلَوْ شَاءَ اللَّـهُ لَجَعَلَهُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَـکِن یُدْخِلُ مَن یَشَاءُ فِی رَحْمَتِهِ  وَالظَّالِمُونَ مَا لَهُم مِّن وَلِیٍّ وَلَا نَصِیرٍ             

 

Ва агар Худо мехост мардумро умати ягона қарор медод "Ва ҳамаро ба иҷбор ҳидоят мекард" вале ҳаркасро, ки бихоҳад "Ва шоиста бидонад" дар раҳмати хеш ворид мекунад ва барои ситамгарон ҳеч сарпараст ва ёваре нест.

 

9

 

أَمِ اتَّخَذُوا مِن دُونِهِ أَوْلِیَاءَ  فَاللَّـهُ هُوَ الْوَلِیُّ وَهُوَ یُحْیِی الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرٌ                                            

 

Оё ба ҷойи Худованд, сарпарастони дигаре гирифтаанд? Бо он,ки танҳо Худованд валӣ ва сарпарасти "Воқеӣ" аст ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре Тавоност.

 

Дар поёни ояти қабл фармӯд: мардум дар қиёмат ду гуруҳ мешаванд: гуруҳе дар биҳишт ва гуруҳе дар дузах ин оят мефармояд: дар дунё низ чунин аст ва мардум яксон нестанд гуруҳе бархурдор аз ангезаҳои пок ва корҳои неканд ва гуруҳе низ дорои ангезаҳои нопок ва корҳои нописанд ҳастанд.

Ҳоло ин саввол пеш меояд, ки чаро Худовад коре накард, ки ҳамаи мардум дар дунё некандеш ва некурафтор бошанд то дар қиёмат ба биҳишт роҳ ёбанд?

Ин оят мефармояд: агар Худо мехост ҳамаи мардумро маҷбур ба пазириши даъвати паёмбарон мекард ва онҳоро ногузир мекард, ки имон биёваранд ва корҳои шоста анҷом диҳанд аммо имони иҷборӣ арзише надорад суннати илоҳӣ ин аст, ки афроди башар бо ихтиёр ва иродаи худ роҳашонро интихоб карда ва барасоси он амал кунанд чаро, ки такомули воқеии инсон дар гарави ҳамин аст.

Бале ин бузургтарин неъмате аст, ки Худованд ба башар атто карда ва бадин тариқ роҳи такомулро ба рӯйи ӯ кушудааст.

Пас дар воқеъ ин ихтилоф байни инсонҳо ношӣ аз ихтиёр ва иродаи онҳост ба баёни дигар дар назди Худованд, маслиҳати ин ихтилоф пеш аз он ваҳдат аст зеро маншаи ин ихтилоф ихтиёр аст ва маншаи он иттиҳод, иҷбор бадеҳӣ аст, ки ихтиёр бар иҷбор раҷаҳот дорад.

Албатта аз онҷо,ки Худованд Одил ва Ҳаким аст, бо ҳар кас мутаносиб бо навъи интихобаш рафтор мекунад он, ки бо ирода ва ихтиёр роҳи ҳақро баргузинад, машмули раҳмати вижаи илоҳӣ мешавад ва он, ки бо ихтиёр ба худ ва дигарон ситам кунад дар воқеъ худро дар дунё ва охират аз алтофи илоҳӣ маҳрум сохтааст.

Касе, ки вилояти ғайри Худоро бипазирад ва бар ҷойи қавонини илоҳӣ қавонини ноқиси башариро сарлавҳаи кори худ қарор диҳад, худро аз таҳти вилояти илоҳӣ хориҷ кардааст, чунин инсоне дар дунё ва охират бидуни сарпараст ва ёвар аст.

Оятҳо дар идома ба нафии вилояти ғайри Худо мепардозад ва бо тааҷуб мепурсад оё онҳо ғайри Худоро валии худ қарор додаанд? Дар ҳоле, ки фақат Худо валӣ ва сарпарасти воқеӣ аст.

Ботаваҷҷуҳ ба он, ки шарти аслии валӣ будан, қудрат ва тавоноӣ аст ва қодири ҳақиқи фақат Худост, лизо вилоят мунҳасир ба Ӯст. Ӯ ҳамон касе аст, ки мурдагонро зиндагӣ мебахшад ва бар ҳар коре қодир ва тавоност, пас агар мехоҳад барои худ валӣ ва сарпарасте интихоб кунанд, бояд Худоро баргузинанд, ки вилояти Ӯ густурда ва абадӣ аст на ғайри Ӯро

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ихтиёри башар ва ҳақи интихоби ӯ аз сунатҳои қатъии Парвардигор аст ва касе наметавонад ин ҳақро аз инсон салб кунад.

Кофирон ва мушрикон, пеш аз он,ки ба дини Худо ва паёмбарон зулум кунанд, ба худ зулум кардаанд чаро, ки худро аз таҳти вилояти Худо хориҷ сохтаанд.

Вилоят ва сарпарастӣ, шоистаи касе аст, ки бар ҳамаи корҳо қудрат дорад ва марг ва ҳаёти инсонҳо ба дасти Ӯст  на касе, ки ихтиёри марг ва ҳаёти худашро низ надорад.

 

10

 

وَمَا اخْتَلَفْتُمْ فِیهِ مِن شَیْءٍ فَحُکْمُهُ إِلَى اللَّـهِ ذَلِکُمُ اللَّـهُ رَبِّی عَلَیْهِ تَوَکَّلْتُ وَإِلَیْهِ أُنِیبُ                                                    

 

Ва ҳар чиро дар он ихтилоф доред, пас ҳукмаш бо Худост, ин аст Худо, Парвардигори ман, танҳо бар Ӯ таваккул кардаам ва ба Ӯ рӯй меоварам.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки сухан аз вилояти густурдаи илоҳӣ буд ин оят ба яке аз шунуни вилояти Худованд ишора карда ва мефармояд: касе, ки вилояти Худоро пазируфтааст бояд дар ҳар амре аз ҷумла мавзӯоти мавриди ихтилоф ба сухани Худо ва доварии Ӯ таваҷҷуҳ дошта бошад, на ба салиқаи худ бо дустон ва ошноён ва ҳамкорони худ.

Мутаасифона бисёре аз мо пеш аз он,ки ба фикри ҳақ ва ҳақиқат бошем, ба дунболи ҳаво ва ҳаваси хеш ҳастем лизо дар миёни назароти мухталифе, ки дар бораи як мавзӯъ дар ҷомеа матраҳ мешавад, ҳар назаре, ки манофеи шахси моро таъмин кунад ё бо соиқа ва ақидаи шахсии мо ҳамхонӣ дошта бошад, мепазирем дар ҳоле, ки нишонаи имони воқеӣ ин аст, ки дар мавзӯоти фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра ва низ дар масоили мавриди ихтилоф ба сарчашмаи файзи илми илоҳӣ руҷуъ кунем ба иборате ҳукми ҳар чизеро аз Қуръон ва сунати Паёмари гиромии Ислом (с) ва аҳли байти бузургвори он ҳазрат пай бигирем ва албатта ончиро ёфтем бипазирем гарчӣ мухолифи майл ва хостаи мо бошад.

Табии аст пойдори бар ҳукуми Худо, ҳазинаҳое ҳам дорад ва мумкин аст хонавода ё иҷтимоъ аз мо напазиранд пас бояд бо тавакул бар Худо дар баробари мушкилоти ношӣ аз пойбанди ба дин биистем ва аз Худо ёрӣ биталабем, ки моро дар ин роҳ устувор ва собитқадам бидорад

 

Аз ин оятҳо меомғзем:

 

1 – Дин, илова бар матраҳ кардани масоили эътиқодӣ ва ахлоқӣ, посухгӯйи ҳамаи ниёзҳои башар дар умури иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва хонаводагӣ низ ҳаст пас дар ҳамаи умур аз раҳнамудҳо ва омӯзаҳои дин муроҷиа кунем.

 

2 – Ба ҷойи такя ба қудратҳои сустбунёд ва фонӣ, ба Худои Қодир мутаоли тавакул кунем ва дар сахтиҳо ва мушкилот ба даргоҳи Ӯ рӯй оварем.