Қисмати 895 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 11-14
Қисмати 895 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 11-14
11
فَاطِرُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ جَعَلَ لَکُم مِّنْ أَنفُسِکُمْ أَزْوَاجًا وَمِنَ الْأَنْعَامِ أَزْوَاجًا یَذْرَؤُکُمْ فِیهِ لَیْسَ کَمِثْلِهِ شَیْءٌ وَهُوَ السَّمِیعُ الْبَصِیرُ
Ӯ офаридгори осмонҳо ва замин аст, барои шумо аз "Ҷинси" худатон ҳамсароне қарор дод ва аз чаҳорпоён низ ҷуфтҳое "Офарид" бадин васила шуморо зиёд мекунад, ҳеч чиз ҳамонанди Ӯ нест ва Ӯ Шунавои Биност.
12
لَهُ مَقَالِیدُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ یَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَن یَشَاءُ وَیَقْدِرُ إِنَّهُ بِکُلِّ شَیْءٍ عَلِیمٌ
Калидҳои осмон ва замин барои Ӯст, барои ҳар, ки бихоҳад, рӯзиро кушоиш медиҳад ва ё танг мегирад, ҳамоно Ӯ ба ҳар чизе доност.
Дар оятҳои қабл сухан аз ин буд, ки Худованд Валӣ ва Сарпарасти воқеии инсонҳост, аммо бархе афрод ҳозир ба пазириши вилояти илоҳӣ нестанд ва аз қавонин ва дастуроти Ӯ табаият намекунанд, ин оятҳо мефармояд: Ӯст, ки осмонҳо ва заминро офаридааст ва низоми ҳоким бар онҳо тавассути Ӯ тадбир мешавад.
Яке аз нишонаҳои тадбири Парвардигор ин аст, ки барои инсонҳо ҳамсароне аз ҷинси худашон офарида, ки аз яксу мояи оромиши рӯҳ ва ҷони онҳо ҳастанд ва аз сӯйи дигар, мояи бақои насл ва тадовуми вуҷуди онҳо, Худованд илова бар инсонҳо, низоми завҷиятро чаҳорпоён ва мавҷудоти зиндаи дигар, ки омили бақои насли онҳост, барқарор кардааст.
Оё касеро дар ҷаҳон суроғ доред, ки ҳамонанди Ӯ чунин илм ва қудрате дошта бошад? Дар ҳоле, ки ҳеч чизе дар олам, шабеҳ ва ҳамонанди Ӯ нест ва Ӯ аз нақоиси соири мавҷудот муназзаҳ ва пироста аст.
Мутаасифона бархе аз афрод муътақиданд агар ҳам Худое будааст ба кори офариниш пардохта сипас умурро ба инсонҳо вогузор карда ва ҳозир ҳеч нақше дар ин ҷаҳон надорад. Қуръон ин дидгоҳи нодурустро ба шидат рад карда ва мефармояд: Ӯ ҳам холиқ ва ҳам тадбиркунандаи умури олам аст ва ҳам шунаво ва биност. Ӯ ҳамакнун нозир бар гуфтаҳо ва дидаҳои афрод аст ва калидҳо ва хазоини осмонҳо ва замин дар дасти Ӯст рӯзе ҳамаи мавҷудот низ дар қабзаи қудрати Ӯ қарор дорад. Ӯ тибқи маслиҳат, рӯзи ҳар, киро бихоҳад густариш медиҳад ва рӯзии ҳар, киро маслиҳат бидонад, танг ва маҳдудсозад, инҳо ҳама бар асоси илм ва ҳикмати Ӯст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Бақои насли башар дар гарави издивоҷ аст. Албатта издивоҷи зан ва мард, на издивоҷи ду ҳамҷинс бо якдигар, ки мутаасифона имрӯза дар бархе ҷавомеъ рӯ ба густариш аст.
2 - Худованд ҳеч ҳамонанде надорад ва монанди инсонҳо ниёзманди доштани ҳамсар нест.
3 – Худованд офаридаҳои худро ба ҳоли худ раҳо накардааст, балки ҳамвора онҳоро зери назар дорад ва умурашонро тадбир мекунад.
4 – Тавсиа ё тангии ризқ ва рӯзӣ ба дасти Худост ва нишонаи меҳр ё ғазаби Ӯ нест чӣ басо кофироне, ки сарватманданд ё муъминоне, ки тангдаст бошанд ва ё ба акс.
13
شَرَعَ لَکُم مِّنَ الدِّینِ مَا وَصَّى بِهِ نُوحًا وَالَّذِی أَوْحَیْنَا إِلَیْکَ وَمَا وَصَّیْنَا بِهِ إِبْرَاهِیمَ وَمُوسَى وَعِیسَى أَنْ أَقِیمُوا الدِّینَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِیهِ کَبُرَ عَلَى الْمُشْرِکِینَ مَا تَدْعُوهُمْ إِلَیْهِ اللَّـهُ یَجْتَبِی إِلَیْهِ مَن یَشَاءُ وَیَهْدِی إِلَیْهِ مَن یُنِیبُ
Аз дин ончиро ба Нуҳ супориш карда буд, барои шумо "Низ" муқарар дошт ва ончиро ба ту ваҳӣ кардем ва ончӣ Иброҳим ва Мусо ва Исоро ба он супориш кардем "Он буд", ки динро барпо доред ва дар он дучори тафриқа нашавед, бар мушрикон ончӣ, ки эшонро ба сӯйи он фаро мехони гарон аст. Худованд ҳар, киро бихоҳад, ба сӯйи хеш бармегардонад ва ҳар, киро ба ӯ рӯй оварад, ба сӯйи худ ҳидоят мекунад.
Ин оят ба яке будани асли даъвати паёмбарон ишора дорад ва мефарояд: биъсати Паёмбари Ислом (с) , дар идомаи рисодлати паёмбарони гузашта дар тули таърих аст ва даъват ба тавҳид ва яктопарастӣ, амри ҷадиде нест ончӣ, ки Паёмбар мардумро бадон даъват мекунад, ҳамон чизе аст, ки паёмбарони пешин, мардумро бадон даъват мекарданд.
Ҳамаи онҳо омадаанд то бигуянд: дин ва ойини Худоро бар по доред ва аҳком ва дастуроти Ӯро иҷро намоед, аз салиқаҳои шахсе, ки ношӣ аз ҳаво ва ҳавас аст даст бардоред ва ба фармони Худо гардан ниҳед.
Дар ин оят калимаи дин ба сурати муфрад омадааст ва ҳокӣ аз он аст, ки асос ва решаи дини илоҳӣ яке аст бо ин ҳол, такомули ҷомеаи башарӣ иҷоб мекунад, ки шариатҳои паёмбарон ҳамоҳанг бо такомули инсонҳо дар тули таърих, раванде рӯ ба рӯшд ва таоли дошта бошад то ба марҳалаи ниҳоӣ бирасад. Дини Ислом ба унвони охирин дини илоҳӣ, насхаи ниҳоии адён ва дорои комилтарин ва ҷомеатрини шариат аст.
Албатта офате, ки аксари аднён ба он гирифтор шудаанд, фирқагароӣ аст, ки ношӣ аз адами дарки саҳиҳи бархе гузораҳои дин ё дахолат додан салиқаҳо ва хостаҳои шахсӣ ё гуруҳӣ аст лизо Қуръон ба пайравони адён ҳушдор медиҳад, ки аз балои бузурги тафриқа дар дин бипарҳезанд.
Нуктаи дигаре, ки оят ишора мекунад, ин аст, ки даъват ба якдигарпарастӣ, бар мушрикон сахт ва сангин аст, зеро афкори ботил ва ширколуда чунон дар аъмоқи вуҷудашон русух карда, ки даъват ба тавҳид мояи ваҳшат ва нигаронии онҳост.
Идомаи оят бар як нуктаи муҳим таъкид карда ва мефармояд: интихоби паёмбарон ба дасти мардум набудааст балки Худованд бар асоси илми худ, ҳар, киро шоистаи ин масулият дидааст, ба ин амри маъбус карда ва масулияти ҳидояти мардумро ба ӯ супурдааст. Бадеҳи аст ҳар,ки ба сӯйи Худо рӯй биёварад, заминаи дарёфти илоҳӣ дар ӯ фароҳам ва аз нури ҳидоят баҳраманд мешавад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Меҳвари даъвати ҳамаи паёмбарон яке будааст: барподоштани дини Худо ва парҳез аз ҳаргуна тафриқа.
2 – Ҳазрати Нуҳ (а) аввалин Паёмари соҳиби шариати ҷомеъ ва ҳазрати Муҳаммад (с) охирин паёмбари соҳиби шариати ҷомеъ будааст, аз онҷо, ки Ислом охирин дини илоҳӣ аст ва таолими ҳамаи паёмбарони пешинро дар бар дорад, дорои комилатрин ва ҷомеатарин шариат аст.
3 – Ихтилоф ва тафриқа, офати дин ва монеи иҷроии саҳиҳи таолими дини дар ҷомеа аст.
4 – Интихоби паёмбарон тавассути Худованд аст ва Ӯ афроди пок ва шоистаро барои ин мансаб баргузида аст.
14
وَمَا تَفَرَّقُوا إِلَّا مِن بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْیًا بَیْنَهُمْ وَلَوْلَا کَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّکَ إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى لَّقُضِیَ بَیْنَهُمْ وَإِنَّ الَّذِینَ أُورِثُوا الْکِتَابَ مِن بَعْدِهِمْ لَفِی شَکٍّ مِّنْهُ مُرِیبٍ
Ва "Пайравони адён" фирқа фирқа нашуданд, магар пас аз он,ки илм барояшон омад, ба хотири ҳасад ва кина, ки миёнашон буд ва агар сунати собиқи Парвардигоратон "Дар мавриди муҳлат додан ба кофирон" то замони муаян набуд, миёни онон "Ба ҳалокат" ҳукум мешавад ва касоне, ки баъд аз эшон китобро ба мирос баранд дар бораи он дучори тардиди сахт ҳастанд.
Дар ояти қабл хондем, ки ҳамаи паёмбарон мардумро аз тафриқа дар дин барҳазар доштаанд зеро усули ҳамаи адён яке аст ва маъно надорад, ки дар як замон чанд дин ва шариат дар миёни мардум бошад.
Бо омадани ҳар паёмбаре, мардуми онзамон мувазафанд даъвати ӯро бипазиранд, на он,ки бигуянд мо пайрави дини паёмбари қаблӣ ҳастем ва касоне, ки ба ойини ҷадид бигараванд, кофиранд.
Ин сухан агар бо шинохти ҳақонияти паёмбари ҷадид ҳамроҳ бошад, далиле ҷуз таасуб ва ҳасодат надорад ин дидгоҳи нодурӯст муҷиб шуда, ки дар замони мо пайравони бархе адён назир масиҳият ва яҳуд ҳозир ба пазириши Ислом, ки пас аз онҳо омадааст набошанд, таасуфовар ин,ки бархе аз сардамдорони ин адён барои ин,ки мардум дар дини худ боқӣ бимонанд, ҳар рӯз аз тариқи абзорҳои мухталиф бавижа расонаҳои ҷамъӣ дар мавриди ҳақоният ва асолати Ислом ва Қуръон шак ва тардид эйҷод мекунанд.
Онҳо бо шубҳаафканӣ иҷоза намедиҳанд пайравони ин адён ба Ислом рӯй биёваранд ва ҳамаи худопарастон, пайрави як дин ва шариат бошанд.
Дар идомаи оят омадааст: агар фармоне аз сӯйи Парвардигори ту содир нашуда буд, ки кофирон то саромади муаяне зинда ва озод бошан, Худованд дар миёни онҳо доварӣ мекард, тарафдорони ботилро нобуд ва пайравони ҳақро пирӯз месохт.
Оят дар поён ба он гуруҳ аз ворисони кутуби осмонӣ ишора мекунад, ки дар бораи ҳақ дучори шак ва тардид шуданд ва имон наёварданд, албатта чун маншаи шаки онҳо лаҷоҷат ва суи зан аст, мунтаҳи ба дарки ҳақиқат намешавад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Дини Худо яке аст ва маншаи тафриқа миёни адён, авомиле чун ҳасад, таасуб ва адолат аст.
2 – Олимон ва донишмандони адён вазифа доранд дар ҷиҳати ваҳдати пайравони адён талош кунанд, на он,ки худ омили тафриқа бошанд.
3 – Муҳлат додан ба хатокорон ва гунаҳкорон, яке аз сунатҳои илоҳӣ аст
4 – Шак агар табии бошад, инсон бо таҳқиқ ва баррасӣ аз он раҳои меёбад, аммо агар ношӣ аз лаҷоҷат ва суи зан бошад, инсонро аз дарки ҳақиқат ва пазириши он боз медорад.