Қисмати 896 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 15-18
Қисмати 896 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 15-18
15
فَلِذَلِکَ فَادْعُ وَاسْتَقِمْ کَمَا أُمِرْتَ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَهُمْ وَقُلْ آمَنتُ بِمَا أَنزَلَ اللَّـهُ مِن کِتَابٍ وَأُمِرْتُ لِأَعْدِلَ بَیْنَکُمُ اللَّـهُ رَبُّنَا وَرَبُّکُمْ لَنَا أَعْمَالُنَا وَلَکُمْ أَعْمَالُکُمْ لَا حُجَّةَ بَیْنَنَا وَبَیْنَکُمُ اللَّـهُ یَجْمَعُ بَیْنَنَا وَإِلَیْهِ الْمَصِیرُ
Пас ононро "Ба роҳи ҳақ" даъват кун ва ҳамонгуна, ки фармонёфтаи "Бар ин даъват" истиқомат кун ва аз ҳавоҳои нафсонии онҳо пайравӣ накун ва бигу: ба ҳар китобе, ки Худо нозил карда, имон дорам ва фармон ёфтаам, ки миёни шумо ба адолат рафтор кунам. Худо Парвардигори мо ва шумост, аъмоли мо барои мо ва аъмоли шумо барои шумост, ҳеч ҳуҷате миёни мо ва шумо нест, Худо мо "Ва шумо" – ро "Дар қиёмат" ҷамъ мекунад ва бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст.
16
وَالَّذِینَ یُحَاجُّونَ فِی اللَّـهِ مِن بَعْدِ مَا اسْتُجِیبَ لَهُ حُجَّتُهُمْ دَاحِضَةٌ عِندَ رَبِّهِمْ وَعَلَیْهِمْ غَضَبٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ شَدِیدٌ
Ва касоне, ки дар бораи Худо, пас аз он, ки даъваташ пазируфта шуд, муҷодала ва ситез мекунанд, далилашон назди Парвардигорашон ботил ва бе поя аст ва "Аз сӯйи Худо" хашме бар онон аст ва барои онҳо азобе сахт хоҳад буд.
Дар оятҳои қабл сухан аз ин буд, ки адёни илоҳӣ аз назари асл ва реша яке ҳастанд, ин оятҳо хитоб ба Паёмбари Ислом ( с) мефармояд: ҳамаи мардум, чӣ мушрикон ва чӣ аҳли китобро ба ойине, ки ба ту ваҳӣ шудааст даъват кун, чаро, ки ин охирин шариати илоҳӣ аст, ончиро ба ту ваҳӣ шудааст, бекам ва кост ба мардум иблоғ кун дар ин роҳ пойдорӣ ва истиқомат дошта бош ва ба хотири ҷалби ризояти онон, дар анҷоми вазифа кутоҳӣ накун, ҳар гуруҳе дар талош аст, ки туро ба сӯйи тамоилот ва манофеи шахсии худ фаро бихонад, вале ту пайрави ҳаво ва ҳавасҳои онҳо набош ва ҳамаро гирди ойини воҳиди Парвардигор ҷамъ кун.
Ба аҳли китоб аз яҳудиён ва масиҳиён бигу: ба ҳар китбе, ки аз тарафи Худо нозил шуда, имон дорам ман паёмбарон ва китобҳои шуморо қабул дорам ва рисолати ман дар идомаи рисолати онҳост, дар айни ҳол, ойини ман ҷомеи ҳамаи онҳо ва мукамали онҳост.
Ҳамонтавр, ки паёмбарони қаблӣ маъмур буданд дар ҷомеа адолатро барқарор кунанд ва худ ба адолат рафтор намоянд ман низ рисолат дорам, ки дар миёни шумо ба адолат ҳукум кунам.
Парвардигори ман ва шумо яке аст, ман долоили ҳақонияти худро барои шумо баён кардаам, аъмоли мо аз они мост ва аъмоли шумо аз они шумо ва ҳар як аз мо ва шумо дар баробари аъмоли хеш масулем пас ҳуҷҷат бар шумо тамом аст ниёзе ба ҷидол ва муҷодала нест ва мо ва шумо хусумати шахсӣ надорем. Худованд мо ва шуморо дар қиёмат ҷамъ мекунад ва қозии ҳамаи мо дар он рӯз яке аст, бояд бубинем дар он рӯз, ки мо ва шумо дар додгоҳи илоҳӣ ҳозир мешавем, Худо чигуна доварӣ хоҳад кард?
Идомаи оятҳо мефармояд: аммо мутаасифона онҳо дар мақоми ҷидол ва ситез баромада ва дар мақоми тазъифи ойини Ислом бармеоянд, зеро мебинанд иддае ба ин ойин гаравидаанд ва ҷамъе низ дар оянда ба он мепайванданд.
Мушриконе, ки баъд аз ошкор шудани ҳақ аз рӯйи ситезаҷуйи ва лаҷоҷат бар ақоиди ботили худ пофишорӣ карда ва дар бораи Худованд ба муҳоҷа бармехезанд, тобеи далил ва мантиқ нестанд, онҳо далоиле барои адами пазириши ойини Ислом матраҳ мекунанд, ки назди Худованд ботил ва бе асос аст ин кори онҳо муҷиби ғайбати илоҳӣ бар онон мешавад ва онҳоро гирифтори азоби шадид мекунад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ба хотири ҷалби ризояти дигарон, дар анҷоми дастуроти динӣ кутоҳӣ накунем, балки устувор ва пойдор бимонем ва ба усули даъвати худ пойбанд бошем.
2 – Истиқомат бар ақида, ҷойи арзишманд аст, ки бар асоси ҳақ бошад, вагарна таасуби куркурона ва лаҷоҷати бе маврид аст.
3 – Бар қарори адолат дар ҷомеа аз аҳдофи ҳамаи адёни илоҳӣ аст, бадеҳӣ аст истиқрори адолат бедуни бархурдорӣ аз ҳокимият имконпазир нест.
4 – Гуфтугӯ ва муҷодала то ҷойе маъқул ва пазируфтанӣ аст, ки ҳақ равшан шавад, пас аз равшан шудани ҳақиқат, даст аз муҳоҷҷа ва муҷодала бардоранд ва тарафро ба ҳоли худ вогузор кунед.
17
اللَّـهُ الَّذِی أَنزَلَ الْکِتَابَ بِالْحَقِّ وَالْمِیزَانَ وَمَا یُدْرِیکَ لَعَلَّ السَّاعَةَ قَرِیبٌ
Худост он, ки китоб ва мизонро ба ҳақ нозил кард ва ту чӣ медонӣ, шояд қиёмат наздик бошад.
18
یَسْتَعْجِلُ بِهَا الَّذِینَ لَا یُؤْمِنُونَ بِهَا وَالَّذِینَ آمَنُوا مُشْفِقُونَ مِنْهَا وَیَعْلَمُونَ أَنَّهَا الْحَقُّ أَلَا إِنَّ الَّذِینَ یُمَارُونَ فِی السَّاعَةِ لَفِی ضَلَالٍ بَعِیدٍ
Касоне, ки ба он имон надоранд, дар омаданаш шитоб доранд ва касоне, ки имон доранд аз он бимноканд ва медонанд, ки қиёмат ҳақ аст, огоҳ бошед касоне, ки дар бораи қиёмат тардид эҷод мекунанд "Ҷадал ва инкор мекунанд" дар гумроҳии дур ва дарз ҳастанд.
Дар идомаи оятҳои қабл, ки паёмбар (с) ойини худро барои мушрикон ва аҳли китоб муарифӣ кард ин оятҳо мефармояд: Худое, ки мо ба он имон дорем Худое аст, ки барои ҳидояти мардум, китоби осмониро фиристода ва мизони санҷиши ҳақ аз ботилро дар он таъйин кардааст.
Ин бадон хотир аст, ки инсонҳо бар асоси ҳаво ва ҳавас ва тамоилоти корҳои хеш қарор надиҳанд.
Усулан Худованд ҳақ аст ва ҳарчӣ аз Ӯ содир шавад. Ҳақ аст ва ботил дар қавл ва феъли Ӯ роҳ надорад, ҳамчунин низоми табиат, ки офаридаи Ӯст бар асоси ҳақ ва адл офарида шудааст, низоми шариат низ, ки қолаби ваҳӣ ба паёмбарон ва мардум расидааст бар асоси ҳақ ва ҳақиқат аст ва бархе аз ҳақоиқеро, ки мардум наметавонанд аз тариқи ҳавоси панҷгона ва ё улуми мутаориф ба даст оваранд барои онҳо равшан мекунад.
Яке аз ҳақоиқи муҳим, ки нақши калиде дар зандагии башар дорад ва Қуръон ба он тасриҳ карда вуҷуди қиёмат аст зеро дар қиёмат, ҳақ ва адл ва мизон, ба таври комил барӯз ва зуҳур меёбад, ба ҳамин далил Қуръон барои ингуна башарро ба қиёмат тавҷуҳ диҳад ва ӯро аз хатароти он боз дорад мефармояд: таваҷҷуҳ медони шояд қиёми растохез низдик бошад!
Аммо мутасифона бархе аз афроде, ки аз қиёмат имон надоштанд бидуни он,ки далил ва бурҳоне бар адами имкони он биёваранд, ин бовариро ба тамасхур гирифта ва аз рӯйи инкор ба паёмбар мегуфтанд: агар рост мегӯйи, ин қиёматро зудтар барпо кун то шумо ба биҳишт биравед ва мо ба дузах!
Аммо бовар ба қиёмат ва ҳузур дар додгоҳи адли илоҳӣ бар аҳли имон таъсири бисёр амиқ дорад, онҳо ба далили хавф аз қиёмат пайваста муроқиби аъмол ва рафтори худ ҳастанд, зеро медонанд, ки қиёмат ҳақ аст аз нигоҳи онҳо ин ҷаҳон, муқадамае бар ҷаҳони дигар аст ва бидуни он офариниши ин ҷаҳон, лағв ва бе маъност, на бо ҳикмати Худованд созгор аст ва на бо адолати Ӯ.
Равшвн аст, ки лаҳзаи вуқуи қиёмат бар ҳама пушидааст, ҳатто паёмбар низ аз замони он беиттилоъ аст аммо адами огоҳӣ аз замони вуқуи як амр, далиле бар адами вуқуи он нест, иттифоқан ин адами иттилоъ, сабаб мешавад, ки инсон ҳар лаҳза эҳтимоли вуқуи онро бидиҳад ва аз ҷурм ва хилоф фосила бигирад.
Аммо касоне, ки қасди пазириши қиёматро надоранд. Ҳар рӯз ба гунае шубҳаафканӣ карда ва дигаронро дучори тардид мекунанд, ин афрод беш аз он,ки ба дигарон зарба бизананд, ба худашон осеб мерасонанд ба таъбири Қуръон, касоне, ки дар мавриди қиёмат тардид эҷод карда ва бо лаҷоҷат дар бораи он ба муҳоҷҷа мепардозанд дар гумроҳии амиқ ҳастанд.
Аз ин оятҳо меомғзем:
1 – Қуръон, милок ва меъёри ташхиси ҳақ аз ботил аст, зеро аз сӯйи Худованд аст ва ҳеч ботиле дар он роҳ надорад.
2 – Ҳеч инсоне аз замон ва соати қиёмат, ки рӯзи ҳисоб ва китоб ва расидагӣ ба парвандаи аъмол аст огоҳи надорад ва ҳар змон мумкин аст фаро расад пас ба орзӯҳои мавҳум ва хаёлӣ дучор нашавем, зеро шояд қиёмат наздик бошад.
3 – Яке аз нишонаҳои имон, муроқиб бар куфор ва кирдор аст зеро инсони муъмин ҳамвора нигарони посухгӯйи дар додгоҳи қиёмат аст.
4 – Яке аз барномаҳои мухолифон, эҷоди шак ва тардид дар аҳли имон аз роҳи шубҳаафканӣ ва тарҳи саволоти шакбарангез аст.