Қисмати 897 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 19-23
Қисмати 897 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 19-23
19
اللَّـهُ لَطِیفٌ بِعِبَادِهِ یَرْزُقُ مَن یَشَاءُ وَهُوَ الْقَوِیُّ الْعَزِیزُ
Худованд нисбат ба бандагонаш бо меҳр ва лутф рафтор мекунад, ҳар, киро бихоҳад "Ва салоҳ бидонад" рӯзӣ медиҳад ва Ӯст нерӯманди шикастнопазир.
20
مَن کَانَ یُرِیدُ حَرْثَ الْآخِرَةِ نَزِدْ لَهُ فِی حَرْثِهِ وَمَن کَانَ یُرِیدُ حَرْثَ الدُّنْیَا نُؤْتِهِ مِنْهَا وَمَا لَهُ فِی الْآخِرَةِ مِن نَّصِیبٍ
Касе, ки зироати охиратро бихоҳад, барои ӯ дар зироаташ меафзем ва касе, ки зироати дунёро бихоҳад, "Андаке" аз он ба ӯ медиҳем ва дар охират ҳеч насиб ва баҳрае надорад.
Дар ин оятҳои қабл сухан аз қаҳри илоҳӣ нисбат ба мункирони қиёмат буд, ин оятҳо мефармояд: Худованд ба ҳамаи бандагонаш лутф дорад ва ба ҳама рӯзӣ медиҳад ҳатто онҳое, ки кофиранд ва ба Ӯ имон надоранд албатта ризқи илоҳӣ тобеи ҳикмати Ӯст ва дар дунё ва охират бар асоси суннатҳое, ки муқаррар сохта амал мекунад.
Суннати Худованд ин аст, ки ҳар кас барои охират кор кунад, баҳраашро аза дунё мебарад ва дар охират низ аз фазли илоҳӣ баҳраманд хоҳад шуд, аммо касе, ки қиёматро қабул надорад ва тамоми ҳадафаш зиндагии дунёст дар умри кутоҳ ва маҳдуди дунё ба ҳамаи аҳдофаш намерасад ва дар охират низ баҳрае нахоҳад дошт.
Қуръон дар ин ташбеҳи латиф ва зебо мардуми ҷаҳонро ба кишоварзоне ташбиҳ мекунад, ки гуруҳе барои охират кишт мекунанд ва гуруҳе барои дунё, касе, ки зироати охиратро толиб бошад, ба ӯ баракат медиҳем ва бар масулаш меафзоем, вале касе, ки фақат барои дунё кишт кунад ва кушиши ӯ барои баҳрагирӣ аз ин матои фонӣ ва зудгузар бошад, танҳо каме аз он, чиро металабад ба ӯ медиҳем, аммо дар охират ҳеч насиб ва баҳрае нахоҳад дошт.
Пас метавон гуфт, ки ин ҷаҳон мазрааи мост ва корҳои мо донаҳои он аст албатта донаҳо мутафовит аст баъзе маҳсулаш номҳдуд ҷовидона ва пурсамар аст аммо баъзеи дигар маҳсулаш бисёр кам буда ва меваҳои талх ва ногувор дорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Лутфи Худованд шомили ҳоли ҳамаи бандагон аст ва муъминон ва куфор аз неъматҳои Ӯ баҳраманд мешаванд.
2 – Муқоиса кунем ва интхоб кунем охират хоҳон, аз дунё низ баҳра мебаранд, гарчӣ мумкин аст баҳраи онҳо кам ё маҳдуд бошад аммо дунёталабон ҳеч баҳрае аз охират намебаранд.
3 – Ният ва ҳадаф муҳим аст, на фақат шакли кор чӣ басо корҳое, ки дар зоҳир шабеҳи ҳам ҳастанд, вале бо аҳдофи мутафовит анҷом мешаванд, албатта агар нияти Худое бошад, кор рӯшд ва тавсиа меёбад.
21
أَمْ لَهُمْ شُرَکَاءُ شَرَعُوا لَهُم مِّنَ الدِّینِ مَا لَمْ یَأْذَن بِهِ اللَّـهُ وَلَوْلَا کَلِمَةُ الْفَصْلِ لَقُضِیَ بَیْنَهُمْ وَإِنَّ الظَّالِمِینَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِیمٌ
Оё мушрикон маъбудоне доранд, ки бидуни иҷозаи Худдованд ойине барои онҳо овардаанд? Ва агар фамони қатъии "Худованд бар муҳлат додан ба мунҳарифон" набуд қатъан миёнашон "Ба ҳалокат" ҳукум мешуд ва барои ситамгорон азобе дарднок аст.
22
تَرَى الظَّالِمِینَ مُشْفِقِینَ مِمَّا کَسَبُوا وَهُوَ وَاقِعٌ بِهِمْ وَالَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فِی رَوْضَاتِ الْجَنَّاتِ لَهُم مَّا یَشَاءُونَ عِندَ رَبِّهِمْ ذَلِکَ هُوَ الْفَضْلُ الْکَبِیرُ
"Дар қиёмат" ситамкоронро мебини, ки аз ончӣ анҷом додаанд бимноканд, дар ҳоле, ки "Кайфари" он ба онон хоҳад расид ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар боғҳои сарсабзи биҳиштанд, барои онон ҳар чиро, ки бихоҳанд назди Парвардиггорашон фароҳам аст ин ҳамон фазли бузург аст.
Ин оятҳо бо ишора ба мушрикон мефармояд: оё онҳо ғайр аз Худои якто маъбуди дигаре доранд, ки аз сӯйи худ китоб ва шариате фиристода ва онҳо аз ойини ӯ пайравӣ меунанд? Дар ҳоле, ки қонунгузорӣ фақат шоиста ва сазовори Худое аст, ки холиқ, ҳоким ва мудаббири ҷаҳон аст ва касе ҷуз Ӯ ҳақи қонунгузорӣ надорад.
Дар дунёи имрӯз низ, ҳаргуна қонунгузорӣ дар сатҳи миллӣ ё байналмилаллӣ, агар мухолифи қавонини илоҳӣ бошад ботил ва нопойдор аст усулан вазъи чунин қавонине зулм ба башарият аст зеро дасти башарро аз дасти Худо берун оварда ва дар дасти касоне қарор медиҳад, ки илова бар ноогоҳӣ аз хайр ва салоҳи воқеии башар наметавонанд манофи модии худро дар вазъи қавонин нодида бигиранд.
Албатта Худованд дар дунё ба инсонҳо муҳлат медиҳад то бо ихтиёри хеш роҳеро интихоб кунанд, бо ин ҳол ҳар коре, ки афрод анҷом диҳад дар охират маҳсулаш зоҳир мешавад куфр ва зулуми инсонҳо онҳоро ба дузах мекашонад вале бар асари имон ва амали солеҳ одамиён ба олитарин ва зеботарин боғҳои биҳишт роҳ меёбанд
Бидуни шак, фазли илоҳӣ дар бораи муъминон ба ҳаминҷо хатм намешавад, онҳо чунон машмули алтофи Парвардигор мешаванд, ки ҳарчӣ бихоҳанд назди Ӯ барояшон муҳаёст подоши онҳо аз ҳар назар номаҳдуд аст ва албатта аз ҳамаи муҳаббатҳо болотар ин, ки ба мақоми қурби Худованд роҳ меёбанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Зиндагии башар, ниёзманди қонун ва шариат аст ва ин қонунро аз ҳар кас ҷуз Худо бигирем ба худ ва башарият зулм кардаем.
2 – Ҳар гуна хурофа ва бидъат ба исми дин навъе ширк ва зулм аст.
3 – Тарс аз кайфари илоҳӣ, бояд инсонро аз иртиботи корҳои зишт дар ин ҷаҳон боз дорад, вагарна ин тарс дар қиёмат барои муҷримон суде надорад.
4 – Лозимаи побандӣ ба дастуроти динӣ таҳамули бархе аз маҳдудиятҳо ва маҳрумиятҳост бе тардид шакибоӣ дар баробари ин муҳдудиятҳо дар охират ҷуброн мешавад чунончӣ дар биҳишт муъминон ҳар чиро бихоҳанд барояшон фароҳам аст.
23
ذَلِکَ الَّذِی یُبَشِّرُ اللَّـهُ عِبَادَهُ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ قُل لَّا أَسْأَلُکُمْ عَلَیْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِی الْقُرْبَى وَمَن یَقْتَرِفْ حَسَنَةً نَّزِدْ لَهُ فِیهَا حُسْنًا إِنَّ اللَّـهَ غَفُورٌ شَکُورٌ
Ин ҳамон чизе аст, ки Худованд бандагонашро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд "Бадон" мужда медиҳад, "Эй Паёмбар!" бигу: ман бар ин "Рисолат" ҳеч музде аз шумо намехоҳам ҷуз муҳаббат ва дӯстии наздиконро ва ҳар кас кори неке кунад барои ӯ дар некиаш меафзоем ҳамонон Худованд Омӯрзанда ва Қадрдон аст.
Ин оят ибтидо бар ин нукта таъкид мекунад, ки агар муъминон дар дунё ба хотири ҳифзи имони худ бархе сахтиҳо ва мушкилотро таҳаммул кардаанд Худованд ба ҷуброни он биҳиштро бо подошҳои бузург ба онҳо башорат медиҳад.
Идомаи оят Расули Худо (с) ро маъмур мекунад то ба муъминон эълом кунад, ки ман низ ҳамонанди паёмбарони пешин дар баробари анҷоми рисолати илоҳӣ, аҷр ва подоше аз шумо дархост намекунам ҷуз ин, ки наздиконамро дӯст бидоред дар воқеъ ончӣ анҷом додаам масуляте аст, ки аз ҷониби Худо бар дӯши ман ниҳода шудааст аммо ончӣ пас аз ман роҳнамои шумост ин аст, ки аҳли байти маро дӯст бидоред онҳоро улгуи зиндагии худ қарор диҳед ва дар ташхиси ҳақ ва ботил ба суханони онҳо гӯш биспоред.
Чунон, ки дар оятҳои дигар мефармояд: ончиро ба унвони подоши рисолатам аз шумо хостам комилан ба суди худи шумост ва чизе аст, ки роҳи шуморо ба сӯйи Худо ҳамроҳ месозад.
Идомаи оят таъкид мекунад, ки аҳли имон бояд ба дунболи анҷоми корҳои нек бошанд ва хайрашон ба дигарон бирасад то Худованд нҳоро ба лутф ва раҳмати хеш қарор дода бар некии амалашон бияфзояд ва аз хатоҳояшон даргузарад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Паёмбарон, подоши модӣ талаб намекунанд, аммо итоат аз дастуроти илоҳӣ ва пайравӣ аз ҷонишинони солеҳи худро аз мардум мехоҳанд, ки дар воқеъ судаш ба худи мардум мерасад на Худо ва Расули Ӯ.
2 – Имон вақте комил мешавад, ки ба муддати аҳли байти Паёмбар (с) биянҷомад албатта ин муддат бояд бо ду чиз мулозим бошад яке шинохти аҳли байт зеро то инсон касеро нашиносад ишқварзидан ба ӯ маъно надорад ва дигаре тобеият аз онон.
3 – Раҳмат ва мағфирати илоҳӣ дар гарави некӣ ба бандагони Худо ва анҷоми корҳои нек ва писандида аст.