Қисмати 898 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 24-28
Қисмати 898 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 24-28
24
أَمْ یَقُولُونَ افْتَرَى عَلَى اللَّـهِ کَذِبًا فَإِن یَشَإِ اللَّـهُ یَخْتِمْ عَلَى قَلْبِکَ وَیَمْحُ اللَّـهُ الْبَاطِلَ وَیُحِقُّ الْحَقَّ بِکَلِمَاتِهِ إِنَّهُ عَلِیمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
Ё мегуянд: ӯ ба Худо дуруғ бастааст пас агар Худо бихоҳад бар дили ту муҳр мениҳад ва Худо ботилро маҳв мекунад ва ҳақро бо калимоти хеш устувор месозад ҳамоно Ӯ ба асрори синаҳо огоҳ аст.
Дар ояти қабл сухан аз маваддати аҳли байти баёмбар ( с) ба унвони подоши маънавии рисолати Расули Худо (с) буд, ин оят мефармояд: албатта бархе аз мунофиқон ба Расули Худо (с) туҳмат мезаданд, ки ин амр аз ҷониби худи паёмбар аст, ки ба Худо нисбат додааст ва ончӣ ӯ дар бораи Қуръон ва ваҳӣ ва ё маваддати аҳли байт мегуяд аз ҷониби Худо нозил нашудааст.
Худованд дар посухи ин афрод мефармояд: агар паёмбар чунин кунад Худованд бар қалби ӯ муҳр мезанад ва иҷоза намедиҳад чизеро, ки аз ҷониби Худо нозил нашуда ба Худо нисбат диҳад зеро агар Худованд монеи ӯ нашавад асбоби гумроҳии мардум фароҳам мешавад ва ин кор бо ҳикмати иллоҳӣ барои ҳидояти мардум созгор нест чунон,ки дар оятҳои 24 то 26 сураи Ҳоқа омадааст "Ва агар ӯ порае аз гуфтаҳоро "Ба дуруғ" ба мо нисбат медод ӯро бо қудрат мегирифтем ва раги қалбашро қатъ мекардем".
Идомаи оят бар ин нукта таъкид мекунад, ки Худованд ботилро маҳв ва онро расво месозад ва иҷоза намеиҳад, ки ботил ба ваҳӣ роҳ ёбад. Ӯ бо калимоте, ки нозил мекунад ҳақро устувор ва побарҷо месозад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Инсони муъмин ҳама ончиро паёмбар аз ҷониби Худованд овардааст мепазирад ва бовар дорад на он,ки ҳарчиро худаш дӯст дошт бипазирад ва ҳарчиро дӯст надошт инкор карда ё ба он бе эътимодӣ кунад.
2 – Худованд бо касе шухӣ надорад ҳатто агар паёмбараш амри нодурӯстеро ба Худо нисбат диҳад ӯро расво сохта казби суханашро фош мекунад ва ӯро аз дарёфти ваҳӣ маҳрум месозад.
3 – Нобудии ботил ва ғалабаи ҳақ ваъдаи қатъии Худованд ба аҳли имон аст.
25
وَهُوَ الَّذِی یَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَیَعْفُو عَنِ السَّیِّئَاتِ وَیَعْلَمُ مَا تَفْعَلُونَ
Ва Ӯст, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва аз гуноҳон дармегузарад ва он,чиро анҷом медиҳед медонад.
26
وَیَسْتَجِیبُ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَیَزِیدُهُم مِّن فَضْلِهِ وَالْکَافِرُونَ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِیدٌ
Ва дархости касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд иҷобат мекунад ва аз фазли худ бар онон меафзояд ва албатта барои кофирон азоби сахт хоҳад буд.
Яке аз муҳимтарин алтофи Худованд ба башар ин аст, ки ҳамвора роҳи бозгаштро барои бандагони хатокораш боз гузошта ва ҳеч маҳдудияте барои тавбаи онҳо қоил нашудааст мо инсонҳо маъмулан касеро, ки дар ҳақи мо зулм карда ва узурхоҳӣ кунад пас аз чанд бор такрори хатои узрашро намепазирем ва ҳато иҷозаи узурхоҳӣ ҳам ба ӯ намедиҳем.
Аммо Худованд фармӯдааст, ки ҳаргоҳ бандагони ман аз кори худ пушаймон шаванд ва бозгарданд роҳи тавба барои онҳо боз аст ва ӯ лағзишҳои онҳоро мебахшад ин дар ҳоле аст, ки Худо аз зоҳир ва ботини корҳои мо бохабар аст ва яизе аз дидаи тезбини илми Ӯ пинҳон нест.
Лутфи Ӯ ба бандагон афзун бар омӯрзиши гуноҳон иҷобати хостаҳои онҳост бадин маъно, ки Худо дархостҳои касонеро, ки имон оварда ва дурусткоранд мепазирад ва аз он болотар чизҳоеро, ки шояд ба фикри онҳо хутур накарда ва ё бартар аз хостаҳои маҳдуди башар аст, аз рӯйи фазлаш ба онҳо мебахшад, ин ниҳояти лутф ва марҳамати Парвардигор дар хусуси муъминон аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Дар Ислом бунбаст вуҷуд надорад роҳи бозгашт ҳамвора боз аст ва ҳаркас дар ҳар шароите метавонад бозгардад.
2 – Худо ба гунаҳкорон ваъда додааст, ки агар тавба кунанд гуноҳони онҳоро мебахшад дар воқеъ бо ин ваъда хатокоронро ба бозгашт ташвиқ мекунад.
3 – Шарти истиҷобати дуо имон ба Худо ва анҷоми корҳои нек ва шоиста аст.
27
وَلَوْ بَسَطَ اللَّـهُ الرِّزْقَ لِعِبَادِهِ لَبَغَوْا فِی الْأَرْضِ وَلَـکِن یُنَزِّلُ بِقَدَرٍ مَّا یَشَاءُ إِنَّهُ بِعِبَادِهِ خَبِیرٌ بَصِیرٌ
Ва агар Худованд рӯзиро бар бандагонаш вусъат диҳад, дар замин туғён ва ситам мекунанд вале ончиро бихоҳад ба андоза нозил мекунад зеро Ӯ ба бандагонаш огоҳ ва биност.
28
وَهُوَ الَّذِی یُنَزِّلُ الْغَیْثَ مِن بَعْدِ مَا قَنَطُوا وَیَنشُرُ رَحْمَتَهُ وَهُوَ الْوَلِیُّ الْحَمِیدُ
Ва Ӯст, ки боронро пас аз ин,ки мардум "Аз омаданаш" ноумед шуданд нозил мекунад ва раҳматашро мегустаранд ва Ӯ сарпарасти сутуда аст.
Ин оятҳо ба асли ҳикмати илоҳӣ, ки бар ҳамаи умури ҷаҳон ҳоким аст ишора карда ва мефармояд: низоми хилқат бар асоси андозагирии зарфияти ашёъ ва инсонҳо офаридашуда ва Худованд қодир аст, ки ба ҳар чиз ва ҳар кас тавон ва имкони беш аз инро бидиҳад аммо ин кор бо ҳикмати Ӯ созгор нест зеро муҷиби туғён ва саркашии инсонҳо ва ба ҳам хурдани низоми иҷтимоӣ мешавад.
Ҳамаи инсонҳо аз Худованд вусъат дар рӯзиро талаб мекунанд ва иҷобати ин хоста барои Худо имкони пазир аст, аммо ҳикмати Худованд иҷозаи таҳқиқи чунин хостаеро намедиҳад.
Масалаи тақсими рӯзӣ бар асоси ҳисоби дақиқе аст, ки Парвардигор дар бораи бандагонаш дорад чаро, ки Ӯ нисбат ба бандагонаш огоҳ ва биност. Ӯ паймона ва зарфияти вуҷуди ҳар касро медонад лизо ба андоза ва ҳисоб шуда ва тибқи маслиҳат рӯзиро дар миёни бандагон тақсим мекунад.
Таҷрибаи таърихӣ низ нишон медиҳад инсонҳое, ки рӯзӣ ва рифоҳи фаровони расидаанд умуман Худоро фаромӯш карда ва дучори зулм ва туғён ва саркашӣ шудаанд зеро иштиҳои инсон серинопазир аст ва ба андозаи муайяне аз қудрат ва сарват қотеъ нест. Ӯ мехоҳад ончиро дигарон доранд ба даст оварад гарчӣ ҳамроҳ бо зулм ва ситам бошад ба ҳамин далил Худованд ба миқдоре, ки мехоҳад ва маслиҳат мебинад рӯзиро нозил мекунад.
Бино бар ин вазифаи мо инсонҳо талош барои касби маош ва тавсиаи рифои зиндагӣ дар ҳадди табии аст дар айни ҳол бояд бидонем, ки низоми хилқат ва ҳикмати илоҳӣ тобеи хостаи мо нест ва ба андозае, ки тодул дар низоми хилқат ба ҳам нахурд ба мо рӯзӣ мерасонад.
Албатта гоҳ камбуди рӯзе ба хотири сустӣ ва танбалии худи инсон аст, ин камбуд ва маҳрумият хости ҳатмии Худованд нест балки натиҷаи аъмоли инсон аст, ки домангираш шудааст пас агар талош накунем ва ба умеди рӯзӣ биншинем зеро ба даст намеоварем зеро Худованд ваъда надодааст, ки ба афроди бекор рӯзӣ бирасонад.
Шояд як далили малмус ва қобили мушоҳида бар ин,ки ризқи инсонҳо ба дасти Худовандаст бадидаи нузули борон аст, ки башар дар он нақше надорад нузули борон аз нишонаҳои илм ва қудрати Худост агар борон набрад қаҳтӣ ва хушксолӣ падид меояд ва агар биборад мояи ободонӣ ва афзоиши неъмат ва густариши рӯзӣ мешавад. Худованд бо бориши борон доманаи раҳмати худро мегустаронад ба василаи борон заминҳои мурда зинда мешаванд, гиёҳон мерӯянд ва оби ошомидании инсонҳо ва сойири мавҷудоти зинда таъмин мешавад инҳо ҳоки аз он аст, ки Худованд бандагонашро ҳамчун як хонаводаи бузург ба хубӣ сарпарастӣ мекунад ва мавриди сипос ва ситоиши онҳост.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Истиҷобати дархостҳои бандагон дар чорчуби ҳикмати илоҳӣ аст зеро гоҳе истиҷобати бархе аз хостаҳои инсон муҷиби туғён ва саркашии ӯ мешавад.
2 – Низоми хилқат тобеи ҳисоб ва китоб ва андозагирӣ аст ва ҳарчиз ба ҷойи худ муҳосиба шудааст.
3 – Борон намуде аз раҳмати илоҳӣ аст.
4 – Танҳо паноҳгоҳи инсон дар мушкилот ва ноумедиҳо Худост.