Июл 28, 2020 10:02 Asia/Dushanbe

Қисмати 899 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 29-35

29

 

وَمِنْ آیَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَثَّ فِیهِمَا مِن دَابَّةٍ وَهُوَ عَلَى جَمْعِهِمْ إِذَا یَشَاءُ قَدِیرٌ                               

 

Ва аз нишонаҳои "Қудрати" Ӯ офариниши осмонҳо ва замин аст ва ончӣ аз ҷунбандагон миёни он ду пароканда аст ва Ӯ ҳаргоҳ бихоҳад бар гирдовардани онҳо тавоност.

 

Дар оятҳои қабл, сухан аз нузули борон буд, ки маншаи ҳаёти замин ва нишонаи раҳмати илоҳӣ аст, ин оят мефармояд, офариниши осмон ва замин ва густариши анвои ҷонварони рез ва дурушт дар онҳо, беҳтарин нишонаи илм ва қудрати илоҳӣ аст.

Осмон бо каҳкашонҳои азим ва миллиордҳо ситорае, ки инсон аз мутолиа ва тафаккур дар онҳо дар ҳайрат фуру меравад замин бо гиёҳони мутанавеъ ва рангоранд ва сойири мавоҳиб ва зебоиҳояш ҳама аз оёятҳо ва нишонаҳои Ӯст ҳамчунин ҷунбандагони замин ва осмон анвои паранагон анвои ҳайвоноти ваҳшӣ ва аҳлӣ ва моҳиёни бисёр кучак то наҳангҳои ғулпайкар ва аҷоиб ва шигифтиҳое, ки дар сохтумони ҳар як аз онҳо ба кор рафта ҳама  аз оятҳои Худои бузург ба шумор мераванд.

Равшан аст касе, ки чунин низоми бо азаматеро офарида қодир аст қиёматро барпо созад ва ҳар кадом аз ин мавҷудотро, ки бихоҳад дар онҷо гирдоварад.

Ду нуктаи ҷолиб дар ин оят ба чашм мехурад: аввал ин.ки аз вуҷуди ҷунбандагоне дар кароти осмони ғайр аз кураи замин хабар медиҳад ва нуктаи дуввум марбут ба гирдовардани дигар ҷондорон дар рӯзи қиёмат аст.

Ин ҳашр метавонад барои ду ҳадаф бошад: яке кайфар ва подош. Албатта агар барои онҳо низ навъе дарк ва шуур қоил бошем. Дигаре ба унвони мавҷудоте, ки дар охират низ аз ҳаёт бархурдоранд, вале зиндагии азизе доранд бидуни он, ки кайфар ва подоше бубинанд зеро Қуръон дар оятҳо мухталиф танҳо аз ҳашр ва ҷамъи ҷунбандагон сухан гуфтааст, на аз ҷазо ва муҷозоти онҳо.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Офариниши ибтидои мавҷудот нишонаи имкони офариниши дубораи онҳо дар қиёмат аст.

 

2 – Мавҷудоти зинда, фақат онҳое нестанд, ки мо дар замин мешиносем дар смонҳо низ мавудоти зинда вуҷуд дорад.

 

3 – Густариши мавҷудот ё гирдоварии онҳо тобеи хаст ва иродаи илоҳӣ аст ва инсон дар ин амр нақше надорад.

 

30

 

وَمَا أَصَابَکُم مِّن مُّصِیبَةٍ فَبِمَا کَسَبَتْ أَیْدِیکُمْ وَیَعْفُو عَن کَثِیرٍ   

 

Ва ҳар мусибате ба шумо расад ба сабаби корҳое аст, ки анҷом додаед ва Ӯ аз бисёре "Аз гуноҳон" дармегузарад.

 

31

 

وَمَا أَنتُم بِمُعْجِزِینَ فِی الْأَرْضِ  وَمَا لَکُم مِّن دُونِ اللَّـهِ مِن وَلِیٍّ وَلَا نَصِیرٍ                                                              

 

Ва шумо дар замин оҷизкунандаи "Худо" нестед "То битавонед аз таҳти қудрати Ӯ хориҷ шавед" ва ҷуз ҳеч сарпараст ва ёваре барои шумо нест.

 

Ояти қабл ба маҳшур шудани мавҷудот дар қиёмат ишора дошт, ин оятҳо мефармояд: албатта ингуна нест, ки дар дунё кайфар ва подош набошад ва инсонҳо ҳаргуна амал кунанд бо ҳеч муҷозоте рӯ ба рӯ нашаванд бисёре аз корҳое, ки башар аз рӯйи ихтиёр ва интихоби хеш анҷом медиҳад, осори қаҳрӣ дорад, ки дар ҳамин дунё ба ӯ мерасад ва ӯ таъми талхи корҳои бади худро хоҳад чашид ин ҳамон муҷозоти илоҳӣ дар дунёст, ки бо қарор додани ин қавонини табии онҳоро эъмол мекунад.

Бадин тартиб, корҳои инсон ғайр аз авоқиби ухравӣ осор ва паёмадҳои дунявӣ ва модӣ низ дорад, ки дар ҳамин дунё худро нишон медиҳад чунон,ки дар ояти 41 сураи Рум мехонем "Ба хотири корҳое, ки мардум кардаанд фасод ва табоҳӣ дар хушкӣ ва дарё ошкор шудааст, то "Худо" натиҷаи бархе аз корҳоеро, ки анҷом додаанд ба онон бичашонад ва шояд "Ба сӯйи ҳақ" боз гарданд.

 

Идомаи оят мефармояд: бархе инсонҳо гумон мекунанд метавонанд аз натиҷаи корҳои худ дар дунё бигурезанд қавонин ва сунатҳои илоҳиро зери по бигзоранд ва бидуни он,ки мусибате ба онҳо бирасад ҳаргуна дилашон мехоҳад амал кунанд.

Дар ҳоле, ки чӣ бо осмон раванд ё дар замин бимонанд ҳар куҷо бошанд сунатҳои илоҳӣ дар ҳамаҷо  аст ва ҳечкас ҷуз Худо бар ин ҷаҳон вилоят ва ҳокимият надорад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Бисёре аз ҳаводиси талхе,ки инсон дар зиндагии худ бо онҳо мавоҷеҳ мешавад натиҷаи қаҳри рафтор ва амалкарди худи ӯст.

2 - Мушкилоти инсон танҳо вокунишбахше аз хатоҳои ӯст, зеро афв ва бвхшиши Худованд боис мешавад, ки авоқиби бисёре аз крҳои ношоисти инсон ӯро дар бар нагирад.

 

3 - Башар дар баробари қудрати Худо комилан оҷиз аст ва роҳе барои фирор аз ҳокимияти илоҳӣ надорад.

 

32

 

وَمِنْ آیَاتِهِ الْجَوَارِ فِی الْبَحْرِ کَالْأَعْلَامِ                            

 

Ва аз нишонаҳои Ӯ киштиҳои чун кӯҳҳо дар дарёст.

 

33

 

 إِن یَشَأْ یُسْکِنِ الرِّیحَ فَیَظْلَلْنَ رَوَاکِدَ عَلَى ظَهْرِهِ إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّکُلِّ صَبَّارٍ شَکُورٍ                                        

 

Агар бихоҳад бодро фуру менишонад дар натиҷа киштиҳо бар рӯйи об сокин ва беҳаракат мемонанд ҳамоно дар ин амр нишонаҳое барои ҳар шакебои шукургузор аст.

 

34

 

 «أَوْ یُوبِقْهُنَّ بِمَا کَسَبُوا وَیَعْفُ عَن کَثِیرٍ                          

 

Ё агар бихоҳед киштиҳо ба сабаби ончӣ "Сарнишинонашон" муртакиб шудаанд нобуд месозад ва албатта аз бисёре "Аз гуноҳон" дар мегузарад.

 

35

 

وَیَعْلَمَ الَّذِینَ یُجَادِلُونَ فِی آیَاتِنَا مَا لَهُم مِّن مَّحِیصٍ              

 

Ва то касоне, ки дар оятҳои Мо муҷодала мекунанд, ки ононро ҳеч гурезгоҳе нест.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки бархе нишонаҳои илм ва қудрат ва раҳмати илоҳӣ аз ҷумла боронро матраҳ созад ин оят ба нақши бод дар зиндагии башар ишора карда ва мефармояд:

Киштиҳои бузурги ҳамли бор ё мусофир, ки бар сатҳи оби дарё шиноваранд фуру нарафтанд онҳо дар об нишонаи қудрати илоҳӣ аст аз ин ҷиҳат, ки Худованд чунин вижагиро дар об қарор додааст, ки киштиҳо дар сатҳи он шиновар бимонанд ва ғарқ нашаванд ҳамчунин ҳаракати киштиҳо бар сатҳи об, ки бо вазиши бод бар подбонҳо сурат мегирад низ аз нишонаҳои раҳмати Худованд аст.

Албатта имрӯза киштиҳои ғулпайкар бо истифода аз маторҳои нерӯманд ҳазорон километрро дар уқёнуси ором мепаймоянд ва ҳаҷми зиёе аз бор ва мусофирро ҷо ба ҷо мекунанд, онҳо низ аз қавонин ҳоким бар табиат, ки Худованд вазъ намуда ва башар кашф карда баҳра мегиранд ва тавлиди ҳаракат мекунанд на он, ки башар худаш қонунеро барои табиат вазъ карда бошад ва бигуяд: ин кори ман нест!

Идомаи оятҳо мефармояд: агар Худованд ирода кунад бодро сокин месозад то киштиҳо бар пушти дарё сокин ва мутавақиф шаванд дар ин нишонаҳое аст барои ҳар кас, ки дорои мақоми сабр ва шукур аст.

Ба ҳар ҳол ҳам сукун ва ҳаракати киштиҳои кучак ва бузург ва ҳам солим расидани онҳо ба мақсад ба дасти Худост, зеро агар Худованд ирода кунад киштиро бо сарнишинонаш ғарқ мекунад ва албатта ин кайфар ба хотири корҳое аст, ки худи онҳо анҷом додаанд вале Худованд аз бисёре аз гуноҳон ва муҷозоти онҳо дармегузарад ва онҳоро нодида мегирад зеро агар бино буд инсонҳо ба хотири корҳояшон муҷозот шаванд касе дар рӯйи замин боқӣ намемонд.

Албата афроди лаҷуҷ ва ситезаҷу ҳозир ба пазириши қудрати илоҳӣ дар низоми табиат нестанд ва ҳамвора дар садади инкори нишонаҳои Худо дар замин ва ҷидол ва ситез бо муъминон ҳастанд вале онҳо низ хоҳанд донист, ки дасти қудрати илоҳӣ роҳи гурезе надорад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – На фақат офариниши мавҷудот балки қавонини ҳоким бар ҷомеаҳо ва моиот ҳамагӣ нишонаи қудрат ва раҳмати илоҳӣ аст, ки яке аз онҳо имкони ҳаракати аҷсоми бузург ва сангин ҳамчун киштиҳои азим бар рӯйи об аст.

 

2 – Дар ҳангоми мувоҷеҳ шудан бо неъматҳои илоҳӣ ҳам бояд сабур буд ва ҳам шакур гоҳе ҳикмати Ӯ сахтиро иҷобат мекунад, ки бояд сабр пеша кард гоҳе низ рифоҳ ва роҳатро барои башар ба дунбол дорад, ки бояд шукургузор буд.

 

3 – Корҳои мо инсонҳо ҳамвора моро дар маърази ҳалокат қарор медиҳад пас агар ҷони солим бадар мебарем аз рӯйи лутфи Худост.

 

4 – Низоми табиатро фақат тафсир ва таҳлили модӣ накунем ва ба нақши Худованд дар тадбир ва сомонадиҳии умури олам таваҷҷуҳ дошта бошем, чаро, ки дар ғайри ин сурат илм ва қудрат ва ҳикмати илоҳиро дар тадбири умури ҷаҳон нодида гирифтаем.