Қисмати 900 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 36-39
Қисмати 900 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 36-39
36
فَمَا أُوتِیتُم مِّن شَیْءٍ فَمَتَاعُ الْحَیَاةِ الدُّنْیَا وَمَا عِندَ اللَّـهِ خَیْرٌ وَأَبْقَى لِلَّذِینَ آمَنُوا وَعَلَى رَبِّهِمْ یَتَوَکَّلُونَ
Пас ончӣ ба шумо дода шуда матои зиндагии дунёст ва ончӣ назди Худост барои касоне, ки имон оварданд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд беҳтар ва пойдортар аст.
Дар оятҳои қабл, сухан аз неъматҳои илоҳӣ дар хушкӣ ва дарё буд ин оят мефармояд: ҳамаи ончӣ Худо ба бандагонаш дар дунё додааст неъматҳои зудгузар ва фонӣ ҳастанд ва набояд тасаввур кунед, ки ҳамеша дар ихтиёри шумост вале сармоя ва неъмати он ҷаҳон пойдор ва абадӣ аст, ки аҳли имон бо анҷоми корҳои нек ва шоиста ба он даст меёбанд пас агар инсон матои зудгузари зиндагии маҳдуд дар ҷаҳони модиро бо он сармояи ҷовидон мубодила кунад тиҷорати бисёр пур судро насиби худ кардааст.
Неъмаиҳои динявӣ ба ҳамаи инсонҳо атто шудааст ва Худованд фарқе миёни муъминон ва кофирон намегузорад аммо неъматҳои ухравӣ фақат махсуси муъминон ва покон аст, ки тавонистаанд бо баҳрагирии дуруст аз неъматҳои дунявӣ охирати худро низ обод кунанд бадеҳӣ аст муъминон ба хотири пойбандӣ ба мавозини динӣ аз корҳои нодуруст даст мекашад ва баъзе аз маҳрумиятҳоро низ таҳамул мекунад вале Худованд дар охират ҷуброн карда ва подошҳо ва мавоҳиби беҳтар ва пойдортареро ба ӯ медиҳад.
Бар хилофи касоне, ки ба дунё дил бастаанд ва дар ҷамъи моли дунё ҳарис ва бахиланд аҳли имон ба Худо таваккул доранд ва ба ҷойи ҷамъи сарват барои ояндаи худ дар фикри инфоқ ва бахшиш ба ниёзмандон ҳастанд онҳо ба ҷойи такя бар қудрат ва сарвати хеш, ки аз назарашон зудгузар ва фонӣ аст ба қудрат ва раҳмати илоҳӣ тавакул доранд, ки медонанд ҳамвора боқӣ аст.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Инсони муъмин аз дунё баҳра мебарад вале ҳадафаш охират аст ва бо ин ангеза умури фониро боқӣ мекунад
2 – Ончиро муъминон дар дунё аз даст медиҳад Худованд беҳтарашро дар қиёмат ба ӯ медиҳад қиёмат махсуси муъминони мутавакил аст.
3 – Тавакул ба Худо ба ҷойи такя бар қудрат ва сарвати хеш нишонаи аҳли имон аст тавакул пешаи доимии муъминон аст.
37
وَالَّذِینَ یَجْتَنِبُونَ کَبَائِرَ الْإِثْمِ وَالْفَوَاحِشَ وَإِذَا مَا غَضِبُوا هُمْ یَغْفِرُونَ
Онон, ки аз гуноҳони бузург ва корҳои зишт дурӣ мекунанд ва чун хашмгин шаванд дармегузаранд.
Дар идомаи ояти қабл, ки ба вижагии аҳли имон ишора кард ин оят ба ду вижагии муҳими ахлоқӣ ва рафтории онҳо ишора карда ва мефармояд: касоне аз подоши илоҳӣ дар охират баҳраманд мешаванд, ки аз иртикоби корҳои зишт ва нангин иҷтиноб варзанд ва рӯҳи худро аз олудагиҳо пок созанд зеро имон бо нопокӣ созгор нест.
Муъминон ба нафси хеш ғалаба доранд онҳо ба ҳангоми хашм ва асабоният, ки аз буҳронитарин ҳолатҳои инсон аст даст ва забони худро кантрол карда ва сухани зишт ва нораво бар забон намеоваранд ғазаб дар воқеъ оташи сузоне аст, ки дар даруни ҷони инсон шуълавар мешавад ва бисёранд касоне, ки дар ҳангоми хашм қодир бар маҳори нафси хеш нестанд албатта ғазаб ва асабоният ҳолати табии аст, ки мумкин аст барои ҳар касе пеш биёяд вале муҳим тавоноии кантроли нафс дар ҳангоми хашм ва ғазаб аст.
Имон, метавонад рӯҳияи раҳмат ва мағфиратро дар инсон тақвият кунад то ӯ дар мувоҷҷеҳ бо дигрон, роҳи гузаашт ва бахшишро дар пеш бигирад лизо муъминони ростин дар мавқеи ғазаб зимоми ихтиёрро аз каф намедиҳанд ва даст ба аъмоли зишт ва нангин намезананд онҳо хашми худро фру хурда бо об афв ва ғуфрон дилро аз кинаҳо шустушу медиҳанд ва хатокоронро мебахшанд дар ривоятҳо низ омадааст, ки дӯсти худро дар ҳангоми асабоният бишносед, ки оё қодир аст худро кантрол кунад ё на?
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Имон танҳо амри қалб нест балки бояд дар гуфтор ва рафтор инсон намуна дошта бошад даврае аз гуноҳон ва контроли шаҳват ва ғазаб аз нишонаҳои имони воқеӣ аст.
2 – Муъмин ба ғароиз ва хостаҳои нафсонии худ тасаллут дорад на он, ки ғароиз бар ӯ мусаллат бошанд.
3 – Афв ва гузашти дигарон яке аз шароити имон аст касе, ки дигаронро намебахшад муъмини воқеӣ нест.
38
وَالَّذِینَ اسْتَجَابُوا لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَى بَیْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ یُنفِقُونَ
Ва онон, ки даъвати Парвардигорашонро иҷобат карданд ва намозро бапо доштанд ва корашон дар миёни худашон бар пояи машварат аст ва аз ончӣ рӯзии онҳо кардаем инфоқ мекунанд.
39
وَالَّذِینَ إِذَا أَصَابَهُمُ الْبَغْیُ هُمْ یَنتَصِرُونَ
Ва онон, ки ҳаргоҳ ситаме ба онон расад "Таслим намешаванд балки бар зиди золимон" ёрӣ металабанд.
Дар идомаи оятҳои қабл ин оятҳо ба нишонаҳои дигар аҳли имон ишора карда ва мефармояд: онҳо даъвати Парвардигор барои ҳидоят ба роҳи мустақимро иҷобат карда бо тамоми вуҷуд дар баробари фармонаш таслиманд ва танҳо дар баробари Ӯ ба ибодат ва намоз бармехезанд илова бар он ба ниёзмандон расидагӣ мекунанд ва бахше аз моли худро ба онҳо мебахшанд.
Дар умумри хонаводагӣ ва иҷтимоӣ низ ба райъ ва назари дигарон эҳтиром гузорида ва корҳояшонро бо машварати дигарон анҷом медиҳанд, муруре бар таърихи садри Ислом нишон медиҳад, ки Расули Худо ва ёрони он ҳазрат ин вижагиро доштанд ҳато паёмбар, ки ба ваҳйи илоҳӣ мутасил буд дар умури иҷтимоӣ бо мардум машварат мекард ва агар аксарият назаре медоданд ба райи онҳо эҳтиром мегузоштан гарчӣ бо назари худаш мухолиф буд, монанди ончӣ дар ҷанги Уҳуд дод ва Расули Худо (с) дар хусуси шеваи ҷанг бо мушрикон ба райи аксарият амал кард, бо он,ки дар ниҳояти ин ҷанг ба шикасти муслимонон ва кушташудани беш аз 70 тан аз ёрони Паёмӣар (с) анҷомид.
Албатта равшан аст, ки ин машварат дар мавриди мавзуоти хонаводагӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тадбири умури ҷомеа ва ғайра аст, на аҳкоми илоҳӣ, чунон,ки оятҳо низ мефармояд: аҳли имон дар корҳои худ машварат мекунанд на дар корҳое, ки Худованд ҳукуми онро аз қабл муаян кардааст.
Ҷолиб аст дар миёни ҳамаи вижагиҳои аҳли имон, мавзуи машварат ба қадри муҳим аст, ки ин сура ба ҳамин далил, шуро ном гирифтааст.
Охирин вижагии аҳли имон дар ин оятҳо, муқовимат ва пойдорӣ дар баробари зулм ва золим аст инсони муъмин зери бори зулум намеравад ва барои мубориза бо золимон аз дигарон ёрӣ металабад то шарри ситамгаронро дафъ кунад чунон,ки дар оятҳои дигар мефармояд: аҳли имон на зулум мекунанд ва на зулум мепазиранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ислом дини ҷомеъ ва комил аст ва ибъоди мухталифи зиндагии инсон назири ибъоди иқтисодӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ибодӣ ва сиёсӣ таваҷҷуҳ дорад, намунаҳое аз ин маворид дар ин оятҳо омадааст.
2 – Идаъои имон бояд дар амал собит шавад, муъмин бояд дар ҳамаи ҷиҳоти фардӣ ва иҷтимоӣ, рафтори дуруст ва Худописандона дошта бошад на он,ки фақат ба намоз ва ибодат бипардозад ва аз умури иҷтимоӣ ғофил бошад.
3 – Истибдоди рай бо имон созгор нест лизо муъмин ба рай ва назари дигарон эҳтиром мегузорад.
Назарпазирӣ ва сукут дар баробари зулм, бо имон ба Худо дар таоруз аст пас муъмин дар муқобили ситамкор меистад ва аз ҳақи худ дифоъ мекунад.