Қисмати 901 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 40-43
Қисмати 901 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 40-43
40
وَجَزَاءُ سَیِّئَةٍ سَیِّئَةٌ مِّثْلُهَا فَمَنْ عَفَا وَأَصْلَحَ فَأَجْرُهُ عَلَى اللَّـهِ إِنَّهُ لَا یُحِبُّ الظَّالِمِینَ
Ва ҷазои бадӣ, бадӣ ҳамонанди он аст, пас ҳар, ки бигзарад ва ислоҳ намояд, подоши ӯ бар "Уҳдаи" Худост, ҳамоно Ӯ ситамкоронро дӯст надорад.
Дар охирин ояти қабл, сухан аз дифоъ дар бораи мутаҷовиз буд, бадин маъно, ки инсони муъмин дар баробари зулм сукут намекунад ва дар сурати лузум аз дигарон низ кумак мегирад то золимро сари ҷойи худ биншонад.
Ин оят мефармояд: албата барои кайфар додани бадкор, набояд аз ҳад таҷовуз намуд, балки бояд ӯро мутаносиб бо зулмаш ва бар асоси адолат муҷозот кард, чунон, ки дар ояти 194 сураи Бақара низ бар асли муқобилаи ба мисл таъкид мекунад.
Идомаи оят мефармояд: албата агар золим аз кори худ пушаймон шуд ва тақозои бахшиш кард, ӯро бибахшед ва бо ӯ аз дари сулҳ ва оштӣ дароед, ки Худованд инро бештар дӯст дорад ва ба хотири ин гузашт, ба шумо подош медиҳад.
Бетардид, ин дастури Хуованд бар маънои дифоъ аз золим ва ҳимоят аз ӯ нест, балки барои рафъи кудурат ва кина байни афроди ҷомеа ва барқарории сулҳ ва оштӣ дар миёни онҳост.
Аз ин оят мсеомӯзем:
1 – Муҷозоти касе, ки ба мардум зулм карда, дар ихтиёри мазлум аст. Ӯ метавонад ба наҳви одилона золимро муҷозот кунад ва ё метавонад ӯро бибахшад, албата дар сурати адами бахшиш муҷозот бояд мутаносиб бо навъи зулм бошад ва дар ин амр ифрот ва тафрит нашавад.
2 – Тавсияи дин, бахшиши хатокор аст, ё он, ки қудрат бар муҷозоти ӯ доред албата касе, ки бибахшад подоши бузурге аз ҷониби Худованд насиби ӯ хоҳад шуд.
3 – Дар канори ҳокимяти қонун ва иҷрои қавонини одилона, бояд мардумро ба сӯйи рафторҳои ахлоқӣ, отифӣ ва маваддатомез бо якдигар тарғиб кард, чунон, ки Қуръон дар канори қасос, ба афв ва бахшиш тавсия мекунад.
41
وَلَمَنِ انتَصَرَ بَعْدَ ظُلْمِهِ فَأُولَـئِکَ مَا عَلَیْهِم مِّن سَبِیلٍ
Ва касе, ки пас аз ситам диданашон, ёрӣ биҷуянд "Ва дар мақоми интиқом бароянд" роҳи "Маломатӣ" бар онон нест.
42
إِنَّمَا السَّبِیلُ عَلَى الَّذِینَ یَظْلِمُونَ النَّاسَ وَیَبْغُونَ فِی الْأَرْضِ بِغَیْرِ الْحَقِّ أُولَـئِکَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِیمٌ
Маломат бар касоне аст, ки ба мардум ситам мекунанд ва дар замин ба ноҳақ саркашӣ мекунанд, ононанд, ки бар эшон азоби дардноке аст.
Дар идомаи ояти қабл дар бораи муҷозоти золим ё гузашт аз ӯ, ин оят бори дигар бар ин нуктае таъкид мекунад, ки ин гузашт бояд аз сӯйи мазлум ва ба хост ва иродаи ӯ бошад, на он,ки дигарон бихоҳанд ӯро бар ин кор маҷбур кунанд зеро ӯ ба таври табии ҳақ дорад барои иҳқоқи ҳақи худ, золимро муҷозот кунад ва ҳато агар худаш ба танҳои тавони ин корро надорад, аз дигарон ёрӣ биталабад.
Пас набояд мазлумро ба хотири талоши ӯ барои расидан ба ҳақаш маломат кард зеро ӯ хатое муртакиб нашудааст, дар воқе ҷомеа бояд касонеро сарзаниш кунад, ки ҳақи дигаронро зоеъ мекунанд ва ба дигарон зулм раво медоранд ҳамонҳое, ки ба хотири он, ки худро ба ноҳақ бартар аз дигарон медонанд, дучори туғён ва саркашӣ шуда ва аз қавонин тахалуф мекунанд, ин афрод дар дунё мустаҳиқи сарзаниш ва маломати мардум ва дар қиёмат сазовори қаҳри илоҳӣ ва оташи дузах ҳастанд.
Аз ин ятҳо меомӯзем:
1 – Мазлум ҳақ дорад аз дигарон кумак бихоҳад ва ҷомеа низ бояд ӯро дар расидан ба ҳақаш ёрӣ кунад.
2 – Тиҷорат ба ҳуқуқи мардум аз ҷониби ҳар кас бошад, норавост ва қобили пайгирӣ ва муохаза аст.
3 – Туғён ва таҷовуз аз ҳудуди илоҳӣ ва қавонини иҷтимоие, ки фасод ва табоҳе дар ҷомеа ба бор меоварад, бояд ифшо шавад ва аз сӯйи афроди иҷтимои мавриди саввол ва бозхост қарор гирад.
43
وَلَمَن صَبَرَ وَغَفَرَ إِنَّ ذَلِکَ لَمِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ
Ва касе, ки шикебои варзад ва гузашт кунад, бетардид ин аз корҳои устувор аст.
Ин оят бори дигар ба мавзӯи гузашт аз хатокор бар мегардад ва бар ин нукта таъкид мекунад, ки ҳақи мазлум барои муҷозоти золим, набояд муҷиб шавад мардум афв ва бахшишро аз ёд бибаранд ва ба якдигар раҳм накунанд.
Лизо мефармояд: гузашт аз хатои дигарон сахт аст ва ба сабр ва шикебоӣ ниёз дорад, вале бисёр арзишманде аст, табии аст по гузоштан бар ҳавои нафс ва гузашт аз ҳақи худ аз ҳар касе барнамеояд ва кори чандон осоне нест, аммо инсонҳои бузурге, ки дорои азм ва иродаи устувор ҳастанд ва аз хислатҳои неку баҳра доранд, метавонанд чунин кореро анҷом дода ва аз ҳақи худ бигзаранд.
Ба таври куллӣ дар ин оятҳо, ду навъ бархурд бо касе, ки ба дигарон ситам карда матраҳ шудааст: яке кайфар ва муҷозот ва дигаре афв ва гузашт табии аст вазъият ва шароити афрод низ дар ин мавзӯъ таъсиргузор аст ҳам шароити холим ҳам шароити мазлум.
Гоҳ мумкин аст золим аз кори худ пушаймон шуда ва тақозои бахшиш кунад аз корҳои худ пушаймон набошад ва бо қулдурӣ ва саркашӣ бар зулм ва ситами худ исрор варзад.
Мазлум низ мумкин аст инсони бо камол ва бофазилат бошад ва ба роҳатӣ аз хатои дигарон даргузарад аммо гоҳ мазлум дар шароите аст, ки наметавонад зулм ва тааддии дигаронро таҳаммул кунад ва бо исрор, дар пайи мутолибаи ҳақи худ аст.
Дар чанд ояти гузашта ҳамаи ин ҳолатҳо ба наҳваи мавриди баррасӣ қарор гирифта ва мутаносиб бо ҳар як аз ин ҳолатҳои ҳукми баён шудааст.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Сабр ва гузашт аз сифоти барҷастаи инсоне аст, ки мавриди такрими Худованд аст.
2 – Ислом дини ҷомеи аст, ҳам ҳақи мазлумро ба расмият мешиносад ва ҳам ӯро ба рафтори бузургворона ва гузашт ва бахшиш тарғиб мекунад.