Август 07, 2020 11:54 Asia/Dushanbe

Қисмати 902 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 44-47

44

 

وَمَن یُضْلِلِ اللَّـهُ فَمَا لَهُ مِن وَلِیٍّ مِّن بَعْدِهِ وَتَرَى الظَّالِمِینَ لَمَّا رَأَوُا الْعَذَابَ یَقُولُونَ هَلْ إِلَى مَرَدٍّ مِّن سَبِیلٍ                      

 

 Ва ҳар, киро Худо "Ба кайфари кирдораш" гумроҳ кунад, пас баъд аз он ҳеч ёваре нахоҳад дошт ва ситамгаронро мебини, ки чун азоби илоҳиро бубинанд, мегуянд: оё роҳе барои бозгашт "Ба дунё" вуҷуд дорад?

 

Яке аз сунатҳои илоҳӣ ҳидояти мардум аз тариқи ақл ва ваҳйи аст то роҳро аз бероҳаги ташхис диҳанд ва баъдан узур наёваранд, ки роҳи ростро намешинохтанд корҳояшон нодуруст аст.

Аммо касоне, ки роҳи ҳидоятро пайдо карда ва бар хилофи он амал мекунанд дар воқеъ бо ихтиёри хеш аз масири ҳидоят хориҷ шуда ва гумроҳиро интихоб кардаанд, ин гумроҳӣ, кайфари қаҳрӣ ва табии ҳамон рафторҳое аст, ки кам – кам дар онҳо ниҳодина шуда ва муҷиб шуда, ки онҳо корҳои зишти худро хуб ва зебо бипиндоранд.

Равшан аст, ки на ҳидоят ҷанбаи иҷборӣ дорад ва на залолат, балки ҳидоят ва гумроҳӣ натиҷаи аъмоли инсон аст гоҳ инсон корҳои бадеро анҷом медиҳад, ки муҷиб мешавад Худо нӯри ҳидоятро аз қалби ӯ бигирад ва вайро дар зулмоти гумроҳӣ раҳо созад, дар ҳақиқат, чунин инсоне бо аъмол ва рафтори ношоисти худ заминаи инҳироф ва гумроҳии хешро фароҳам сохтааст.

Албатта дар рӯзи қиёмат, ки ҳақоиқ ошкор мешавад афрод ба иштибоҳи худ пайбурда ва пушаймон мешаванд, вале дигар пушаймонӣ бефоида аст ва тақозои золимон барои бозгашт ба дунё бо посухи манфӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд, чаро, ки роҳе барои бозгашт ба дунё барои онҳо вуҷуд надорад. Ҳамонгуна, ки инсон аз пирӣ ба ҷавонӣ ва аз ҷавонӣ ба кудакӣ ва аз кудакӣ ба олам чунин боз намегардад, сайри қаҳқарои аз олами охират ба дунё низ имконпазир нест.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Гумроҳии ибтидоӣ надорем, яъне Худованд касеро аз оғоз гумроҳ намекунад, балки гумроҳи кайфарӣ надорем, яъне бар асари зулм ва куфр ва фасод роҳи шинохти ҳақиқӣ бар инсон баста шуда ва ба водии гумроҳӣ кашида мешавад.

 

2 – Золимон ва мунҳарифон бидонанд, ки касе дар баробари иродаи Худованд нест лизо ҳечкас ва ҳеч қудрате наметавонад онҳоро наҷот диҳад пас фақат бар Худо таваккул кунем ва ба Ӯ дил бибандем.

 

 

45

 

وَتَرَاهُمْ یُعْرَضُونَ عَلَیْهَا خَاشِعِینَ مِنَ الذُّلِّ یَنظُرُونَ مِن طَرْفٍ خَفِیٍّ  وَقَالَ الَّذِینَ آمَنُوا إِنَّ الْخَاسِرِینَ الَّذِینَ خَسِرُوا أَنفُسَهُمْ وَأَهْلِیهِمْ یَوْمَ الْقِیَامَةِ  أَلَا إِنَّ الظَّالِمِینَ فِی عَذَابٍ مُّقِیمٍ             

 

Ва ононро мебини, ки бар оташ арза мешаванд, дар ҳоле, ки аз шиддати хорӣ "Ва расвоӣ" сарафкандаанд аз гӯшаи чашми пинҳонӣ менигаранд ва касоне, ки имон овардаанд, мегуянд: яқинан зиёнкорон касоне ҳастанд, ки рӯзи қиёмат худ ва касонашонро бохтаанд "Дучори зиён кардаанд" бидонед, ки ситамкорон дар азоби пойдоранд.

 

46

 

 وَمَا کَانَ لَهُم مِّنْ أَوْلِیَاءَ یَنصُرُونَهُم مِّن دُونِ اللَّـهِ وَمَن یُضْلِلِ اللَّـهُ فَمَا لَهُ مِن سَبِیلٍ                                               

 

Ва ҳеч дӯст ва сарпарасте надоранд, ки дар баробари Худо ёриашон кунад ва ҳар, киро Худованд "Ба хотири кирдораш" гумроҳ кунад пас барои ӯ ҳеч роҳи наҷоте нест.

 

Ин оятҳо баёнгари авҷи ваҳшати золимон дар қиёмат аст касоне, ки дар дунё бо зӯр ва қулдурӣ дигаронро метарсонданд ва ҳамвора мардум аз зулм ва таҷовузи онҳо дар бим ва ҳарос буданд имрӯз чунон ваҳшатзадаанд, ки наметавонанд сари худро боло биёваранд онҳо сарафканда ва залилона истодаанд то ба дузах ворид шаванд, онҳо аз шиддати хорӣ ва зиллат хошианд ва зери чашме ба оташи дузах менигаранд, ваҳшат ва истироб  шадиде бар онҳо ҳоким аст ва зиллати ҳамаи вуҷудашонро фаро гирифтааст.

Аммо сахттар аз ин кайфари ҷисмонӣ, маломат ва сарзанише аст, ки аз сӯйи муъминон мешунаванд, ки ба онҳо мегуянд: шумо мудаиёни қудрат ва сарват, дидед, ки гирифтори чӣ хасороти азиме шудед? хасороте, ки ҳастии шуморо бар бод дод ва имрӯз бо дасти холӣ дар инҷо ҳозир шудаед.

На фақат шумо балки пайравон ва атрофиён ва ҳаводорони шумо низ зиёнкор шудаанд, чаро, ки гумон мекарданд агар дар канори шумо бошанд ба саодат ва хушбахтӣ мерасанд аммо имрӯз онҳо мебинанд, ки шумо ҳато қудрати раҳоии худро надоред, чӣ расад ба он, ки бихоҳед онҳоро наҷот диҳед.

Бадин тартиб, чӣ зиёне аз ин болотар, ки инсон ҳастии худ ва ҳамсар ва фарзанд ва бастагонашро дар роҳи ботил аз даст бидиҳад ва худ ва дигаронро гирифтори хусрони абадӣ кунад?

Идомаи оятҳо  бори дигар таъкид мекунад, ки ин оқибати шум, натиҷаи ҳамон корҳое аст, ки муҷиби гумроии онҳо дар дунё шуд ва имрӯз онҳоро ба дузах кашондааст, азобе, ки доимӣ ва ҷовидона аст, дар онҷо золимон ҳеч ёваре надоранд, ки ононро ёрӣ карда ва аз азоби илоҳӣ бираҳонад, онҳо риштаҳои иртиботи худро бо анбиё ва авлиёи Худо гусастаанд, лизо дар онҷо так ва танҳо ва беёвар дар баробари азоби илоҳӣ қарор мегиранд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Иззат ва зиллати воқеӣ дар қиёмат ошкор мешавад, чӣ бисёр афроде, ки имрӯз азизанд, вале дар қиёмат залиланд ва ба акс, чӣ басо афроде, ки дар дунё залил ҳастанд, аммо дар қиёмат сарбаланд ва азизанд.

 

2 – Бузургтарин зиён ва хасорат барои инсон. аз даст додани сармояи умр ва ба даст наёвардан ҳосили қобили арза дар қиёмат аст.

3 – Имон мояи иззат ва сарафрозии муъмин дар дунё ва охират ва сабаби наҷот ва раҳоии ӯ дар арсаи қиёмат аст.

 

47

 

اسْتَجِیبُوا لِرَبِّکُم مِّن قَبْلِ أَن یَأْتِیَ یَوْمٌ لَّا مَرَدَّ لَهُ مِنَ اللَّـهِ مَا لَکُم مِّن مَّلْجَإٍ یَوْمَئِذٍ وَمَا لَکُم مِّن نَّکِیرٍ                          

 

Парвардигоратонро иҷобат кунед, пеш аз он,ки рӯзе фаро расад, ки аз ҷониби Худо бозгаште барои он нест дар он рӯз ҳеч паноҳгоҳе барои шумо нест ва ҳеч қудрате инкор нахоад дошт.

 

Паёмбарон дар тули таърих мардумро ба сӯйи Худо даъват кардаанд на ба сӯйи худ, лизо ин оят низ хитоб ба кофирон ва золимон ва гунаҳкорон мефармояд: пеш аз он,ки аз дунё биравед ва дар қиёмат дархости бозгашт ба дунё кунед масири инҳирофӣ нодурӯсти худро идома надиҳед ва роҳеро, ки Худо пеши рӯйи шумо гузоридааст дунбол кунед зеро дар қиёмат сар ва кори шумо бо Худост ва дар он рӯз ҷуз иродаи Худованд ҳеч ирода ва хости дигаре муҳақиқ намешавад ҳеч роҳе барои инкори корҳои худ надоред ва ҳечкас қудрати паноҳ додан ба шумо дар баробари азобро надорад.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Ончӣ моро аз хасороти абадӣ ҳифз мекунад ва василаи наҷоти мо ва расидан ба саодат  дар дунё ва охират аст, иҷобати дастуроти Худованди Бузург аст.

 

2 – Пеш аз он, ки фурсатҳо ва имконоти мо дар дунё аз даст биравад ба фикри поёни умр ва сафар ба ҷаҳони дигар бошем, ки роҳи бозгаште аз он вуҷуд надорад.