Август 14, 2020 12:05 Asia/Dushanbe

Қисмати 903 сураи муборакаи " Шуро ", ояти 48-53

48

 

فَإِنْ أَعْرَضُوا فَمَا أَرْسَلْنَاکَ عَلَیْهِمْ حَفِیظًا إِنْ عَلَیْکَ إِلَّا الْبَلَاغُ وَإِنَّا إِذَا أَذَقْنَا الْإِنسَانَ مِنَّا رَحْمَةً فَرِحَ بِهَا وَإِن تُصِبْهُمْ سَیِّئَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَیْدِیهِمْ فَإِنَّ الْإِنسَانَ کَفُورٌ                                     

 

Пас "Эй Паёмбар!" агар рӯй гардонданд, "Бидон,ки" Мо туро бар онон нигаҳбон нафиристодем "То ононро ба иҷбор ҳидоят кунӣ" ҷуз расондани паём бар уҳдаи ту нест ва албатта ҳар гоҳ Мо аз ҷониби худ раҳмате ба инсон бичашонем ба он шод ва сармаст мешавад ва агар ба сабаби дастовардашон осебе ба онҳо бирасад бетардид инсон бисёр носипос аст.

 

Яке аз вежагиҳои паёмбарони илоҳӣ дилсӯзӣ барои ҳидояти мардум будааст ва ба хотири ин, ки идае имон намеоваранд ва ба роҳи рост ҳидоят намешаванд ҳамвора андуҳнок буданд онҳо пайваста талош мекарданд то ҷойе, ки мумкин аст мардумро ба роҳ биёваранд.

Ин оят хитоб ба расули Худо мефармояд: эй Паёмбар ҳар қадар ҳам талоши туро намепазиранд ту дигар нисбат ба онҳо масуляте надори зеро паёми Худоро ба онҳо ба таври комил иблоғ кардаи. Худованд нахостааст, ки бандагонаш ба иҷбор ва икроҳ имон биёваранд ва ту маъмури водор сохтани онҳо ба пазириши ҳақ нестӣ. Худованд хостааст, ки мардум бо ирода ва ихтиёри худ имон биёваранд зеро фақат чунин имоне арзишманд аст.

Идомаи оят Расули Худоро дилдорӣ медиҳад, ки агар бархе аз мардум аз ту эъроз мекунанд нисбат ба Худованд низ чунин ҳастанд бо он ҳама неъмте, ки Худованд ба инсонҳо ито кардааст чунон ба доштаҳои худ мағрур мешаванд, ки Худоро фаромӯш карда ва шукри неъматҳоро ба ҷо намеоваранд ҳатто сахтиҳо ва мусибатҳое, ки ба хотири гуноҳонашон онҳоро фаро гирифта боиси бедории онҳо намешавад ва боз ҳам дар ғафлат боқӣ мемонанд.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Масуляти раҳбарон ва мубалиғони диннӣ иблоғи даъвати илоҳӣ аст на иҷбори мардум ба пазириши он.

 

2 – Умуми инсонҳо кам зарфиятанд дар хушиҳо дучори ғурур ва сармастӣ мешаванд ва аз шукри неъматҳои илоҳӣ ғафлат меварзанд.

 

3 – Мушкилот ва сахтиҳои зиндагии башар бозтоби амал ва рафтори худи ӯст ва Худованд барои ӯ сахтӣ нахостааст.

 

49

 

لِّلَّـهِ مُلْکُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ یَخْلُقُ مَا یَشَاءُ یَهَبُ لِمَن یَشَاءُ إِنَاثًا وَیَهَبُ لِمَن یَشَاءُ الذُّکُورَ                               

 

Фармонравоии осмонҳо ва замин фақат махсуси Худост ҳар чӣ бихоҳад меофаринад ба ҳар, ки бихоҳад мебахшад ва ба ҳар кас бихоҳад писар мебахшад.

 

50

 

 أَوْ یُزَوِّجُهُمْ ذُکْرَانًا وَإِنَاثًا وَیَجْعَلُ مَن یَشَاءُ عَقِیمًا إِنَّهُ عَلِیمٌ قَدِیرٌ                                                              

 

Ё писарон ва духтаронро бо ҳам медиҳад ва ҳар, киро бихоҳад нозо мекунад ҳамоно Ӯ Доно ва Тавоност.

 

Ояти қабл ба ин ишора кард, ки ҳаргуна неъмат ва раҳмат дар ин олам аз сӯйи Худост.

Ин оятҳо дар идома ба ин мепардозад, ки фармонравоӣ бар осмонҳо ва замин аз они Худост ва Ӯ ҳарчиро бихоҳад меофаринад. Худованд ҳамвора дар ҳоли офариниш аст на он, ки офариниши ҳастӣ дар гузашта анҷом ва тамом шуда бошад сипас ба яке аз муҳимтарин неъматҳои илоҳӣ яъне фарзанд ишора мекунад.

Ба таври мусаллам падар ва модар офарнандаи фарзанд нестанд балки онҳо воситае барои офариниши Худо ҳастанд ва фарзандонро чӣ духтар ва писар Худованд меофаринад.

Бар асоси ин оятҳо ҳам духтарон ва ҳам писарон ҳадияи илоҳӣ ҳастанд ва фарқ гузоштан миёни онҳо аз дидгоҳи Қуръон саҳиҳ нест албата касе, ки нозо ва ақим аст он ҳам ба хост ва иродаи илоҳӣ аст, ки барасоси ҳикмати худ чунин муқаддар кардааст. Ӯ ҳам ба умури олами ҳастӣ ва инсонҳо илми комил ва ҷомеа дорад ва ҳам ба ончӣ ирода кунад Тавоност ва анҷом медиҳад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Фарзанд чӣ духтар ва чӣ писар ҳадяе аз ҷониби Худованд ба падар ва модар аст ва набояд миёни онҳо тафовуте қоил шуд.

 

2 – Худованд ҳамвора дар ҳоли офариниш аст ва ҳар навзоде, ки дар ҳар гушае аз ҷаҳон мутавалид мешавад намунае аз офариниши илоҳӣ аст.

 

3 – Агар ба илм ва қудрати Худо имон дорем дар мавриди ин,ки оё соҳиби фарзанд мешавм ё на ва ё ин.ки чӣ навъ фарзанде писар ё духтар мутавалид мешавад ба Худо эътимод кунем.

 

51

 

وَمَا کَانَ لِبَشَرٍ أَن یُکَلِّمَهُ اللَّـهُ إِلَّا وَحْیًا أَوْ مِن وَرَاءِ حِجَابٍ أَوْ یُرْسِلَ رَسُولًا فَیُوحِیَ بِإِذْنِهِ مَا یَشَاءُ إِنَّهُ عَلِیٌّ حَکِیمٌ             

 

Ва ҳеч башареро ёрои он нест, ки Худо бо ӯ сухан гуяд, магар аз роҳи ваҳйи ё аз паси парда ва ҳиҷоб ё он, ки фиристодае "Аз фариштагон" бифиристад пас ба изни Ӯ ҳар чӣ бихоҳад ваҳйи кунад ҳамоно Ӯ Воло мартаба ва Фарзона аст.

 

Сураи Шуро бо мавзӯи вайи ба паёмбарон оғоз шуд ва бо ҳамин мавзӯъ низ поён меёбад, ибтидо мефармояд: башар наметавонад ба сурати мустақим мавриди хитоби илоҳӣ қарор гирад зеро Худо ҷисм нест то бо даҳон ва забон сухан бигуяд ва инсонҳо аз тариқи гуш бишнаванд балки Худованд аз се тариқ бо паёмбарони худ иртибот барқарор мекунад яке роҳи он аст, ки ончиро паёмбар бояд бидонад ва мардумро ба он даъват кунад, ба қалби паёмбар илҳом мекунад.

Роҳи дуввум он,ки Худованд амвоҷи савтиро эҷод карда ва паёмбар он амвоҷро мешунавад бидуни он, ки касеро бубинад монанди ончӣ дар бораи ҳазрати Мусо (а) иттифоқ афтод роҳи савум он,ки фариштаи ваҳйиро, ки Ҷабраил аст ба сӯйи паёмбар мефиристад ва паёмбар аз тариқи ӯ ваҳйи илоҳиро дарёфт мекунад.

Ба ҳар ҳол ваҳйи ба гунае буд, ки паёмбар итминон ҳосил мекард он сухан аз ҷониби Худост мардум низ аз роҳи муъҷизоти паёмбар мутмаин мешуданд, ки мудаии дарёфти ваҳйи, бо Худо иртибот дорад ва корҳоеро, ки анҷом меиҳад аз уҳдаи башар хориҷ аст.

 

Аз ин оят меомӯзем:

1 – Худовавнд аз роҳҳои мухталиф бо фариштагони Худ иртибот барқарор карда ва сухани Худро ба онҳо мунтақил мекунад то онҳо паёми Худоро ба гуши мардум бирасонанд ва ононро ба роҳи ҳақ ҳидоят кунанд.

 

2 – Ингуна кадоме.ки аз афроди башар мавриди хитоби илоҳӣ қарор гирад дар ихтиёри Худост ва ба ӯ ваҳйи мекунад.

 

52

 

 وَکَذَلِکَ أَوْحَیْنَا إِلَیْکَ رُوحًا مِّنْ أَمْرِنَا  مَا کُنتَ تَدْرِی مَا الْکِتَابُ وَلَا الْإِیمَانُ وَلَـکِن جَعَلْنَاهُ نُورًا نَّهْدِی بِهِ مَن نَّشَاءُ مِنْ عِبَادِنَا وَإِنَّکَ لَتَهْدِی إِلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِیمٍ                          

 

Ва бадин гуна Мо рӯҳе аз фармони Худро ба ту ваҳйи кардем ту "Пеш аз ин" намедонисти китоб ва имон чист вале Мо онро нӯре қарор додем, ки ҳар кас аз бандагонамонро бихоҳем бо он ҳидоят мекунем ва ба ростӣ ту ба роҳи рост ҳидоят мекунӣ.

 

 

53

 

 صِرَاطِ اللَّـهِ الَّذِی لَهُ مَا فِی السَّمَاوَاتِ وَمَا فِی الْأَرْضِ أَلَا إِلَى اللَّـهِ تَصِیرُ الْأُمُورُ                                                   

 

Роҳи Худованде, ки ончӣ дар осмонҳо ва ончӣ дар замин аст аз они Ӯст, огоҳ бошед, ки ҳамаи умур ба сӯйи Худо боз мегардад.

 

Ин оятҳо, ки поёнбахши сураи Шуро ҳастанд дар идомаи ояти қабл, ки дар бораи анвои роҳҳои ваҳйи буд хитоб ба Паёмбари Ислом мефармояд: ҳамонгуна,ки ба паёмбарони пешин ваҳйи кардем ин Қуръонро низ ба ту ваҳйи кардем, ки мояи ҳаёти башар аст ва ҳамчун рӯҳ дар колбади ҷомеаи башарӣ медамад то онро зинда кунад, чунон, ки Қуръон дар ояти 24 сураи Инфол мефармояд: эй касоне, ки имон овардаед, ҳаргоҳ Худо ва Расул шуморо ба чизе фаро хонанд, ба шумо ҳаёт мебахшад, иҷобат кунед.

Идомаи оят мефармояд: нузули ваҳйи, лутфи илоҳӣ буд, ки ибтидо шомили ҳоли расули Худо шуд ва оятҳои китоб бар ӯ нозил гардид. Ӯ ба муҳтавои он имони комил дошт сипас ин лутф шомили ҳоли мардум шуд, ки аз тариқи паёмбар ва партави нуронии оятҳо Қуръон бо ҳақиқати имон ошно шуданд.

Дар ҳамин робитаи оятҳо хитоб ба паёмбар мефармояд: Қуръон на танҳо нӯре барои туст, ки нӯре бароои ҳамагон аст ва василаи ҳидояте барои ҷаҳониён ба сӯйи сироти мустақим аст ва ту мардумро ба роҳи дурӯсти зиндагӣ ҳидоят мекуни, дар тавзиҳи сироти мустақим низ омадааст: роҳи Худовандӣ, ки тамоми ончӣ дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст бале мақсади ин роҳ Худост роҳи мустақим танҳо роҳе аст, ки ба сӯйи Худо меравад ва чӣ роҳи мустақимтар ва равшантар аз роҳе аст, ки ба Холиқи ҳастӣ ва Ҳоким ва Мудири он мунтаҳӣ мешавад?

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Паёмбарон низ ниёзманди ҳидояти илоҳӣ ҳастанд то битавонанд роҳнамо ва мурабии башар бошанд ва аз худ ҳидояте надоранд.

 

2 – Таолими Қуръон, мояи ҳидояти мардум ва ҳаёти ҷомеа аст албатта ба шарти пазириш ва амал ба дастуроти он на фақат хондани оятҳо бидуни тадбир ва амал.

3 – Қуръон ба танҳои кофӣ нест балки ба муалим ва роҳнамо ниёз аст то омӯзаҳои ҳаётбахши онро дар ҷомеа пиёда кунад ва худ низ улгӯйи амали сироти мустақим бошад.