Август 21, 2020 12:33 Asia/Dushanbe

Қисмати 904 сураи муборакаи " Зухруф", ояти 1-10

بِسْمِ اللَّـهِ الرَّحْمَـنِ الرَّحِیمِ

 

1

 

حم                                   

 

Ҳо Мим

 

2

 

وَالْکِتَابِ الْمُبِینِ                               

 

Савган ба китоби равшангар

 

3

 

إِنَّا جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِیًّا لَّعَلَّکُمْ تَعْقِلُونَ               

Ҳамоно Мо онро Қуръони арабӣ "Ва фасеҳ" қарор додем, бошад, к "Дар он" таақул кунед.

 

4

 

وَإِنَّهُ فِی أُمِّ الْکِتَابِ لَدَیْنَا لَعَلِیٌّ حَکِیمٌ                     

 

Ва ҳамоно он дар Умулкитоб, назди Мо баландмартаба ва ҳикматомез аст.

 

Сураи Зухруф чиҳилу саввумин сураи Қуръони Карим аст ва ҳаштод ва нуҳ оят дорад,

Ҳафт сураи Қуръон бо ҳарфҳои мақтаа оғоз мешавад, сураи Зухруф яке аз онҳост ва монанди дигар сураҳои мушобеи он, пас аз ин ҳуруфҳо аз Қуръон ва нузули он барои ҳидояти башар сухан ба миён омадааст.

Дар ин сура низ пас аз ҳуруфи мақтаа ба Қуръон савганд ёд шудааст, ҳақоиқи ин китоб ошкор ва мояи равшангарӣ аст ва роҳи ҳидоят ва саодатро ба равшанӣ нишон медиҳад.

Мухотабони аввалияи ин китоб, мардуми арабзабон буданд ва ин китоб ба забони арабӣ аст дар ин айни ҳол, ба қавм ва нажоди араб ихтисос надорад ва муҳтавои он барои ҳамаи инсонҳо қобили дарк ва фаҳм аст. Худованде, ки ин китобро нозил карда, аз ҳамаи инсонҳо хостааст дар ояташ таақул ва тадбир кунанд, дар маорифи баланди он бияндешанд ва бо маърифат ва басират ба он имон биёваранд, бадеҳи аст пас аз имон ба ин китоб, бояд ба таолими созанда ва раҳкушои он амал кунанд.

Бар хилофи он.чӣ баъзе идъо меуқунанд, ки Қуръон. Сухани инсоне ба номи Муҳаммад (с) аст, Қуръон каломи Худост ва асл ва ҳақиқати он назди Худованд дар умулкитоб "Китоби модар" ё лавҳи маҳфуз сабт ва забт аст китобе аст барасоси илм ва ҳикмати илоҳӣ, ки ҳамаи китобҳои осмонӣ аз он манша гирифтаанд ҳамаи ҳақоиқи олам ва асбоби саодат ва шақовати башар ва ончӣ муқтазои ҳикмат ва камол аст дар ин китоби баландмартаба ва мутаолӣ баён шудааст ва аз ҳаргуна дастбурд вва таъғир ва таҳрифи масун аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Қуръон аз чунон қадосате бархурдор аст, ки Худованд ба он савганд ёд кардааст.

 

2 – Интихоби роҳи Худо,  бояд аз тариқи таақул ва тафаккур бошад на тақлид ва таабуд.

 

3 – Паёми ҳамаи паёмбарон ва муҳтавои ҳамаи китобҳои османӣ яке аст зеро аз сарчашмаи воҳид нозил шудааст.

 

 

5

 

أَفَنَضْرِبُ عَنکُمُ الذِّکْرَ صَفْحًا أَن کُنتُمْ قَوْمًا مُّسْرِفِینَ          

 

Оё бадон сабаб, ки шумо қавме исрофкоред, Қуръонро аз шумо дареғ дорем "Ва боз гирем?"

 

6

 

وَکَمْ أَرْسَلْنَا مِن نَّبِیٍّ فِی الْأَوَّلِینَ                           

 

Ва чӣ бисёр паёмбароне, ки дар миёни пешиниён фиристодем.

 

7

 

وَمَا یَأْتِیهِم مِّن نَّبِیٍّ إِلَّا کَانُوا بِهِ یَسْتَهْزِئُونَ                   

 

Ва ҳеч паёмбаре ба суроғашон намеомад магар он, ки ӯро масхара мекарданд.

 

8

 

فَأَهْلَکْنَا أَشَدَّ مِنْهُم بَطْشًا وَمَضَى مَثَلُ الْأَوَّلِینَ                    

 

Пас Мо касоне, ки нерӯмандтар аз онон буданд ҳалок кардем ва сарнавишти пешиноиён чунин ба сар омад.

 

Яке аз сунатҳои илоҳӣ дар тули таърих мабъус кардани паёмбарон ва фиристодани китобҳои осмонӣ барои ҳидояти мардум ва ҳокимон дар баробари онон ба мухолифат бар хоста ва аз шеваҳои чун иҳонат ва тамасхур барои кубидани шахсияти паёмбарон истифода мекарданд, гоҳе низ ин мухолифатҳоро ба ҳади аъло ва аз ҳар василае барои ҷилавгирӣ аз густариши таолими паёмбарон баҳра мебаранд онҳо ҳато ҷанг ва даргирӣ ба роҳ андохта ва паёмбарон ва паёравони ононро ба қатл мерасонданд.

Бо ин ҳол Худованд, рисолати паёмбаронро ба таъхир наяндохта ва ба хотири ин рафторҳо мардумро ба ҳоли худ вогузор накардааст, албатта оқибати кори он мухолифон низ алокат ва нобудӣ буда ва саргузашти онҳо мойяи ибрат шудааст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Раҳбарон ва мубалиғони динӣ, набояд ба хотири вуҷуди бархе мавнеъ дар анҷми вазифаи худ ва расондани паёми ҳақ кутоҳи кунанд.

Аҳли имон набояд ба хотири тамасхур ва истиҳзои мухолифон дар роҳи худ суст ва мутазалзил шаванд зеро паёмбарон ҳамвора мавриди тамасхури гуруҳӣ аз кофирон буданд аммо он мардони бузург истиқомат варзида ва аз идомаи роҳи худ даст намекашиданд.

 

2  - Кайфари илоҳӣ ихтисос ба охират надорад балки Худованд бархе ақвоми қудратмандро, ки роҳи ифрот ва исрофро дар пеш гирифтаанд дар ҳамин дунё ба ҳалокат расондааст.

 

9

 

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَیَقُولُنَّ خَلَقَهُنَّ الْعَزِیزُ الْعَلِیمُ                                                   

 

Агар аз онҳо бипурси чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст? Ҳатман хоҳанд гуфт: "Худованди" Қодир ва Доно офаридааст.

 

10

 

الَّذِی جَعَلَ لَکُمُ الْأَرْضَ مَهْدًا وَجَعَلَ لَکُمْ فِیهَا سُبُلًا لَّعَلَّکُمْ تَهْتَدُونَ                                                          

 

Ҳамон, ки заминро барои шумо маҳалли осоиш қарор дод ва дар он барои шумо роҳҳое падид овард то шояд роҳе ёбед.

 

Ин оятҳо ба рисолати паёмбарон дар бедор карани фитрати мардум ва таваҷҷуҳ додани онҳо ба офаридгорашон ишора карда ва мефармояд: мушрикон, ки бут мепарастиданд агар мавриди саввол қарор гиранд, ки офаридгори ҳастӣ кист эътироф мекунанд, ки Худованд осмонҳо ва заминро офаридааст.

 

Умуми инсонҳо ба хотири даргири дар умури зиндагии рӯзмара, аз мабдаи ҳастӣ ва поёни ҷаҳон ғофил мешаванд, онҳо ба фикри хоб ва хурок ва хушиҳои зиндагӣ ҳастанд ва барои расидан ба ин аҳдоф талош мекнанд то моле касб карда ва рӯзгор бигзаронанд дар ҳоле, ки инҳо ҳадафи воқеии зандагӣ нест ва и инсон бо расидан ба ин хостаҳои модӣ ба ризояти дарунӣ ва эҳсоси саодат даст намеёбад.

Паёмбарон омодаанд то ба мардум ҳушдор диҳанд, ки аз оқибати кори хеш ғофил нашаванд ва дар таб ва тоби зиндагӣ Худоро фаромӯш накунанд. Худое, ки онҳоро офарид ва анвои неъматҳоро ба онҳо бахшидааст, ҳамон Худованде, ки заминро гаҳвора ва маҳали оромиши инсон қарор додааст бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошем, ки замин бо он, ки чандин навъ ҳаракат дорад дар партави қонуни ҷозиба ва авомили дигар чунон ором аст, ки сокинони он камтарин нороҳатӣ эҳсос намекунанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем ;

Худошиносӣ амри фитрӣ аст, вале инсон ниёз ба тазакур ва тавҷия дорад то аз Худо ғофил нашавад.

Тавҷия ба неъматҳои иллоҳӣ дар зиндагӣ, беҳтарин роҳ барои ғафлатзудоӣ ва бардоштани зангор аз дил ва рӯҳи инсон аст.

Худое ,ки осумонҳо ва заминро офарида ва тамоми имконоти мавриди ниёзи башарро дар замин қарор дода, асбоби ҳидояти инсонро низ фароҳам карда то Ӯ ба некбахтӣ дар дунё ва охират бирасад.