Сентябр 05, 2020 08:13 Asia/Dushanbe

Қисмати 905 сураи муборакаи " Зухруф ", ояти 11-15

Дар ин барнома бо тафсири содда ва равони ояҳои 11 то 15 сураи Зухруф ошно мешавем.

Ибтидо ба тиловати ояҳои 11 то 12 аз сураи Зухруф гуш медиҳем:

11

«وَالَّذِی نَزَّلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً بِقَدَرٍ فَأَنشَرْنَا بِهِ بَلْدَةً مَّیْتًا  کَذَلِکَ تُخْرَجُونَ»،

“Ва онкас, ки аз осмон обе ба андозаи муайян фуру фиристод, пас ба василаи он, сарзамини мурдаро зинда кардем. Шумо низ ингуна қабрҳо берун оварда мешавед”,

 

12

«وَالَّذِی خَلَقَ الْأَزْوَاجَ کُلَّهَا وَجَعَلَ لَکُم مِّنَ الْفُلْکِ وَالْأَنْعَامِ مَا تَرْکَبُونَ»

ва ҳамон касе, ки ҳамаи ҷуфтҳоро офарид ва барои шумо аз киштиҳо ва чаҳорпоён маркабҳое қарор дод, ки бар онҳо савор шавед.

 

Тарҷумаи ин оя чунин аст:

 

Охирин ояҳои барномаи қабл ба нишонаҳои тавҳид дар табиат ишора дошт, ин оя дар идома мефармояд: Ҳаёти замин ва гиёҳон ва ҳаёти шумо инсонҳо дар гарави нузули борон аст ва агар дар нуқтае аз замин борон наборад, қаҳтӣ чунон фарогир мешавад, ки инсонҳо аз гуруснагӣ ва ташнагӣ мемиранд.

Савол ин аст, ки оё тобиши хуршед бар дарёҳо ва уқёнусҳо ва бухор шудани оби онҳо ба дасти башар аст ва оё инсон дар фароянди нузули борон нақш дорад? Ҳамин тавр оё ташкили абрҳо ва вазиши бодҳо, ки мавҷиби ҳаракати абрҳо ба сӯи сарзаминҳои хушк мешавад, кори башар аст?

Заминҳои хушкида, ки базрҳои гиёҳонро дар дили худ пинҳон доранд, бо фуруд омадани борон ба ҳаракат дармеоянд ва анвои гиёҳон сар аз хок бармедоранд. Рушди гиёҳон ва падид омадани гулҳои рангоранг ва мазрааҳои пурҳосил аз баракати ҳамин борон аст. Ҳамонгуна, ки заминҳои мурда бо бориши борон зинда мешаванд, шумо низ баъд аз марг зинда мешавед. Нузули борон ва зинда шудани заминҳои мурда, баёнгари илм ва қудрати бепоёни иллоҳист ва ҷои ҳеч тардиде боқӣ намегузорад, ки барпоии қиёмат ва зинда шудани дубораи мурдагон имконпазир аст. Дар воқеъ ин намунае аз растохези инсонҳост, ки дар ояҳои Қуръон ба он ишора шудааст.

Ояҳо дар идома ба масъалаи завҷият мепардозанд. Офариниши анвои мавҷудоти зинда, ки ҳамагӣ тобеи қонуни завҷият ҳастанд ва давому бақояшон ба завҷияти онҳо бастагӣ дорад, ҷуз бо иродаи иллоҳӣ имконпазир нест.

Дар ояҳо ҳамчунин ба маркабҳое ишора шуда, ки Худованд барои паймудани роҳҳои дарёӣ ва хушкӣ дар ихтиёри башар қарор додааст ва ин аз мавоҳеб ва алтофи Худованд ба навъи башар аст.

Аз дербоз истифода аз масирҳои дарёӣ ба василаи киштӣ барои ҳамли инсон ва коло миёни ҷавомеъ роиҷ будааст. Ҷолиб онки киштиҳо бо он ҳама азамат ва авзони сангин бар асоси қавонини физика дар об фуру намераванд. Бидуни шак ин қавонинро касе ҷуз Худованд вазъ накардааст.

Дар асри ҳозир низ анвои маркабҳо бавижа васоили нақлияи пурсуръат назири мошинҳо, қаторҳои тезрав ва ҳавопаймоҳо доманаи фаъолиятҳои башарро густариш дода ва чеҳраи зиндагии ӯро дигаргун сохтаанд. Инҳо ҳама аз алтофи Худованд аст, чун ин васоили нақлияи тезрав низ бо баҳрагирӣ аз қавонине ба ҳаракат дармеоянд, ки Худованд дар офариниш қарор додааст.

Аз ин ояҳо меомӯзем:

1. Низоми ҳастӣ тобеи қавонини мушаххасест, ки Худованд барои ҳаряк аҷзои он муқаррар кардааст.

2. Худованд корҳоро аз тариқи асбоб ва илал анҷом медиҳад, чунончи боронро сабаби ҳаёти замин ва мавҷудоти сокини он қарор додааст.

3. Анвои саноеи сохташуда ба дасти башар бо истифода аз қавонинест, ки Худованд дар офариниш қарор додааст, фақат башар он қаонинро кашф карда ва аз онҳо баҳра гирифтааст.

Акнун ба таловати ояҳои 13 ва 14 аз сураи Зухруф гуш месупорем:

13

«لِتَسْتَوُوا عَلَى ظُهُورِهِ ثُمَّ تَذْکُرُوا نِعْمَةَ رَبِّکُمْ إِذَا اسْتَوَیْتُمْ عَلَیْهِ وَتَقُولُوا سُبْحَانَ الَّذِی سَخَّرَ لَنَا هَـذَا وَمَا کُنَّا لَهُ مُقْرِنِینَ»،

То бар пушти онҳо қарор гиред. Пас онгоҳ, ки бар онҳо савор ме‌шавед, неъмати парвардгоратонро ёд кунед ва бигӯед: Поку манза аст, онки ин маркабро барои мо ром кард, вагарна мо тавоноии ин корро надоштем,

 

14

«وَإِنَّا إِلَى رَبِّنَا لَمُنقَلِبُونَ»

ва мо ҳатман ба сӯи парвардгорамон боз хоҳем гашт.

Тарҷумаи ин оя чунин аст:

Дар идомаи ояҳои қабл, ки ба нақши киштиҳо ва чаҳорпоён дар зиндагии башар ишора кард, ин ояҳо мефармояд: Ҳаргоҳ бар маркабе савор ме‌шавед, чи маркабҳои санъатӣ ва сохтаи дасти башар монанди киштӣ, ҳавопаймо, мошин ва қатор ва чи маркабҳои суннатӣ монанди асбу шутуру қотир фаромуш накунед ки, Худованд ин василаро барои шумо ром кардааст.

Шумо инсонҳо бо кашфи вижагиҳое, ки Худованд дар ашё ва маводи гуногун қарор дода ва баҳрабардорӣ аз онҳо, васоили нақлия чун киштӣ ва ҳавопаймову қаторро сохтаед ва онҳоро ба тасхири худ даровардаед.

Ҳамчунин Худованд бархе ҳайвонотро низ рому таслими шумо инсонҳо қарор додааст, бо онки аз назари қувои ҷисмӣ ба маротиб аз шумо нерӯмандтаранд ва ба таври табиӣ набояд роми шумо мешуданд. Агар лутфи Худованд набуд, тавоноии ром кардани ин ҳайвонотро надоштед. Бояд Худое, ки ҳамаи инҳоро таҳти фармони инсон сохта, бенақс бидонем ва аз ӯ сипосгузорӣ кунем.

Дар охири ин ояҳо ба масъалаи бозгашти инсон ба сӯи парвардгор ишора шудааст. Мабодо ҳангоми савор шудан бар ин маркабҳои мағрур шавед ва дар зирқу барқи дунё фурӯ равед. Бояд дар ҳар ҳол ба ёди охират бошед, чун бисёре аз афрод, маркабҳои худро василае барои бартариҷуӣ ва фахрфурӯшӣ бар дигарон қарор медиҳанд.

Дигар онки савор шудан бар маркаб ва интиқол аз ҷое ба нуқтаи дигар, бояд интиқоли бузурги мо аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигарро ба ёдамон биоварад. Зеро мо саранҷом ба сӯи Худо меравем.

Аз ин оя меомӯзем:

1. Дар баҳрагирӣ аз неъматҳои моддӣ, Худоро фаромӯш накунем ва шукри неъматҳояшро ба ҷой оварем. Баҷост, шукри неъматҳои иллоҳиро ҳамроҳ бо тасбеҳ ва зикри парвардгор комил кунем.

2. Дар баробари Худо изҳори нотавонӣ кунем. Ин худ намунае аз шукргузорӣ аст, на онки гирифтори ғуруру худбузургбинӣ шавем.

3. Ба ҳангоми сафарҳои дунявӣ, ба ёди сафари охират бошем, ки бо марг оғоз ме‌шавад.

Акнун ба таловати ояи 15 аз сураи Зухруф гуш месупорем:

15

 

 «وَجَعَلُوا لَهُ مِنْ عِبَادِهِ جُزْءًا  إِنَّ الْإِنسَانَ لَکَفُورٌ مُّبِینٌ»

Ва барои ӯ аз миёни бандагонаш, ҷузъе чун фарзанд қарор доданд, бегумон инсон куфронкунандае ошкор аст.

 

Пас аз баёни намунаҳое аз тавҳид дар холиқият ва рубубияти парвардгор, ин оя аз ширки бархе инсонҳо шикоят карда ва мефармояд: Чигуна аст, ки бархе мушрикон гумон мекунанд, фариштагон фарзанди Худо ҳастанд ва ҳамчун дигар фарзандон, ҷузъе аз волидайни худ ҳастанд?

Худованд ҷисм нест, то ҷузъ дошта бошад ва ё имкони ҷудо шудан ва ҷудо будани аҷзояш, фароҳам бошад. Фариштагон низ монанди дигари мавҷудот, махлуқи Худо ҳастанд. Онҳо коргузорони низоми ҳастӣ маҳсуб мешаванд, на онки ҷузъе аз Худо ё фарзанди ӯ бошанд.

Аз ин оя меомӯзем:

1. Дар тӯли таърих, хурофоти бисёре дар бораи Худо ва робитаи ӯ бо махлуқоташ баён шуда, ки ҳамагӣ ношӣ аз ноогоҳии башар ё канор гузоштани таолими ҳаётбахши паёмбарон будааст.

2. Фариштагони махлуқи Худо ва мутеи фаромини ӯ ҳастанд, на фарзандони Худо, ки аз ҷинси Худо бошанд.

3. Боварҳои хурофотӣ ва ширколуд мавҷиби дурӣ аз Худо ва мунҳариф шудан аз роҳи мустақӣм ва куфрони неъматҳо ме‌шавад.