Қисмати 907 сураи муборакаи " Зухруф ", ояти 23-28
Қисмати 907 сураи муборакаи " Зухруф ", ояти 23-28
Дар идома бо тафсири содда ва равони ояҳои 23 то 28 сураи Зухруф ошно мешавем.
Ибтидо ба тиловати ояи 23 аз сураи Зухруф гуш медиҳем:
23
«وَکَذَلِکَ مَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِکَ فِی قَرْیَةٍ مِّن نَّذِیرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِم مُّقْتَدُونَ»
Ва бадингуна пеш аз ту дар ҳеч шаҳру диёре бимдиҳандае нафиристодем, магар онки сарони хушгузарон ва масту мағрураш гуфтанд: Мо падаронамонро бар ойине ёфтем ва ба осори онон иқтидо мекунем.
Дар барномаи қабл, далели мушрикони Макка барои ширку бутпарастӣ, тақлид аз ниёкон буд. Ин оя хитоб ба паёмбари ислом мефармояд: Ончи мушрикони Макка мегӯянд, ихтисосе ба онон надорад ва паёмбарони пеш аз ту низ ҳамвора бо мардумоне сару кор доштанд, ки вақте онҳоро аз ширку бутпарастӣ барҳазар медоштанд, ба ҷои тафаккуру тааммул дар суханони паёмбарашон ба онҳо мегуфтанд: Мо мехоҳем, роҳи падаронамонро биравем ва аз ойини онони даст барнамедорем.
Нуктаи муҳиме, ки ин оя ба он ишора мекунад, нақши бузургони ақвому сирватмандони масту мағрур дар мухолифат бо паёмбарон аст. Сарони мухолифони паёмбарон ғолибан қудратмандону сарватмандони худхоҳу мутакаббир буданд, ки ба хотири қудрат, сарвату шӯҳрат, ҷойгоҳе дар назди мардум касб карда буданд ва мардум аз рӯи тарс ё тамаъ, бо онҳо ҳамроҳӣ мекарданд. Онҳо медонистанд, ки бо қиёми анбиё, даврони худкомагӣ ва ситамгарии онон ба поён мерасад ва ситамдидагон аз чанголашон раҳоӣ меёбанд.
Имрӯза низ дар сатҳи дунё, соҳибони қудрату сарват, бо ҳамаи абзорҳои иттилоърасонӣ ва таблиғотӣ, ки дар ихтиёр доранд, ба фиребу таҳмиқи мардум мепардозанд дар ҳоле, ки бештари фасодҳо ва табоҳиҳо дар дунё аз ҳамин золимони мутаҷовизу саркаш сарчашма мегирад. Агар касе ҳам бархилофи манофеи онҳо ҳаракате анҷом диҳад, ӯро ба шиддат саркуб мекунанд, то аз идомаи роҳ боз доранд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Ойини ниёкон ва осори фикрӣ ва тамаддунии бозмонда аз гузаштагон, набояд монеи тафаккуру андешидани насли имрӯз шавад. Балки бояд дар онҳо бознигарӣ кард. Чи басо онҳо ба роҳи хато рафта бошанд ва пайравии куркурона аз онон моро ба бероҳа бикашонад.
2. Ҷомеа ниёзманди афроди огоҳу дилсӯзест, ки хатаротро бишносанду дар бораи онҳо ҳушдор диҳанд, гарчи бисёре аз мардум ба ин ҳушдорҳо таваҷҷуҳе надоранд ва ба мухолифат бо онҳо бармехезанд.
3. Сарвату қудрат агар контрол нашавад, муҷиби туғён ва саркашии инсон мешавад. Ба ҳамин далел, соҳибони қудрату сарват, ки ҷойгоҳе назди мардум доранд, ба мухолифат бо пайравони ростини роҳи ҳақ бармехезанд.
Акнун ба таловати ояҳои 24 ва 25 аз сураи Зухруф гуш месупорем:
24
«قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُکُم بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدتُّمْ عَلَیْهِ آبَاءَکُمْ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُم بِهِ کَافِرُونَ»،
Паёмбарашон гуфт: Ҳатто агар ойине барои шумо биоварам, ки аз ончи падаронатонро бар он ёфтед, ҳидояткунандатар бошад? Гуфтанд: Мо ба ончи шумо бидон фиристода шудаед, кофарем.
25
«فَانتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَانظُرْ کَیْفَ کَانَ عَاقِبَةُ الْمُکَذِّبِینَ»
пас аз онҳо интиқом гирифтем, пас бингар, ки оқибати такзибкунандагон чигуна будааст?
Дар посухи касоне, ки мегуфтанд: Мо мехоҳем ойини падаронамонро ҳифз кунему фақат пайрави онҳо ҳастем, паёмбарон мегуфтанд: Агар ойине барои шумо биоварем, ки аз ойини ниёкони шумо беҳтар бошаду шуморо ба саодат бирасонад, боз ҳам ойини моро намепазиред? Магар шумо намехоҳед, ба саодат бирасед? Пас бояд ҳар мактабу ойине, ки шуморо зудтару мутмаинтар ба ин мақсад мерасонад, бипазиред.
Аммо ҷаҳлу лаҷоҷати мардум ва таассуби куркуронаи онҳо мавҷиб мешуд, ки бидуни ҳаргуна баррасӣ ва беонки дар бораи пешниҳоди Расули иллоҳӣ биандешанд, боз ҳам бар ҳамон ойини ниёкони худ пофишорӣ карда ва бигуянд: Мутмаин бош, ки мо ба ту имон намеоварем, пас беҷиҳат худатро ба заҳмат наандозу моро бо ин суханонат озор мадеҳ!
Ҷолиб аст, паёмбарон бо инки бар ҳаққонияти роҳи худ ва ботил будани ойини мушрикон яқин доштанд, ҳангоми баҳс бо онон намегуфтанд: Чаро ба роҳи ботил мераведу роҳи ҳаққи моро намепазиред. Балки ба унвони фарде бетараф мегуфтанд: Биёед ойини моро бо ойини худатон муқоиса кунед, бингаред, ки аз нигоҳи шумо кадомяк ба ҳидоят наздиктар аст, баъд роҳи худро интихоб кунед.
Ин шеваи баҳси Қуръон, риояти адаб дар мабоҳиса ва табодули назар бо афроди лаҷуҷу мағрурро ба мо меомӯзад ва нишон медиҳад, ки аҳли имон ҳангоми баҳс бо мухолифон, бояд инсофу адабро риоят кунанд. Онҳо ба ҷои ботил хондани тарафи муқобил, бояд сухани худро ба сурати мустадал ва мантиқӣ баён кунанд ва аз ӯ бихоҳанд, ки худаш биандешад ва ончиро дуруст медонад, интихоб кунад.
Идомаи оя мефармояд: Ин иноду лаҷоҷат бо ҳақ, корро ба ҷое кашонд, ки он қавм туғёну саркашӣ кунанд ва қаҳри иллоҳӣ бар онҳо нозил шавад. Албатта Қуръон дар ояҳои мухталиф ба саргузашти ақвоми гузашта ишора кардааст: Ба унвони мисол, бархе аз онҳо бо тӯфон, гурӯҳе бо зилзилаи вайронгар ва ҷамъе бо тундбод ва соиқаи осмонӣ дарҳам кубидашуда ва ба ҳалок расиданд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Яке аз роҳҳои муаррифии ислом ва даъвати мардум ба он, муқоисаи таолими ислом бо дигар адён ва макотиб аст. Муқоисае бар мабнои ақлу мантиқ.
2. Дар интихоби роҳи зиндагӣ, роҳи ақлу ваҳйро бар одобу русум ва ақоиди ниёкон тарҷеҳ диҳем.
3. Ҳаргуна таассуби нобаҷо, ки мунҷар ба иноду лаҷоҷат шавад, қудрати ташхиси дурустро аз инсон мегирад ва ӯро аз расидан ба ҳақиқат боз медорад.
Акнун ба таловати ояҳои 26 ва 28 аз сураи Зухруф гуш месупорем:
26
«وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِیمُ لِأَبِیهِ وَقَوْمِهِ إِنَّنِی بَرَاءٌ مِّمَّا تَعْبُدُونَ»،
Ва ёд кун ҳангомеро, ки Иброҳим ба падараш ва қавмаш гуфт: Ман аз ончи шумо мепарастед, безорам.
27
«إِلَّا الَّذِی فَطَرَنِی فَإِنَّهُ سَیَهْدِینِ»،
Mагар касе, ки маро офарида, ки албатта ӯ маро ҳидоят хоҳад кард.
28
«وَجَعَلَهَا کَلِمَةً بَاقِیَةً فِی عَقِبِهِ لَعَلَّهُمْ یَرْجِعُونَ»
Ва каломи тавҳидро дар миёни наслҳои баъд аз худ, сухане мондагор қарор дод бошад, ки онон ба сӯи Худо бозгарданд.
Ин оя ба сурати кӯтоҳ ишорае ба саргузашти ҳазрати Иброҳим мекунад, то ба мушрикони Макка бигуяд: Шумо, ки Иброҳимро ниёи бузурги худ медонед, агар ҳам мехоҳед, бар ойине ниёкони худ бошед, чаро аз ойини Иброҳим, ки ойине тавҳид ва яктопарастӣ буд, пайравӣ намекунед?
Иброҳим низ ҳангоме, ки дид сарпарасти ӯ ва қавмаш гирифтори ширк шудаанд, аз ойини онҳо дурӣ ҷуст ва эълом кард: Ман фақат холиқи худро, ки Худои яктост, мепарастам, аз ӯ мехоҳам, ки маро ба роҳи рост ҳидоят кунаду медонам, ки ӯ маро ба ҳоли худ раҳо нахоҳад кард.
Иброҳим тамоми талоши худро ба кор гирифт, ки калимаи тавҳид барои ҳамеша дар ҷаҳон боқӣ бимонад. Лизо муборизаи ӯ бо ширку бутпарастӣ ва даъвати ӯ ба тавҳиду яктопарастӣ суннате буд, ки Иброҳим аз худ ба ёдгор гузошт. Паёмбарони пас аз ӯ низ, ин роҳро дунбол карданд ва онро пойдор сохтанд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Вобастагии қавмӣ ва қабилаиву ҳизбӣ набояд дар интихоби ақида ва роҳи зиндагии мо, асари манфӣ дошта бошад, то битавонем ҳақро ба дурустӣ бишиносему пайравӣ кунем.
2. Ақл ҳукм мекунад Худое, ки инсонро офарид, ӯро ба ҳоли худ раҳо накунад, балки асбоби ҳидояти ӯро аз тариқи ақлу ваҳй фароҳам созад.
3. Саъй кунем, бо эҷоди суннатҳои наку ва писандида дар хонаводаву ҷомеа, роҳи ҳақро побарҷо ва мондагор созем.