Октябр 10, 2020 11:32 Asia/Dushanbe

Қисмати 908 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 29-35

 

29

بَلْ مَتَّعْتُ هَـؤُلَاءِ وَآبَاءَهُمْ حَتَّى جَاءَهُمُ الْحَقُّ وَرَسُولٌ مُّبِینٌ

Балки инон ва падаронашонро аз анвои неъматҳо бархурдор кардам, то онки ҳаққу фиристодае равшангар ба сӯяшон омад.

 

30

وَلَمَّا جَاءَهُمُ الْحَقُّ قَالُوا هَـذَا سِحْرٌ وَإِنَّا بِهِ کَافِرُونَ

Ва чун ҳақ ба суроғашон омад, ‌гуфтанд: Ин ҷодуст ва мо ба он кофарем.

Суннати Худованд дар бархурд бо мардум, итмоми ҳуҷҷат аст. То замоне, ки сухани ҳақ ба гуши мардум нарасад, Худованд касеро мавриди бозхост қарор намедиҳад. Мушрикони  Макка низ аз ин қоида мустасно набуданд. Худованд дар миёни уммати араб паёмбаре аз миёни худашон баргузид, ки суханашро ба равшанӣ дарк кунанду ҳақро бифаҳманд. Аммо  ҳамонанди аксари умматҳо ҳангоме, ки ҳақ ба суроғи онон омад, гурӯҳи касире аз онон ба мухолифат бархестанд ва ба ҷои пазириши ҳақ, гуяндаи ии ҳақро ҷодугар хонданд ва ҳозир нашуданд, ки имон биёваранд. Бо ин ҳол, Худованд неъматҳои моддии худро аз онон дареғ нанамуд ва ба онон муҳлат дод, то шояд аз роҳи хатои худ бозгарданд.

Аз ин ояҳо меомӯзем:

1 - Ончи аз сӯи Худо нозил шуда, саросар ҳақ аст ва агар чунончи башар қавонине дар нуқтаи муқобили дастуроти иллоҳӣ вазъ кунад, ботил аст, гарчи аксарияти мардум дунболарави он бошанд.

2 - Бархурдории афрод аз рифоҳу сарват, далели ҳақ будани онҳо нест, чи басо муҳлати иллоҳӣ барои озмудани мардум бошад.

3 - Вақте, ки инсон ҳақро бифаҳмад, ҳуҷҷат бар ӯ тамом мешавад ва ҳаргуна баҳонаҷуӣ барои фирор аз ҳақ, нишони куфру ҳақситезӣ аст.

 

31

وَقَالُوا لَوْلَا نُزِّلَ هَـذَا الْقُرْآنُ عَلَى رَجُلٍ مِّنَ الْقَرْیَتَیْنِ عَظِیمٍ

Ва гуфтанд: Чаро ин Қуръон, бар марде бузург аз ин ду шаҳр Макка ва Тоиф нозил нашудааст?

 

32

أَهُمْ یَقْسِمُونَ رَحْمَتَ رَبِّکَ  نَحْنُ قَسَمْنَا بَیْنَهُم مَّعِیشَتَهُمْ فِی الْحَیَاةِ الدُّنْیَا  وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِّیَتَّخِذَ بَعْضُهُم بَعْضًا سُخْرِیًّا  وَرَحْمَتُ رَبِّکَ خَیْرٌ مِّمَّا یَجْمَعُونَ

Оё онон раҳмати парвардгоратро тақсим мекунанд? Мо маишати ононро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем ва бархе аз онҳоро аз ҷиҳати дараҷот, бар бархе бартарӣ додаем, то бархе аз онон бархеи дигарро ба хизмат гиранду раҳмати парвардгорат аз ончи онон ҷамъ мекунанд, беҳтар аст.

Ин ояҳо ба яке аз баҳонаҷуиҳои мушрикони Макка ишора кардааст, ки мегутанд: Агар қарор буд, паёмбаре аз миёни мо баргузида шавад, бояд яке аз бузургони шаҳри Макка ё Тоиф ме‌буд на касе, ки дар кудакӣ ятим шуда ва сарпарастии уро падарбузургаш ба уҳда дошт ва аз сарвати дунё чизе надорад.

Идомаи ояҳо мефармояд: Магар ихтиёри набувват ба дасти мардум аст, ки ба ҳаркас онҳо бихоҳанд, Худованд набувват бидиҳад ва ба ҳаркас онҳо нахоҳанд, Худованд ин масъулиятро вогузор накунад? Худованд ба ботини бандагонаш огоҳ асту беҳтар аз ҳама медонад, чи касе лаёқати ин масъулиятро дораду чи касе шоистаи ин кор нест.

Дар умури дунявӣ низ тафовутҳое, ки миёни мардум дида мешавад, бар асоси ҳикмат аст. Дар воқеъ агар ҳамаи мардум аз назари ҳуш, истеъдод ва тавонмандиҳои ҷисмӣ ва равонӣ дар як сатҳ буданд, низоми умури ҷомеа аз ҳам фуру мепошид. Худованд инсонҳоро аз назари қудрати фикрӣ ва ҷисмӣ мутафовит офарида, то ҳаркас алоқа ва тавони анҷоми кореро дошта бошад, дар он замина ба дигарон хизмат ироа диҳад ва дигарон низ дар мавриди ниёзҳои вай ба ӯ хизмат ироа кунанд. Чун идораи зиндагӣ ҷуз аз тариқи таовун ва хадамоти мутақобил имконпазир нест.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Дар назди бисёре аз мардум, бузургӣ ба сарвату қудрату шӯҳрат аст дар ҳоле, ки дар назди Худованд ин милокҳо арзише надорад.

2 - Неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, нишонаи раҳмати иллоҳӣ бар мардум ва ҳар ду бахшоише аз ҷониби Худост. Вақте маишати мардум бар асоси ҳикмати Худованд тақсим мешавад, чигуна интизор доранд набувват, ки амре маънавӣ аст, дар ихтиёри онон бошад?

3 - Бақо ва саломатии ҷомеа вобаста ба ҳамкории мутақобили афроду баҳрагирӣ аз тавонмандиҳои мутафовити фикрӣ ва ҷисмии аъзои он аст. Бадин тартиб, тафовутҳои ҷисмӣ ва фикрии афроди ҷомеа, барои эҷоди рӯҳияи таовун ва рафъи ниёзмандиҳои якдигар аст, на барои фахрфурӯшӣ ва таҳқири дигрон.

 

33

وَلَوْلَا أَن یَکُونَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً لَّجَعَلْنَا لِمَن یَکْفُرُ بِالرَّحْمَـنِ لِبُیُوتِهِمْ سُقُفًا مِّن فِضَّةٍ وَمَعَارِجَ عَلَیْهَا یَظْهَرُونَ

Ва агар чунон набуд, ки мардум дар инкори Худо уммате воҳид мешуданд, барои хонаҳои касоне, ки ба Худои Раҳмон куфр меварзанд, сақфҳое аз нуқра қарор медодем ва нардбонҳое, ки бар онҳо боло раванд.

 

34

وَلِبُیُوتِهِمْ أَبْوَابًا وَسُرُرًا عَلَیْهَا یَتَّکِئُونَ

Ва барои хонаҳояшон низ дарҳои мутаадид ва тахтҳое қарор медодем, ки бар онҳо такя зананд.

 

35

وَزُخْرُفًا  وَإِن کُلُّ ذَلِکَ لَمَّا مَتَاعُ الْحَیَاةِ الدُّنْیَا وَالْآخِرَةُ عِندَ رَبِّکَ لِلْمُتَّقِینَ

Ва зарру зевари бисёр. Вале ҳамаи инҳо колои андак зиндагии дунёст ва охират назди парвардгорат аз они парҳезкорон аст.

Тиллову нуқра ва анвои зеваролот ва таҷаммулот, ки чашми мардумро пур карда ва ба дунболи онҳо ҳастанд, дар пешгоҳи парвардгор беарзиш аст. Агар баҳрамандии куффор аз анвои мавоҳиби моддӣ боис намешуд, ки афроди камзарфият ва дунёталаб ба сӯи беимонӣ ва куфр мутамоил шаванд, Худованд асбобу васоили хонаҳои кофиронро аз тиллову нуқра қарор медод. Хонаҳое бо сақфҳое аз нуқра, чандтабақа ва боазамат ва дорои пиллаҳо ва  нардбонҳое, ки аз он боло раванд. Қасрҳое муҷаллал бо дарҳои мутааддид ва тахтҳое, ки бар онҳо такя кунанд. Ба илова, Худо анвои васоили таҷаммулу зинатолот бонақшу нигорҳои зебо барои онҳо фароҳам мекард, то зиндагии моддии ва пурзарқу барқи онҳо аз ҳар назар такмил шавад.

Албатта агар Худованд чунин мекард барои он буд, ки онҳо бо саргарм шудан ба ин умури пасти моддӣ, зиндагии дунёро ба поён расонанд ва ҳамагон бидонанд, ки милоки арзишу шахсияти инсон, зарру зевару таҷаммулоти зиндагӣ нест.

Дар поёни ин оят мефармояд: Аммо ҳамаи инҳо матои зиндагии дунёи моддӣ аст ва охират назди парвардгорат аз они парҳезкорон аст.

Аз ин оя меомӯзем:

Умуми мардум ақлашон ба чашмашон аст, агар бубинанд зиндагии кофирон, пур аз рифоҳу осоиш ва таҷаммул аст гумон мекунанд, роҳи онҳо дуруст асту ба дунболи онҳо ме‌раванд.

Арзиши инсон ба худи ӯст, на хонаву мошин ва асбобу таҷаммулоти зиндагӣ. Ба баёни дигар, арзиши ҳаркас ба оростагии даруни ӯ ва ба камолоти ахлоқӣ ва инсонӣ аст, на ончи дар берун дар ихтиёр дорад.

Агар дар дунё парҳезкор бошем, Худованд дар қиёмат ҷуброн мекунад ва беҳтар аз ончи сарватмандони дунё доранд, дар охират насиби мо месозад, ки бо ҳеч чизи ин ҷаҳон қобили муқоиса нест.