Қисмати 909 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 36-42
Қисмати 909 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 36-42
36
وَمَن یَعْشُ عَن ذِکْرِ الرَّحْمَـنِ نُقَیِّضْ لَهُ شَیْطَانًا فَهُوَ لَهُ قَرِینٌ
Ва ҳаркас аз ёди Худои раҳмон рӯй бигардонад шайтоне бар ӯ мегуморем, ки ҳамроҳ ва дамсози вай бошад.
37
وَإِنَّهُمْ لَیَصُدُّونَهُمْ عَنِ السَّبِیلِ وَیَحْسَبُونَ أَنَّهُم مُّهْتَدُونَ
Ва шаётин ононро аз роҳи ҳақ бозмедоранд, вале мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтагонанд.
Дар барномаи қабл сухан аз касоне буд, ки ҳама чизро бо меъёрҳои моддӣ арзёбӣ мекунанду ба дунболи сарвату таҷаммулоти дунявӣ ҳастанд дар ҳоле, ки муъминони воқеӣ дар андешаи охират ҳастанду ба зарқу барқи дунё ва умури рифоҳии он дилбаста нестанд.
Ин оя мефармояд: Аз осори зиёнбори ғарқ шудан дар моддиёт ва дилбастагии зиёд ба дунё, бегонагии инсон аз Худо ва ғафлат аз ӯст. Бар асари ин ғафлат, шайтоне бар ӯ мусаллат мешаваду ӯро ба ҳар самту сӯ, ки бихоҳад мебарад. Ин натиҷаи табиии дурӣ аз ёди Худост.
Қалби инсон ё ҷои Худои раҳмон аст, ё ҷои шайтон. Ғафлат аз ёди Худо ва дилбохтагӣ ба зарқу барқи дунё ва олуда шудан ба анвои гуноҳон, сабаби тасаллути шайтон бар инсон мешавад. Дар ин сурат шайтон ҳамнишини инсон шуда ва ҷое барои Худо боқӣ намегузорад. Шаётин ва афкори шайтонӣ аз ҳарсӯ ин гурӯҳ аз инсонҳоро иҳота мекунанд ва онҳоро аз роҳи Худо бозмедоранд. Ҳар вақт ҳам ин афрод ирода кунанд, ки ба роҳи ҳақ бозгарданд, шаётин монеъ эҷод мекунанд, ки ба сароти мустақим боз нагарданд. Шаётин чунон тариқи гумроҳиро дар назари онҳо зинат медиҳанд, ки чашму гуш ва дили онҳо аз дидани ҳаққу ҳақиқат куру кар шуда гумон мекунанд, ҳамаи корҳояшон дуруст асту ҳидоят ёфтаанд. Ингуна афрод мепиндоранд, ки дигарон хатокоранд. Табиӣ аст агар кори инсон ба инҷо бирасад, хатое дар кори худ намебинад, то дарсадади ислоҳу бозгашт барояд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Ҳарки аз Худо рӯй бигардонад, ҳатто агар мусулмоне аҳли намозу Қуръон набошад, дар ҳақиқат аз ёди Худо рӯй гардонда ва заминаи тасаллути шайтонро бар худ фароҳам сохтааст.
2 - Дили инсон зарфи холӣ нест, ё ҷой раҳмон аст, ё ҷои шайтон. Агар Худо набошад, шайтон ҷойгузини он хоҳад шуд.
3 - Бадтар аз иртикоби хато он аст, ки инсон хатои худро набинад ва гумон кунад, ки роҳи дурустро мепаймояд.
38
حَتَّى إِذَا جَاءَنَا قَالَ یَا لَیْتَ بَیْنِی وَبَیْنَکَ بُعْدَ الْمَشْرِقَیْنِ فَبِئْسَ الْقَرِینُ
То онгоҳ, ки дар қиёмат назди мо ояд, ба шайтони ҳамдами худ мегӯяд: Ай кош миёни ману ту, фосилаи машриқу мағриб буд, чи бад ҳамнишинӣ будӣ.
39
وَلَن یَنفَعَکُمُ الْیَوْمَ إِذ ظَّلَمْتُمْ أَنَّکُمْ فِی الْعَذَابِ مُشْتَرِکُونَ
Имрӯз орзӯи дурӣ аз шаётин барои шумо суде надорад, зеро ситам кардед ва ҳама дар азоб муштаракед.
Равшан аст, ки орзӯи онҳо дар мавриди ҷудоӣ аз шаётин барои ҳамеша ба яъс табдил мешавад ва пушаймонӣ ҳам суде надорад. Поёни кори чунин афроде он аст, ки бо ҳамон шайтон, дар азоби дузах ҳамроҳ ҳастанд ҳамонгуна, ки дар дунё ҳамнишинӣ бо ӯро пазируфта буданд. Орӣ қиёмат оинаи ии дунёст ва дустони дунявӣ, ҳамнишинони охиратанд.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Муроқиб бошем, дар дунё бо чи касоне дусту ҳамнишин мешавем, то дар охират гирифтори ҳасрату пушаймонӣ нашавем.
2 - Дузах барои инсону шайтон ҳар ду аст ва дузахиён бо шаётин ҳамхонаанд.
3 - Зулм, фақат ба дигарон нест. Дурӣ аз Худо бузургтарин зулм ба худ аст, зеро инсонро ба гумроҳӣ дар дунё ва дузах дар охират мекашонад.
40
أَفَأَنتَ تُسْمِعُ الصُّمَّ أَوْ تَهْدِی الْعُمْیَ وَمَن کَانَ فِی ضَلَالٍ مُّبِینٍ
Ай паёмбар оё ту метавонӣ каронро шунаво кунӣ ё карон ва касонеро, ки дар гумроҳии ошкоранд, ҳидоят кунӣ?
41
فَإِمَّا نَذْهَبَنَّ بِکَ فَإِنَّا مِنْهُم مُّنتَقِمُونَ
Пас агар туро аз дунё бубарем, аз онон интиқом хоҳем гирифт.
42
أَوْ نُرِیَنَّکَ الَّذِی وَعَدْنَاهُمْ فَإِنَّا عَلَیْهِم مُّقْتَدِرُونَ
Ё дар замони ҳаёти ту ончиро аз азоб ба онон ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем. Бидуни шак мо бар онон тавоноем.
Ин оя хитоб ба Расули Худо мефармояд: Касоне, ки ҳозир ба дидан ва шунидани ҳақ нестанд, гарчи чашму гуши зоҳирии онҳо солим аст, аммо чашму гуши ботинии онҳо баста шудааст. Лизо наметавонӣ сухани худро ба гуши онҳо бирасонӣ ё ҳақиқатро ба онҳо нишон дода ва ононро аз гумроҳӣ ба ҳидоят раҳнамоӣ кунӣ.
Миёни касе, ки худро ба хоб зада бо касе, ки хоб аст, тафовут аст. Аввалиро ҳарчи садо бизанед, Аксуламале нишон намедиҳад, аммо дувумӣ бо чанд бор садо задан бедор мешавад.
Баъзе инсонҳо ба қадре дар гуноҳ ғарқ шудаанд, ки ҳатто аз шунидани номи Худо ва паёмбараш эҳсоси танаффур мекунанд. Онҳо дар мувоҷиҳа бо мафоҳими динӣ ва маънавӣ, парешонҳол ва ошуфтахотир мешаванд.
Ингуна иноду лаҷоҷат бо ҳақ, натиҷае ҷуз қаҳри иллоҳӣ дар дунёву охират нахоҳад дошт, чи дар замони ҳаёти паёмбар бошад ё баъд аз риҳлати ӯ. Дар ҳар ҳол, онҳо роҳе барои фирор надоранд. Зеро Худованд бар саросари ҷаҳон иҳота дораду касе наметавонад аз таҳти султаи қудрати беинтиҳои ӯ хориҷ шавад.
Аз ин оя меомӯзем:
Агар заминаи пазириши ҳақ набошад, ҳатто сухани поктарин инсонҳо, ки расулони иллоҳӣ ҳастанд низ асаргузор нахоҳад буд.
Агар шайтон бар инсон ҳоким шавад, қалбу рӯҳи ӯ аз дидану шунидани ҳақиқат, куру кар мешавад.
Мушрикон гумон накунанд, то паёмбар ҳаст азоб намешаванд, ё агар паёмбар аз дунё биравад, дигар кайфаре дар кор нест.