Ноябр 14, 2020 11:14 Asia/Dushanbe

Қисмати 913 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 63-69

63

وَلَمَّا جَاءَ عِیسَى بِالْبَیِّنَاتِ قَالَ قَدْ جِئْتُکُم بِالْحِکْمَةِ وَلِأُبَیِّنَ لَکُم بَعْضَ الَّذِی تَخْتَلِفُونَ فِیهِ فَاتَّقُوا اللَّـهَ وَأَطِیعُونِ     

Ва чун Исо далоили равшан овард, гуфт: Ба ростӣ барои шумо ҳикмат овардаам, то бархе аз ончиро, ки дар он ихтилоф мекунед, бароятон равшан кунам. Пас аз Худо парво кунед ва аз ман итоат намоед.

 

64

إِنَّ اللَّـهَ هُوَ رَبِّی وَرَبُّکُمْ فَاعْبُدُوهُ  هَـذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِیمٌ

Бе‌гумон Худованд парвардгори ману парвардгори шумост. Пас ӯро бипарастед, ки ин аст роҳи рост.

Дар барномаи қабл, ба нигариши нодурусти масеҳиён дар мавриди ҳазрати масеҳ ишора кардем, ки ӯро ба унвони писари Худо мавриди парастиш ва тақдис қарор медиҳанд. Ин  ояҳо ба муҳтавои даъвати он ҳазрат мепардозаду мефармояд: Масеҳ низ мисли дигар паёмбарон, муъҷизотеро ироа кард, то далел бар ҳаққонияти ӯ ва сидқи иддаои рисолаташ бошад.

Ӯ мардумро ба ҳикмат даъват мекард, яъне боварҳои ҳақро бар асоси мантиқи дуруст баён мекард, то ҳама бифаҳманд ва бипазиранд ва аз ҳаргуна инҳироф дар фикру ақида мавсун бимонанд. Албатта ҳикмат, ҳавзаи амалро низ дарбармегирад, ба таҳзиби ахлоқии инсон мепардозад, то аз разилатҳо дурӣ кунад ва ба фазилатҳо ороста шавад.

Табиӣ аст, дар мавриди ихтилофоти миёни мардум дар мавзуоти мухталиф низ метавон бар асоси ҳикмат, доварӣ намуд ва ҳукми дурусту қобили дифоеро содир кард.

Дар идомаи ин оя ҳазрати Исо брои инки ҳаргуна иддаоеро дар мавриди маъбуд будани худ рад кунад, мегӯяд: Бетардид Худованд парвардгори ману парвардгори шумост. Ҳазрат бо ин таъбир равшан месозад, ки ману шумо яксонем ва парвардгорамон якест. Ман низ ҳамонанди шумо дар ҳамаи абъоди вуҷудии худ, ниёзманд ба холиқу мудаббир ҳастам ва  ӯ роҳнамои ман аст. Ӯ парвардгори ҳама аст, фақат ӯро бипарастед ва ғайри ӯ лоиқи парастиш нест. Ҳазрати Исо дар такмили сухани худ мегӯяд: Роҳи рост ҳамон роҳи бандагии парвардгор аст роҳе, ки дар он ҳечгуна инҳирофе вуҷуд надорад.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Даъвати паёмбарон бар асоси ҳикмату далоили равшан будааст, то мардум битавонанд бо ақлу андеша, дурустии онро бифаҳманду бипазиранд.

2 - Роҳи рафъи ихтилофоти динӣ ва иҷтимоӣ, руҷуъ ба таолими гаронқадри паёмбарони иллоҳӣ ва дурӣ ҷустан аз аъмол ва салиқаҳои шахсӣ ва гурӯҳист.

3 - Аслитарин паёми Исо масеҳ, даъвати башар ба яктопарастӣ аст. Парастиш фақат махсуси касест, ки тадбири умур ба дасти ӯст ва парастиши ҳарчизу ҳаркасе ҷуз Худованд, ба бероҳа рафтан аст. Пас ҳечкас ҷуз ӯ лиёқати парастиш надорад, гарчи паёмбар бошад ва таваллуди ӯ эъҷозгуна бошад.

 

65

فَاخْتَلَفَ الْأَحْزَابُ مِن بَیْنِهِمْ فَوَیْلٌ لِّلَّذِینَ ظَلَمُوا مِنْ عَذَابِ یَوْمٍ أَلِیمٍ

Аммо гурӯҳҳое аз миёни онҳо ихтилоф карданд, пас вой бар касоне, ки ситам карданд аз азоби рӯзе дарднок.

 

66

هَلْ یَنظُرُونَ إِلَّا السَّاعَةَ أَن تَأْتِیَهُم بَغْتَةً وَهُمْ لَا یَشْعُرُونَ

Оё ҷуз қиёматро интизор мебаранд, ки ногаҳон ба суроғашон ояд дар ҳоле, ки бехабаранд.

 

67

الْأَخِلَّاءُ یَوْمَئِذٍ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ إِلَّا الْمُتَّقِینَ

Дар он рӯз дустон душмани якдигаранд, магар парҳезкорон.

Ҳазрати Исо дар миёни қавми бани Исроил ба паёмбарӣ мабъус шуд. Аммо гурӯҳе аз бани Исроил ӯро дуруғгу хонданд ва рисолаташро напазируфтанд. Дар муқобил низ, гурӯҳе дар бораи ӯ ифрот карданд. Онҳо ӯро аз мақоми паёмбарӣ болотар бурда ва ба мақоми илоҳият расонданд. Ӯро Худое пиндоштанд, ки аз осмон ба замини омада ва дар қолаби инсон таҷассум ёфтааст.

Аз ин оя равшан мешавад, ки ҳодисаи сахту кубандаи қиёмат, бо ду вижагӣ ҳамроҳ аст: Яке ногаҳонӣ будани он ва дигаре ғофилгирии мардум ва адами омодагӣ барои он.

Танҳо касоне, ки дар дунё, дустӣ ва душмании онҳо бар асоси арзишҳои иллоҳӣ будааст, дар қиёмат дустии онҳо идома меёбад ва ба лаъну нафрин ва душманӣ табдил намешавад. Аз онҷо, ки дустии парҳезкорон бар меҳвари арзишҳои ҷовдонӣ шакл гирифта, ин пайванд ҷовидона аст.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Вуқуи қиёмат ногаҳонӣ аст. Замони он барои ҳечкас ҳатто паёмбарон маълум нест ва илми он махсуси Худованд аст.

2 - Пайвандҳои дунявӣ, агар бар асоси меъёрҳои ухравӣ набошад, дар қиёмат ба душманӣ табдил ме‌шавад.

3 - Дустӣ бо аҳли имон ҷовдона ва пойдор аст, бархилофи дустӣ бо дигарон, ки нопойдору ғайри қобили эътимод аст.

 

68

یَا عِبَادِ لَا خَوْفٌ عَلَیْکُمُ الْیَوْمَ وَلَا أَنتُمْ تَحْزَنُونَ

Ай бандагони ман! Имрӯз на тарсе бар шумост ва на андуҳгин мешавед.

 

69

الَّذِینَ آمَنُوا بِآیَاتِنَا وَکَانُوا مُسْلِمِینَ

Ҳамон касоне, ки ба ояҳои мо имон оварда ва таслим буданд.

Дар ин ҷаҳон, парҳезкорон аз назари эътиқодӣ аз имони маҳкам ва устувор бархурдоранд ва аз лиҳози амалӣ низ таслими комили фаромини парвардгоранд. На дар ҳаққонияти ояҳои иллоҳӣ тардид ба дил роҳ медиҳанд ва на пайрави ҳавасҳо ва тамоюлоти нафси саркаши худ ҳастанд.

Ба ин афрод аз сӯи Худованд башорат дода мешавад, ки дар қиёмат ҳеч хавфу тарсе бар шумо нахоҳад буд ва дар мавриди гузашта андуҳ ва дар бораи оянда нигаронӣ нахоҳед дошт. Чи паёми ҷолибе. Паёме бидуни восита аз ҷониби Худованд, ки ғаму андуҳ аз гузашта ва нигаронӣ дар мавриди ояндаро аз дили инсони мезудояд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Роҳи расидан ба оромиши воқеӣ ва бима шудан аз тарсу изтироб дар ҳаводиси ҳавлноки қиёмат, бандагии Худо ва таслим будан дарбаробари ӯст.

2 - Имон ба танҳоӣ кофӣ нест, амал низ лозим аст ва бояд таслими фармони Худованд бошем.