Ноябр 21, 2020 13:11 Asia/Dushanbe

Қисмати 914 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 70-78

70

ادْخُلُوا الْجَنَّةَ أَنتُمْ وَأَزْوَاجُکُمْ تُحْبَرُونَ

Шумову ҳамсаронатон бо хушҳолӣ ва шодмонӣ ба биҳишт дароед.

 

71

یُطَافُ عَلَیْهِم بِصِحَافٍ مِّن ذَهَبٍ وَأَکْوَابٍ وَفِیهَا مَا تَشْتَهِیهِ الْأَنفُسُ وَتَلَذُّ الْأَعْیُنُ وَأَنتُمْ فِیهَا خَالِدُونَ

Зарфҳое заррин ва ҷомҳоеро бар гирди онон мегардонанд, то аз анвои хурданиҳо ва нушиданиҳо баҳраманд шаванд ва дар онҷо ончиро дилҳо бихоҳад ва чашмҳо аз он лаззат бубарад, фароҳам аст ва шумо дар онҷо ҷовидонаед.

 

72

وَتِلْکَ الْجَنَّةُ الَّتِی أُورِثْتُمُوهَا بِمَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Ва ин биҳиштест, ки ба хотири корҳое, ки анҷом медодед, ба мерос бурдаед.

 

73

لَکُمْ فِیهَا فَاکِهَةٌ کَثِیرَةٌ مِّنْهَا تَأْکُلُونَ

Дар онҷо барои шумо меваҳои фаровонест, ки аз онҳо ме‌хуред.

Дар ояҳои охири барномаи қабл ба ин ишора шуд, ки аз ҷониби Худо ба бандагони солеҳ башорат дода мешавад, ки дар қиёмат хавфу тарсе бар онҳо нахоҳад буд. Ин ояҳо дар тавсифи биҳишт мефармояд: Касоне, ки дар дунё дар роҳи ҳифзи имон, шарику ҳамроҳи мушкилот ва сахтиҳои ҳамсарони худ будаанд, дар қиёмат низ дар шодиҳо ва хушиҳо, дар канори ҳамсарони худ ҳастанд ва аз якдигар ҷудо намешаванд. Онҳо ғарқ дар суруру шодмонӣ мешаванд ва ин шодмонӣ ва нашот дар чеҳраи онҳо ҳувайдост.

Тамоми лаззат ва хушҳоеро, ки аҳли имон дар дунё ба хотири ҳифзи имони худ аз он маҳрӯм шуда буданд, Худованд дар қиёмат ҷуброн мекунад. Ходимони зеборӯи биҳиштӣ, бо лазизтрин хурданиҳо ва нушиданиҳо дар беҳтарину зеботарин ҷомҳо аз муъминон пазироӣ мекунанд ва ҳарчиро бихоҳанд, барояшон фароҳам месозанд. Он ҳам неъматҳое, ки заволу поён надорад. Биҳиштиён дар ниҳояти оромишу осоиш ва бидуни ҳеч нигаронӣ ва дағдағае пазироӣ мешаванд ва аз он ҳама лаззату хушӣ, дилзада наме‌шаванд.

Оя дар идома ба ду неъмати дигари биҳиштӣ ишора мекунад. мефармояд: Дар биҳишт ончи дил мехоҳад ва чашм аз он лаззат мебарад, мавҷуд аст. Чи таъбири ҷолибу дилангезе?

Ҳамчунин барои онки мабодо фикри заволи неъматҳо, хотири аҳли биҳиштро тира созад ва онҳо аз ин ҷиҳат осудахотир шаванд, мефармояд: Шумо дар он ҷовдона хоҳед монд.

Дар идома омадааст, ин неъматҳои ҷонпарвари биҳиштӣ, ки шумо вориси он мешавед, ба хотири аъмолест, ки анҷом медодед. Дар воқеъ ба ин нукта ишора дорад, ки омили аслии наҷоти шумо, амали шумост.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Ҳамсарони боимон, дар охират низ ҳамроҳ ва ҳамсари якдигаранд.

2 - Онон, ки дар дунё ба хотири хушнудии Худо аз дидани номаҳрамон ва саҳнаҳои ноҳанҷори ғайриахлоқӣ чашм пушиданд, дар охират аз дидан ва мусоҳибати ҳамсарони зеборӯи биҳиштӣ лаззат мебаранд. Албатта лаззате, ки бо лаззате дунявӣ қобили муқоиса нест.

3 - Лаззатҳову хушиҳои дунё маҳдуду нопойдор аст. Расидан ба тамоми лаззатҳо ва хостаҳо, онҳам ба сурати пойдор фақат дар биҳишт имконпазир аст.

4 - Биҳиштро баҳо диҳанд, на баҳона. Бидуни амали нек, интизори вуруд ба биҳишт интизоре нобаҷост.

5 - Яке аз неъматҳои лаззатбахши биҳишт, фаровонӣ ва танаввуи меваҳои он аст.

 

74

إِنَّ الْمُجْرِمِینَ فِی عَذَابِ جَهَنَّمَ خَالِدُونَ

Бе‌тардид муҷримон дар азобу дузах ҷовдонаанд.

 

75

لَا یُفَتَّرُ عَنْهُمْ وَهُمْ فِیهِ مُبْلِسُونَ

Азоби онон коста намешавад ва онон дар онҷо ноумеданд.

 

76

وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَـکِن کَانُوا هُمُ الظَّالِمِینَ

Ва мо ба онон ситам накардем, балки онон худ ситамкор будаанд.

Ба дунболи баёни вазъияти биҳиштиён дар қиёмат, ин оя ба сарнавишти муҷримон ва гунаҳкорон дар онҷо ишора мекунад, то инсон бо муқоисаи саранҷоми ин ду гурӯҳ дар қиёмат, роҳи дурустро дар дунё интихоб кунад. Ибтидо мефармояд: Ҳамонгуна, ки накукорон дар биҳишт ҷовидонанд, муҷримон низ дар дузах ҷовдонаанд.

Дар дунёи имрӯз низ аз назари ҳуқуқӣ миёни осори ҷурм ва кайфари он, таносубу ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад ва лузуман ба тӯли замони ҷурм бастагӣ надорад. Лизо иртикоби бархе ҷурмҳо, замони вуқуи онҳо хеле кӯтоҳ ҳам бошад, ҳабсҳои тӯлонимуддат ва гоҳе ҳабси абад дорад.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Дар мабонии тарбияти Қуръонӣ, ҳушдору башорат дар канори якдигар аст, то фарде дучори ғурури беҷо ё ноумедӣ нашавад.

2 - Ҳамонгуна, ки кори нек сабаби вуруди инсон ба биҳишт мешавад, омили вуруд ба дузах низ амалкарди худи инсон аст.

3 - Худованд ба касе ситам намекунад, аммо золими бадкорро ба кайфар ме‌расонад.

 

77

وَنَادَوْا یَا مَالِکُ لِیَقْضِ عَلَیْنَا رَبُّکَ  قَالَ إِنَّکُم مَّاکِثُونَ

Ва фарёд мекашанд, ки ай молик ва нигаҳбони дузах, парвардгорат марги моро бирасонад. Ӯ мегӯяд: Шумо дар инҷо монданӣ ҳастед ва роҳи наҷоте нест.

 

78

لَقَدْ جِئْنَاکُم بِالْحَقِّ وَلَـکِنَّ أَکْثَرَکُمْ لِلْحَقِّ کَارِهُونَ

Ба ростӣ мо ҳақро барои шумо оварадем. Вале бештари шумо ҳақро хуш надоштед.

Агар дар дунё инсон метавонад бо худкушӣ ба зиндагии худ хотима диҳад, дар қиёмат чунин чизе имконпазир нест. Ҳатто азоби сахту оташи сӯзони ҷаҳаннам, наметавонад муҷиби марги дузахиён шавад.

Идомаи оя муҳимтарин далели дузахӣ шудани гунаҳкоронро, ҳақгурезӣ ва ҳақситезӣ медонаду мефармояд: Онҳо дар дунё ҳарфи ҳақро хуш  надоштанд ва ба дунболи ҳавову ҳавас ва хостаҳои нафсонии хеш ва ҳамфикронашон буданд. На фақат ҳақро намепазируфтанд, балки ҳозир ба шунидану тафаккур дар бораи он низ набуданд. Саранҷом ин ситез бо ҳақ, онҳоро гирифтори азоби ҷовдонӣ кард.

Аз ин оя меомӯзем:

1 - Дар дунё муроқиби аъмолу рафтори худ бошем, то дар охират маҷбур нашавем, орзуи марг кунем орзуе, ки ҳаргиз бароварда нахоҳад шуд.

2 - Кайфару азоби иллоҳӣ, пас аз итмоми ҳуҷҷат аст. Пас касе дузахӣ мешавад, ки ҳақро бифаҳмад ва бо он ситез кунад.

3 - Ҳақпазирӣ ва таслим будан дар баробари ҳақ, омили саодати инсон дар дунёву охират аст. Чун ҳақситезӣ муҷиби шақоват ва бадбахтии инсон дар дунё ва охират ме‌шавад.