Ноябр 28, 2020 13:25 Asia/Dushanbe

Қисмати 915 сураи муборакаи “Зухруф” ояти 79-84

 

79

امْ أَبْرَمُوا أَمْرًا فَإِنَّا مُبْرِمُونَ

Балки онон барои мухолифат бо ҳақ ва тавтеа бар зидди он тасмиме маҳкам гирифтанд ва мо низ иродаи маҳкаме дар бораи онҳо дорем.

 

80

أَمْ یَحْسَبُونَ أَنَّا لَا نَسْمَعُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُم بَلَى وَرُسُلُنَا لَدَیْهِمْ یَکْتُبُونَ

Оё мепиндоранд, ки мо розҳои пинҳонӣ ва суханони дари гушии ононро наме‌шунавем? Орӣ фиристодагони мо назди онон ҳозиранд ва ҳамачизро сабт ме‌кунанд.

Дар қисмати поёнии барномаи қабл, сухан аз кофароне буд, ки аз пазириши ҳақ икроҳ доштанд. Ин оя мефармояд: Онҳо на танҳо аз ҳақ безору гурезон буданд, балки бо он ба ситез бархестанд. Онҳо дар ҷиҳати тазъифи ҳақ ва хомӯш кардани нури он нақшаҳо кашиданд ва ба анвои тавтеаҳо рӯй оварданд. Онҳо тасмиме ҷиддӣ барои нобудӣ ва шикасти ҳақро доштанд. Аммо намедонистанд, ки тарафи муқобили онҳо Худост, иродаи иллоҳӣ бартар аз хосту иродаи онҳост ва ингуна нест, ки ҳарчиро ирода кунанд, таҳаққуқ ёбад.

Он мухолифони тавтеагар мепиндоранд, ки ҷаласоту гуфтугӯҳои маҳрамонаи онҳо аз Худо пинҳон аст, ӯ онҳоро намебинад ва суханашонро намешунавад! Дар ҳоле, ки Худованд суханони оҳистаеро, ки онҳо дар маҷолиси махфӣ ва ё дари гушӣ мегӯянд, мешунавад. Чун барои ӯ ошкору ниҳон яксон аст. Фариштагони иллоҳӣ низ дар ҳамаҷо ҳозиранд ва ба таври пайваста аъмолу гуфтори инсонҳо ва ҳатто сирру наҷвои онҳоро сабт мекунанд ва ҳеч чиз аз онҳо махфӣ наме‌монад.

Аз ин оя меомӯзем:

Ҳар тасмиме ҳар қадар ҳам ҷиддӣ ва қатъӣ бошад, аз таҳти иродаи Худованд хориҷ нест ва бидуни азни иллоҳӣ муҳаққақ наме‌шавад.

Мухолифон гумон мекунанд, ки Худованд аз умури пинҳонии онҳо бехабар аст. Дар ҳоле, ки ончи аз инсон содир шуд, дар дастгоҳи иллоҳӣ сабту забт мешавад ва ҳеч чиз аз нигоҳи фариштагон, ки маъмурони иллоҳӣ ҳастанд, махфӣ наме‌монад.

 

81

قلْ إِن کَانَ لِلرَّحْمَـنِ وَلَدٌ فَأَنَا أَوَّلُ الْعَابِدِینَ

Ай паёмбар ба онон бигу: Агар барои Худованд фарзанде буд, ман нахустин парастандаи ӯ будам.

 

82

سُبْحَانَ رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا یَصِفُونَ

Поку манзаҳ аст, парвардгори осмонҳову замин, парвардгори араш аз ончи ӯро тавсиф мекунанд.

Дар ояҳои аввалияи ин сӯра, ба эътиқоди мушрикон ба фарзандии фариштагон барои Худо ишора шуд ва дар ояҳои баъдӣ, сухан аз эътиқоди масеҳиён ба фарзандии ҳазрати масеҳ буд. Ин оя дар ради ин боварҳои нодуруст мефармояд: Агар Худованд фарзанде дошт, ки бояд мавриди парастиш воқеъ мешуд, паёмбарон аввалин касоне буданд, ки ӯро мепарастиданд. Дар ҳоле, ки аввалан Худованд манзаҳ аст, аз инки ҳамсару фарзанде дошта бошад. Сониян ӯ ба парастишии ҳечяк аз махлуқоташ аз ҷумла фариштагон ё инсонҳо дастур надодааст.

Аз ин оя меомӯзем:

Дар мунозира бо мухолифон, бояд мудоро намуд ва равшан кард, ки бо фарзи дурустии назари онҳо, чи натоиҷе ба даст меояд, то нодурустии бовари худро дарёбанд.

Бидуни шак Худованд аз ҳаргуна нақс ё ниёз ё мушобеҳат бо инсон, поку манзаҳ аст. Лизо бояд ҳамвора аз Худои инсонгуна дурӣ гузид, чун чунин Худое ҳосили тахайюли башару ҷаҳл нисбат ба сифоти Худовандӣ аст, ки беназиру беҳамтост.

Осмонҳову замин, бо ҳамаи азаматаш таҳти иродаву тадбири Худованд аст ва ба сурати мутамарказ ва якпорча идора ме‌шавад.

 

83

فَذَرْهُمْ یَخُوضُوا وَیَلْعَبُوا حَتَّى یُلَاقُوا یَوْمَهُمُ الَّذِی یُوعَدُونَ

Пас ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботил фуру раванд ва саргарм бошанд рузеро, ки ваъда дода шудаанд, бубинанд.

 

84

وَهُوَ الَّذِی فِی السَّمَاءِ إِلَـهٌ وَفِی الْأَرْضِ إِلَـهٌ  وَهُوَ الْحَکِیمُ الْعَلِیمُ

Ва ӯст, ки дар осмонҳо Худост ва дар замин низ Худост ва ӯст ҳакими доно.

Идомаи оя бар бениёзии Худованд аз имон овардани мардум таъкид кардаву мефармояд: Кофарон гумон накунанд, ки Худованд муҳтоҷи ибодати онҳост ва куфру саркашии онҳо ба рубубияти ӯ осебе мера‌сонад. Ӯ Худои осмонҳо ва Худои замин ва маъбуди ҳамаи мавҷудот аст. Ба баёни дигар, маъбуди воқеӣ касест, ки мудиру мудаббири олам аст. Лизо Фариштагон, бутҳо ва падидаҳои табиӣ назири моҳу хуршед ва ситорагон, ҳечяк шоистаи парастиш ва убудият нестанд. Онҳо махлуқи Худованд ҳастанд ва бо ҳамаи вуҷуд ба ӯ вобастаанд.

Аз ин оя меомӯзем:

Паёмбарон, маъмури даъвату иршоди мардум ҳастанд, на икроҳу иҷбори онҳо, ё хоҳишу таманно аз онҳо.

Дар умури эътиқодӣ, пас аз ироаи далел ва итмоми ҳуҷҷат бар мардум,  набояд онҳоро таҳти фишор қарор дод, балки бояд озод гузорад, то худ роҳро интихоб кунанд.

Худованд муҳтоҷи ҳечяк аз инсонҳо нест, чи расад ба онки муҳтоҷи ибодату бандагии онҳо бошад. Замоне, ки мо набудем, ӯ Худо буд ва замоне ҳам, ки аз дунё биравем, ӯ Худост. Ӯ Худои осмонҳо ва замину ҳамаи мавҷудоти олам аст.

Касе сазовори парастиш аст, ки дорои илму ҳикмати бепоён бошад.